Jump to content

Ояти 1 сураи Таҳрим

Аз wikishia
Ояти 1 сураи Таҳрим
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиТаҳрим
Шумораи оят1
Ҷузъ28
Шаъни нузулҲаром гардондани Пайғамбар баъзе ҳалолҳоро бар худаш
Макони нузулМадина
Оёти муртабитОятҳои 2, 3, 4 ва 5-и сураи Таҳрим


Ояти 1 сураи Таҳрим (форсӣ: آیه ۱ سوره تحریم) бо лаҳни сарзанишомез хитоб ба Пайғамбар (с) нозил шудааст ва аз ӯ мепурсад, ки чаро барои ҷалби ризоияти ҳамсаронаш, он чиро Худо бар ӯ ҳалол карда, бар худ ҳаром мекунад.

Бар асоси ривоёт, ин оят метавонад ба ду воқеа марбут бошад: нахуст замоне ки Пайғамбар (с) ба хотири ризоияти Ҳафса, наздикӣ бо Морияи Қибтияро бар худ мамнуъ кард ва дувум ҳангоме ки ба сабаби бештар мондан дар хонаи баъзе ҳамсарон ба хотири пазироӣ бо асал, хӯрдани асалро бар худ ҳаром намуд.

Муаррифии оят

Дар ояти нахусти сураи Таҳрим, Расули Худо (с) мавриди хитоб қарор гирифтааст, ки чаро он чиро Худованд барои ӯ ҳалол қарор дода, бар худ ҳаром месозад.[1] Баъзе муфассирон, ин хитобро омехта бо сарзаниш[2] ва гурӯҳе дигар, онро нишонаи муҳаббати Худо ба Пайғамбар (с) тафсир кардаанд.[3] Албатта Алломма Таботабоӣ эътиқод дорад, сарзаниш дар ин оят нисбати баъзе аз ҳамсарони Пайғамбар (с) аст, ки муҷиби ин тасмим шуданд, чунки дар ояти 4 ҳамин сура ба ду тан аз онон тавсия ба тавба шудааст.[4]

Макони нузули ин оят, Мадина дониста шудааст.[5]

Шаъни нузул

Муфассирон дар бораи шаъни нузули оят ду ривоят нақл кардаанд. Ин ду гузориш бо тафовутҳое дар китобҳои тафсирии шиа ва аҳли суннат вуҷуд дорад.[6]

Асалро тарк кардани Пайғамбар

Бар асоси баъзе ривоятҳо, Пайғамбар (с) ба далели алоқа ба асал, дар манзили баъзе ҳамсаронаш бештар мемонд. Ин амр боиси нороҳатии Оиша ва Ҳафса шуд ва онон бо баҳонаи бӯи номатбуе (мағофир) аз Пайғамбар (с), ӯро аз хӯрдани асал боз доштанд. Дар пайи ин моҷаро, Пайғамбар (с) савганд ёд кард, ки дигар асал нахӯрад.[7]

Тарки муносибати Пайғамбар бо ҳамсараш Мория

Бар асоси баъзе ривоятҳо, Пайғамбар (с) дар набудани Ҳафса бо Морияи Қибтия дар манзили ӯ ҳамбистар шуд. Пас аз огоҳӣ ва эътирози Ҳафса, Пайғамбар (с) барои ҷалби ризоияти ӯ савганд ёд кард, ки дигар бо Мория муносибате надошта бошад ва аз Ҳафса хоҳиш кард мавзуъро ошкор накунад. Аммо Ҳафса розро бо Оиша ва дигар ҳамсарон дар миён гузошт, ки ба нузули оёте анҷомид.[8]

Дар Тафсири намуна, ривояти якум машҳуртар ва муносибтар аз дигар нақлҳо арзёбӣ шудааст.[9] Алломма Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки ин ду гузориш, ба равшанӣ бо оёти нахусти сураи Таҳрим мутобиқат надорад ва наметавон онҳоро ба таври қатъӣ бар мазмуни оят татбиқ кард. Бо ин ҳол ривояте аз Имом Содиқ (а) ки марбут ба моҷарои Мория аст, ба нақл аз Тафсири Қумӣ овардааст.[10]

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.44.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, Маншуроти Исмоилиён, ҷ.19, саҳ.329.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.273.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, Маншуроти Исмоилиён, ҷ.19, саҳ.330.
  5. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.168.
  6. Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.471; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.562-563; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.239; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.271.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.471.
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1382ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.471-472.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.271.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.337.

Сарчашма

  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, Бейрут, чопи севум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, Қум, Маркази чоп ва нашри Созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ (р), Қум, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Муҳаммад Ҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1382ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.