Нуқабои Банӣ Исроил

Аз wikishia

Нуқабои Банӣ Исроил (форсӣ: نُقَبای بنی‌اسرائیل) дувоздаҳ намояндаи асбот (қабила)-и Банӣ Исроил (фарзандони Яъқуби пайғамбар) буданд, ки ба дастури Худо ва ба дасти ҳазрати Мусо (а) интихоб шуданд. Вазифаи онҳо ҳифзи аҳде буд, ки Худо ба Банӣ Исроил додааст. Нуқабо ҳамчунин вазифаи ҷамъоварии маълумот аз қавми золиму ситамгар дар сафар ба Байтул-Муқаддасро низ бар уҳда доштанд. Мусо аз онҳо хост, ки маълумоти аз ин гурӯҳ гирифташударо ба қавми худ надиҳанд, бештари онҳо аз ин фармон сарпечӣ карданд.

Дар манобеи фариқайн, ривоёте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки теъдоди ҷонишинонашро дувоздаҳ тан ва ба теъдоди нуқабои Банӣ Исроил донистааст. Ин ҳадисҳо ба ривоёти дувоздаҳ халифа машҳуранд. Олимони шиа аз онҳо барои исботи имомати имомони дувоздаҳгона истифода мекунанд.

Нуқабо, намояндагони ҳазрати Мусо (а)

Нуқабои Банӣ Исроил, расулони Мусо (а) дар миёни қавми худ буданд,[1] ки бар тибқи бархе ривоёт, ба фармони Худо ва ба дасти ҳазрати Мусо (а) интихоб шуданд.[2] Ба гуфтаи муфассирон, нуқабо аз асботи дувоздаҳгонаи Банӣ Исроил (фарзандони Яъқуб) буданд,[3] ки аз ҳар сибт, як намоянда интихоб шуд.[4]

Нуқабо бузурги қавми худ[5] ва дорои раъйи нофиз ва ҷойгоҳи вижае будаанд.[6] Дар бархе аз китобҳои тафсирӣ, нуқабо саромади қавми хеш,[7] сардор[8] ва ҳатто подшоҳ[9] муаррифӣ шудаанд. Гуруҳе низ бар ин боваранд, ки онҳо баъдҳо ба пайғамбарӣ расиданд.[10] Бархе ҳам мақоми болотаре барои онҳо қоил шуда, онҳоро соҳиби китоб дониста ва болотар аз пайғамбарони маъмулӣ ва поёнтар аз анбиёи улулъазм шуморидаанд.[11]

Дар ояти 12-и сураи Моида омадааст, ки Худо дувоздаҳ нақиб дар миёни Банӣ Исроил баргузид. Дар Қуръон ҷойгоҳи онон ба сурати возеҳ баён нашудааст.[12] Муфассирон дар бораи онҳо дидгоҳҳои мутафовите доранд.[13]

Ташбиҳи ҷонишинони Пайғамбар ба нақибҳои Банӣ Исроил

Дар ривоёте ки аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, шумори ҷонишинони он ҳазрат ба теъдоди нақибҳои Банӣ Исроил баён шудааст.[14] Ин маҷмӯаи ривоёт ба аҳодиси дувоздаҳ халифа машҳуранд, ки дар онҳо теъдоди ҷонишинони Пайғамбар (с) дувоздаҳ тан ва ҳамагӣ аз Қурайш муаррифӣ шудаанд.[15] Уламои шиа аз ин аҳодис барои исботи имомати имомон истифода мекунанд.[16] Тибқи ҳадиси дигаре, Пайғамбар (с) сарнавишти қавми худро ҳамонанди Банӣ Исроил донистааст.[17] Пайғамбар ҳамчунин дар Байъати Ақаба дувоздаҳ нақиб аз миёни ансор баргузид то намояндаи ӯ дар Мадина бошанд.[18]

Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ, дар тафсири ал-Мизон, нақибҳоро ба улуламр дар дини Ислом ташбиҳ карда ва онҳоро марҷаъи умури динӣ ва дунявии Банӣ Исроил донистааст.[19]

Вазифаи нуқабои Банӣ Исроил

Бино бар оёти Қуръон, нуқабо маъмурияти нигаҳдорӣ аз мисоқеро бар уҳда доштанд, ки Худо аз Банӣ Исроил гирифта буд.[20] Ҳамчунин онон аз ҷониби Мусо (а) маъмурият ёфтанд ба Байтул-Муқаддас сафар кунанд[21] ва ба ҷамъоварии иттилоот аз қавми ситамгар бипардозанд,[22] ки дар сарзамини Канъон,[23] Шомот[24] ва ё минтақаи Ариҳо [lower-alpha 1] дар Шом[25] сокин буданд. Онҳо пас аз сабти мушоҳидоти худ назди Мусо (а) бозгаштанд ва аз азимати сокинони ин манотиқ сухан гуфтанд.[26] Мусо (а) аз онон хост аз додани иттилоот ва тарсондани қавми худ, бипарҳезанд,[27] аммо бағайр аз ду[28] ё ҳаддиаксар панҷ нафар,[29] дигар афрод аз фармони Мусо (а) сарпечӣ карданд.

Номҳои нуқабои Банӣ Исроил

Саълабӣ - муфассири аҳли суннат дар тафсири худ, номи нақибонро зикр кардааст. Онҳо иборатанд аз:

  1. Шомил ибни Рон
  2. Шоқот ибни Ҳурӣ
  3. Колиб ибни Юқано
  4. Миқоил ибни Юсуф
  5. Юшаъ ибни Нун
  6. Қантам ибни Арқун
  7. Мади ибни Адӣ
  8. Ҷаддӣ ибни Қомин
  9. Биёнун ибни Мелкиё
  10. Нафтолӣ Меҳр ибни Вақсӣ
  11. Ҳамлоил ибни Ҳамл
  12. Собур ибни Малкиё.[30]

Дар бархе манобеи дигар номи нуқабо бо каме ихтилоф зикр шудааст.[31]

Ҷусторҳои вобаста

Асбот

Эзоҳ

  1. Динаварӣ, ал-Возеҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190.
  2. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.265.
  3. Ибни Ҳамуш, ал-Ҳидоя ило булуғ-ин-ниҳоя, 1429ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1639; Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.57.
  4. Саъолибӣ, Тафсири ас-Саъолибӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.2, саҳ.267.
  5. Саъолибӣ, Тафсири ас-Саъолибӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362.
  6. Ҷурҷонӣ, Дарҷ-уд-дурар, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.552.
  7. Тайиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.319.
  8. Девбандӣ, Тафсири Кобулӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.52.
  9. Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.369; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.265.
  10. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.260.
  11. Содиқии Теҳронӣ, Тарҷумони Фурқон, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.41.
  12. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.30.
  13. Ниг.: Омилӣ, Тафсири Омилӣ, 1360ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.239.
  14. Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.27; Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.468; Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.118; Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.321, 406; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.157; Абияъло, Муснади Абияъло, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.444; Баззор, Муснади Баззор, 1993ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.320.
  15. Муассисаи маорифи исломӣ, Муъҷам-ул-аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, 1428ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.501.
  16. Ниг.: Самадӣ, “Имомати исноашар”, саҳ.430.
  17. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203.
  18. Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.369; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55.
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.240.
  20. Ибни Сулаймон, тафсири Мақотили Ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.95.
  21. Ибни Ҳамуш, ал-Ҳидоя ило булуғ-ин-ниҳоя, 1429ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1639; Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375.
  22. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.96; Самарқандӣ, Баҳрулъулум, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.369; Ибни Ҳамуш, ал-Ҳидоя ило булуғ-ин-ниҳоя, 1429ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1640.
  23. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.36; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.615; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.118.
  24. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.96; Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.58.
  25. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.615; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.118; Табарсӣ, тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317.
  26. Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.369; Шаъронӣ, Пажуҳишҳои қуръонии Аллома Шаъронӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.420.
  27. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.615.
  28. Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.2, саҳ.369; Ҷурҷонӣ, Дарҷ-уд-дурар, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.552; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.265.
  29. Ибни Сулаймон, тафсири Мақотили Ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461.
  30. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.36.
  31. Ниг.: Шаъронӣ, Пажуҳишҳои қуръонии Аллома Шаъронӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.419.

Ёддошт

  1. Гоҳ аз онҳо ба амолақа таъбир шудааст. (Ҷурҷонӣ, Дарҷ-уд-дурар, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.552).

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Абуяъло Мавсилӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Муснади Абияъло, Димишқ, Дорул-Маъмун лил-турос, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад, 1404ҳ.қ.
  • Баззор, Аҳмад ибни Амр, Муснад-ул-Баззор, таҳқиқи Маҳфузурраҳмон Зайнуллоҳ, Мадина, Мактабатул-улуми вал-ҳикам, 1993ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Девбандӣ, Маҳмуд Ҳасан, Тафсири Кобулӣ, Теҳрон, нашри Эҳсон, чопи ёздаҳум, 1385ҳ.ш.
  • Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Возеҳ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Карим, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1424ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақоввл фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Абузайнаб, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Ибни Сулаймон, Мақотил, тафсири Мақотили Ибни Сулаймон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Ҳамуш, Маккӣ ибни Абутолиб, ал-Ҳидоя ило булуғ-ин-ниҳоя, Шорҷа, Ҷомеъатуш-шориқа, 1429ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1416ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табриз, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Мибадӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, Теҳрон, Амир Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
  • Муассисаи маорифи исломӣ, Муъҷам-ул-аҳодис-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, Қум, интишороти масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1428ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Омилӣ, Иброҳим, Тафсири Омилӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Садуқ, 1360ҳ.ш.
  • Самадӣ, Қанбаралӣ, “Имомати исноашар”, дар Донишномаи каломи исломӣ, ҷилди аввал, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1387ҳ.ш.
  • Самарқандӣ, Наср ибни Муҳаммад, Тафсири Самарқандӣ машҳур ба Баҳрулъулум, Бейрут, Дорулфикр, 1416ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён ал-маъруф Тафсир ас-Саълабӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Саъолибӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, тафсири ас-Саъолибӣ машҳур ба ал-Ҷавоҳир-ул-ҳисон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Тарҷумони Фурқон: тафсири мухтасари Қуръони Карим, Қум, Шукрона, 1388ҳ.ш.
  • Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур фи-тафсири би-л-маъсур, Қум, Мактабат Оятуллоҳил Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамд ибни Абдулмаҷид ас-Салафӣ, Мавсил, Мактабатул-улуми вал-ҳикам, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Арбади Урдун, Дорул-китобил-сақофӣ, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Қум, ҳавзаи илмияи Қум, Маркази мудирият, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
  • Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқи Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмон, Дарҷ-уд-дурар фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, Аммони Урдун, Дорул-фикр, 1430ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Пажуҳишҳои қуръонии Аллома Шаъронӣ дар тафосири Маҷмаъ-ул-баён, Қум, Бустони китоб, 1386ҳ.ш.