Аҳли Байт (а)

Аз wikishia
Асомии Аҳли Байт алайҳимус салом

Аҳли Байт (арабӣ:أهلُ الْبَیت) хонадони Пайғамбари Ислом (с) ҳастанд. Калимаи Аҳли Байт дар ривоёт, дар чанд маънои мухталиф ба кор рафтааст ва дар адабиёти шиъӣ, барои Имом Алӣ (а), ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва нуҳ имоми маъсум аз фарзандони Имом Ҳусайн (а) истифода мешавад.

Дар ояти Татҳир таъбири Аҳли Байт ба кор рафта ва бар покӣ ва таҳорати онҳо тасреҳ шудааст. Пайғамбари Ислом (с) низ дар аҳодисе монанди ҳадиси Сафина ва ҳадиси Сақалайн аз ҷойгоҳи волои Аҳли Байт дар дини Ислом сухан гуфтааст.

Бино бар эътиқоди шиъа Аҳли Байт дорои мақоми исмат ҳастанд ва аз назари тақво ва дигар фазилатҳо аз ҳамаи асҳоби Пайғамбар (с) бартаранд. Маваддати Аҳли Байт (а) бар мусулмонон воҷиб аст ва вилоят ва раҳбарии ҷомеъаи исломӣ бар ӯҳдаи онҳост ва мусулмонон бояд дар ҳамаи омӯзаҳои динӣ, Аҳли Байтро марҷаъи худ бидонанд.

Мафҳумшиносӣ

Дар кутуби луғати араб, калимаи “аҳл” бар навъе робита ва пайванди байни як инсон бо инсон ё чизи дигаре далолат мекунад; барои мисол, дар арабӣ, ҳамсарро аҳли мард мешуморанд, уммати ҳар пайғамбаре аҳли ӯянд ва сокинони хона ё шаҳр, аҳли хона ё шаҳранд. Ҳамчунин, пайравони ҳар дину оине аҳли он динанд.[1] Аҳли Байт дар луғат ба маънои сокинони хонаи Пайғамбар (с) ва наздикони ӯ аст; Ибни Ҳаён, луғатшиноси маъруф, аҳли байтро хавосси шахс маъно карда мегӯяд: “أهل الرجل: زوجه، و أخص الناس به”.[2] Аҳли Байт дар истилоҳ ва урфи мусулмонон маънои хоссе дорад.[3]

Калимаи ол дар асл «аҳл» буда, ки ҳарфи ҳо ба ҳамза ва сипас ба алиф табдил шудааст.[4] Корбурди калимаи «ол» аз калимаи «аҳл» маҳдудтар аст; зеро ол ба замону макон ва ҳирфа ва монанди он изофа нашуда ва ба инсон ихтисос дорад ва дар мавриди инсон низ танҳо ба инсонҳое, ки ҷойгоҳи хоссе доранд, изофа мешавад; монанди Оли Иброҳим, Оли Имрон, Оли Фиръавн.[5] Аллома Ҳасани Мустафавӣ муҳаққиқи улуми қуръонӣ, «Аҳл-ул-Байт»-ро дар оёти Қуръон калимае мураккаб аз аҳл ва байт, манзур аз онро хонавода медонад ва ҳеҷ ҳазф ва тақдиреро бар хилофи порае аз муффасирон дар ин таъбир қабул надорад. Вай бар ин бовар аст, ки агар манзур аз аҳлулбайт, Аҳлу Байтир-расул бошад ин тақдир бар хилофи фасоҳати сухан аст, афзун бар инки дар ин сурат худи Пайғамбарро шомил намешавад.[6]

Аҳли Байт дар Қуръон

Калимаи аҳли байт дар Қуръон дар се оят ба кор рафта аст:

1 - Дар ояти 73 сураи Ҳуд, ки марбут ба ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳамсари ӯст:

«قالُوا أَ تَعْجَبینَ مِنْ أَمْرِ اللهِ رَحْمَتُ الله وَ بَرَكاتُهُ عَلَیكُمْ أَهْلَ الْبَیتِ إِنَّهُ حَمیدٌ مَجیدٌ»

2 - Дар ояти 12 сураи Қасас, ки марбут ба хонадони ҳазрати Мусо (а) аст:

«فَقالَتْ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلی‏ أَهْلِ بَیتٍ یكْفُلُونَهُ لَكُمْ وَ هُمْ لَهُ ناصِحُونَ»

3 - Дар ояти 33 сураи Аҳзоб, ки ба ояти Татҳир маъруф аст. Худованд хитоб ба Пайғамбар ва хонадони ӯ фармуда аст:

«إِنَّما یریدُ الله لِیذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَیتِ وَ یطَهِّرَكُمْ تَطْهیراً»

«Худо фақат мехоҳад олудагиро аз шумо хонадон бизудояд ва шуморо поку покиза гардонад!».

Ҳасани Мустафавӣ калимашиноси машҳури Қуръон муътақид аст, ки аҳли байт дар Қуръон бо тавваҷуҳ ба ағрозу қароин масодиқи мухталифе пайдо мекунад ва доираи шумулаш низ мутағаййир мешавад. Манзур аз аҳли байт дар ояти 73 сураи Ҳуд, Иброҳим ва ҳамсари ӯст ва дар ояти 12 сураи Қасас, падару модари Мусо ва касоне аст, ки дар байти Имрон ҳастанд ва дар ояти 33 сураи Аҳзоб, манзур, мухотабони ҳангоми нузули оят аст, ки ҳамон Пайғамбар ва маъсумоне ҳастанд, ки ба амри Расули Худо (а) зери або қарор гирифтанд.[7]

Аҳли Байт дар ривоёт

Дар аҳодиси набавӣ

Калимаи Аҳли Байт дар аҳодиси набавӣ чаҳор корбурди мухталиф дорад, ки метавон онҳоро корбурдҳои: аъам, ом, хос ва ахас номид.

  1. Корбурди аъами он, ҳатто касоне ки ҳеҷ гунаи пайванди хешовандии нисбӣ ё сабабӣ бо Пайғамбар надорандро шомил мешавад. Онон мусулмононеанд, ки дар пайравӣ аз Пайғамбар (с) содиқ ва собитқадманд. Чунонки Пайғамбар (с) Салмони Форсӣ[8] ва Абӯзари Ғифорӣ[9]-ро аз Аҳли Байт ба шумор овардааст, дар бархе ривоёт, Аҳли Байт бар афроди дигаре низ итлоқ шудааст, ки Усома ибни Зайд[10] ва Восила ибни Асқаъ[11] аз он ҷумлааст.
  2. Корбурди омми Аҳли Байт, ҳамаи хешовандони нисбии Пайғамбар (с)-ро дарбар мегирад; яъне касоне ки садақаи воҷиб (закот) бар онон ҳаром шудааст.[12] Дар ҳадиси дигаре, таъбири Аҳли Байт дар хусуси Аббос амми Пайғамбар ва фарзандони ӯ низ ба кор рафтааст.[13]
  3. Корбурди хосси Аҳли Байт, марбут ба ҳамсарони Пайғамбар (с) аст. Бидуни шак, ҳамсарони Пайғамбар (с) мутобиқи маънои луғавӣ ва урфӣ, аҳли байти Пайғамбаранд, мақсуд аз «байт» дар ин ҷо, байти сукно (маҳали сукунат) аст, на байти насаб ё набувват. [ниёзманди манба]
  4. Корбурди ахасси Аҳли Байт, ба гуруҳе аз хонадони Пайғамбар (с) ихтисос дорад, ки аз хусусияти исмат бархӯрдоранд. Мисдоқи он дар ривоёт марбут ба ояти Татҳир ва ояти Мубоҳала, Асҳоби кисо; яъне Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн (алайҳимус салом) ҳастанд.[14] Ва дар аҳодисе монанди: ҳадиси Сақалайн ва ҳадиси Сафина, ки бар вуҷуди Аҳли Байт дар ҳамаи замонҳо далолат доранд, илова бар Асҳоби кисо, имомони маъсум аз дудмони Имом Ҳусайн (а) низ, мисдоқи Аҳли Байт ҳастанд. [ниёзманди манбаъ]

Дар аҳодиси имомон

Дар аҳодиси аимма (алайҳимус салом) низ Аҳли Байт дар се маъно ба кор рафтааст:

  1. Корбурди ом, ки муъминони ростинро шомил мешавад; чунонки Имом Содиқ (а) фармудааст: «Ҳар касе ки парҳезкор ва солеҳ бошад аз мо аҳли байт аст».[15] Имом (а) ба ду оят аз Қуръони Карим бар ин маъно истишҳод кардааст: “ومن یتولّهم منکم فإنّه منهم”; ва ҳар кас аз шумо (муъминон ) онҳо (яҳуд ва насоро)-ро ба дӯстӣ гирад, аз онон хоҳад буд»[16] ва «فمن تبعنی فإنّه منّی»; пас ҳар касе ки аз ман пайравӣ кунад, бегумон ӯ аз ман аст!».[17]
  2. Корбурди хосси он ба хешовандони Пайғамбар (с) ихтисос дорад. Чунон ки Амиралмуъминин Алӣ (а) фармудааст: «Ҳаргоҳ дар ҷанг бо душманони Ислом кор сахт мешуд ва мардум аз муқобила бо душман худдорӣ мекарданд, Пайғамбар (с) Аҳли Байти худро ба корзор мефиристод, Убайда ибни Ҳорис дар ҷанги Бадр, Ҳамза дар ҷанги Уҳуд ва Ҷаъфари Тайёр дар ҷанги Мута ба шаҳодат расиданд».[18]
  3. Корбурди ахасси он ба он даста аз хешовандони Пайғамбар (с) ихтисос дорад, ки аз мақом ва манзалати хоссе бархӯрдоранд ва гуфтору рафтори онон милоки ҳаққ ва роҳнамои ҳақиқат аст; чунон ки Амиралмуъминин Алӣ (а) фармудааст: «Ба Аҳли Байти Пайғамбаратон бингаред ва ба самту сӯи ҳаракати онон мултазам бошед ва аз онон пайравӣ кунед; зеро онон ҳаргиз шуморо аз масири ҳидоят хориҷ накарда ва ба гумроҳӣ бознамегардонанд; на аз онон пешӣ бигиред, ки гумроҳ хоҳед шуд ва на аз онон фосила бигиред, ки ҳалок хоҳед шуд!».[19] Имом Ҳасан (а) хитоб ба аҳли Ироқ фармуд: «Мо Аҳли Байте ҳастем, ки Худованди ояти Татҳир[20]-ро дар бораи онон нозил фармудааст!»,[21] ривоёт дар ин хусус бисёр аст.

Аз ду маънои ахир, дар китобҳои шиъа маънои дувум роиҷтар аст ва ҳаргоҳ иборати Аҳли Байт беқарина ба кор барда шавад, ба эҳтимоли қавӣ маънои сеюм мадди назар аст. [ниёзманди манбаъ]

Исмати Аҳли Байт

Навиштори аслӣ: исмат

Боризтарин хусусияти Аҳли Байт, исмат аст. Ин хусусият аз ояти Татҳир[22] ба даст меояд. Ин оят, Аҳли Байтро касоне муаррифӣ мекунад, ки Худованд ирода карда ҳар гуна палидиро аз онон дур созад. Калимаи «иннамо» дар ояти Татҳир, ва ривоёт шаъни нузули он оят, баёнгари ин аст, ки ин масъала аз хусусиятҳои Аҳли Байт аст ва ба онон ихтисос дорад.[23]

Ҳадиси Сақалайн[24] низ, ки аз аҳодиси мутавотир аст ва дар санади он тардиде вуҷуд надорад, бар исмати Аҳли Байти Пайғамбар (с) (ба маънои ахасси он) далолат мекунад; зеро дар ин ҳадис, Аҳли Байт ба унвони «сиқли асғар» дар канори Қуръон ба унвони «сиқли акбар» қарор гирифта ва ду мероси гаронбаҳои Пайғамбар (с) ба шумор омада, ки аз якдигар ҷудо нахоҳанд шуд ва агар мусулмонон ба он ду тамассук ҷӯянд гумроҳ нахоҳанд шуд. Бешак, Қуръони Карим каломи Худованд аст ва ҳеҷ гуна хатову инҳирофе дар он роҳ надорад: «لا یأْتیهِ الْباطِلُ مِنْ بَینِ یدَیهِ وَ لا مِنْ خَلْفِهِ»; ва ҳеҷ гуна ботиле, на аз пеши рӯ ва на аз пушти сар ба сӯяш намеояд!».[25] Бино бар ин, Аҳли Байти Пайғамбар (с) низ, ки дар канори Қуръон қарор гирифтаанд, аз хато пок ва мубарро ҳастанд ва ҳеҷгуна инҳирофе дар онон роҳ нахоҳад дошт ва тамассук ба онон монеъи гумроҳии инсон аст.[26]

Ба эътиқоди бархе аз олимони аҳли суннат дар исмати ахлоқӣ ва амалии Аҳли Байт; яъне ҳазрати Заҳро (с) ва имомони дувоздаҳгонаи шиъа (а) шакке нест ва ҷуз инсони нодоне, ки мункири Ислом бошад, дар он тардид намекунад, ончи мавриди ихтилоф аст, исмати илмии онон аст,[27] вале бо тавваҷуҳ ба ин ки ҳадиси Сақалайн тамассук ба Аҳли Байт дар ҳавзаи динро монеъ аз залолат медонад, исмати илмии онон низ ба равшанӣ ба даст меояд. [ниёзманди манбаъ]

Бартарии Аҳли Байт

Навиштори аслӣ: Бартарии Аҳли Байт алайҳимус салом

Ривоёти мутааддиде бар бартарии Аҳли Байт (а) далолат доранд, аз ҷумлаи ин ривоёт, ҳадиси Сақалайн аст, ки бартарии Аҳли Байти Пайғамбар (с) бар дигарон, ба равшанӣ аз он ба даст меояд; зеро Пайғамбар (с) ононро дар канори Қуръон қарор додааст; яъне Қуръонро сиқли акбар ва Аҳли Байтро сиқли асғар номидааст ва фарди дигареро дар радифи Қуръон қарор надодааст. Бинобарин, ҳамон гуна ки Қуръони Карим бар мусулмонон бартарӣ дорад, Аҳли Байт низ, аз дигарон бартаранд. [ниёзманди манба] Ояти Мубоҳала низ бар бартарии Асҳоби кисо бар дигар саҳобаи Пайғамбар далолат мекунад, зеро бар асоси ин оят, Пайғамбар (с) аз ҷониби Худованд маъмурият ёфтааст, то аз мобайни кӯдакон, мардон ва занони мусулмон афродеро барои мубоҳала бо насрониҳои Наҷрон бо худ ҳамроҳ намояд. Ва Пайғамбар (с) аз мардон, ҳазрати Алӣ (а) ва аз занон, ҳазрати Заҳро (с) ва аз кӯдакон, Ҳасану Ҳусайнро баргузид. Бешак барои мубоҳала касоне баргузида мешаванд, ки аз назари имон ва қурб ба Худованд аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор бошанд.[28]

Абуриёҳ, хизматкори Уммусалама аз Пайғамбар (с) ривоят карда, ки агар дар рӯи замин афроде гиромитар аз Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн (а) вуҷуд медошт, Худованд ба ман дастур медод, ки ба воситаи онон мубоҳала кунам, локин Худованд ба ман дастур дод, ки ба кумаки онон мубоҳала кунам, онон бартарин афроданд.[29]

Бартарии Аҳли Байт аз оёту ривоёти дигаре монанди: ояти Маваддат (сураи Шуро, ояти 23 ) ҳадиси Сафина, ҳадиси Бобулҳитта, ҳадиси Нуҷум ва монанди онҳо низ ба даст меояд.

Дар гуфтори бархе аз уламои шиъа омадааст, ки имомони маъсум аз назари мақом ва ҳақиқат, аз тамоми анбиёи гузашта ба ҷуз, ҳазрати Муҳаммад (с) бартаранд; агарчӣ аз назари ҷисмонӣ, дар ин дунё пас аз пайғамбарон омадаанд. [ниёзманди манбаъ] Ин эътиқод бар асоси ривоёти мутааддиде аст.[30] Қуръони Карим низ мақоми имоматро бар мақоми пайғамбарӣ бартарӣ медиҳад.[31] Ҳазрати Иброҳим (а) ибтидо пайғамбар буд, сипас Худованд, пас аз озмудани ӯ, ӯро имом қарор дод ва мақоми болотаре бахшид.[32]

Марҷаъияти илмии Аҳли Байт

Дар ҳадиси Сақалайн

Ҳадиси Сақалайн баёнгари марҷаъияти илмии Аҳли Байт аст; зеро Пайғамбар (с) аз мусулмонон хостааст, ки ба Қуръон ва итрати ӯ тамассуки ҷӯянд то гумроҳ нашаванд.

Нахустин ва асоситарин манбаъ ва марҷаъи илмии мусулмонон Қуръони Карим аст ва пас аз он суннати Пайғамбар (с) қарор дорад ва нақши Аҳли Байт дар ин бора ин аст, ки тарҷумони Қуръон, ҳофизон ва ноқилони суннати Пайғамбаранд. Бешак Пайғамбар (с) бахши азиме аз ҳақоиқ ва маорифи Қуръонро барои мардум баён кард, вале бахши дигареро, ки шароити баёни онҳо фароҳам набуд, ё маслиҳат ин буд, ки дар замонҳои баъд баён шавадро ба итрати маъсуми худ супурд, то онон онро баён кунанд.[33] Ҳосил он ки: ҳифзи комили ончи тавассути Пайғамбар (с) баён шуда буд ватабйини ончи баён нашуда буд ба Аҳли Байти ӯ супурда шуд.

Роҳи шинохти дурусти Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) тамассук ба Аҳли Байти Пайғамбар (с)аст, ва ба ин сурат онон марҷаъи илмии мусулмонон дар шинохти маориф ва аҳкоми дин мебошанд.

Муллоалии Қорӣ аз уламои аҳли суннат гуфтааст: «Аҳли Байт ғолибан ба соҳиби байт ва аҳволи он аз дигарон огоҳтаранд, бинобарин, мурод аз Аҳли Байт донишмандони онон ва огоҳон ба сираи Пайғамбару воқифон бар роҳу равиши ӯ ва доноён ба ҳукм ва ҳикмати ӯ мебошад, ба ин ҷиҳат аст, ки шоистагии онро доранд, ки дӯшодӯши китоби Худои Субҳон қарор гиранд!».[34]

Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ низ гуфтааст: «Пайғамбар (с) ба он ҷиҳат Қуръон ва итратро сиқл номидааст, ки сиқл ба чизе, ки гаронбаҳо ва дорои аҳамият аст гуфта мешавад ва Қуръону итрат ин гунаанд; зеро ҳар ду маъдани улуми ладуннӣ ва асрору ҳикматҳои олӣ ва аҳкоми шаръианд; ба ин ҷиҳат бар тамассук ба он ду ва фарогирии маърифат аз он ду таҳриз ва таъкид шудааст. Ин ташвиқ ва таъкид дар мавриди итрати махсус касоне аст, ки китоби Худо ва суннати Расули Худо (с)-ро мешиносанд ва онҳо ҳастанд, ки то қиёмат аз Қуръон ҷудо нахоҳанд шуд».[35]

Дар ояти Татҳир

Навиштори аслӣ: ояти Татҳир

Қуръони Карим дар ояти Татҳир, Аҳли Байт Пайғамбар (с)-ро ба унвони касоне ки Худованд ононро аз ҳаргуна палидӣ пок кардааст, муаррифӣ намуда ва аз сӯи дигар ёдовар шудааст, ки ҳақоиқи мутаъолӣ ва маорифи макнуни Қуръонро ҷуз инсонҳои мутаҳҳар аз палидиҳо дарк намекунанд[36] ҳамонгуна ки таҳорати шаръӣ, шарти тамоси бадани инсон бо зоҳири Қуръон аст, таҳорати рӯҳу ҷон аз разоил низ шарти фаҳми маориф ва ҳақоиқи Қуръон аст ва ҳар чӣ маориф ва ҳақоиқ латифтару амиқтар бошад, фаҳми он ба таҳорати рӯҳии болотару амиқтаре ниёз дорад ва олитарини он мулозим бо исмат аст.[37] Бинобарин, маориф ва ҳақоиқи Қуръонро ба таври комилу амиқ, ҷуз Пайғамбар (с) ва Аҳли Байти маъсуми ӯ касе намедонад ва барои дарки ин ҳақоиқ бояд ба онон руҷӯъ кард.

Имом Содиқ (а) мефармоянд: «Ҳақоиқи марбут ба гузашта ва оянда ва аҳкоме, ки ҳаққу ботилро дар мавриди зиндагии башар аз ҳам ҷудо месозад, дар Қуръон вуҷуд дорад, ва мо онро медонем».[38] Ҳамчунин мефармоянд: «Мо росихони дар илм ҳастем ва таъвили Қуръонро медонем!»[39] аҳодисе, ки аз имомони маъсум (а) дар ин бора ривоят шуда фаровон аст.

Вуҷуби пайравӣ аз Аҳли Байт

Дар ҳадиси Сақалайн

Аз ҳадиси Сақалайн, вуҷуби пайравӣ аз Аҳли Байт низ ба равшанӣ ба даст меояд; зеро дар ин ҳадис, наҷоти уммат аз гумроҳӣ, манут ба тамассук ба китоби Худо ва Аҳли Байти Пайғамбар (с) аст. «Тамассук» ба маънои «даровехтан» аст ва даровехтан ба Қуръон ва Аҳли Байт; яъне шинохти дастуроти Қуръон ва Аҳли Байт ва пайравӣ ва ба кор бастани ин дастурот дар мақоми амал аст.

Дар ояти Улуламр

Худованд дар ояти Улуламр мефармояд: “أَطیعُوا اللَه وَ أَطیعُوا الرَّسُولَ وَ أُولِی الْأَمْرِ مِنْكُمْ”; аз Худо ва Пайғамбар ва соҳибони амри худ итоат кунед!». Худованд дар ин оят, итоат аз худ ва Расул ва улуламрро воҷиб кардааст.[40] Бо тавваҷуҳ ба ин ки «улуламр» бар «аррасул» атф шудааст, бидуни ин ки феъли «атиъу» такрор шавад, маълум мешавад, ки милоки вуҷуби итоат аз улуламр ҳамон милоки вуҷуби итоат аз Расули Худост ва итоати Расули Худо ба он ҷиҳат, ки раҳбари илоҳӣ аст ва аз мақоми исмат бархӯрдор аст, воҷиб гардида ва агар ӯ маъсум набуд, итоат аз ӯ бидуни ҳеҷ қайду шарте воҷиб намешуд. Ин матлаб дар мавриди улуламр низ ҷорӣ аст ва онон низ ба далели ин ки аз сифати исмат бархӯрдоранд дар оят итоаташон ба сурати мутлақ воҷиб шудааст.[41]

Бинобарин, ояти Улуламр, илова бар маъсум будани касоне ки пас аз Пайғамбар (с) дар раҳбарии ҷомеъаи исломӣ, ҷонишини ӯ мебошанд, бар вуҷуби итоат аз онон низ далолат мекунад.

Аз тарафе, ояти Татҳир ва ривоёти марбут ба он масодиқи улуламри маъсумро муаррифӣ кардааст, онон чунон ки гузашт Асҳоби Касо ҳастанд. Пас, итоат аз Аҳли Байти маъсуми Пайғамбар (с) ба унвони мутаваллиёни амри ҳидоят ва раҳбарии уммати исломии пас аз он ҳазрат, воҷиб аст.

Дар ҳадиси Сафина

Ҳадиси Сафина низ бар вуҷуби пайравӣ аз Аҳли Байт далолат мекунад; зеро дар ин ҳадис Пайғамбар (с) Аҳли Байти худро ба киштии Нуҳ ташбиҳ кардааст, ки ҳар касе дохили он шуд аз туфон наҷот ёфт, ва ҳар кас аз дохил шудан ба он сар боз зад ҳалок гардид.

Ибни Ҳаҷари Маккӣ мегӯяд: «Ваҷҳи ташбиҳи онон ба киштии Нуҳ ин аст, ки ҳар кас ба хотири ташаккур аз касе ки ин шарофатро ба онон эъто кардааст, онҳоро дӯст бидорад ва азим шуморад ва ҳидояти донишмандони ононро бигирад ва амал кунад, аз торикии мухолифатҳо наҷот ёфта ва ҳар кас бо онон мухолифат кунад, дар дарёи куфрони неъмат ва партгоҳҳои туғён ҳалок хоҳад шуд».[42] Ӯ ҳамчунин дар бораи санади ҳадиси Сафина мегӯяд: «Ин ҳадис аз туруқи мухталиф, ки бархе аз онҳо бархеи дигарро тақвият мекунад, ривоят шудааст».[43]

Маваддат ва муҳаббати Аҳли Байт

Навиштори аслӣ: Маваддати Аҳли Байт алайҳимус салом

Бар асоси оёту ривоёт, дар вуҷуби муҳаббати Аҳли Байти Пайғамбар (с) тардиде нест.

Дар ояти маваддат “قُلْ لا أَسْئَلُكُمْ عَلَیهِ أَجْراً إِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِی الْقُرْبی”; “Ба изои он [рисолат] подоше аз шумо хостор нестам, магар дӯстӣ дар бораи хешовандон!».[44] Дӯстии хешовандони Пайғамбар (с) ба унвони музди рисолати он ҳазрат ба шумор омадааст. Мақсуд аз қурбо (хешовандон) дар ин оят ҳамон касонеанд, ки ояти Татҳир дар мавриди онон нозил шудааст. [ниёзманди манбаъ]

Дар ривояте аз Пайғамбар (с) дар бораи хешовандоне, ки бар асоси ояти Маваддат, маваддати онҳо бар мо воҷиб шудааст, суол шуд. Пайғамбар (с) фармуд: «Онҳо Алӣ (а) ва Фотима (с) ва фарзандони он ду ҳастанд!».[45]

Ибни Ҳаҷари Маккӣ пас аз нақли ривоёти марбут ба вуҷуби муҳаббати Аҳли Байт гуфтааст: «Аз аҳодиси пешин, вуҷуби муҳаббати Аҳли Байт ва ҳурмати шадиди буғз нисбат ба онон маълум шуд. Байҳақӣ ва Бағавӣ ва дигарон бар вуҷуби муҳаббати онон тасреҳ кардаанд ва Шофеӣ дар абёте, ки аз ӯ нақл шуда ба он тасреҳ кардааст, чунон ки гуфтааст:[46]

“یا أهلَ بیتِ رسولِ الله حُبُّکُم..... فَرضٌ مِنَ الله فِی القرآنِ أنزَلَهُ

Фахриддини Розӣ муҳаббат ба Оли Муҳаммад (с) - Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусайн-ро воҷиб дониста ва пас аз истидлол ба ояти Маваддат, ингуна истидлол кардааст: шакке нест, ки Пайғамбар (с) Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн (а)-ро дӯст медошт, бар ин асос, ин амал бар ҳамаи уммат воҷиб аст; зеро пайравӣ аз Пайғамбар (с) бар асоси оёте ҳамчун ояти 158 сураи Аъроф, ояти 31 сураи Оли Имрон ва ояти 21 сураи Аҳзоб воҷиб аст.[47] Ӯ барои исботи вуҷуби муҳаббати Оли Муҳаммад, ба салавоти ташаҳҳуд низ тамассук кардааст.[48]

Аз маҷмуи оёти марбут ба музди рисолати Пайғамбар (с) ба даст меояд, ки ӯ ҳеҷгуна музди моддӣ ва ғайримоддие, ки ба худи ӯ бозгардад, аз мусулмонон нахост ва агар ҳам маваддати Аҳли Байти худро ба унвони музди рисолати хеш матраҳ кард, дар воқеъ ба нафъи худи мардум будааст: “قُلْ ما سَأَلْتُكُمْ مِنْ أَجْرٍ فَهُوَ لَكُمْ إِنْ أَجْرِی إِلاَّ عَلَی اللهِ وَ هُوَ عَلی‏ كُلِّ شَی‏ءٍ شَهیدٌ” “Бигӯ: ҳар аҷру подоше аз шумо хостаам, барои худи шумост. Аҷри ман фақат бар Худованд аст!».[49]

Аз ояти 57 сураи Фурқон (الا من شاءان یتخذ الی ربه سبیلا) истифода мешавад, ки фоидаи ин маваддат, паймудани роҳи дуруст ба сӯи Худост.

Вилоят ва раҳбарии Аҳли Байт (а)

Вилоят ва раҳбарии Аҳли Байт далоили ақлӣ ва нақлии бисёре дорад.

Аз назари ақл ва бо тавваҷуҳ ба фалсафаи имомат, исмат яке аз муҳимтарин шароити имом аст. Оёте аз Қуръон низ бар ин матлаб далолат мекунад (р. к: ояти Улуламр ва ояти Содиқин).

Аз сӯи дигар, Аҳли Байт аз хусусияти исмат бархӯрдоранд, бинобарин, имомат ва раҳбарии уммати исломӣ пас аз Пайғамбар (с) ба онон ихтисос дорад.

Илова бар ин, итоат аз Аҳли Байт чунонки гузашт воҷиб аст. Далоили вуҷуби пайравӣ аз Аҳли Байт итлоқ дорад ва ҳамаи боядҳо ва набоядҳои марбут ба зиндагии мусулмононро шомил мешавад ва дар ин ҷиҳат тафовуте байни масоили ибодӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ва фарҳангӣ вуҷуд надорад. Ба унвони мисол дар ояти Улуламр, итоат аз улуламр, ҳамон ҷойгоҳ ва густараеро дорад, ки итоат аз Пайғамбар (с) дорад. Улуламр чунонки баён гардид аз хусуияти исмат бархӯрдоранд ва ин хусусият ба Аҳли Байти Пайғамбар (с) ихтисос дорад.

Аз мабоҳиси марбут ба маваддати Аҳли Байт равшан мешавад, ки маваддат ҷанбаи тариқӣ (муқаддимотӣ) дорад ва ғарази аслӣ бар асоси ояти 57 сураи Фурқон (الا من شاءان یتخذ الی ربه سبیلا) ин аст, ки мардум роҳи ҳаққро бишносанд ва бо паймудани он ба саодату растагорӣ барисанд. Шинохти роҳи ҳаққ ва паймудани он низ ҳамаи арсаҳои зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ, ибодӣ ва сиёсиро дарбар мегирад.

Нуктаи дархури тавваҷуҳ дар ин бора ин аст, ки дар бисёре аз нақлҳои ҳадиси Сақалайн, ҳам тамассук ба Аҳли Байт баён шудааст ва ҳам, вилояти Амиралмуъминин Алӣ (а). Ба иборати дигар дар воқеаи Ғадири Хум, Пайғамбар (с) ҳам дар бораи итрат ва Аҳли Байти худ сухан гуфт ва мусулмононро ба пайравӣ аз онон супориш кард ва ҳам Амиралмуъминин (а)-ро ба унвон валӣ ва раҳбари уммати исломии пас аз худ муаррифӣ кард.[50] Пайғамбар (с) бо ин кор нишон дод, ки вилояти Амиралмуъминин Алӣ (а) нахустин гом дар ҷиҳати таҳаққуқ бахшидан ба мазмуни ҳадиси Сақалайн аст.

Нуктаи дигар ин, ки дар бархе аз нақлҳои ҳадиси Сақалайн, аз Қуръон ва Аҳли Байт бо унвони «халифатайн» таъбир шудааст: “إنّی ترکت فیکم خلیفتین: کتاب الله وأهل بیتی”[51] , мутобиқи ин ҳадис, Аҳли Байт, ҷонишинони Пайғамбаранд, ва ҷонишинии онон ҳамаҷониба аст.

Дар ҳадиси дигаре пас аз баёни инки Пайғамбар (с) Қуръон ва итратро ба унвони ду мироси гаронбаҳои худ барои уммати исломӣ муаррифӣ карда, ин матлаб баён шудааст, ки «замин ҳеҷгоҳ аз Аҳли Байт холӣ нахоҳад буд, зеро агар чунон шавад, замин бар аҳлаш хашм хоҳад гирифт», сипас фармуд: «Худоё, Ту ҳаргиз заминро аз ҳуҷҷати худ холӣ нахоҳӣ гузошт, онон аз назари теъдод, андак ва аз назари манзалат, дар пешгоҳат бузургтарин мақомро доранд!».[52] Бинобарин, Аҳли Байт, ҳуҷҷатҳои Худованд бар заминанд ва имомату раҳбарӣ мутааллиқ ба ҳуҷҷатҳои Худованд аст.

Гувоҳи дигар бар ин, ки ҳадиси Сақалайн бар имомати Аҳли Байт (а) далолат мекунад ин аст, ки Амиралмуъминин (а) дар мавориде ба он эҳтиҷоҷ кардаанд, ки рӯзи шуро аз он ҷумла аст.[53]

Мавриди дигар, эҳтиҷоҷ бо Талҳа, Абдурраҳмон ибни Авф ва Саъд ибни Абивақос аст.[54] Ва мавриди дигар, эҳтиҷоҷи ӯ дар замони хилофати Усмон ва дар масҷиди Пайғамбар, дар баробари ҷамъе аз саҳоба аст.[55]

Аҳмад ибни Ҳанбал аз Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) ба Алӣ, Ҳасан, Ҳусайн ва Фотима алайҳимус салом нагиристу гуфт: “انا حرب لمن حاربکم و سلم لمن سالمکم”; Ман дар ҷангам бо касе ки бо шумо дар ҷанг аст ва дар сулҳу оштиам бо касе ки бо шумо дар сулҳ аст!».[56] Аз ин ривоят низ истифода мешавад, ки итоат аз ин афрод воҷиб аст.

Адабиёт

  1. Ибни Форис, Муъҷам-ул-мақоис-ил-луғат, 1418 қ, ҷ.1, с.93/ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 2000 м, ҷ.1, с.186/ Шартунӣ, Ақраб-ул-маворид, 1403 қ, ҷ.1, с.23/ Роғиб, ал-Муфрадоту фи ғарибил Қуръон, алмактабатул муртазавия, с.29/ ал-Муъҷам-ул-васит, алмактабатул исломия, ҷ.1, с.31.
  2. Ал-Айн, ҷ.4, с.89.
  3. Роғиб, ал-Муфрадоту фи ғарибил Қуръон, алмактабатул муртазавия, с.29.
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 2000 м, ҷ.1, с.186.
  5. Роғиб, ал-Муфрадоту фи ғарибил Қуръон, алмактабатул муртазавия, с.30.
  6. Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1368 ш, ҷ.1, с.170.
  7. Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1368 ш, ҷ.1, с.169 ва 170.
  8. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, ҷ.1, с.85/ Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.281.
  9. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1392 қ, с.459.
  10. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.281.
  11. Табарӣ, Тафсири Табарӣ, 1421 қ, ҷ.22, с.12.
  12. Нишопурӣ, Саҳеҳ Муслим, ҷ.4, с.1873, боби фазоили Алӣ ибни Абитолиб, ҳадиси 7.
  13. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.281.
  14. Таҳовӣ, Мушкил-ул-осор, дорусодир, ҷ.1, с.332- 339/ Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.281.
  15. Абуҳанифа Мағрибӣ, Даоим-ул-ислом, дорулмаъориф, ҷ.1, с.62.
  16. Сураи Моида, ояти 51.
  17. Сураи Иброҳим, ояти 36.
  18. Наҳҷ-ул-балоға, номаи 9.
  19. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 97.
  20. Сураи Аҳзоб, ояти 33.
  21. Ибни Касир, тафсири Ибни Касир, 1416қ, ҷ.5, с.458.
  22. Сураи Аҳзоб, ояти 33.
  23. Нигоҳ кунед ба : Субҳонӣ, Илоҳиёт ало ҳудо-ал-китоб ва ас-суннати ва ал-ақл, 1412 қ, ҷ.4, с.125 - 129.
  24. Нигоҳ кунед ба: Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404 қ, с.412 – 414/ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378 қ, ҷ.2, с.62.
  25. Сураи Фуссилат, ояти 42.
  26. Нигоҳ кунед ба: Ҳамуд, ал-Фавоид-ул-баҳия фи шарҳи ақоидил имомия, 1421 қ, ҷ.2, с.94-95.
  27. Ҳофиз Муҳаммад, ан-Ниброс, мактабату ҳаққония, с.532, ҳошияи Баҳрулъулум.
  28. Ҳеллӣ, Наҳҷ-ул-ҳаққ ва кашф-ус-сидқ, 1414 қ, с.179 ва 215 216/ Фозил Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1405 қ, с.515/ Музаффар, Далоил-ус-сидқ, мактабатуз зуҷоҷ, ҷ.2, с.132- 133.
  29. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1418 қ, с.287.
  30. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1412 қ, ҷ.3, с.125.
  31. Сураи Бақара, ояти 124.
  32. Кулайнӣ, Усули Кофӣ, 1358 ш, ҷ.1, с.284.
  33. Кошифулғито, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, 1377қ, с.162.
  34. Муллоалии Қорӣ, ал-Мирқот фи шарҳ-ил-мишкот, ҷ.5, с.600.
  35. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.189.
  36. Сураи Воқеа, оёти 77ـ79.
  37. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393 қ, ҷ.19, с.137.
  38. Кулайнӣ, Усули Кофӣ, 1388 қ, ҷ.1, бобуррадди ило алкитоби ва ассуна, ҳадиси 9.
  39. Кулайнӣ, Усули Кофӣ, 1388 қ, ҷ.1, бобур-росихини фи алъилм, ҳадиси 1.
  40. Сураи Нисо, ояти 59.
  41. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ш, ҷ.3, с.100/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390 қ, ҷ.4, с.391.
  42. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.191.
  43. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.191.
  44. Сураи Шуро, ояти 23.
  45. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407қ, ҷ.4, с.219 ва 220.
  46. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1425 қ, с.217.
  47. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420 қ, ҷ.27, с.595.
  48. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420 қ, ҷ.27, с.595.
  49. Сураи Сабаъ, ояти 47.
  50. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1418 қ, с.36- 40.
  51. Ибни Ҳанбал, ал-Муснад, 1416 қ, ҷ.5, с.181/ Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, дорулкитобил арабӣ, ҷ.9, с.163/ Миновӣ, Файз-ул-қадир, 1416 қ, ҷ.3, с.14/ Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1405 қ, ҷ.1, с.166/ Милонӣ, Нафаҳот-ул-азҳор, 1423 қ, ҷ.2, с.284- 285.
  52. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1418 қ, с.27.
  53. Ибни Мағозалӣ, Маноқиб, дорулкутубил илмия, с.112.
  54. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1418 қ, с.43.
  55. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1418 қ, с.137.
  56. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403 қ, ҷ.2, с.767.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Иброҳим Мустафо ва дигарон, ал-Муъҷам-ул-васит, Истанбул, алмактабатул исломия, бе то.
  • Ибни Мағозалӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқиб, Бейрут, дорулкутубил илмия, бе то.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайсамии Маккӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, Бейрут, алмактабатул асрия, 1425 қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Муснад, Қоҳира, дорулҳадис, 1416 қ.
  • Ибни Форс, Аҳмад, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, Бейрут, дорулфикр, 1418 қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, Тафсиру Ибни Касир, Бейрут, доруланделус, 1416 қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, дорусодир, 2000 м.
  • Абуҳанифаи Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-ислом, Қоҳира, дорулмаъориф, бе то.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқ: Васиюллоҳ ибни Муҳаммадъабос, Макка, ҷомеъату уммулқуро, 1403 қ – 1983 м.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин Масъуд ибни Умар, Шарҳ-ул-мақосид, дорулмаъорифил усмония, Покистон.
  • Ҳофиз Муҳаммад, Абдулазиз, ан-Ниброс, бе ҷо, мактабату ҳаққония, бе то.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, муассисатулаъламӣ, Бейрут, 1393 қ.
  • Ҳокими Найшобӯрӣ, Муҳаммади бен Абдуллоҳ, ал-Мустадраку алас-саҳиҳайн, дорулкутубил илмия, Бейрут, 1978 м.
  • Ҳеллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳаққ ва кашф-ус-сидқ, Қум, дорулҳиҷрат, 1414 қ.
  • Ҳамуд, Муҳаммадҷамил, ал-Фавоид-ул-баҳия фи шарҳи ақоидил имомия, Бейрут, муассисатул аъламӣ, чопи дувум, 1421 қ.
  • Ҳувайзӣ, Алӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, тасҳеҳ ва таълиқ: Сайидҳошим Расулии Маҳалотӣ, Қум, муассисаи исмоилиён, чопи чаҳорум, 1412 қ – 1370 ш.
  • Роғиб, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадоту фи ғарибил Қуръон, Теҳрон, алмктбатул муртазавия, бе то.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшофу ан ҳақоиқи ғавомиз-ат-танзил, тасҳеҳи Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, дорулкутубил арабӣ, чопи аввал, 1407 қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Илоҳиёт ало ҳудо-ал-китоб ва ас-суннати ва ал-ақл, Қум, марказулъоламӣ лиддиросотил исломия, чопи сеюм, 1412 қ.
  • Шартунӣ, Саид Алхурӣ, Ақраб-ул-маворид, Қум, мактабатул маръашӣ, 1403 қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378 қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳсини Кӯчабоғӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дувум, 1404 қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсирил Қуръон, Бейрут, муассисатул аъламӣ, 1393 қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибн Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Бейрут, муассисатул аъламӣ, 1392 қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Тафсири Табарӣ, забт ва таълиқи Маҳмуд Шокир, Бейрут, доруэҳёит туросил арабӣ, 1421 қ.
  • Таҳовӣ, Абуҷаъфар, Мушкил-ул-осор, Бейрут, дорусодир, бе то.
  • Фозил Миқдод, ал-Лавоимъ-ул-илоҳия, Қум, мактабатул маръашӣ, 1405 қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, доруэҳёит туросил арабӣ, чопи сеюм, 1420 қ.
  • Фиюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, Қоҳира, бе то.
  • Қундузии Ҳанафӣ, Шайх Сулаймон, Янобиъ-ул-маваддат, Бейрут, муассисатул аъалмӣ, 1418 қ.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, Қоҳира, алматбаъатул арабия, 1377 қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули Кофӣ, Теҳрон, алмактабатул исломия, 1388 қ.
  • Ганҷии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиб, Теҳрон, доруэҳёит туроси аҳлил байт (алайҳимус салом).
  • Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, Бейрут, муассисатур рисола, 1405 қ.
  • Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқ, Теҳрон, мактабатуз зуҷоҷ, бе то.
  • Муллоалии Қорӣ, ал-Мирқот фи шарҳ-ил-мишкот.
  • Мановӣ, Муҳаммад Абдурауф, Файз-ул-қадир фи шарҳ-ил-ҷомеъ-ис-сағир, Бейрут, дорулфикр, 1416 қ.
  • Милонӣ, Сайидалӣ, Нафаҳот-ул-азҳор фи хулосати Абақот-ул-анвор, Қум, маркази табйин ва тарҷума ва нашри ороъ, 1423 қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, Бейрут: Субҳӣ Солеҳ, 1387 ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Саидҷаъфари Шаҳидӣ, Теҳрон: илмӣ ва фарҳангӣ, 1377.
  • Нишопурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, доруэҳёит туросил исломӣ, бе то.
  • Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид, Бейрут, дорулкитобил арабӣ, бе то.

Пайванд ба берун