Оташкадаи Озарфаранбағ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Оташкадаи Форс)

Оташкадаи Озарфаранбағ (форсӣ: آتَشکَدهٔ آذَرفَرَنبَغ) ё оташгоҳи Фаранбағ (форсӣ: آتَشگاهِ فَرَنبَغ) оташкадае дар минтақаи Форси қадим ва устони Форси кунунӣ дар Эрон, ки тибқи ривоёти исломӣ, шаби мелоди Паёмбари Ислом (с) хомӯш шуд. Хомӯш шудани ин оташкадаро аз ирҳосоти ҳазрати Муҳаммад (с) медонанд. Ирҳос ба ҳаводиси хориқулъодае мегӯянд, ки ҳамзамон бо таваллуд ё кӯдакӣ ва пеш аз беъсати пайғамбарон рух медиҳад.

Оташкадаи Озарфаранбағ дар рӯстои кориён қарор дошта ва имрӯза асари чандоне аз он боқӣ намондааст.

Ирҳос

Мақолаи аслӣ: Ирҳос

Мутакаллимони мусулмон ҳаводиси хориқулъодаеро ки ҳамзамон бо таваллуди пайғамбарон ё дар кӯдакӣ ва пеш аз беъсати онҳо рух додааст, ирҳос меноманд.[1] Ба гуфтаи онон, ирҳос ба манзури омода сохтани мардум барои пазириши иддаои набуввати пайғамбарон иттифоқ меафтад.[2]

Хомӯш шудани оташкадае дар Форс, афтодани чордаҳ бурҷ аз айвони Касрӣ[3] ва сарнагунии бутҳои Масҷидулҳаромро ки ҳамзамон бо вилодати Паёмбари Ислом (с) рӯй додааст, аз ирҳосҳои вай донистаанд.[4]

Макон

Оташкадаи Озарфаранбағ аз оташкадаҳои зартуштиён дар устони Форс аст.[5] Ин оташкада дар деҳкадаи Кориён қарор дошт.[6] Албатта бархе эҳтимол додаанд, ки ин оташкада ибтидо дар наздикии Доробгирд буда ва дар охирҳои давраи сосонӣ ё пас аз он, ба Кориён интиқол дода шудааст.[7] Ба он оташгоҳ Фаранбағ низ мегуфтаанд.[8]

Ин оташкадаро дар канори оташкадаҳои Озаргушансп ва Озарбарзинмеҳр, аз се оташкадаи машҳури пеш аз Ислом донистаанд.[9] Бар асоси ривоёти таърихӣ, оташкадаҳои зартуштӣ то қарни чоруми қамарӣ, дар бисёре аз нуқоти Форс доир будаанд ки аз он миён ҳамин оташкадаи порс аст.[10] Бо ин ҳама ба гуфтаи бостоншиносон, имрӯза бақоёи қобили таваҷҷӯҳе аз он ба ҷо намондааст.[11]

Хомӯш шудан

Бинобар манобеи таърихӣ ва ривоёти исломӣ, оташи оташкада дар минтақаи Форс дар шаби вилодати Пайғамбари Ислом (с), пас аз ҳазор сол равшаноӣ, хомӯш шуд[12] ки он оташкадаро ҳамон оташкадаи Озарфаранбағ донистаанд.[13] Ин рӯйдодро аз ирҳосоти Пайғамбар муаррифӣ кардаанд.[14]

Тардид дар эътибори достон

Гуфтаанд муътабар будани достони хомӯш шудани ин оташкада дар Порс ба лиҳози таърихӣ ва ҳадисӣ, холӣ аз ишкол нест; чароки Яъқубӣ, ки зоҳиран нахустин гузоришгари он аст, мадраке барои он баён накардааст. Дигар он ки Ибни Саъд ки ирҳосоти Пайғамбари Ислом (с)-ро гирд оварда, аз хомӯш шудани ин оташкада сухан нагуфтааст. Ҳамчунин санади он дар китобҳои ҳадисӣ заъиф аст.[15]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.300
  2. Таҳонавӣ, Мавсуату кашшофи истилоҳот, Мактабату Лубнон, ҷ.1, саҳ.141
  3. Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, 1372ҳ.ш., саҳ.94
  4. Расулӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.145
  5. Шардан, Сафарномаи Шардан, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.1831
  6. Дастғайб, Ҳофизшинохт, нашри илм, саҳ.35 ва 36
  7. Муртазоӣ ва Забоновар, «Бознигарии макони ниёишгоҳи Озарфаранбағ дар давраи сосонӣ бар асоси татбиқи манобеи мактуби садаи сеюм то ҳафтуми ҳиҷрӣ ва шавоҳиди бостоншинохтӣ», саҳ.175
  8. Дастғайб, Ҳофизшинохт, нашри илм, саҳ.35 ва 36; Муин, Маҷмуъаи мақолоти доктор Муин, 1364ҳ.ш., саҳ.322
  9. Ашрафзода, Рози хилватиён, 1379ҳ.ш., саҳ.242; Мустафавӣ, Иқлими Порс, 1375ҳ.ш., саҳ.92
  10. Шардан, Сафарномаи Шардан, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.1831
  11. Мустафавӣ, Иқлими Порс, 1375ҳ.ш., саҳ.92
  12. Барои намуна ниг.: Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126ў127; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Дор-ул-фикр, ҷ.2, саҳ.268; Шайхи Садуқ, Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.285; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56
  13. Дастғайб, Ҳофизшинохт, нашри илм, саҳ.35 ва 36
  14. Расулии Маҳаллотӣ, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.145 ва 146
  15. «آیا هنگام ولادت پیامبر اسلام(ص)، ایوان کسری فرو ریخت؟ آتشکده فارس خاموش شد؟ دریاچه ساوه خشکید؟», сайти Ислом-куест

Сарчашма

  • «آیا هنگام ولادت پیامبر اسلام(ص)، ایوان کسری فرو ریخت؟ آتشکده فارس خاموش شد؟ دریاچه ساوه خشکید؟», вебгоҳи Ислом-куест, санаи дарҷ 27 тирмоҳи 1395, санаи боздид 7 исфандмоҳи 1397.
  • Ашрафзода, Ризо, Рози хилватиён; шарҳи гузидаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, Машҳад, Калҳур, 1379ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубуввати ва маърифати аҳволи соҳиб-иш-шариъа, таҳқиқу таълиқаи Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Дастғайб, Абдулалӣ, Ҳофизшинохт, беҷо, нашри Илм, чопи аввал, бе то.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Халил Шаҳҳода, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
  • Муайян, Муҳаммад, Маҷмуъаи мақолоти доктор Муҳаммади Муин, ба кӯшиши Маҳдухти Муин, Теҳрон, муассисаи интишороти Муин, 1364ҳ.ш.
  • Муртазоӣ, Муҳаммад, Забоновар, Алиризо, «بازنگری مکان نیایشگاه آذرفرنبغ در دوره‌ی ساسانی بر اساس تطبیق منابع مکتوب سده سوم تا هفتم هجری و شواهد باستان‌شناختی», Пажӯҳишҳои бостоншиносии Эрон, №12, 1396ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Иқлими Порс, Теҳрон, Анҷумани осори миллӣ ва нашри ишора, 1375ҳ.ш.
  • Расулии Маҳаллотӣ, Сайид Ҳошим, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, Қум, посдори Ислом, 1371ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, Олу-л-Байт, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Таҳонавӣ, Маҳмадали ибни Алӣ, Мавсуату кашшофи истилоҳот-ил-фунуни ва-л-ъулум, таҳқиқи Алӣ Фарид Даҳруҷ, Бейрут, Мактабату Лубнон ноширун, бе то.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, Теҳрон, интишороти аз-Заҳро, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Амолӣ, Теҳрон, Китобчи, чопи шашум, 1376.
  • Шардан, Жан, Сафарномаи Шардан, тарҷумаи Иқболи Яғмоӣ, Теҳрон, Тӯс, 1372 - 1375ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, интишороти Ҳиҷрат, 1377ҳ.ш.