Сура
Сура (арабӣ: السورة) истилоҳест қуръонӣ, ба маънои маҷмуъае аз оёти Қуръон, ки оғозу поёни мушаххас дорад ва дар аксари маворид бо Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим оғоз мешавад. Бархе муфассирон муътақиданд тамоми оёти як сура бо ҳам алоқаманд ҳастанд ва як мавзуи меҳвариро дунбол мекунанд. Бархе сураҳои Қуръон ба хотири шабоҳатҳое ки бо ҳам доранд, ба дастаҳое тақсимбандӣ шудаанд; қисмат кардани сураҳо бар асоси замони нузул (маккӣ ё маданӣ) ва бахшбандии сураҳо бар асоси теъдоди оёт (сабъу тивол, миун, масонӣ ва муфассал) аз ҷумлаи ин дастабандиҳост.
Тибқи назари машҳури қуръонпажӯҳон, Қуръон 114 сура дорад. Вале бархе нависандагон бе он ки аз оёти Қуръон бакоҳанд, теъдоди сураҳои Қуръонро 112 ё 113 сура донистаанд; зеро бархе аз онон муътақиданд сураи Тавба, идомаи сура Анфол асту сура мустақилле нест. Бархе дигар низ сураҳои Фил ва Қурайш ва низ сураҳои Зуҳо ва Иншироҳро як сураи мустақил надонистаанд. Ҳар як аз сураҳои Қуръон ба исми хосе номгузорӣ шуда ва ғолибан аз вожагони оғозини ҳар сура ва ё аз муҳтавои онҳо гирифта шудааст. Бархе муҳаққиқони қуръонӣ муътақиданд номи сураҳоро Пайғамбар (с) интихоб кардааст ва наметавон сураҳоро бо номи дигар хонд. Аммо пажӯҳишгарони дигар ин дидгоҳро носаҳеҳ дониста, муътақиданд номи сураҳо ба мурӯри замон дар асари бакоргирии фаровони он дар забони ашхос ба вуҷуд омадааст.
Нахустин ва охирин сураи нозилшуда бар Пайғамбар (с), аз масоили матраҳ дар улуми қуръонист. Тибқи назари бархе сураи Фотиҳат-ул-китоб, нахустин ва сураи Наср, охирин сураест, ки яклухт бар Пайғамбар нозил шуд. Дар манобеи ҳадисии шиа ва суннӣ, аҳодиси фаровоне дар фазилати сураҳо нақл шудааст. Бо ин ҳол муҳаққиқон дар бештари ин аҳодис, ҳам аз назари санадӣ ва ҳам аз назари матнӣ муноқиша кардаанд.
Маънои сура ва аҳамияти он дар мабоҳиси исломӣ
Сура истилоҳе қуръонӣ ва ба маънои маҷмуъае аз оёти Қуръон аст ки оғозу поёни мушаххасе дорад ва дар аксари маворид бо Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим (магари сураи Тавба ки Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим надорад) оғоз мешавад.[1] Дар бархе навиштаҳо, сураҳои Қуръон ба фаслҳои китоб ташбеҳ шудааст,[2] вале бархе муҳаққиқон ин ташбеҳро носаҳеҳ донистаанд; чароки сураҳои Қуръон, вижагиҳои фасли китобро надорад.[3] Аз миёни тақсимбандиҳои мухталифи Қуръон (монанди тақсими он ба ҷузъ ва ҳизб), тақсимбандии он ба оятҳо ва сураҳоро танҳо дастабандии воқеии Қуръон донистаанд, ки маншаи қуръонӣ дорад.[4]
Сураҳои хурд ва дар мавориде бархе сураҳои калони Қуръон (сураи Анъом) яклухт бар Пайғамбар нозил шудааст.[5] Бархе аз сураҳо низ ба тадриҷ бар Пайғамбар нозил шуд ва тартиби оёти он, ба дастури Пайғамбар сомон ёфтааст.[6] Гуфта шуда тақсимбандии Қуръон ба сураҳо фоидаҳоеро ба ҳамроҳ дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба ин маворид ишора кард: осон кардани фарогирӣ ва ҳифзи Қуръон, эҷоди танаввуъ ва нишот барои қории Қуръон, канори ҳам қарор додани оёти мутаносиб ва ҷудо кардани сура аз сураҳои дигаре ки мавзуи ҷудогонае дорад.[7]
Дар бораи чигунагии иртиботи оёти як сура бо ҳам, дидгоҳҳои мухталифе ироа шудааст.[8] Муфассироне чун Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, Сайиди Қутб, Муҳаммадиззати Дарваза, бар ин боваранд, ки ҳар як аз сураҳо навъе якпорчагӣ ва ваҳдат доранд ки бо сураҳои дигар фарқ дорад.[9] Ба гуфтаи Таботабоӣ муаллифи китоби ал-Мизон, сураҳо аҳдофи мухталифе доранд ва ҳар сура маъно ва ҳадафи хоссеро дунбол мекунад ки кулли сура, бо тамоми оёташ баёнгари он аст.[10] Гуфта шуда дар қарни бистуми мелодӣ ин дидгоҳ ривоҷ ёфтааст.[11] Дар муқобил бархе муфассирони дигар, ҳамчун Носир Макорими Шерозӣ муаллифи Тафсири намуна якпорчагии тамоми оёти як сураро лозим намедонанд ва муътақиданд як сура метавонад баёнгари мавзуъоти гуногуне бошад.[12]
Гуфта шуда дар ибтидои беъсати Пайғамбар (с), истилоҳи сура ба фарозе аз оёти Қуръон гуфта мешуд, ки маънои пайваста бо ҳам дошта бошанд; тибқи ин маъно, сураи Бақара худ наздик ба сӣ сура дорад.[13] Аммо дар солҳои поёнии умри Пайғамбар, сура дар истилоҳи имрӯзини он ба кор рафт.[14] Маҷиди Маориф, пажӯҳишгари исломӣ, муътақид аст ҳамин амр мӯҷиби ихтилофи назари шиа ва суннӣ шудааст; чароки дар фиқҳи шиа дар намоз баъд аз сураи Ҳамд, бояд яке аз сураҳои Қуръон (ба ғайр аз сураҳои саҷдадор) ба сурати комил хонда шавад, аммо дар фиқҳи аҳли суннат хондани қитъае аз Қуръон кифоят мекунад.[15]
№ | Тартиби алифбоӣ | Номи сура | Теъдоди оятҳо | Тартиби нузул | Маккӣ/маданӣ |
---|---|---|---|---|---|
1 | 63 | Фотиҳа | 7 | 5 | маккӣ |
2 | 16 | Бақара | 286 | 87 | маданӣ |
3 | 1 | Оли Имрон | 200 | 89 | маданӣ |
4 | 104 | Нисо | 176 | 92 | маданӣ |
5 | 84 | Моида | 120 | 113 | маданӣ |
6 | 12 | Анъом | 165 | 55 | маккӣ |
7 | 7 | Аъроф | 206 | 39 | маккӣ |
8 | 13 | Анфол | 75 | 88 | маданӣ |
9 | 23 | Тавба (Бароат) | 129 | 114 | маданӣ |
10 | 114 | Юнус | 109 | 51 | маккӣ |
11 | 110 | Ҳуд | 123 | 52 | маккӣ |
12 | 113 | Юсуф | 111 | 53 | маккӣ |
13 | 37 | Раъд | 43 | 96 | маданӣ |
14 | 2 | Иброҳим | 52 | 72 | маккӣ |
15 | 30 | Ҳиҷр | 99 | 54 | маккӣ |
16 | 103 | Наҳл | 128 | 70 | маккӣ |
17 | 6 | Исро | 111 | 50 | маккӣ |
18 | 80 | Каҳф | 110 | 69 | маккӣ |
19 | 90 | Марям | 98 | 44 | маккӣ |
20 | 54 | Тоҳо | 135 | 45 | маккӣ |
21 | 9 | Анбиё | 112 | 73 | маккӣ |
22 | 29 | Ҳаҷ | 78 | 104 | маданӣ |
23 | 98 | Муъминун | 118 | 74 | маккӣ |
24 | 108 | Нур | 64 | 103 | маданӣ |
25 | 67 | Фурқон | 77 | 42 | маккӣ |
26 | 45 | Шуаро | 227 | 47 | маккӣ |
27 | 106 | Намл | 93 | 48 | маккӣ |
28 | 75 | Қасас | 88 | 49 | маккӣ |
29 | 60 | Анкабут | 69 | 85 | маккӣ |
30 | 38 | Рум | 60 | 84 | маккӣ |
31 | 82 | Луқмон | 34 | 57 | маккӣ |
32 | 43 | Саҷда | 30 | 75 | маккӣ |
33 | 3 | Аҳзоб | 73 | 90 | маданӣ |
34 | 42 | Сабаъ | 54 | 58 | маккӣ |
35 | 64 | Фотир | 45 | 43 | маккӣ |
36 | 112 | Ёсин | 83 | 41 | маккӣ |
37 | 49 | Соффот | 182 | 56 | маккӣ |
38 | 48 | Сод | 88 | 38 | маккӣ |
39 | 41 | Зумар | 75 | 59 | маккӣ |
40 | 62 | Ғофир | 85 | 60 | маккӣ |
41 | 68 | Фуссилат | 54 | 61 | маккӣ |
42 | 47 | Шӯро | 53 | 62 | маккӣ |
43 | 39 | Зухруф | 89 | 63 | маккӣ |
44 | 34 | Духон | 59 | 64 | маккӣ |
45 | 25 | Ҷосия | 37 | 65 | маккӣ |
46 | 4 | Аҳқоф | 35 | 66 | маккӣ |
47 | 87 | Муҳаммад | 38 | 95 | маданӣ |
48 | 65 | Фатҳ | 29 | 112 | маданӣ |
49 | 31 | Ҳуҷурот | 18 | 107 | маданӣ |
50 | 71 | Қоф | 45 | 34 | маккӣ |
51 | 35 | Зориёт | 60 | 67 | маккӣ |
52 | 55 | Тур | 49 | 76 | маккӣ |
53 | 102 | Наҷм | 62 | 23 | маккӣ |
54 | 77 | Қамар | 55 | 37 | маккӣ |
55 | 36 | ар-Раҳмон | 78 | 97 | маданӣ |
56 | 111 | Воқеа | 96 | 46 | маккӣ |
57 | 32 | Ҳадид | 29 | 94 | маданӣ |
58 | 86 | Муҷодила | 22 | 106 | маданӣ |
59 | 33 | Ҳашр | 24 | 101 | маданӣ |
60 | 96 | Мумтаҳина | 13 | 91 | маданӣ |
61 | 50 | Сафф | 14 | 111 | маданӣ |
62 | 26 | Ҷумъа | 11 | 109 | маданӣ |
63 | 97 | Мунофиқун | 11 | 105 | маданӣ |
64 | 20 | Тағобун | 18 | 110 | маданӣ |
65 | 53 | Талоқ | 12 | 99 | маданӣ |
66 | 19 | Таҳрим | 12 | 108 | маданӣ |
67 | 95 | Мулк | 30 | 77 | маккӣ |
68 | 76 | Қалам | 52 | 2 | маккӣ |
69 | 28 | Ҳоққа | 52 | 78 | маккӣ |
70 | 94 | Маориҷ | 44 | 79 | маккӣ |
71 | 107 | Нӯҳ | 28 | 71 | маккӣ |
72 | 27 | Ҷинн | 28 | 40 | маккӣ |
73 | 91 | Муззаммил | 20 | 3 | маккӣ |
74 | 88 | Муддассир | 56 | 4 | маккӣ |
75 | 78 | Қиёмат | 40 | 31 | маккӣ |
76 | 10 | Инсон | 31 | 98 | маданӣ |
77 | 89 | Мурсалот | 50 | 33 | маккӣ |
78 | 101 | Набаъ | 40 | 80 | маккӣ |
79 | 99 | Нозиот | 46 | 81 | маккӣ |
80 | 57 | Абаса | 42 | 24 | маккӣ |
81 | 22 | Таквир | 29 | 7 | маккӣ |
82 | 14 | Инфитор | 19 | 82 | маккӣ |
83 | 93 | Мутаффифин | 36 | 86 | маккӣ |
84 | 11 | Иншиқоқ | 25 | 83 | маккӣ |
85 | 15 | Буруҷ | 22 | 27 | маккӣ |
86 | 52 | Ториқ | 17 | 36 | маккӣ |
87 | 8 | Аъло | 19 | 8 | маккӣ |
88 | 61 | Ғошия | 26 | 68 | маккӣ |
89 | 66 | Фаҷр | 30 | 10 | маккӣ |
90 | 17 | Балад | 20 | 35 | маккӣ |
91 | 46 | Шамс | 15 | 26 | маккӣ |
92 | 83 | Лайл | 21 | 9 | маккӣ |
93 | 51 | Зуҳо | 11 | 11 | маккӣ |
94 | 44 | Шарҳ | 8 | 12 | маккӣ |
95 | 24 | Тин | 8 | 28 | маккӣ |
96 | 59 | Алақ | 19 | 1 | маккӣ |
97 | 73 | Қадр | 5 | 25 | маккӣ |
98 | 18 | Байина | 8 | 100 | маданӣ |
99 | 40 | Залзала | 8 | 93 | маданӣ |
100 | 56 | Одиёт | 11 | 14 | маккӣ |
101 | 72 | Қориа | 11 | 30 | маккӣ |
102 | 21 | Такосур | 8 | 16 | маккӣ |
103 | 58 | Аср | 3 | 13 | маккӣ |
104 | 109 | Ҳумаза | 9 | 32 | маккӣ |
105 | 70 | Фил | 5 | 19 | маккӣ |
106 | 74 | Қурайш | 4 | 29 | маккӣ |
107 | 85 | Моъун | 7 | 17 | маккӣ |
108 | 81 | Кавсар | 3 | 15 | маккӣ |
109 | 79 | Кофирун | 6 | 18 | маккӣ |
110 | 105 | Наср | 3 | 102 | маданӣ |
111 | 92 | Масад | 5 | 6 | маккӣ |
112 | 5 | Ихлос | 4 | 22 | маккӣ |
113 | 69 | Фалақ | 5 | 20 | маккӣ |
114 | 100 | Нос | 6 | 21 | маккӣ |
Тақсими бандии сураҳо
Бархе сураҳои Қуръон ба хотири монандиҳое, ки бо ҳам доранд, ба дастаҳо тақсимбандӣ шудаанд.[16]
Тақсим бар асоси замони нузул
- Мақолаи аслӣ: Сураҳои маккӣ ва маданӣ
Мутобиқи дидгоҳи машҳури қуръонпажӯҳон, сураҳои Қуръон бо тавваҷуҳ ба замони нузули онҳо, ба ду дастаи куллии «маккӣ» ва «маданӣ» тақсим мешаванд.[17] Бар ин асос он чи пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шуда «маккӣ» ва он чи пас аз расидани Пайғамбар ба Мадина нозил шуда, «маданӣ» аст. Аз ин рӯ агар сура ё ояте баъд аз ҳиҷрат нозил шуда бошад, маданӣ хоҳад буд; ҳатто агар дар шаҳри Макка ё дар сафаре аз сафарҳои Пайғамбар (с) нозил шуда бошад; монанди оёте ки дар фатҳи Макка ё дар ҳаҷҷатулвидоъ нозил шуд.[18]
Бархе қуръонпажӯҳон,маккӣ ва мадании сураҳоро на бар асоси замони нузул, ки бар асоси макон ё мухотаби сураҳо тақсим кардаанд. Тибқи меъёри маконӣ, он чи дар Маккаву атрофи он монанди Мино, Арафот ва Ҳудайбия нозил шуда маккист, ҳарчанд баъд аз ҳиҷрат бошад ва он чи дар Мадинаву атрофи он монанди Бадр ва Уҳуд нозил шуда маданист.[19] Аммо тибқи меъёр будани мухотаби сураҳо, ҳарчи хитоб ба аҳли Макка нозил шуда маккӣ ва ҳарчи хитоб ба аҳли Мадина нозил шуда маданист.[20] Меъёри ташхиси мухотаб ин аст ки он чи бо таъбири «ё айюҳаннос» (эй мардум) нозил шуда маккӣ ва он чи бо таъбири «ё айюҳаллазина оману» (эй касоне ки имон овардаед) нозил шуда, маданист.[21]
Тақсим бар асоси кӯтоҳӣ ё дарозӣ
Сураҳои Қуръон бар асоси кӯтоҳӣ, дарозӣ ва теъдоди оёти он, ба сураҳои сабъи тивол, миун, масонӣ ва муфассалот тақсим шудаанд.[22] Сабъи тивол; сураҳое ки ба ҷиҳати бисёрии оёташон чунин номгузорӣ шудаанд, ки шомили ҳафт сураи Бақара, Оли Имрон, Нисо, Моида, Анъом, Аъроф ва Анфол (ё сураи Юнус ба ҷои сураи Анфол) аст.[23]
Миун; сураҳое ки камтар аз сураҳои сабъи тивол ҳастанд ва беш аз сад оят доранд ки иборатанд аз: Юнус (ё сураи Анфол), Тавба, Наҳл, Ҳуд, Юсуф, Каҳф, Исро, Анбиё, Тоҳо, Муъминун, Шуаро ва Соффот.[24]
Масонӣ; тақрибан бист сура аз сураҳои Қуръон ки теъдоди оёти онҳо камтар аз 100 оят аст.[25] Сураҳое монанди Қасас, Намл, Анкабут, Ёсин ва Сод.[26]
Муфассалот; сураҳое ки дар охири Қуръон қарор доранд.[27] Аз он ҷо ки ин сураҳо кӯтоҳанд ва бо бисмиллаҳ аз ҳам ҷудо шудаанд, ба онҳо муфассал гуфтаанд, яъне ба маънои ҷудошуда.[28]
Тақсимбандиҳои дигар
Азоим, мусаббаҳот, ҳавомим, мумтаҳинот, ҳомидот, чорқул, тавосин, муаввазатайн ва заҳровон аз дигар тақсимбандиҳое аст, ки барои сураҳои Қуръон зикр шудааст.[29]
Азоим ё азоим-ус-суҷуд; сураҳои Саҷда, Фуссилат, Наҷм ва Алақ, ки оёти саҷдадор доранд ки агар касе онро бихонад ё бишнавад дар ҳамон лаҳза бояд саҷда кунад.[30]
Ҳавомим; ба сураи чилум (сураи Ғофир) то чилу шашум(сураи Аҳқоф)-и Қуръон гуфта мешавад ки бо ҳуруфи муқаттааи «حم» (ҳо мим) оғоз мешаванд.[31] Дар тамоми ин сураҳо, билофосила пас аз ҳуруфи мақтаа, аз Қуръон ва нузули он сухан ба миён омадааст.[32]
Мусааббаҳот; ба сураҳои Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа ва Тағобун гуфта мешавад ки бо тасбеҳи Худо оғоз мешаванд.[33]
Теъдоди сураҳои Қуръон
Бештари муҳаққиқон теъдоди сураҳои Қуръонро 114-то донистаанд.[34] Бо ин ҳол бархе нависандагон бе он ки аз оёти Қуръон бакоҳанд, теъдоди сураҳои Қуръонро 112-то дониста, ин дидгоҳро ба унвони назарияи машҳури шиа муаррифӣ кардаанд.[35] Ба назари онон сураи Фил ва Қурайш ва низ сураи Зуҳо ва Иншироҳ ду сураи мустақил набуда, балки як сура ҳастанд;[36] ин назария дар паи ҷамъ миёни ду даста аз ривоятҳои мухталиф ба вуҷуд омадааст.[37] Мутобиқи теъдоде аз ривоятҳо намозгузор бояд баъд аз сураи Ҳамд, танҳо як сура аз Қуръонро бихонад[38] ва тибқи дастаи дигарӣ аз аҳодиси ҳаргоҳи намозгузори баъд аз хондани сураи Ҳамд, сура Фил бихонад, бояд сураи Қурайшро низ бихонад ва чунончи сураи Зуҳоро таловат кунад, бояд сураи Иншироҳро низ ба он замима кунад.[39] Бархе муҳаққиқон бо радди ин назария, далели дигареро барои ҷамъи байни ин ду даста аз ривоятҳо ироа додаанд. Ба гуфтаи онҳо агарчи дар намоз бояд баъд аз Фотиҳат-ул-китоб танҳо як сура хонда шавад, аммо сураҳои Фил ва Қурайш ва низ сураҳои Зуҳо ва Иншироҳ аз ин ҳукм истисно шудаанд.[40] Бархе муфассирони шиа ва суннӣ низ сураҳои Анфол ва Тавбаро як сура медонанд ва бе он ки аз оёти Қуръон бакоҳанд, теъдоди сураҳои Қуръонро 113 сура донистаанд.[41] Дар бархе нақлҳои аҳли суннат ихтилофи шумориши сураҳо, ба костан ё афзудани оёте ба Қуръон анҷомидааст.[42] Мутобиқи нақли Суютӣ муаллифи китоби ал-Итқон, мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд саду дувоздаҳ сура дошт; ба ин хотир ки ӯ муаввизатайнро таъвиз медонист ва аз Қуръон ба шумор намеовард.[43] ҳамчунин Суютӣ, мусҳафи Убай ибни Каъбро муштамил бар яксаду шонздаҳ сура донистааст; чароки Убай ибни Каъб ду сура бо номҳои Халъ ва Ҳафд ба Қуръон афзуда буд.[44] Бархе ховаршиносон низ бо ду пора кардан сураҳои Алақ ва Мудассир, ду сура ба теъдоди сураҳои Қуръон афзуда онҳоро 116 сура донистаанд.[45]
Номгузории сураҳо
Ҳар як аз сураҳои Қуръон ба номи хоссе номгузорӣ шуда ва ғолибан аз вожагони оғозини ҳар сура ва ё аз муҳтаво ва паёмҳои наҳуфта дар онҳо гирифта шудааст; чунонки сураи Бақара ба муносибати зикри гови Банӣ Исроил дар ин сура ва ё сураи Нисо ба муносибати зикри аҳкоми марбут ба занон, чунин номгузорӣ шудаанд.[46] Бархе аз сураҳои Қуръон беш аз як ном доранд; Суютӣ 25 ном барои сураи Ҳамд зикр кардааст.[47]
Дар ин ки ин номгузориҳо тавқифӣ ва аз сӯи Пайғамбар (с) ва ба раҳнамуди ваҳй анҷом шудааст ва ё ин ки тавассути саҳоба сурати гирифта, ихтилофи назар аст.[48] Бархе қуръонпажӯҳон монанди Заркашӣ ва Суютӣ, бар ин боваранд ки номгузорӣ сураҳо аз сӯи Пайғамбар (тавқифӣ) анҷом шудааст[49] ва набояд сураҳоро бо номи дигар хонд.[50] Бо истинод ба тавқифӣ будани номи сураҳо, бархе нависандагони номгузорӣ сураҳоро бахше аз эъҷози адабии Қуръон муаррифӣ карда, муътақиданд ғарази аслӣ ва усораи сура, аз ин номҳо фаҳмида мешавад.[51]
Дар муқобили Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, аз муфассирони шиа дар қарни чордаҳум, номгузории сураҳоро тавқифӣ ва аз ҷониби Пайғамбар надонистаанд.[52] Ба гуфтаи онҳо, дар асри Пайғамбар номи бисёре аз сураҳо, дар асари ба коргирии фаровони саҳоба эҷод шуд.[53] Тибқи назари Ҷаводии Омулӣ, баъид аст сурае ки таълимоти волову ҳикматҳои амиқ ва аҳкоми фаровон дорад ба номи ҳайвоне номида шавад ва ё сураи Анъом ки дарбардорандаи чил бурҳони тавҳидӣ аст ба номи чорпоён ва ё сураи Намл ки маорифи амиқу достони бисёре аз пайғамбарон (а)-ро дарбар дорад, ба номи мӯрча номгузорӣ шавад.[54]
Тартиби сураҳо
Бештари муҳаққиқон бар ин боваранд, ки тартиби сураҳои Қуръон дар мусҳаф, ба дастури Расули Худо анҷом нашуда ва саҳоба онро ба ин сурат танзим кардаанд.[55] Аз далелҳое, ки ҳамчун шоҳиди ин дидгоҳ баён шуда, ихтилофи мусҳафи саҳоба дар тартиби сураҳост;[56] чунонки мусҳафи Имом Алӣ (а) низ на бар асоси мусҳафи кунунӣ, ки бар асоси тартиби нузули сураҳо танзим шуда буд.[57] Нусхаи имрӯзии Қуръон ки дар миёни мусулмонон вуҷуд дорад, нусхае аст ки ба дастури Усмон ибни Аффон - халифаи сеюм, ҷамъоварӣ шуд[58] ва мавриди таъйиди Имом Алӣ (а) ва дигар имомон (а) қарор гирифт.[59]
Бо ин ҳол бархе қуръонпажӯҳон муътақиданд тартиби кунунии сураҳои Қуръон ба дастури Расули Худо (с) сомон ёфтааст.[60] Бархе аз ин ашхос муътақиданд сураҳо дар канори якдигар таносубу пайвандеро эҷод кардаанд.[61] Гурӯҳе дигар низ бар онанд, ки тартиби сураҳои Қуръон,омезае аз тавқиф (дастури Пайғамбар) ва иҷтиҳод аст; бад-ин маънӣ ки тартиби баъзе аз сураҳо ба дастури Расули Худо (с) ва тартиби бархе дигар бо иҷтиҳоду назари саҳобае ки аз сӯи Усмон масъулияти ҷамъоварии Қуръонро бар ӯҳда доштанд, анҷом гирифтааст.[62]
Нахустин ва охирин сураи нозилшуда
Дар бораи нахустин сураи нозилшуда бар Пайғамбар се назария вуҷуд дорад; бархе оёти ибтидои сураи Алақ, бархе оёти ибтидои сураи Муддассир ва бархе сураи Фотиҳат-ул-китобро нахустин сураи нозилшуда бар ҳазрати Муҳаммад (с) донистаанд.[63] Муҳаммадҳодии Маърифат муаллифи китоби ат-Тамҳид муътақид аст агарчи оёти ибтидоии сураи Алақ нахустин оёти нозилшуда бар Пайғамбар ва оёти ибтидоии сураи Муддассир нахустин оёте буд ки баъд аз давраи фатрат бар Пайғамбар нозил шуд, аммо аввалин сурае ки ба сурати комил бар Пайғамбар (с) нозил гардид, сураи Ҳамд аст.[64]
Дар бораи охирин сураи нозилшуда бар Пайғамбар низ бархе сураи Бароъат, иддае сураи Наср ва гурӯҳе сураи Моидаро охирин сура медонанд.[65] Дар ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шуда, охирин сурае ки бар Пайғамбар нозил шуд, сураи Наср буд.[66] Аз он ҷо ки сураи Наср қабл аз фатҳи Макка ва сураи Тавба баъд аз фатҳи Макка нозил шуда, Муҳаммадҳодии Маърифат муътақид аст, агарчи оёти нахустин сураи Бароъат баъд аз сураи Насри нозил шуда, аммо охирин сурае ки ба сурати якҷо бар Пайғамбар нозил шуд, сураи Наср буд.[67]
Фазилати сураҳо
- Мақолаи аслӣ: Фазилати сураҳо
Дар нахустин манобеи ҳадисии шиа аҳодиси зиёде дар бораи фазилати сураҳо нақл шуда ва бобҳое бо ҳамин унвон дар китобҳое монанди китоби ал-Кофӣ[68] ва Савоб-ул-аъмол[69] ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Дар давраҳои баъд низ бархе олимон дар кутуби худ ба ин ривоёт пардохтаанд.[70] Дар манобеи ҳадисии аҳли суннат низ аҳодиси зиёде дар боби фазоили бархе сураҳо ва оёти Қуръон нақл шудааст.[71] Бо ин ҳол ин даста аз ривоятҳо бо осеби санадӣ ва матнӣ мувоҷеҳанд ва бисёре аз онҳо ҷаълӣ хонда шудаанд.[72]
Эзоҳ
- ↑ Маориф, Мабоҳисе дар таърих ва улуми қуръонӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.52
- ↑ Рукнӣ, Ошноӣ бо улуми Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.104
- ↑ Маориф, Мабоҳисе дар таърих ва улуми қуръонӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.52
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.230 - 231
- ↑ Маориф, Даромаде бар таърихи Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.137
- ↑ Маориф, Даромаде бар таърихи Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.137
- ↑ Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.344
- ↑ Хомагар, Сохтори ҳандасии сураҳои Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.14 - 19
- ↑ Мейр, «Пайвастагии сура, таҳаввуле дар тафсири Қуръон дар қарни бистум», тарҷумаи Муҳаммадҳасан, Муҳаммадии Музаффар, саҳ.443
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.16
- ↑ Мейр, «Пайвастагии сура, таҳаввуле дар тафсири Қуръон дар қарни бистум», тарҷумаи Муҳаммадҳасан, Муҳаммадии Музаффар, саҳ.438
- ↑ Макорими Шерозӣ, Қуръон ва охирин Пайғамбар, 1385ҳ.ш., саҳ.307
- ↑ Маориф, Даромаде бар таърихи Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.137
- ↑ Маориф, Даромаде бар таърихи Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.138
- ↑ Маориф, Даромаде бар таърихи Қуръон, 1383ҳ.ш., саҳ.138
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.596
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.130
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.81
- ↑ Аҳмадиён, Қуръоншиносӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.56 - 57
- ↑ Родманиш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.150
- ↑ Родманиш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.150
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.282
- ↑ Ҷавони Ороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.192 - 193
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.595
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.595
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.596 - 597
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.592 - 593
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.596
- ↑ Суютӣ, Таносуқ-уд-дурари фи таносуб-ис-сувар, 1406ҳ.қ., саҳ.115
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.144
- ↑ Муҳаммадӣ, Сурӯши осмонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.99
- ↑ Гурӯҳе аз муаллифон, Улум-ул-Қуръони инд-ал-муфассирин, 1375ҳ.ш., саҳ.273
- ↑ Гурӯҳе аз муаллифон, Улум-ул-Қуръони инд-ал-муфассирин, 1375ҳ.ш., саҳ.273
- ↑ Даштӣ, «Баррасии ваҳдати Зуҳову Иншироҳ ва Филу Қурайш», саҳ.77 - 78
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.314
- ↑ Барои намуна: Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.827
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.365; Даштӣ, «Баррасии ваҳдати Зуҳову Иншироҳ ва Филу Қурайш», саҳ.87
- ↑ Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.146; Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Бадавӣ ва Сайидӣ, Дифоъ аз Қуръон дар баробари орои ховаршиносон, 1383ҳ.ш., саҳ.175
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.193 - 196
- ↑ Абушаҳба, ал-Мадхалу лидиросат-ил-Қуръон-ил-карим, 1423ҳ.қ., саҳ.321
- ↑ Барои намунаи Ниг.: Заркашӣ, ал-Бурҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.367; Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192
- ↑ Абушаҳба, ал-Мадхалу лидиросат-ил-Қуръон-ил-карим, 1423ҳ.қ., саҳ.321
- ↑ Хомагар, Сохтори ҳандасии сураҳои Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.132
- ↑ Таботабоӣ, Қуръон дар Ислом, 1353ҳ.ш., саҳ.219; Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.27
- ↑ Таботабоӣ, Қуръон дар Ислом, 1353ҳ.ш., саҳ.219; Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.27
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.27
- ↑ Фиқҳизода, Пажӯҳише дар назми Қуръон, 1374ҳ.ш., саҳ.72
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.598
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Масоил-ус-саравия, 1413ҳ.қ., саҳ.79
- ↑ Фиқҳизода, Пажӯҳише дар назми Қуръон, 1374ҳ.ш., саҳ.73
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.341 - 342
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.223; Субҳии Солеҳ, Мабоҳисун фи улум-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., саҳ.71
- ↑ Суютӣ, Тартибу сувар-ил-Қуръон, 2000м, саҳ.32
- ↑ Ибни Атия, ал-Муҳаррир-ул-ваҷиз, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106 - 108; Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.124 - 126
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.127
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.127
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6
- ↑ Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.128
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.596
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.103
- ↑ Барои намуна: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.37; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.223, ҷ.110, саҳ.263; Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, 1386ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.790
- ↑ Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.202; Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.187 - 189; Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.231
- ↑ Насирӣ, «Чигунагии таъомул бо ривоёти фазилатҳо ва хавосси оёту сувар», саҳ.67
Сарчашма
- Абушаҳба, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Мадхалу лидиросат-ил-Қуръон-ил-карим, Қоҳира, Мактабат-ус-сунна, 1423ҳ.қ.
- Аҳмадиён, Абдуллоҳ, Қуръоншиносӣ, Теҳрон, нашри Эҳсон, 1382ҳ.ш.
- Бадавӣ, Абдурраҳмон;у Сайидӣ, Сайид Ҳусайн, Дифоъ аз Қуръон дар баробари орои ховаршиносон, Машҳад, Беҳнашр, 1383ҳ.ш.
- Баниҳошимӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1381ҳ.ш.
- Буруҷердӣ, Ҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, Теҳрон, Фарҳанги сабз, 1386ҳ.ш.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳи Бухорӣ, Бейрут, дори тавқи алнҷоаҳ, 1422ҳ.қ.
- Гурӯҳе аз муаллифон, Улум-ул-Қуръони инд-ал-муфассирин, Қум, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1375ҳ.ш.
- Даштӣ, Сайид Маҳмуд, «Баррасии ваҳдати Зуҳову Иншироҳ ва Филу Қурайш», дар маҷаллаи Пажӯҳишномаи Қуръон ва ҳадис, №2, 1382ҳ.ш.
- Зарқонӣ, Муҳаммади Абдулазем, Маноҳил-ул-ирфони фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Зркшӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Бурҳони фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1410ҳ.қ.
- Ибни Атия, Абдулҳақ ибни Ғолиб, ал-Муҳаррир-ул-ваҷизи фи тафсири ал-китоб-ил-азиз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1422ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Қуръон ва охирин Пайғамбар, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1385ҳ.ш.
- Маориф, Маҷид, Даромаде бар таърихи Қуръон, Теҳрон, нба, 1383ҳ.ш.
- Маориф, Маҷид, Мабоҳисе дар таърих ва улуми қуръонӣ, Теҳрон, нба, 1383ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиди фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи интишороти исломӣ, 1386ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мейр, Мустансир, «Пайвастагии сура, таҳаввуле дар тафсири Қуръон дар қарни бистум», тарҷумаи Муҳаммадҳасан, Муҳаммадии Музаффар, дар маҷаллаи Ойинаи пажӯҳиш, №107 ва 108, озару исфанди 1386ҳ.ш.
- Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, Абӯзабӣ, Муассисату Зоид бен Султон оли Наҳён, 1425ҳ.қ.
- Муҳаммадӣ, Козим, Сурӯши осмонӣ сайре дар мафоҳими қуръонӣ, Теҳрон, Вазорати иршод, 1381ҳ.ш.
- Насирӣ, «Чигунагии таъомул бо ривоёти фазилатҳо ва хавосси оёту сувар», дар маҷаллаи улуми ҳадис, №79, баҳори 1395ҳ.ш.
- Родманиш, Сайид Муҳаммад, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, Теҳрон, Ҷомӣ, 1374ҳ.ш.
- Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амири Кабир, 1369ҳ.ш.
- Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амири Кабир, чопи сеюм, 1369ҳ.ш.
- Рукнӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ошноӣ бо улуми Қуръон, Теҳрон, САМТ, 1379ҳ.ш.
- Субҳии Солеҳ, Мабоҳисун фи улум-ил-Қуръон, Қум, Маншуроти Разӣ, 1372ҳ.ш.
- Суютӣ, Абдурраҳмон, Таносуқ-уд-дурари фи таносуб-ис-сувар, таҳқиқи абдуқодири Аҳмади ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1406ҳ.қ.
- Суютӣ, Абдурраҳмон, Тартибу сувар-ил-Қуръон, Бейрут, Мактабат-ул-ҳилол, 2000м.
- Суютӣ, Абдурраҳмон, ал-Итқони фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, дори ал-китоби алъарабӣ, 1421ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Муассисат-ул-аълми ли-л-матбуъот, Бейрут (Лубнон), чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Қуръон дар Ислом, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1353ҳ.ш.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1419ҳ.қ.
- Фиқҳизода, Абдуллоҳодӣ, Пажӯҳише дар назми Қуръон, Теҳрон, Ҷиҳоди донишгоҳӣ, 1374ҳ.ш.
- Хомагар, Муҳаммад, Сохтори ҳандасии сураҳои Қуръон, Теҳрон, Созмони таблиғоти исломӣ, 1386ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ус-саравия, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дору Шарифи Разӣ, 1406ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу Васоил-иш-шиати ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Исро, 1389ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, нашри Исро, чопи шашум, 1389ҳ.ш.
- Ҷавони Ороста, Ҳусайн, Дарсномаи улуми қуръонӣ, Қум, Бӯстон, 1380ҳ.ш.