Тоқи Кисро

Тоқи Кисро (форсӣ: طاقِ کسریٰ), Айвони Кисро (форсӣ: ایوانِ کَسریٰ) ё Айвони Мадоин (форсӣ: ایوانِ مَدائِن) маъруфтарин сохтмони сохташуда аз ҷониби шоҳони Сосонӣ, ки дар шаби таваллуди Пайғамбари Ислом (с) ларзид ва 14 бурҷи он фурӯ рехт. Мусулмонон пас аз фатҳи Мадоин, аз Айвони Касро ҳамчун макони намозгузорӣ истифода карданд. Ривоятҳои таърихӣ аз намозгузории Имом Алӣ (а) дар ин макон ҳикоят мекунанд. Тоқи Касро дар 37-километрии ҷануби Бағдод, пойтахти Ироқ, ва дар наздикии шаҳраки хурди Салмон Бок ё Салмони Пок ҷойгир аст, ки мазори Салмони Форсӣ дар он воқеъ аст.
Муаррифӣ
Тоқи Касро, Айвони Касро ё Айвони Мадоин маъруфтарин сохтмони боқимонда аз даврони Сосонӣ аст, ки дар шаҳри Мадоин ва тақрибан 40-километрии ҷануби Бағдод, дар соҳили шарқии рӯди Даҷла ҷойгир аст.[1] Сохтмони он ба Анӯшервон нисбат дода мешавад ва соли 550м таърихи сохтани он зикр шудааст.[2] Ин бино аз хишт ва гаҷ сохта шудааст[3] ва 30 метр баландӣ дорад.[4] Тоқи Касро ҳоло дар наздикии шаҳраки «Салмони Пок» ё «Салмон Бок» воқеъ аст; шаҳре, ки мазори Салмони Форсӣ дар он ҷойгир аст.[5] Қабри Ҳузайфа ибни Ямон низ дар наздикии Айвони Касро ҷойгир аст.[6]
Тахриб ва бозсозӣ

Бахше аз сохтмонҳои атрофи Айвони Касро бо фармони Мансури Аббосӣ ва бо ҳадафи истифодаи масолеҳи он дар сохтмони шаҳри Бағдод дар соли 146ҳ.қ. тахриб шуд.[7] Бо вуҷуди ин, халифаи Аббосӣ ба далели харҷи зиёди интиқоли масолеҳ аз идомаи ин кор пушаймон шуд.[8] Бар асоси бархе манобеъ, рӯйдоди сел дар соли 1888м боиси вайрон шудани бахшҳои дигари сохтмонҳои атрофи Тоқи Касро гардид.[9] Аз даҳаи 1970м талошҳое барои ҷилавгирӣ аз фурӯрезии бахшҳои боқимондаи бинои шимолии Тоқи Касро анҷом шуд ва аз даҳаи 1980м, бахши тахрибшудаи Айвони Мадоин бо ҳамкории Донишгоҳи Чикаго дар бахши шимолии он бозсозӣ гардид.[10]
Паёмадҳои таваллуди Пайғамбар
Бар асоси манобеи исломӣ, Айвони Касро дар шаби таваллуди Пайғамбари Ислом (с) ларзид ва 14 бурҷи он фурӯ рехт.[11] Ин рӯйдод, ҳамроҳ бо воқеаҳои дигар - монанди хомӯш шудани оташ дар Оташкадаи Форс пас аз ҳазор сол, хушк шудани кӯли Сова ва хоби аҷиби мубадон ва шоҳи сосонӣ дар ҳамон шаб,[12] аз ирҳосот ва ҳушдорҳое дониста шудааст, ки ҳамроҳ бо таваллуди пайғамбарон рух медодааст[13] Имом Хумайнӣ суқути бурҷҳоро беиртибот ба пирӯзии Инқилоби исломии Эрон намедонад ва эҳтимол додааст, ки суқути 14 бурҷ аз бурҷҳои Тоқи Касро, ки қасри зулм буд, нишонаи он аст, ки бинои зулми шоҳаншоҳӣ дар қарни 14 ё пас аз 14 қарн аз байн меравад ва ҳамаи бутҳои сангин, инчунин бутҳое, ки миллатҳо тарошидаанд, ва бутпарастиҳо ба тадриҷ аз байн хоҳанд рафт.[14] Хоқонии Шервонӣ ва бархе аз шоирони форсизабони дигар бузургии «Айвони Мадоин» ва шикастани онро мавзӯи ашъори худ қарор додаанд.[15] Хоқонӣ дар «Қасидаи Айвони Мадоин» бо вуҷуди тавсифи азамати таърихии бино, оқибати вайронии шукӯҳи шоҳонро мояи ибрат медонад.[16] Бархе ин шеърро аз бошукӯҳтарин қасидаҳои форсӣ донистаанд.[17] Байти аввали ин қасидаи 41-байтӣ чунин аст:
- Ҳон эй дили ибратбин, аз дида назар кун ҳон,
- Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон![18]
Табдил шудан ба макони намозгузорӣ
Саъд ибни Абиваққос пас аз фатҳи Мадоин, Айвони Касроро макони намозгузорӣ қарор дод.[19] Бар асоси манобеи таърихӣ, Имом Алӣ (а) низ дар Тоқи Касро намоз хондааст.[20]
Шайх Аббос Қумӣ дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон, дар шарҳи аъмоли зиёрати Салмони Форсӣ, хондани ду ракъат намоз дар Тоқи Касроро тавсия карда ва далели онро намозгузории Имом Алӣ (а) дар ин макон донистааст.[21]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ҳусайнии Ишкиварӣ, Чакидаи мақолоти ҳамоиши байналмилалии мероси муштараки Эрон ва Ироқ, 1393ҳ.ш., саҳ.150
- ↑ Пирниё, Таърихи Эрони бостон, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.2931
- ↑ Авод, аз-Захоир аш-шарқия, 1999м, саҳ.226
- ↑ Муқаддас, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, [1388ҳ.ш.], саҳ.348
- ↑ Қумӣ, Амокини зиёратӣ ва саёҳатии Ироқ, 1377ҳ.ш., саҳ.62; Фақиҳ Баҳрулъулум, Зиёратгоҳҳои Ироқ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.457
- ↑ Қазвинӣ, ал-Мазор, 1426ҳ.қ., саҳ.123–124
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.650–651; Маръашӣ, Ғурар-ус-сияр, 1417ҳ.қ., саҳ.370
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.650–651; Маръашӣ, Ғурар-ус-сияр, 1417ҳ.қ., саҳ.370
- ↑ Ҷаводӣ, «صد سال پیش در سرزمین شیر و خورشید», сайти Чашмандоз
- ↑ Ниг.: امین، «سیر تحول طاق کسری، کاخ ساسانی؛ از دیروز تا امروز», Тарроҳии шаҳрии эронӣ
- ↑ Абунаими Исфаҳонӣ, Далоил-ун-нубувва, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139, ҳ.82; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126
- ↑ Абунаими Исфаҳонӣ, Далоил-ун-нубувва, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139, ҳ.82; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126–127
- ↑ Расулӣ Маҳаллотӣ, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.145–146
- ↑ «بازتاب و تأثیر ولادت حضرت رسول در جهان», портали Имом Хумайнӣ (р)
- ↑ Ниг.: Ускӯӣ, «Ишорот ва талмиҳоти марбут ба аъломи ҷуғрофиёии Ироқ», ҷ.16, саҳ.66–67
- ↑ Ниг.: Ускӯӣ,«Ишорот ва талмиҳоти марбут ба аъломи ҷуғрофиёии Ироқ», ҷ.16, саҳ.67
- ↑ Анӯша, Донишномаи адабиёти форсӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.99
- ↑ «شماره ۱۶۸ - هنگام عبور از مداین و دیدن طاق کسری», сайти Ганҷур
- ↑ Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.514
- ↑ Ниг.: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.651; Маръашӣ, Ғурар-ус-сияр, 1417ҳ.қ., саҳ.370; Замахшарӣ, Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.268
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.759–760
Сарчашма
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, «ал-Комилу фи-т-таърих», Бейрут, Дор Содир, 1385ҳ.қ./1965м.
- Абӯнаими Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, «Далоил-ун-нубувва», таҳқиқи Муҳаммад Ровос Қалъаҷӣ ва Абдулбарр Аббос, Бейрут, Дор-ун-нафоис, 1412ҳ.қ./1991м.
- Ускӯӣ, Наргис, «Ишорот ва талмеҳоти марбут ба аъломи ҷуғрофиёии Ироқ дар адабиёти форсӣ», дар маҷмӯаи мақолоти ҳамоиши байналмилалии муштараки Эрон ва Ироқ, таҳия ва танзими дафтари ҳамоиш, ба кӯшиши Сайид Содиқ Ҳусайнии Ишкиварӣ, Қум, Маҷмаи захоири исломӣ ва Муассисаи Оли Байт лиэҳё-ит-турос, 1394ҳ.ш./1436ҳ.қ./2015м.
- Амин, Алӣ, «Сайри таҳаввули Тоқи Касро, қасри сосонӣ; аз дирӯз то имрӯз», дар сомонаи тарроҳии шаҳрии эронӣ, санаи нашр: 3 шаҳривари 1396ҳ.ш., санаи боздид: 29 озари 1396ҳ.ш.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, «Далоил-ун-нубувва ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариат», таҳқиқ ва таълиқоти Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ./1985м.
- Пирниё, Ҳасан, «Таърихи Эрони бостон», Теҳрон, Дунёи китоб, 1375ҳ.ш.
- Ҷаводӣ, Аббос, «Сад сол пеш дар сарзамини шер ва хуршед», сомонаи Чашмандоз.
- Ниг.: Амин, «Сайри таҳаввули Тоқи Касро», Тарроҳии шаҳрии эронӣ. 29 октябри 2017м, санаи боздид: 29 озари 1396ҳ.ш.
- Ҳусайнии Ишкиварӣ, Содиқ, «Чакидаи мақолоти ҳамоиши байналмилалии мероси муштараки Эрон ва Ироқ», Қум, Маҷмаи захоири исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Расулӣ Маҳаллотӣ, Сайид Ҳошим, «Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом», ҷ.1, Қум, Пойдори Ислом, 1371ҳ.ш.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, «Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор», таҳқиқи Абдуламир Муҳанна, Бейрут, Муассисаи Алаъмӣ барои нашр, 1412ҳ.қ./1992м.
- Шарифӣ, «Айвони Мадоин», дар Донишномаи адабиёти форсӣ, ҷ.5, таҳти сарпарастии Ҳасан Анӯша, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1382ҳ.ш.
- «Шумораи 168 – Ҳангоми убур аз Мадоин ва дидани Тоқи Касро», дар сомонаи Ганҷур, санаи боздид: 26 Озари 1396ҳ.ш.
- Аввод, Куркис, «аз-Захоир-уш-шарқия», ҷамъоварии Ҷалил Ал-Атия, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, 1999м.
- Фақеҳи Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳдӣ ва Аҳмад Хомаёр, «Зиёратгоҳҳои Ироқ: муаррифии зиёратгоҳҳои машҳур дар кишвари Ироқ», Теҳрон, Созмони ҳаҷҷу зиёрат, 1393ҳ.ш.
- Қазвинӣ, Сайид Маҳдӣ, «ал-Мазор», таҳқиқи Ҷудат Қазвинӣ, Бейрут, Дор-ур-рофидин, 1426ҳ.қ./2005м.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Ҳусайн Ансориён, Қум, Дор-ул-ирфон, 1388ҳ.ш.
- Қумӣ, Муҳаммадризо, «Амокини зиёратӣ ва саёҳатии Ироқ», Қум, Машъар, 1377ҳ.ш.
- Маръашӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, «Ғурар-ус-сияр», таҳқиқи Суҳайл Закар, Бейрут, Дор-ул-Фикр, 1417ҳ.қ./1996м.
- Муқаддас, Эҳсон, «Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ», Теҳрон, Машъар, 1388ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.