Ҳадиси Вилоят

Аз wikishia
Ҳарами Имом Алӣ(а)

Ҳадиси Вилоят (арабӣ: حديث الولاية), ҳадисе аз Пайғамбар (с) ва яке аз далелҳои шиаён барои исботи имомати Алӣ ибни Абитолиб (а) аст. Ин ҳадис бо иборатҳои мухталифе дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст, ки иборати «Ҳува валийю кулли муъминٍин баъдӣ/هُوَ وَلِیُّ کُلِّ مُؤْمِنٍ بَعْدی; Ӯ [Алӣ] валийи ҳар муъмине баъд аз ман аст» аз машҳуртарини онҳост.

Шиаён калимаи валий дар ин ҳадисро ба маънои имом ва сарпараст медонанд ва ба василаи он имомат ва вилояти Имом Алӣ (а)-ро исбот мекунанд ва бар ин боваранд, ки «валӣ» дар луғат ба ҳамин маъност ва дар мавориди мутааддиде аз сӯи шайхайн, саҳоба, тобеъин ва бархе аз уламои аҳли суннат низ дар ҳамин маъно ба кор рафтааст, аммо аҳли суннат муддаиянд, ин калима ба маънои дӯст ва сарпараст аст ва иртиботе бо масъалаи вилоят ва имомати ҳазрати Алӣ надорад.

Матн

Ҷаъфар ибни Сулаймон аз Имрон ибни Ҳусайн нақл кардааст, ки Расули Худо (с) гурӯҳеро ба ҷанге фиристод ва фармондеҳии онҳоро ба Алӣ ибни Абутолиб супурд. Онон ғаниматҳоре ба даст овараданд ва ҳазрати Алӣ дар тақсими он ғаниматҳо ба гунае амал кард, ки онон дӯст надоштанд. Чаҳор нафар аз онон бо якдигар қарор гузоштанд, вақте Пайғамбарро диданд, ин кори Алиро ба ӯ гузориш кунанд, ҳангоме, ки ба назди Пайғамбар омаданд, яке пас аз дигаре гуфтанд: ё Расулаллоҳ оё медонед, Алӣ чунин кард? Расули Худо дар ҳоле ки хашм бар чеҳрааш намоён шуд, фармуд аз Алӣ чӣ мехоҳед? Аз Алӣ чӣ мехоҳед? Алӣ аз ман ва ман аз Алиям ва Алӣ баъд аз ман, валийи ҳар муъмине аст.[1]

Нақлҳои гуногун

Ҳадиси Вилоят бо иборатҳои мухталифе дар манобеи шиа ва аҳли суннат нақл шудааст, аз ҷумла: «Алӣ валийю кулли муъминин баъдӣ/علی ولیّ کل مؤمن بعدی»;[2] «Ҳува валийю кулли муъминин баъдӣ/هو ولی کل مؤمن بعدی»;[3] «Анта валийю кулли муъминин баъдӣ/انت ولی کل مؤمن بعدی»;[4] «Анта валийю кулли муъминин баъдӣ ва муъмина/أنت ولی کل مؤمن بعدی و مؤمنه»[5] «Анта валийи фи кулли муъминин баъдӣ/ انت ولیی فی کل مؤمن بعدی»;[6] «Фаиннаҳу валийюкум баъдӣ/فانه ولیکم بعدی»;[7] «Анна Алийян валийюкум баъдӣ/ان علیا ولیکم بعدی»;[8] «Ҳозо валийюкум баъдӣ/هذا ولیکم بعدی»;[9] «Иннака валий-юл-муъминина мин баъдӣ/انک ولی المؤمنین من بعدی»;[10] «Анта валийи фи кулли муъминин баъдӣ/انت ولیی فی کل مؤمن بعدی»;[11] «Ва анта халифатӣ фи кулли муъминин мин баъдӣ/و انت خلیفتی فی کل مؤمن من بعدی»;[12] «Фаҳува авла-н-носи бикум баъдӣ/فهو اولی الناس بکم بعدی».[13]

Муҳтаво

Ба бовари шиён муҳтавои ҳадиси Вилоят масъалаи имомат ва вилояти Имом Алӣ (а) аст.[14] Онҳо калимаи валиро ба маънои сарпараст, имом, раҳбар ва халифа медонанд.[15] Аммо аҳли суннат бар ин боваранд, ки ин ҳадис далолате бар масъалаи ҷонишинии Алӣ ибни Абутолиб надорад; зеро муддаиянд, калимаи валӣ дар луғат ба маънои дӯстӣ ва ёрӣ додан аст.[16] Шиаён барои исботи муддаои худ мегӯянд: калимаи валӣ дар луғат ба маънои сарпараст, раҳбар, халифа, соҳиби ихтиёр ва имом аст ва дар садри Ислом ва баъд аз он низ ин калима ба маънои халифа ва сарпараст ба кор мерафтааст. Онҳо ҳамчунин ба корбурди калимаи валӣ тавассути халифаи аввал,[17] халифаи дуввум,[18] саҳоба,[19] тобеин[20] ва бархе аз уламои аҳли суннат[21] дар маънои халифа ва сарпараст истинод мекунанд.[Ёддошт 1]

Эътибор

Абдуқодири Бағдодӣ ва Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ гуфтаанд, ҳадиси Вилоятро Тирмизӣ бо санаде қавӣ аз Имрон ибни Ҳусайн нақл кардааст.[22] Муттақии Ҳиндӣ низ онро саҳеҳ донистааст.[23] Ҳокими Нишобурӣ онро ҳадиси саҳеҳ-ус-санаде донистааст, ки Муслим ва Бухорӣ онро дар саҳеҳайн наёвардаанд.[24] Ҳамчунин Шамсиддини Заҳабӣ ва Носириддин Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.[25]

Манобеъ

Ҳадиси Вилоят дар китобҳое ҳамчун Саҳеҳи Тирмизӣ, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал;[26] Ҷомеъ-ул-аҳодиси Суютӣ;[27] Канз-ул-уммол;[28] Муснади Абидовуд;[29] Фазоил-ус-саҳоба;[30] ал-Оҳод ва-л-масонӣ;[31] Сунани Насоӣ;[32] Муснади Абуяъло;[33] Саҳеҳи Ибни Ҳиббон;[34] ал-Муъҷам-ул-кабири Табаронӣ;[35] Таъриху мадинати Дамишқ;[36] ал-Бидоя ва-н-ниҳоя;[37] ал-Исоба;[38] ал-Ҷавҳарату фи насаб-ил-Имом Алӣ ва олиҳӣ;[39] Хазонат-ул-адаб ва луббу лубоби лисон-ил-араб;[40] ал-Ғадир;[41] ал-Истиъоб;[42] ва Кашф-ул-ғумма[43] омадааст.

Баррасиҳои санадӣ

Муборакфаврӣ муддаист калимаи «баъдӣ» ки дар бархе аз нусхаҳои ҳадиси Вилоят нест, аз сӯи ровиёни шиъӣ ба он изофа шудааст. Ӯ барои исботи иддаои худ ба Муснади Ибни Ҳанбал истинод мекунад, ки дар он, ин ҳадис бо санадҳои мутааддиде омадааст, аммо муддаист дар ҳеҷ як аз онҳо ин изофа вуҷуд надорад.[44] Албатта Аҳмад Ҳанбал ин ҳадисро дар Муснад[45] ва Фазоил-ус-саҳоба бо ҳамин изофаи (калимаи «баъдӣ») овардааст.[46]

Ҳамчунин Муборакфаврӣ (Абулъало Муҳаммад ибни Абдурраҳмон 1283 - 1353ҳ.қ.) муддаист, ин ҳадисро фақат Ҷаъфар ибни Сулаймон ва Ибни Аҷлаҳи Киндӣ ривоят кардаанд, ки ба далели шиа будан, ривоёташон пазируфта нест. Ӯ шиаёнро аҳл бидъат медонад ва мегӯяд, агар бидъатгузор ривояте нақл кунад, ки боиси тақвияти мазҳабаш шавад, ривояти ӯ қабул намешавад.[47] Дар ҳоле ки ба гуфтаи Албонӣ, танҳо меъёри қабулии ҳадис назди аҳли суннат, ростгӯӣ ва диққати ровӣ дар нақли ҳадис аст ва мазҳаби ровӣ таъсире дар қабул ё инкори ҳадисаш надорад. Аз ҳамин рӯст, ки Бухорӣ ва Муслим дар Саҳеҳайн ҳадисҳоеро аз ровиёне ки мазҳабашон мухолифи мазҳаби аҳли суннат будааст, монанди хавориҷ ва шиа ривоят кардаанд.[48]

Албонӣ (Муҳаммад Носириддини 1914 - 1999м.) гуфтааст, ки ин ҳадис дар манобеи аҳли суннат бо санадҳои дигаре нақл шудааст, ки дар силсилаи санади он ровии шиъӣ вуҷуд надорад.[49] Сайид Алии Милонӣ гуфтааст, ки ин ҳадис аз 12 тан аз саҳоба[50] аз ҷумла: Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Абузар, Абусаиди Худрӣ ва Барроъ ибни Озиб ривоят шудааст,[51] ки бештари нақлҳои он ба Имрон ибни Ҳусайн, Ибни Аббос ва Бурайда ибни Ҳасиб мерасад.[52]

Ҳамчунин Ҷаъфар ибни Сулаймон - аз ровиёни Саҳеҳи Муслим аст,[53] Заҳабӣ аз ӯ бо таъбири имом ёд намуда[54] ва аз Яҳё ибни Маин нақл кардааст, ки ӯро сиқа медонистааст.[55] Албонӣ Ҷаъфарро аз ровиёни мавриди эътимод ва соҳиби ривоёти мутқану қавӣ медонад, ки моил ба аҳли байт буда ва ба мазҳаби худ даъват намекардааст. Ӯ мегӯяд, ихтилофе назди пешвоёни мо дар ин нест, ки агар ростгӯе аз аҳл бидъат бошад, вале ба мазҳабаш даъват накунад, тамассук ба ҳадиси ӯ саҳеҳ аст.[56]

Бархе аз уламои аҳли суннат, Ибни Аҷлаҳро низ тавсиқ карда, ҳадиси ӯро ҳасан донистаанд.[57] Албонӣ ҳадиси Аҷлаҳро шоҳиде бар дурустии ҳадиси Ҷаъфар ибни Сулаймон медонад.[58]

Муборакфаврӣ гуфтааст, ки Ибни Таймия муддаӣ будааст ин ривоят дуруғе аст, ки онро ба Расули Худо нисбат додаанд.[59] Албонӣ аз олимони аҳли суннат аз инкори ин ҳадис тавассути Ибни Таймия, изҳори тааҷҷубу шигифтӣ кардааст.[60]

Такнигорӣ

  • Ҳадис-ул-вилояти ва ман раво Ғадира Хуми мин-ас-саҳоба, Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Қум, Далели мо, 1427ҳ.қ.
  • Ҳадис-ул-вилоят; Сайид Алӣ Ҳусайнии Милонӣ, Марказу ҳақоиқ-ил-исломия, 1421ҳ.қ.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Шайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.504, ҳадиси 58; Тиёлисӣ, Муснади Абудовуд, Дор-ул-маърифат, саҳ.111.
  2. Ибни Шайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.504, ҳадиси 58; Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.132; Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.142.
  3. Тиёлисӣ, Муснади Абудовуд, Дор-ул-маърифат, саҳ.111; Ибни Ҳанбал, Муснад, муассисаи Қуртуба, ҷ.4, саҳ.437; Абуяъло Мавсилӣ, Муснади Абияъло, 1404ҳ.қ., саҳ.293.
  4. Тиёлисӣ, Муснади Абудовуд, Дор-ул-маърифат, саҳ.360; Насоӣ, Хасоису Амир-ил-муъминин (а), 1383ҳ.ш., саҳ.98.
  5. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.684, ҳадиси 1168; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, ҷ.3, саҳ.134; Аминӣ, ал-Ғадир, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1405ҳ.қ., саҳ.177.
  6. Ибни Ҳанбал, Муснад, муассисаи Қуртуба, ҷ.1, саҳ.330.
  7. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.488.
  8. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.345; Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.612, ҳадиси 32963; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.191.
  9. Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.133.
  10. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.4, саҳ.338.
  11. Ибни Ҳанбал, Муснад, муассисаи Қуртуба, ҷ.1, саҳ.330.
  12. Ибни Абиосим, ас-Сунна, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.550; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.12, саҳ.78.
  13. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.135.
  14. Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.164.
  15. Раҳимии Исфаҳонӣ, Вилоят ва раҳбарӣ, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.119 - 121.
  16. Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.365 - 365.
  17. Муслим, Саҳеҳ Муслим, китоб-ул-ҷиҳоди ва-с-сайр, боби ҳукмил-файъ: ҷ.3, саҳ.1378, ҳадиси 1757; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.590; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.211; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.248.
  18. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.363; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.65, 214; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.79.
  19. Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.574; Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.461.
  20. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.122.
  21. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.245.
  22. Бағдодӣ, Хазонат-ул-адаб, 1998м., ҷ.6, саҳ.69; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.468.
  23. Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1419ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.279, ҳадиси 32941.
  24. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, ҷ.3, саҳ.134.
  25. Ал-Мустадрак би таълиқи Заҳабӣ, китобу маърифат-ис-саҳоба қисму зикри Исломи амир-ил-муъминин Алӣ, ҷ.3, саҳ.143, ҳадиси 4652; Албонӣ, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа, ҷ.5, саҳ.263.
  26. Ибни Ҳанбал, Муснад, муассисаи Қуртуба, ҷ.4, саҳ.437.
  27. Суютӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис, ҷ.16, саҳ.256, ҳадиси 7866 ва ҷ.27, саҳ.72.
  28. Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.142.
  29. Тиёлисӣ, Муснади Абидовуд, Дор-ул-маърифат, саҳ.360.
  30. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, 605, 620, 649.
  31. Абубакр Шайбонӣ, ал-Оҳод ва-л-масонӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.279, ҳадиси 2298.
  32. Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.132.
  33. Абуяъло Мавсилӣ, Муснади Абияъло, 1404ҳ.қ., саҳ.293.
  34. Ибни Ҳиббон, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 1414ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.373.
  35. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.12, саҳ.78.
  36. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, ҷ.42, саҳ.100.
  37. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.345.
  38. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.488.
  39. Тилимсонӣ, ал-Ҷавҳара, Ансориён, ҷ.1, саҳ.65.
  40. Бағдодӣ, Хазонат-ул-адаб, 1998м., ҷ.6, саҳ.68.
  41. Аминӣ, ал-Ғадир, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51.
  42. Ибни Абдулбарр, Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1091.
  43. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1405ҳ.қ., саҳ.177.
  44. Муборакфаврӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.146 - 147.
  45. Ибни Ҳанбал, Муснад, муассисаи Қуртуба, ҷ.1, саҳ.330, ҷ.4, саҳ.437.
  46. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.684, ҳадиси 1168.
  47. Муборакфаврӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.146 - 147.
  48. Албонӣ, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа, ҷ.5, саҳ.262.
  49. Албонӣ, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа, ҷ.5, саҳ.263.
  50. Матни ҳадиси Вилоят ва тасҳеҳи асноди он, сайти Сайид Алии Милонӣ.
  51. Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.238.
  52. Матни ҳадиси Вилоят ва тасҳеҳи асноди он, сайти Сайидалии Милонӣ.
  53. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.200; барои намуна: Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, Дор-ул-фикр, ҷ.1, саҳ.77, 83, 153.
  54. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.631.
  55. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.198.
  56. Албонӣ, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа, ҷ.5, саҳ.263.
  57. Миновӣ, Файз-ул-қадир, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.471.
  58. Албонӣ, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа, ҷ.5, саҳ.263.
  59. Муборакфаврӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.147.
  60. Албонӣ, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа, ҷ.5, саҳ.263.

Ёддошт

Сарчашма

  • Абубакри Шайбонӣ, Аҳмад ибни Амр, ал-Оҳод ва-л-масонӣ, таҳқиқ: Босим Файсал Аҳмад Ҷавобира, Риёз, Дор-уд-дироя, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Абуяъло Мавсилӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Муснади Абияъло, таҳқиқ: Ҳасан Салим Асад, Дор-ул-маъмун ли-т-турос.
  • Албонӣ, Муҳаммадносириддин, ас-Силсилат-ус-саҳиҳа.
  • Аминӣ, ал-Ғадир, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, Бейрут, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Бағдодӣ, Абдуқодир, Хазонат-ул-адаб ва луббу лубоби лисон-ил-араб, таҳқиқ: Муҳаммад Набил Тариқӣ ва Эмил Бадиъи Яъқуб, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1998м. (Бозбинӣ)
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.1), таҳқиқ: Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср, Дор-ул-маъориф, 1959м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, таҳқиқ: Шуъайб Арнаут ва Муҳаммад Наим Арқасусӣ, Бейрут, муассисат-ур-рисолат, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқ: Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Дор-ул-ҷил, Бейрут, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Абиосими Шайбонӣ, Амр ибни Абиосим, ас-Сунна, таҳқиқ: Муҳаммад Носируддини Албонӣ, Бейрут, ал-мактаб-ул-исломӣ, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Дамишқ, таҳқиқ: Муҳибуддини Абисаид Умар ибни Ғарома Умрӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1995м./1415ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, Миср, муассисаи Қуртуба, бе то.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқ: Васийюллоҳ Муҳаммад Аббос, Бейрут, муассисат-ур-рисолат, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад ибни Ҳиббон, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон битартиби Ибни Балбон, таҳқиқ: Шуъайб Арнаъут, Бейрут, муассисат-ур-рисолат, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-мулуки ва-л-умам, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Шайбаи Кӯфӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннаф фи-л-аҳодиси ва-л-осор, таҳқиқ: Саид ал-Лиҳом, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Абилфатҳ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Иҷӣ, Мирсайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, тасҳеҳ: Бадруддин Нуъсонӣ, Қум, аш-Шарифир-Разӣ, 1325ҳ.қ.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таъих, Бурсаъид, мактабат-ус-сақофият-ид-диния, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқ: Асъад Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Милонӣ, Сайидалӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот ва тафнид-ул-мукобирот, Қум, Марказ-ул-ҳақоиқ-ил-исломия, 1427ҳ.қ./1385ш.
  • Миновӣ, Абдурауф, Файз-ул-қадир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, тасҳеҳ: Аҳмад Абдусалом, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1415ҳ.қ./1991м.
  • Муборакфаврӣ, Муҳаммад Абдурраҳмон, Туҳфат-ул-аҳвазӣ бишарҳи ҷомеъ-ит-Тирмизӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуъайб, ас-Сунан-ул-кубро, таҳқиқ: Абдуғаффор Сулаймон Бандорӣ ва Сайидҳасан Касравӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуъайб, Хасоису Амир-ил-муъминин (а), Қум, Бустони китоб, 1383ҳ.ш.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дор-ул-фикр, бето.
  • Раҳимии Исфаҳонӣ, Ғуломҳусайн, Вилоят ва раҳбарӣ, Тафриш, интишороти Аскария, 1374ҳ.ш.
  • Сайти Сайидалии Милонӣ, Матни ҳадиси Вилоят ва тасҳеҳи асноди он, бозбинӣ: 20 хурдоди 1395ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1967м./1387ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир (12 ҷилдӣ), таҳқиқ: Ҳамд ибни Абдулмаҷиди Салафӣ, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
  • Тиёлисӣ, Сулаймон ибни Довуд, Муснади Абидовуд ат-Тиёлисӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Тилимсонӣ, Муҳаммад ибни Абибакр, ал-Ҷавҳарату фи насаб-ил-Имом Алӣ ва олиҳӣ, Қум, Ансориён, бе то.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе то.
  • Ҳиндӣ, Муттақӣ, Канз-ул-уммол, таҳқиқ: Шайх Бакрӣ Ҳаёнӣ, тасҳеҳ: шайх Сафва Саққо, муассисат-ур-рисолат, Бейрут, 1409ҳ.қ. - 1989м.
  • Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқ: таҳти ишрофи Абдурраҳмон Маръашлӣ, бено, беҷо, бето.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found