Зулайхо
Зулайхо ҳамсари азизи Миср, ки достони ӯ ва ҳазрати Юсуф (а) дар Қуръон омадааст.[1] Дар Қуръон номи Зулайхо наёмадааст ва фақат бо таъбири «الَّتِی هُوَ فِی بَيْتِهَا» (зане, ки Юсуф дар хонаи он зан буд)[2] ва «امْرَأَتُ الْعَزِیز» (ҳамсари азизи Миср)[3] аз ӯ ёд мешавад.[4] Бо ин ҳол, дар бархе манобеи тафсирӣ,[5] таърихӣ[6] ва ҳадисӣ[7] номи ӯ Зулайхо муаррифӣ шудааст. Фахри Розӣ - муфассири аҳли суннат муътақид аст, барои ин ном, манбаи муътабаре вуҷуд надорад.[8] Дар бархе манобеъ низ номи ҳамсари азизи Миср, Заляха дониста шудааст.[9]
Дар бахшҳое аз Қуръон ва Таврот, достони Юсуфу Зулайхо баён шудааст.[10] Ба гуфтаи бархе пажуҳишгарон, Қуръон ва Тавроти фарқҳое дар гузориши ин достон доранд.[11] Ба гузориши Қуръон, Зулайхо хост аз Юсуф комҷӯӣ кунад, аммо Юсуф бо «дидани бурҳони Парвардигораш» ба тарафи дар гурехт.[12] Носир Макорими Шерозӣ - муфассири шиа муътақид аст, ҳазрати Юсуф бо имдоди ғайбӣ аз он муҳити гуноҳ наҷот ёфт.[13] Зулайхо худро ба Юсуф расонда, пероҳанашро пора кард.[14] Назди дар, Юсуфу Зулайхо бо азизи Миср рӯбарӯ шуданд.[15] Зулайхо ва Юсуф ҳар як, дигареро ба хиёнат муттаҳам карданд.[16] Дар он ҳангом шахсе аз хешовандони Зулайхо шаҳодат дод, ки агар пероҳани Юсуф аз пушт пора шуда бошад, Юсуф рост гуфтааст.[17] Аз ин рӯ, иттиҳоми хиёнат аз Юсуф бардошта шуд.[18]
Бар асоси бархе гузоришҳо, шоҳиде, ки ба нафъи Юсуф шаҳодат дод, хоҳарзодаи семоҳаи Зулайхо буд,[19] ки ба қудрати Худо забонаш ба сухан ҷорӣ шуд.[20] Бо ин ҳол, дар гузоришҳои дигар, он шоҳид марди ҳакиме муаррифӣ шудааст.[21] Ба гуфтаи бархе муфассирон, ба дархости Зулайхо, Юсуф ба зиндон андохта шуд,[22] аммо пас аз муддате Зулайхо ба гуноҳи худ ва ростгӯии Юсуф эътироф кард.[23]
Зулайхо зани зебо, сарватманд[24] ва бутпараст буд.[25] Ӯ аз ҳамсараш соҳиби фарзанд намешуд.[26] Бар асоси бархе манобеъ, пас аз онки Зулайхо дар даврони пирӣ тавба карда яктопараст шуд, бо дуои Юсуф (а) ҷавон шуд ва ба издивоҷи ӯ даромад.[27] Гуфта шудааст, аз издивоҷи онҳо, ду фарзанд ба дунё омад.[28] Аммо бархе пажуҳишгарон бар ин боваранд, ки ин ривоятҳо ба далелҳои мухталифе монанди вуҷуди ишкол дар санад ва матнашон, қобили истинод нест ва муҳтавои онҳо аз Таврот гирифта шудааст.[29]
Бар асоси пажуҳишҳои анҷомшуда, Зулайхо бар андешаи суфиҳо таъсири бисёре доштааст.[30] Гуфта шудааст, аҳли тасаввуф, ҳолатҳо ва рафторҳои Зулайхоро бисёр сутуда ва бо истинод ба ҳолатҳо ва рафторҳои ӯ, ба баёни дидгоҳҳои ирфонии худ пардохтаанд.[31] Достони ишқи Зулайхо ба ҳазрати Юсуф (а), бозтоби фаровоне дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти форсӣ, туркӣ ва аврупоӣ доштааст.[32] Байтҳои зер намунае аз он аст:
Гараш бибинию даст аз туранҷ бишносӣ
Раво бувад, ки маломат кунӣ Зулайхоро[33]
Зулайхо чу гашт аз майи ишқ маст
Ба домони Юсуф даровехт даст
Чунон деви шаҳват ризо дода буд
Ки чун гург дар Юсуф афтода буд.[34]
Эзоҳ
- ↑ Асадӣ, “Зулайхо”, саҳ.416.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 23.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 30.
- ↑ Асадӣ, “Зулайхо”, саҳ.414.
- ↑ Барои намуна ниг.: Мақотил, тафсири Мақотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.327; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.357; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.340.
- ↑ Барои намуна ниг.: Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.3, саҳ.68; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.55; Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.264; Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.136.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.435.
- ↑ Дайламӣ, Аълом-уд-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.429.
- ↑ Барои намуна сураи Юсуф, ояти 23 - 32; Таврот, сифри пайдоиш, боби 39, оёти 7 - 20.
- ↑ Содиқӣ, “Нигоҳе татбиқӣ ба достони Юсуф ва Зулайхо дар Қуръони Маҷид ва Таврот”, 101 - 103.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 23 - 25.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.374.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 25.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 25.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 25 - 26.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 26 - 27.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 28 - 29.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.347.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.347.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.354; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.163.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 51.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.357.
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳис-салом, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45.
- ↑ Кошонӣ, тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, 1336ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.28.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52.
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.214.
- ↑ Маориф ва дигарон, “Баррасии ривоёти тафсирии фариқайн дар масъалаи издивоҷи ҳазрати Юсуф бо Зулайхо”, саҳ.26.
- ↑ Покмеҳр, “Зулайхо дар андешаи шоирон ва орифони қарни панҷум то ҳафтум”, саҳ.149.
- ↑ Покмеҳр, “Зулайхо дар андешаи шоирон ва орифони қарни панҷум то ҳафтум”, саҳ.149.
- ↑ Хусравӣ, “Пажуҳиши татбиқии достони Юсуф ва Зулайхо дар адабиёти исломӣ”, саҳ.71.
- ↑ Саъдӣ, Ғазалиёти Саъдӣ, 1342ҳ.ш., саҳ.5, ғазали 5.
- ↑ Саъдӣ, Бустон, 1372ҳ.ш., боби нуҳум дар тавба ва роҳи савоб, ҳикояти Зулайхо бо Юсуф (а), саҳ.417.
Сарчашма
- Асадӣ, Алӣ, “Зулайхо”, дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, ҷ.14, Қум, Бустони китоб, 1395ҳ.ш.
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
- Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Аълом-уд-дин фи сифот-ил-муъминин, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1408ҳ.қ.
- Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
- Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Китобфурушии Муҳаммадҳасани Илмӣ, Теҳрон, 1336ҳ.ш.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ, мусаҳҳеҳ, Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Таййиб, Дорул-китоб, Қум, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Дорул-кутубил-исломийя, Теҳрон, 1374ҳ.ш.
- Мақотил, ибни Сулаймон, Тафсири Мақотил ибни Сулаймон, Бейрут, Дору эҳёил-турос, 1423ҳ.қ.
- Маориф, Маҷид ва дигарон, “Баррасии ривоёти тафсирии фариқайн дар масъалаи издивоҷи ҳазрати Юсуф бо Зулайхо”, дар ду фаслномаи Ҳадиспажӯҳӣ, соли ҳафтум, № сездаҳум, баҳор ва тобистони 1394.
- Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, беҷо, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
- Покмеҳр, Алӣ, “Зулайхо дар андешаи шоирон ва орифони қарни панҷум то ҳафтум”, дар фаслномаи тахассусии Адабиёти форсӣ (донишгоҳи Озоди Машҳад), № 46, поизи 1394ҳ.ш.
- Ровандӣ, Қутбиддин Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё (а), Машҳад, Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, 1409ҳ.қ.
- Саъдӣ, Муслеҳ ибни Абдуллоҳ, Бустони Саъдӣ, бо тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Теҳрон, Қуқнус, 1372ҳ.ш.
- Саъдӣ, Муслеҳ ибни Абдуллоҳ, Ғазалиёти Саъдӣ, бо тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Теҳрон, Иқбол, 1342ҳ.ш.
- Содиқӣ, Сайид Маҳмуд, “Нигоҳе татбиқӣ ба достони Юсуф ва Зулайхо дар Қуръони Маҷид ва Таврот”, дар маҷаллаи Адабиёти татбиқӣ, № 4, зимистони 1386ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир-ус-Софӣ, таҳқиқи Ҳусайни Аъламӣ, интишороти ас-Садр, Теҳрон, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
- Хусравӣ, Заҳро, “Пажуҳиши татбиқии достони Юсуф ва Зулайхо дар адабиёти исломӣ”, дар маҷаллаи Донишнома (воҳиди улум ва таҳқиқот), № 2, 1388ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароъ, Қум, Доварӣ, 1385ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.