Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб

Аз wikishia
Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб
ЛақабЗабиҳ
КунияАбуқушам • Абумуҳаммад • Абуаҳмад
НасабҚабилаи Қурайш аз насли ҳазрати Иброҳим (а)
ЗодгоҳМакка
Маҳалли дафнМадина - Дор-ун-нобиға
ХешовандонАбдулмутталиб (падар) • Омина бинти Ваҳб (ҳамсар)
Шинохташуда бароиПадари Пайғамбари Ислом (с)


Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб (арабӣ: عَبدالله بن عبدالمُطَّلِب) падари Пайғамбари Ислом, писари Абдулмутталиб аз хонаводи Банӣ Ҳошим ва Фотима бинти Амри Мухзумӣ буд. Абдуллоҳ бо Омина бинти Ваҳб издивоҷ кард ва мутобиқи гуфтаи машҳуртар, пеш аз таваллуди Пайғамбар, дар синни 25-солагӣ дар шаҳри Мадина вафот кард. Қабри ӯ дар Дор-ун-нобиғаи Мадина қарор дошт, ки соли 1977 тахриб гардид ва дохили Масҷид-ун-набӣ қарор гирифт.

Шиаҳо ба яктопарстӣ Абдуллоҳ ва ниёгони Пайғамбар эътиқод доранд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳадисӣ, моҷарое нақл шудааст дар бораи назри Абдулмутталиб ва қурбонии Абдуллоҳ, ки аз назари Алиакбари Ғаффорӣ ҳадисшинос ва Алии Даввонӣ, таърихнигори шиа, сохтакорӣ буда бо имони ниёгони Пайғамбар зид мебошад.

Муррифӣ ва ҷойгоҳ

Абдуллоҳ, писари Абдулмутталиб ва падари ҳазрати Муҳаммад, аз хонадони Банӣ Ҳошим, яке аз шохаҳои қабилаи Қурайш буд.[1]

Абдуллоҳ аз модаре бо номи Фотима бинти Амр ибни Оиз аз қабилаи Мухзум таваллуд шудааст.[2] Фарзандони муштараки Абдулмутталиб ва Фотима бинти Амр чор писар буданд: Абдуллоҳ, Абутолиб (падари Имом Алӣ (а)) , Зубайр, Муқаввим (Абдулкаъба) ва панҷ духтар бо номҳои: Уммиҳаким, Умайма (Умайя), Арво, Барра ва Отика.[3] Гарчанде дар баъзе сарчашмаҳо Абдуллоҳ хурдтарин писари Абдулмутталиб дониста шудааст,[4] вале Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, муаллифи китоби ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, мегӯяд ин маълумот нодуруст аст, зеро Аббос ва Ҳамза ду писари дигари Абдулмутталиб хурдтар аз ӯ буданд.[5] Ӯ Абдуллоҳро хурдтарин писари модараш медонад.[6]

Абдуллоҳ бо Омина духтари Ваҳб ибни Абдуманоф издивоҷ кард.[7] Ба гуфтаи баъзе нақлҳо, ин издивоҷ дар рӯзи иҷрои назри Абдулмутталиб барои қурбонӣ кардани яке аз фарзандонаш[8] ё як сол пас аз он сурат гирифтааст.[9] Ба гуфтаи Муҳаммадиброҳими Оятӣ, муаллифи китоби Таърихи Пайғамбари Ислом, барои Абдуллоҳ кунияҳои «Абуқушам», «Абумуҳаммад» ва «Абуаҳмад» ва лақаби «Забиҳ» оварда шудааст.[10]

Имони Абдуллоҳ

Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ яктопараст будани ниёгони Пайғамбар, аз ҳазрати Одам то Абдуллоҳро аз масъалаҳои пазируфташудаи шиаҳо мешуморад.[11] Ҳамчунин ба гуфтаи Дор-ул-ифтои ал-Азҳари Миср, ягон марду зане, ки Пайғамбар аз роҳи сулбу раҳими онҳо ба дунё омадааст, дучори куфру фисқ ва сифатҳои ҷоҳилият набудаанд.[12] Бо вуҷуди ин, гурӯҳе аз уламои аҳли суннат, аз ҷумла Ибни Таймия, мегӯянд, ки падару модари Пайғамбар кофир буданд ва дар дӯзах ҳастанд.[13]

Ҳикояти забҳ

Моҷарои назри Абдулмутталиб ва забҳи Абдуллоҳ аз мавзуъҳои ихтилофӣ дар байни муҳаққиқони мусалмон аст.[14] Дар як нақли нисбатдодашуда ба Пайғамбар (с), ӯ худро фарзанди «ду Забиҳ» (ба маънии ду қурбонӣ) номидааст, ки мақсади ду қурбонӣ яке Исмоил ва дигаре Абдуллоҳ будааст.[15] Дар баъзе гузоришҳои таърихӣ ва ҳадисӣ омадааст:[16]

«Абдулмутталиб назр кард, агар Худо ба ӯ даҳ писар диҳад, яке аз онҳо дар роҳи Худо ва дар назди хонаи Каъба қурбонӣ шавад. Вақте шумораи писаронаш ба даҳ расид, барои иҷрои назр қуръа афканд ва қуръа ба номи Абдуллоҳ афтод; аммо мардум бо ин амал мухолифат карданд. Қарор шуд, ки Абдуллоҳро ба даҳ шутур баробар кунанд, он гоҳ миёни онҳо қуръа афканад; агар ба номи шутурҳо афтад, Абдуллоҳ наҷот меёбад ва шутурҳоро қурбон кунанд ва агар ба номи Абдуллоҳ афтод, даҳ шутури дигар илова кунанд ва боз қуръа афкананд ва ҳамин гуна ба шутурҳо илова кунанд, то он ки қуръа ба номи шутурҳо афтад. Қуръа то даҳ бор идома ёфт, то ниҳоят, вақте миёни Абдуллоҳ ва сад шутур қуръа афканданд, қуръа ба номи шутурҳо афтод.»

Алиакбари Ғаффорӣ, ҳадисшиноси шиа, манбаи ин гузоришҳоро номуътамад ва муҳтавои онро ғайри қобили қабул ва ширк донистааст.[17] Алии Даввонӣ, муҳаққиқи таърих, ҳодисаи назру қурбонӣ кардани яке аз фарзандони Абдулмутталибро афсона ва офаридаи фикри умавиён мешуморад.[18] Бо вуҷуди ин, Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ бар он аст, ки имони Абдулмутталиб сайри такомулӣ дошта ва ӯ тадриҷан муваҳҳид шудааст.[19]

Даргузашт

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Абдуллоҳ, ки барои тиҷорат бо каравани Қурайш ба Шом равон шуда буд, дар роҳи бозгашт дар Мадина ва дар 25-солагӣ даргузашт.[20] Дар китобҳои таърихии гуногун гуфта шудааст, ки Абдуллоҳ пеш аз таваллуди фарзандаш Муҳаммад вафот кардааст,[21] Аммо Яъқубӣ, муҳаққиқи асри 3 ҳиҷрӣ, ин назарро бар зидди иҷмоъ медонад ва бо такя ба нақл аз Имом Содиқ (а), бар ин аст, ки ӯ ду моҳ пас аз таваллуди Ҳазрати Муҳаммад (с) вафот кардааст.[22] Кулайнӣ, ҳадисшиноси асри 4 ҳиҷрӣ низ ҳамин назарро пазируфтааст.[23]

Сурате аз Доруннобиға дар Мадина, пеш аз тахриб, маҳалли дафни Абдуллоҳ, падари Пайғамбар.[24]

Назароти дигаре, ки барои санаи вафоти Абдуллоҳ оварда шудааст, иборатанд аз: 28 моҳ пас аз таваллуди Пайғамбар; 7 моҳ пас аз он;[25] як моҳ пас аз таваллуд ва соли дувуми пас аз таваллуд.[26] Аз Абдуллоҳ канизе ба номи Уммиайман, панҷ шутур, як галла гӯсфанд, шамшери қадима ва миқдоре пул ба Расули Хуло мерос расид.[27]

Маҳалли дафн

Абдуллоҳ дар шаҳри Ясриб ва дар маҳалле ба номи Дор-ун-нобиға дафн шуд.[28] Дар асри 10 ҳиҷрӣ, бинои Дор-ун-нобиға бозсозӣ ва барои он зариҳе сохта шуд.[29] Баъзе сафарноманависон боздиди худ аз мавзеи Абдуллоҳро гузориш додаанд.[30]

Гуфта мешавад, ки қабри Абдуллоҳ, дар 1355ҳ.ш., ба дасти ваҳҳобиён тахриб шуд.[31] Ба гузориши баъзе муҳаққиқон, дар тавсеаи ғарбии Масҷид-ун-набӣ, Дор-ун-нобиға дохили Масҷидуннабӣ қарор гирифт.[32] Баъзе муҳаққиқон низ бар онанд, ки қабри падари Пайғамбар ба маҳалли дигар (вурудии дари №5 Масҷид-ун-набӣ, бо номи «Боби Қубо»[33] ё наздикии қабрҳои шаҳидони Уҳуд[34]) интиқол ёфтааст. Аҳмади Кошифулғито, муҳаққиқи шиа, қабри Абдуллоҳро яке аз мавзеъҳои мустаҳаббӣ барои зиёрат дар Мадина зикр кардааст.[35]

Эзоҳ

  1. ↑ Ибни Фаҳд, Итҳоф-ул-варо, 1983 м., ҷ.1, саҳ.6
  2. ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.33
  3. ↑ Яъқубӣ, Таърих ал-Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.11; Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.371
  4. ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.239
  5. ↑ Омилӣ, ал-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42
  6. ↑ Омилӣ, ал-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42
  7. ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.156
  8. ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.156
  9. ↑ Оятӣ, Таърихи Пайғамбари Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.52
  10. ↑ Оятӣ, Таърихи Пайғамбари Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.51
  11. ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам (с), 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185
  12. ↑ «Are the parents of Prophet Muhammad going to heaven?», сайти Дор-ул-ифтои Миср
  13. ↑ «Are the parents of the Prophet (peace and blessings of Allah be upon him) in Paradise or in Hell?», сайти ал-Ислом суол ва ҷавоб
  14. ↑ Расулии Маҳаллотӣ, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79-91; Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам (с), 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52-53; Ғаффорӣ, Поварақии китоби Ман ло яҳзурҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.89-91
  15. ↑ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.56-57
  16. ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.153-155; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Дор-ул-маориф, ҷ.1, саҳ.78-79; Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.56-57; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзурҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.89-91; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб Оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20-22
  17. ↑ Ғаффорӣ, Поварақии китоби Ман ло яҳзурҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.89-91
  18. ↑ Даввонӣ, Таърихи Ислом аз оғоз то ҳиҷрат, 1373ҳ.ш., саҳ.54
  19. ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам (с), 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52-53
  20. ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.79; Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.196; Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20
  21. ↑ Заҳабӣ, Сияр аълом-ун-нубало, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.165; Ибни Фаҳд, Итҳоф-ул-варо, 1983 м., ҷ.1, саҳ.16-17; Қумӣ, Куҳл-ул-басар, 1429ҳ.қ., саҳ.13-14
  22. ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.10
  23. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.439
  24. ↑ «زقاق الطوال وعلى اليمين دار النابغه الذى فيه قبر والد الرسول(ص)», сайти Пинтерест
  25. ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20
  26. ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.196
  27. ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21
  28. ↑ Ибни Шабаҳи Нумайрӣ, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116
  29. ↑ Наҷмӣ, «Маҳалли дафни Абдуллоҳ падари Расули Худо (с)», саҳ.109
  30. ↑ Ҳисомуссалтана, Сафарномаи Макка, 1374ҳ.ш., саҳ.148; Марандӣ, «Муфарриҳат-ул-аном фи таъсис Байтуллоҳ-ил-ҳаром», саҳ.117; Сабрипошо, Миръот-ул-ҳарамайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.708; Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1380ҳ.ш., саҳ.370
  31. ↑ Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.300
  32. ↑ Наҷмӣ, Таърих ҳарам аиммат-ил-бақиъ ва осор ухро фи-л-Мадинат-ил-мунаввара, 1429ҳ.қ., саҳ.313; Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.300; Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1380ҳ.ш., саҳ.370
  33. ↑ Фурқонӣ, Сарзамини ёдҳо ва нишонаҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.40
  34. ↑ Маҳдипур, Аҷсоди ҷовидон, 1385ҳ.ш., саҳ.46-47
  35. ↑ Кошифулғито, Қалоид-уд-дурар фи маносик ман ҳаҷҷа ваътамар, 1367ҳ.қ., саҳ.114

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Миср, Дор-ул-маориф, бетаърих.
  • Ғаффорӣ, Алиакбар, «Поварақӣ», дар китоби Ман ло яҳзурҳу-л-фақиҳ, навиштаи Шайхи Садуқ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Даввонӣ, Алӣ, Таърихи Ислом аз оғоз то ҳиҷрат, Қум, Дафтари интишорати исломӣ, чопи ҳаштум, 1373ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияр аълом-ин-нубало, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1427ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дор содир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Фаҳд, Умар ибни Муҳаммад, Итҳоф-ул-варо би ахбар умм-ул-қуро, Макка, Ҷомеа Умм-ул-қуро, 1983 м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
  • Ибни Шабаҳи Нумайрӣ, Умар, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, Қум, Дор-ул-фикр, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Манақиб Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ахмад, Қалоид-уд-дурар фи маносик ман ҳаҷҷа ваътамар, Наҷаф, Муассиса Кошифулғито, 1367ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қоидон, Алиасғар, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Куҳл-ул-басар фи сират сайид-ил-башар, Бейрут, Муассисат-ул-балоғ, 1429ҳ.қ.
  • Марандӣ, Сайид Исмоил, «مفرّحة الانام فی تأسیسی بیت الله الحرام» («Муфарриҳат-ул-аном фи таъсис Байтуллоҳ-ил-ҳаром»), маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №5, меҳри 1372ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дор-ус-совӣ, бетаърих.
  • Маҳдипур, Алиакбар, Аҷсоди ҷовидон, Қум, Нашри Ҳозиқ, 1385ҳ.ш.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, «محل دفن عبدالله پدر رسول خدا(ص)» («Маҳалли дафни Абдуллоҳ падари Расули Худо (с)»), маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №22, зимистони 1376ҳ.ш.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, Таърих ҳарам аиммат-ил-бақиъ ва осор ухро фи-л-Мадинат-ил-мунаввара, Қум, Бунёди маорифи исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам (с), Бейрут, Дор-ул-ҳодӣ, 1415ҳ.қ.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Пайғамбари Ислом, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, 1369ҳ.ш.
  • Расулии Маҳаллотӣ, Сайид Ҳошим, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, Қум, Посдори Ислам, 1371ҳ.ш.
  • Сабрипошо, Айюб, Мавсуа миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, Қоҳира, Дор-ул-офоқ-ил-арабия, 1424ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, чопи дуввум, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
  • Фурқонӣ, Муҳаммад, Сарзамини ёдҳо ва нишонаҳо, Теҳрон, Машъар, 1379ҳ.ш.
  • Ҳисомуссалтана, Султонмурод Мирзо, Сафарномаи Макка, Теҳрон, Машъар, 1374ҳ.ш.
  • Ҷаъфриён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Нашри Машъар, 1380ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзурҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих ал-Яъқубӣ, Бейрут, Дор содир, бетаърих.
  • «زقاق الطوال وعلى اليمين دار النابغه الذى فيه قبر والد الرسول(ص)» («Зуқоқ ат-тивол ва ала-л-ямин Дор-ун-нобиға аллази фиҳ қабр волид-ир-расул»), сомонаи Pinterest, санаи боздид: 7 ноябри 2025
  • «Are the parents of the Prophet (peace and blessings of Allah be upon him) in Paradise or in Hell?», сомонаи ал-Ислом суол ва ҷавоб, санаи дарҷ: 16 Феврал 2004, санаи боздид: 7 ноябри 2025
  • «Are the parents of Prophet Muhammad going to heaven?», сомонаи Дор-ул-ифтои Миср, санаи дарҷ: 3 ноябр 2013, санаи боздид: 7 ноябри 2025