Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Холид ибни Валид

Аз wikishia
Холид ибни Валид
Номи комилХолид ибни Валид ибни Муғира ибни Абдуллоҳ ибни Умар (Умайр) ибни Махзуми Қурашӣ Махзумӣ
ЛақабСайфуллоҳ (назди аҳли суннат)
Маҳалли зиндагӣМакка, Мадина
Санаи вафот21 ё 22ҳ.қ.
Шаҳри вафотШомот
Маҳалли дафнШаҳри Ҳимс
ХешовандонВалид ибни Муғира(падар), Абуҷаҳл(писарамак)
ДигарДар 1 сафар соли ҳаштум, пеш аз фатҳи Макка мусалмон шудааст.
ФаолиятҳоКуштори теъдоде аз шахсони Банӣ Ҷазима пас аз мусулмон шудан; шикаст додани Укайдир ибни Абдулмалик, ҳокими масеҳии Думатулҷандал ва иқдомоти махфиёна бар зидди Имом Алӣ (а)
Шинохташуда бароиҲузур дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд ва Аҳзоб дар сафи мушрикон бар зидди мусалмонҳо; пас аз Ислом: ҷанги Муъта, фатҳи Макка, ҷанги Ҳунайн; даврони хулафо: ҷангҳои ридда, ҷанг бо Эрон ва фатҳи Шом


Холид ибни Валиди Махзумӣ (форсӣ: خالد بن ولید مخزومی) аз фармондеҳони ҷангии садри Ислом, ки қабл аз мусулмон шудан, дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд ва Аҳзоб дар муқобили мусулмонон ҷангид ва пеш аз фатҳи Макка мусулмон шуд. Ӯ пас аз ислом овардан, дар ҷанги Мута, фатҳи Макка ва ҷанги Ҳунайн ширкат кард.

Машҳуртарин моҷаро дар бораи Холид ибни Валид, бархӯрди ӯ бо Молик ибни Нувайра, асҳоби Пайғамбар (с), аст. Дар ин моҷаро, бо он ки Молик ибни Нувайра ва қабилаи ӯ ва Банӣ Тамим мусулмон буданд, Холид ононро асир кард ва баъд фармон дод, ки Молик ибни Нувайра ва шахсони қабилаашро кушт ва ҳамон шаб бо зани Молик ибни Нувайра ҳамбистар шуд. Умар ибни Хаттоб, Холидро ба ҷурми қатли Молик, сазовори қасос ва ба ҷурми ҳамбистар шудан бо ҳамсари ӯ, мустаҳаққи сангсор медонист; аммо Абубакр муътақид буд, ки Холид ба иҷтиҳоди худ амал карда ва маъзур аст.

Гуфта шуда, ки Холид аз душманони Имом Алӣ (а) буда ва дар иқдом барои қатли ӯ нақш доштааст.

Зиндагинома ва ҷойгоҳ

Холид ибни Валид аз хонадони Банӣ Махзуми Қурайш,[1] яке аз хонадонҳои бузург ва муҳими Қурайш буд, ки бо Банӣ Ҳошим рақобат доштанд.[2] Бино ба ҳадси муаррихон ва бар асоси синни ӯ дар ҳангоми марг, Холид 26 сол пеш аз беъсати Пайғамбар (с), дар Макка таваллуд шудааст. Падараш, Валид ибни Муғира, аз бузургони қабилаи Қурайш маҳсуб мешуд.[3]

Холид пеш аз Ислом аз ашроф ва ҷангиёни Қурайш буд.[4] Дар соли дувуми ҳиҷрӣ, дар ҷанги Бадр алайҳи мусулмонон ширкат кард[5] ва ба гуфтаи Воқидӣ асир шуд.[6] Дар соли севуми ҳиҷрии қамарӣ, аз фармондеҳони Қурайш дар ҷанги Уҳуд буд ва тавонист мусулмононро шикаст диҳад[7] ва дар соли панҷум низ дар ғазваи Хандақ ё Аҳзоб ширкат кард.[8]

Бо ин ҳол, Холид ибни Валид саранҷом мусулмон шуд. Дар бораи таърихи мусулмон шудани ӯ назароти мухталифе вуҷуд дорад; аммо қавли машҳур он аст, ки дар 1 сафар соли ҳаштум, пеш аз фатҳи Макка, мусулмон шуд.[9] Манобеи дигаре низ ислом овардани ӯро соли панҷум, пас аз ғазваи Банӣ Қурайза ё дар фосилаи замонии миёни сулҳи Ҳудайбия (зилқаъдаи соли шашум) ва фатҳи Хайбар (муҳаррами соли ҳафтум)[10] ё соли ҳафтум баъд аз ғазваи Хайбар баён кардаанд.[11]

Душманӣ бо Имом Алӣ (а)

Гурӯҳе аз муаррихони аҳли суннат, Холид ибни Валидро фармондеҳе шуҷоъ, бофаросат, меҳрубон, аҳли тадбир, бовиқор ва хушюмн донистаанд;[12] аммо дар китоби Сулайм ибни Қайс омада, ки Холид дар моҷарои байъат гирифтани иҷборӣ аз Алӣ (а) барои халифаи аввал мушорикат доштааст.[13] Ҳамчунин дар манобеи шиа ривоят шуда, ки Холид дар бархе иқдомоти махфиёна бар зидди Имом Алӣ (а), аз ҷумла тарҳи қатли ӯ ҳузур дошта ва ба ҳамин далел ва низ корҳои дигараш ба шиддат мавриди накӯҳиш будааст.[14]

Аз ровиёни ҳадис

Холид ҳадисҳое чанд аз Пайғамбари акрам (с) ривоят кардааст.[15] Абдуллоҳ ибни Аббос, Миқдод ибни Маъдӣ Караб ва Молик ибни Ҳорис Аштар аз ӯ ривоят кардаанд.[16]

Нақшофаринӣ дар ҷангҳо

Холид пас аз мусалмон шудан, дар ҷанги Мута дар ҷамодиюлаввали соли ҳаштум ширкат кард ва баъд аз кушта шудани сардорони сипоҳи мусалмонҳо, фармондеҳиро бар ӯҳда гирифт ва боқимондаи сипоҳро ба Мадина бозгардонд.[17] Дар ҳангоми фатҳи Макка, дар 20 рамазони соли ҳаштуми қамарӣ низ ҳузур дошт[18] ва дар сардории гурӯҳе, ба фармони Пайғамбар, бути машҳури ал-Уззо - бузургтарин бути Қурайшро аз байн бурд.[19]

Маъмурият барои даъват ба Ислом

Холид дар раҷаби соли нуҳуми ҳиҷрӣ низ аз сӯи Пайғамбар маъмур шуд, то ҳамроҳ бо 420 савор ба сӯи Укайдир ибни Абдулмалик - ҳокими масеҳии Думатулҷандал, биравад. Ӯ пас набарди кӯтоҳе вайро асир ва баъд бо ӯ сулҳ кард.[20] Пайғамбар ҳамчунин дар соли даҳум Холидро бо 400 нафар ба сӯи Банӣ Ҳорис дар Наҷрон фиристод ва ононро ба Ислом даъват кард.[21]

Дар ин сол Пайғамбар Холидро ба Яман фиристод, то мардуми он ҷоро низ ба Ислом даъват кунад. Ӯ шаш моҳ дар Яман ба даъват пардохт, вале касе ба даъвати вай посухи мусбат надод ва дар пайи он, Пайғамбар Алиро ба Яман равона кард ва фармуд то Холидро бозгардонад.[22]

Бебокӣ ва куштани бегуноҳон

Холид ибни Валид чанд бор бегуноҳонеро ба қатл расонд ва Пайғамбар аз кори вай безорӣ ҷуст ё ӯро аз куштани кӯдакону занону бардагон манъ кард. Пайғамбар аввалҳои моҳи шавволи соли ҳаштум Холид ибни Валидро ба сардории гурӯҳе 350-нафара аз муҳоҷиру ансор ва Банӣ Сулайм ба сӯи Банӣ Ҷазима дар атрофи Макка фиристод, то ононро ба Ислом даъват кунад. Бо вуҷуди ин ки Банӣ Ҷазима мусалмонии худро эълом ва силоҳҳои худро таслим карданд, Холид дастур дод то иддае аз ононро гардан бизананд. Вақте Пайғамбар хабардор шуд аз кори Холид безорӣ ҷуст ва ҳазрати Алиро фиристод, то дияи кушташудагонро бипардозад. Абдурраҳмон ибни Авф бар он будааст, ки ин иқдоми Холид фақат барои интиқоми хуни амакаш Фока ибни Муғайра будааст.[23]

Ҳамчунин ҳангоме ки Пайғамбар дар соли ҳаштум барои ҷанг бо қабилаи мушрики Ҳавозан аз Макка роҳии ғазваи Ҳунайн шуд, Холид бо саворони Банӣ Сулайм пеши сипоҳ ҳаракат мекард, аммо дар ҷанг ҷузви фирориён буд. Гуфта шуда ки баъдан бозгашт ва дар набард ширкат кард ва захмҳое бардошт ва иддае, аз ҷумла як занро кушт; он гаҳ Пайғамбар вайро аз қатли кӯдакон, занон ва бардагон манъ кард.[24]

Ҳамроҳӣ бо Абубакр ва Умар

Ба гуфтаи Воқидӣ, Холид дар ҳаҷҷат-ул-видоъ ҳузур дошт[25] ва пас аз реҳлати Пайғамбар (с) дар шумори ҳомиёни Абубакр қарор гирифт[26] ва ба ҳамин сабаб, назди ӯ ҷойгоҳи волое дошт ва ҳамеша таҳти ҳимояти вай буд.[27]

Дар ҷангҳои ридда, Абубакр ба Холид фармон дод, нахуст ба сӯи қабилаи Тай дар акноф, сипас ба сӯи Тулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ дар Бузоха ва баъд ба сӯи Молик ибни Нувайра дар Бутоҳ биравад ва чунончи онон ба Ислом бознагаштанд, бо онон ҷанг кунад.[28] Баъдан Абубакр аз фиристодани Холид ба Бузоха изҳори таассуф кард.[29] Холид дар набарди сахте Тулайҳаро, ки даъвои нубувват дошт, шикаст дод ва ёронашро ба шиддат саркӯб кард.[30] Сипас, Молик ибни Нувайра ва қабилаи ӯро дар ҳоле ки мусулмон буданд, кушт ва бо ҳамсараш ҳамбистар шуд.[31]

Корҳои хилофи шаръи Холид эътирози бархе асҳобро барангехт.[32] Умар ибни Хаттоб, Холид ибни Валидро ба ҷурми қатли Молик, мустаҳаққи қасос ва ба ҷурми ҳамбистар шудан бо ҳамсари ӯ, сазояшро сангсор медонист.[33] Дар муқобил, Абубакр гуфт, ки Холид ба иҷтиҳоди худ амал карда ва маъзур аст.[34]

Дар оғози хилофати Умар (миёнаҳои ҷамодиюссонии соли 13-уми ҳиҷрӣ), Холид ибни Валид, ба дастури вай, аз фармондеҳии кулли сипоҳи Шомот бекор гардид ва фармондеҳӣ ба Абуубайдаи Ҷарроҳ супурда шуд.[35]

Мақбараи Холид дар масҷиди Холид ибни Валид дар шаҳри Ҳимс Сурия

Ҳангоме ки Умар дар соли 17 ҳиҷрии қамарӣ ба Шом рафт, аз Холид дилҷӯӣ кард ва ба ривояте, вайро ба мирии шаҳрҳои ҷазира ҳамчунон ки Руҳо, Ҳаррон, Раққа, Талламавзин ва Омид гумошт ва Холид як сол дар он минтақа буд.[36] Бино ба ривояти дигар, Холид аз сӯи Абуубайда, ҳокими Қиннасрин буд ва дар ин замон, ҳамлаҳои мутааддиде ба минтақаҳои марзии румиён дар Осиёи Хурд кард ва ғанимати бисёре ба даст овард ва чун Умар аз бахшишҳои Холид ибни Валид аз ғаниматҳои футуҳоти ахир, ба вижа маблағи калоне, ки ба Ашъас ибни Қайс дода буд, хабардор шуд, хашмгин гардид ва ба Абуубайда фармон дод, ки Холидро азл ва бозхост кунад, то маълум шавад ин амволро аз куҷо ба даст овардааст. Пас аз он, Умар нисфи дороии Холидро забт кард.[37]

Даргузашт

Мақбараи Холид ибни Валид пас аз тахриб

Ривоёте ҳокӣ аз он аст, ки Холид пас аз истифо ё барканорӣ, ба Мадина рафт ва пас аз муддате бемор ва дар ҳамон ҷо даргузашт ва Умар дар ташйии ҷанозааш ширкат кард.[38] Бино ба ривояти дигаре, ки машҳуртар аст, Холид пас аз барканор шудан аз мансаб, умра ба ҷой овард. Сипас дар Ҳимс дар кунҷи узлат зист. Вай Умарро васии худ қарор дод ва саранҷом ба қавли машҳуртар, дар соли 21 ва ба қавле соли 22 дар он ҷо даргузашт[39] ва дар атрофи шаҳри Ҳимс ба хок супурда шуд.[40] Холид ҳангоми марг шастсола буд.[41]

Масҷиди Холид ибни Валид дар Ҳимси Сурия, ба хотири доштани нӯҳ гунбад ва ду манора аз шуҳрати зиёде бархурдор буд; аммо дар ҷараёни ҳамалоти ДОИШ пас аз соли 2011, мавриди ҳамла қарор гирифт ва бахшҳое аз он осеб дид.[42]

Эзоҳ

  1. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м., ҷ.7, саҳ.394; Зубайрӣ, Насаби Қурайш, 1953 м., саҳ.320; Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.427
  2. Шалбӣ, Таърих сайфуллоҳ Холид ибн-ил-Валид, 1933 м., саҳ.20-24
  3. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Китоб-ул-ағонӣ, Қоҳира, ҷ.16, саҳ.194
  4. Ибни Абдираббиҳ, ал-Ақд-ул-фарид, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.278; Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.427
  5. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м., ҷ.7, саҳ.394
  6. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989 м., ҷ.1, саҳ.130
  7. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1401ҳ.қ., саҳ.305; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989 м., ҷ.1, саҳ.220 ва 229 ва 232 ва 275 ва 283; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1936 м., ҷ.3, саҳ.70 ва 91
  8. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989 м., ҷ.2, саҳ.465-466 ва 470 ва 472-473 ва 490
  9. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989 м., ҷ.2, саҳ.661; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1936 м., ҷ.3, саҳ.290-291; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м., ҷ.4, саҳ.252
  10. Халифа ибни Хайёт, Таърих, 1415ҳ.қ., саҳ.40; Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.427; Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.140
  11. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
  12. Аздӣ, Таърихи футуҳи-ш-Шом, 1970 м., саҳ.96 ва 99; Зубайрӣ, Насаби Қурайш, 1953 м., саҳ.320; Ибни Асокир, Таърихи мадинати Димишқ, Бейрут, ҷ.16, саҳ.250
  13. Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, Китоби Сулайм, 1426ҳ.қ., саҳ.386-387; низ руҷуъ кунед ба Ибни Абилҳадид, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қоҳира, 1385-1387ҳ.қ./ 1965-1967 м., ҷ.2, саҳ.57
  14. Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, Китоби Сулайм, 1426ҳ.қ., саҳ.394; Ибни Шозон, ал-Изоҳ, 1363ҳ.ш., саҳ.155-158; Ибни Бобуя, Илалу-ш-шароеъ, бетаърих, ҷ.1, саҳ.191-192; Кашшӣ, Ихтиёри маърифати-р-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.695
  15. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад, 1313ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.88-89; Фасвӣ, ал-Маърифату-т-таърих, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312; Ибни Асокир, Таърихи мадинати Димишқ, Бейрут, ҷ.16, саҳ.216-219; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295-298
  16. Ибни Абуҳотим, ҷ.3, саҳ.356; Ибни Асокир, Таърихи мадинати Димишқ, Бейрут, ҷ.16, саҳ.216
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989, ҷ.2, саҳ.761-765
  18. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989, ҷ.2, саҳ.819 ва 825-826
  19. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989, ҷ.1, саҳ.6; ҷ.3, саҳ.873-874
  20. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989, ҷ.3, саҳ.1025-1030
  21. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989, ҷ.3, саҳ.883-884
  22. Табарӣ, Таърих-ул-умам, Дор-ут-турос, ҷ.3, саҳ.131-132
  23. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989, ҷ.3, саҳ.875-882
  24. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1936, ҷ.4, саҳ.100
  25. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1989 м., ҷ.3, саҳ.884
  26. Зубайр ибни Баккор, ал-Ахбор-ул-мувафақиёт, 1972 м., саҳ.581
  27. Зубайрӣ, Насаби Қурайш, 1953 м., саҳ.320
  28. Воқидӣ, Китоб-ур-ридда, 1990 м., саҳ.69-70; Табарӣ, Таърих-ул-умам, Дор-ут-турос, ҷ.3, саҳ.249 ва 253-255
  29. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.137
  30. Воқидӣ, Китоб-ур-ридда, 1990 м., саҳ.81-94
  31. Яъқубӣ, Таърих-ил-Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.131-132
  32. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, ҷ.5, саҳ.159
  33. Абулфидо, Таърихи Абулфидо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.222
  34. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.323
  35. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.139-140; Табарӣ, Таърих-ул-умам, Дор-ут-турос, ҷ.3, саҳ.435-436 ва 441
  36. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.157
  37. Табарӣ, Таърих-ул-умам, Дор-ут-турос, ҷ.4, саҳ.66-67; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.157
  38. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.157; Ибни Асокир, Таърихи мадинати Димишқ, Бейрут, ҷ.16, саҳ.270; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1401-1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381
  39. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м., ҷ.7, саҳ.397; Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1413ҳ.қ., саҳ.172-173; Табарӣ, Таърих-ул-умам, Дор-ут-турос, ҷ.4, саҳ.144 ва 160; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.120
  40. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м., ҷ.7, саҳ.397; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Димишқ, ҷ.8, саҳ.320; Заҳабӣ, 1401-1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.367
  41. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1401-1409
  42. «مزار ویران شده خالد بن ولید، یادگار تروریست‌ها در حمص + تصاویر», Хабаргузории АБНА; «قبر ویران شده خالد بن ولید، یادگار تروریست‌ها در حمص», Хабаргузории Тасним

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Китоб-ул-ағонӣ, Қоҳира, беном, 1383ҳ.қ.
  • Абулфидо, Исмоил ибни Алӣ, Таърихи Абулфидо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Аздӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Таърихи футуҳи-ш-Шом, таҳқиқи Абдулмуъним Абдуллоҳ Омир, Қоҳира, беном, 1970 м.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Қоҳира, 1313ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Маҳмуд Фирдавси Азам, Димишқ, беном, 1996-2000 м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, таҳқиқи Духойя, Лайдан, 1866 м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, таҳқиқи Марсадн Ҷонс, Лондон, 1966.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ур-ридда, ривояти Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аъсами Кӯфӣ, таҳқиқи Яҳё Ҷабӯрӣ, Бейрут, 1410ҳ.қ./ 1990 м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, таҳқиқи Шуъайб Арнаъут ва дигарон, Бейрут, 1401-1409ҳ.қ./ 1981-1988 м.
  • Зубайр ибни Баккор, ал-Ахбор-ул-мувафақиёт, таҳқиқи Сомӣ Маккӣ Аънӣ, Бағдод, беном, 1972 м.
  • Зубайрӣ, Мусъаб ибни Абдуллоҳ, Насаби Қурайш, таҳқиқи Леви Провенсал, Қоҳира, Дор-ул-маориф, 1953 м.
  • Ибни Абдираббиҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Ақд-ул-фарид, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1408-1411ҳ.қ./ 1988-1990 м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992 м.
  • Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қоҳира, 1385-1387ҳ.қ./ 1965-1967 м.
  • Ибни Абуҳотим, Китоб-ул-ҷарҳ ва-т-таъдил, Ҳайдаробод Дакан, 1371-1373ҳ.қ./ 1952-1953 м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абил-Карам, Усуд-ул-ғоба фи маърифати-с-саҳоба, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Муъавваз ва Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Таърихи мадинати Димишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғурома Алъамавӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр ли-т-тибоа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, 1415-1421ҳ.қ./ 1995-2001 м.
  • Ибни Бобуя, Илалу-ш-шароеъ, чопи афсети Қум, бетаърих.
  • Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, таҳқиқи Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Қуния, беном, 1401ҳ.қ./1981 м.
  • Ибни Калбӣ, Ҳишом ибни Муҳаммад, Китоб-ул-асном, таҳқиқи Аҳмад Закии Пошо, Қоҳира, беном, 1332ҳ.қ./1914 м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.4, чопи Аҳмад Абумулҳам ва дигарон, Бейрут, бетаърих.
  • Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Эҳсони Аббос, Бейрут, Дор содир, чопи аввал, 1968 м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фӯ ташхиси-с-саҳоба, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992 м.
  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо Сақо, Иброҳим Абёрӣ ва Абдулҳафиз Шалбӣ, Қоҳира, беном, 1355ҳ.қ./1936 м.
  • Ибни Шозон, ал-Изоҳ, таҳқиқи Ҷалолуддин Муҳаддиси Урмавӣ, Теҳрон, 1363ҳ.ш.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, Порти Саид, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, бетаърих.
  • Муҳаммад ибни Умари Кашшӣ, Ихтиёри маърифати-р-риҷол, маъруф ба Риҷоли Кашшӣ, талхиси Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, тасҳеҳ ва таълиқи Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммади Мирдомод, таҳқиқи Маҳдии Раҷоӣ, Қум, 1404ҳ.қ.
  • Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Ансории Занҷонӣ, Бейрут, 1426ҳ.қ./ 2005 м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих ат-Табарӣ: таърих-ул-умам ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1382-1387ҳ.қ./ 1962-1967 м.
  • Фасвӣ, Яъқуб ибни Суфён, Китоб-ул-маърифа ва-т-таърих, таҳқиқи Акрам Зиё Умарӣ, Бейрут, Муассисат-ур-рисала, чопи дувум, 1401ҳ.қ.
  • Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа ибни Хайёт, таҳқиқи Мустафо Наҷиб Фаввоз ва Ҳикмат Кашлӣ Фаввоз, Бейрут, беном, 1415ҳ.қ./ 1995 м.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дор содир, бетаърих.
  • «مزار ویران شده خالد بن ولید، یادگار تروریست‌ها در حمص + تصاویر» («Мазори вайроншудаи Холид ибни Валид, ёдгори террористҳо дар Ҳимс + тасвир»), Хабаргузории АБНА, санаи дарҷи матлаб: 11 майи 2014, санаи боздид: 31 декабри 2024
  • «قبر ویران شده خالد بن ولید، یادگار تروریست‌ها در حمص» («Қабри вайроншудаи Холид ибни Валид, ёдгори террористҳо дар Ҳимс»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 12 майи 2014, санаи боздид: 31 декабри 2024