Ҳиҷрат ба Мадина

Аз wikishia

Ҳиҷрат ба Мадина, муҳоҷирати Пайғамбари Акрам (с) ва мусулмонон аз Макка ба Ясриб (Мадина) дар охири соли сездаҳум ва ибтидои соли чаҳордаҳуми беъсат аст. Иллати аслии муҳоҷирати мусулмонон ба Ясриб, фишор ва озорҳои мушрикони Макка ва байъати ақабаи аҳолии Ясриб бо Пайғамбар (с) барои дифоъ аз мусулмонон дар сурати ҳиҷрати эшон ба ин шаҳр буд. Ин воқеа дар замони хилофати халифаи дувум ба сурати расмӣ, мабдаи таърихи мусулмонон шуд.

Ҷангҳои қабоили Ясриб

Навиштори аслӣ: ҷанги Буъос

Қабл аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Ясриб, байни қабоили ясрибӣ аз ҷумла Авс ва Хазраҷ ҷангҳои тӯлоние барқарор буд. Ҷанги буъос (охирин мунозиъаи авс ва хазраҷ) тарафайнро ба сутуҳ оварад ва баъд аз муторика, заминаи равонии лозим барои нуфуз ва интишори Исломро дар Ясриб фароҳам сохт[1] ба тавре, ки ду се сол баъд, дидорҳои паёпайи мардуми Ясриб бо Пайғамбар (с) дар мавсими ҳаҷ (даҳум то сездаҳуми беъсат) ба байъати аввал ва дувуми ақаба ва ниҳоятан ҳиҷрати он ҳазрат ва соири мусулмонон ба Ясриб (Мадина) анҷомид.[2]

Оғози ҳиҷрати мусулмонон ба Ясриб

Масири ҳиҷрат

Пас аз байъати ақаба ва бозгаштани ҳафтоду панҷ нафар асҳоб, байъати дувуми ақаба ба Мадина ва огоҳ шудани Қурайш аз даъват ва байъате, ки авс ва хазраҷ бо Расули Худо (с) анҷом додаанд, сахтгирии Қурайш нисбат ба мусулмонон шиддат ёфт ба гунае, ки зиндагӣ дар Макка барои мусулмонон бисёр сахт шуд, то онки аз Расули Худо изни ҳиҷрат хостанд ва Расули Худо ба онон фармуд раҳсипори Мадина шаванд ва назди бародарони ансори худ раванд ва ба онон гуфт: «Худои Азза ва Ҷалла барои шумо бародароне ва ҷои амне дар онҷо қарор додааст!».[3]

Бинобари ривоёт, мусулмонон даста-даста, раҳсипори Мадина шуданд ва Расули Худо ба интизори изни Худо дар Макка боқӣ монд. Ҳиҷрати мусулмонон ба Мадина аз моҳи зилҳаҷҷаи соли сездаҳуми беъсат оғоз шуд.[4]

Оёти ҳиҷрат

Дар бораи ҳиҷрат ба Мадина ва моҷароҳои он, оёте нозил шудааст; аз ҷумла:

* وَ إِذْ یمْکرُ بِک الَّذینَ کفَرُوا لِیثْبِتُوک أَوْ یقْتُلُوک أَوْ یخْرِجُوک وَ یمْکرُونَ وَ یمْکرُ اللَّهُ وَ اللَّهُ خَیرُ الْماکرین

«(Ба хотир биовар) ҳангомеро, ки кофирон нақша мекашиданд, ки туро ба зиндон бияфкананд, ё ба қатл бирасонанд, ва ё (аз Макка) хориҷ созанд. Онҳо чора меандешеданд (ва нақша мекашиданд ) ва Худованд низ тадбир мекард ва Худо беҳтарини чораҷӯён ва тадбиркунандагон аст») [Анфол– 30][5]

* وَ مِنَ النَّاسِ مَنْ یشْری نَفْسَهُ ابْتِغاءَ مَرْضاتِ اللَّهِ وَ اللَّهُ رَؤُفٌ بِالْعِبادِ

«Баъзе аз мардум [бо имону фидокор, ҳамчун Алӣ алайҳис салом] ҷони худро ба хотири ризои Худо мефурушанд, ва Худо нисбат ба бандагон меҳрубон аст». [Бақара– 207][6]

* وَ جَعَلْنا مِنْ بَینِ أَیدیهِمْ سَدًّا وَ مِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَیناهُمْ فَهُمْ لا یبْصِرُون

«Ва дар пеши рӯи онон садде қарор додем, ва дар пушти сарашон садде ва чашмонашонро пӯшондаем, лизо намебинанд». [Ёсин ояти 9] [ ниёзманди манба ]

* إِلاَّ تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذینَ کفَرُوا ثانِی اثْنَینِ إِذْ هُما فِی الْغارِ إِذْ یقُولُ لِصاحِبِهِ لا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنا فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَکینَتَهُ عَلَیهِ وَ أَیدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْها وَ جَعَلَ کلِمَةَ الَّذینَ کفَرُوا السُّفْلی وَ کلِمَةُ اللَّهِ هِی الْعُلْیا وَ اللَّهُ عَزیزٌ حَکیمٌ

«Агар ӯро ёрӣ накунед, Худованд ӯро ёрӣ кард [ва дар мушкилтарин соъот, ӯро танҳо нагузошт], он ҳангом, ки кофирон ӯро (аз Макка) берун карданд, дар ҳоле ки дуюмин нафар буд [ва як нафар бештар ҳамроҳ надошт] дар он ҳангом, ки он ду дар ғори [Савр ] буданд, ва ӯ ба ҳамроҳи худ мегуфт: ғам махур, Худо бо мост! Дар ин мавқеъ, Худованд сакина [ва оромиши ] худро бар ӯ фиристод ва бо лашкарҳое, ки мушоҳида намекардед, ӯро тақвият кард ва гуфтори [ва ҳадафи] кофиронро поин қарор дод [ва онҳоро бо шикаст мувоҷеҳ сохт] ва сухани Худо [ва оини Ӯ] боло [ва пирӯз] аст ва Худо азиз ва ҳаким аст». [Сураи Тавба, ояти 40] [ ниёзманди манба]

* إِنَّ الَّذِینَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِکةُ ظَالِمِی أَنفُسِهِمْ قَالُوا فِیمَ کنتُمْ ۖ قَالُوا کنَّا مُسْتَضْعَفِینَ فِی الْأَرْ‌ضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَکنْ أَرْ‌ضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُ‌وا فِیهَا ۚ فَأُولَٰئِک مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِیرً‌ا

«Касоне, ки бар хештан ситамкор будаанд, [вақте] фариштагон ҷонашонро мегиранд, мегӯянд: «дар чӣ [ҳол] будед?» посух медиҳанд: «мо дар замин аз мустазъафон будем» мегӯянд: «магар замини Худо васиъ набуд то дар он муҳоҷират кунед?» пас онон ҷойгоҳашон дузах аст, ва [дузах] бад саранҷоме аст». [Сураи Нисо, ояти 97] [ ниёзманди манбаъ]

Нахустин муҳоҷирон

Ақвол дар бораи нахустин муҳоҷирон ба Мадина мухталиф аст. Бар асоси бархе манобеи торихӣ, аввалин нафаре, ки аз асҳоби Пайғамбар (с) ба Ясриб ворид шуд, писараммаи Расули Худо Абусалама буд, ки аз Ҳабаша бозгашт ва ба Макка омад. Вақте Қурайш ба ӯ озор расонданд ва бохабар шуд, ки мардуме дар Мадина ба дини Ислом гаравидаанд, як сол қабл аз байъати дувуми Ақаба ба Мадина ҳиҷрат кард.[7]

Сипас ба тартиб Омир ибни Рубайъа, бо ҳамсараш Лайло духтари Абуҳашама Адавӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ибни Риоби Асадӣ, бо хонавода ва бародараш Абуаҳмад Абд ибни Ҷаҳш муҳоҷират карданд; чунонки хонаи Банӣ Ҷаҳш холӣ шуд ва касе дар он намонд.[8]

Абусалама ва Омир ва Абдуллоҳ ва бародараш ҳамагӣ дар маҳаллаи Қубо, байни қабилаи Банӣ Амр ибни Авф бар Мубашшир ибни Абдулмунзир ворид шуданд. Сипас муҳоҷирон даста-даста ба Мадина мерасиданд. Аз ҷумла аз тоифаи Банӣ Ғанам ибни Дудон ибни Асад ибни Хузайма, ки мардон ва занонашон ҳамагӣ муҳоҷират карданд. [ниёзманди манбаъ]

Илова бар Абдуллоҳу бародараш: Акоша ибни Муҳсин, Шуҷоъ ва Ақаба писарони Ваҳб, Арбад ибни Ҳумай, Мунқиз ибни Набота, Саид ибни Руқайш, Муҳраз ибни Назла, Язид ибни Руқайш, Қайс ибни Ҷобир, Амр ибни Муҳсин, Молик ибни Амр, Сафвон ибни Амр, Сафқ ибни Амр, Рубайъа ибни Аксам, Зубайр ибни Убайда, Тамом ибни Убайда, Сахбара ибни Убайда, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, ва аз занонашон: Зайнаб духтари Ҷаҳш, Уммуҳабиб духтари Ҷаҳш, Ҷузома духтари Ҷандал, Уммуқайс духтари Муҳсин, Уммуҳабиб духтари Самома, Омина духтари Руқайш, Сахбара, духтари Тамим, Ҳумина духтари Ҷаҳш. Сипас Умар ибни Хаттоб ва Айёш ибни Абирубайъаи Махзумӣ.[9]

Тасмими Қурайш бар қатли Пайғамбар (с)

Чун «байъати дувуми Ақаба» дар зилҳиҷҷаи соли сездаҳуми беъсат ба анҷом расид, ва сипас дар фосилае камтар аз се моҳ, бештари асҳоби Расули Худо (с) ба сӯи Мадина раҳсипор шуданд ва мардони Қурайш донистанд, ки Ясриб ба сурати пойгоҳ ва паноҳгоҳе барои Расули Худо (с) ва ёрони ӯ даромада ва мардуми он барои ҷангидан бо душманони Расули Худо (с) омодаанд, аз ҳиҷрати Расули Худо (с) бимнок шуданд. Ба ҳамин ҷиҳат барои ҷилавгирӣ аз он, дар охири моҳи сафари соли 14 беъсат дар Доруннудва ҷаласае барқарор карданд. Сипас аз ҳар тоифае, афроде интихоб шуданд, то дар мавриди Расули Аллоҳ (с) тасмим бигиранд.

Дар ин ҳол, пирамарде назди дар истода буд ва ҳангоме, ки мехостанд дохили Доруннундва шаванд, гуфт: маро ҳам ба дохил бибаред. Гуфтанд: ту ки ҳастӣ эй пирамард? гуфт: ман пирамарде аз қабилаи Банӣ Музир (ва бино бар бархе нақлҳо пирамарде аз аҳли Наҷд) ҳастам ва назаре дорам, ки шуморо ба он роҳнамоӣ мекунам.

Пас ҳамагӣ ворид шуданду нишастанд ва ба мушовара пардохтанд, дар ҳоле ки пирамард ҳам нишаста буд. Пас аз баҳсу назар қарор гузоштанд, ки Расулуллоҳро ихроҷ кунанд. Ӯ гуфт: ин раъйи хубе нест, агар ӯро ихроҷ кунед, афродеро ҷамъ мекунад ва бо шумо хоҳад ҷангид. Гуфтанд: рост мегӯӣ, ин раъйи хубе нест. Барои ҳамин бо ҳам машварат карданд ва қарор гузоштанд, ки ӯро ҳабс кунанд. Ӯ гуфт: ин раъйи хубе нест, агар чунин кунед, аз онҷо, ки Муҳаммад (с) марде ширинзабон аст, фарзандон ва бардагони шуморо ба тадриҷ фосид мекунад ва агар бародар, фарзанд ва ҳамсари шуморо фосид кунад, ҳабсаш чӣ фоидае хоҳад дошт? Сипас бо ҳам машварат карданд ва тасмим гирифтанд ки ӯро ба қатл бирасонанд ва барои ин кор ҷавононеро аз ҳамаи тоифаҳо интихоб кунанд, ки бо шамшер он ҳазратро бикушанд.[10]

Бино бар бархе нақлҳо он пирамард Иблис буда аст.[11]

Лайлатул-мабит

{{Гоҳшумори зиндагии Пайғамбар (с) дар Мадина

1 ҳ.қ. – 622 м. ҳиҷрат

2 ҳ.қ. – 624 м. издивоҷи Имоми Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима

2 ҳ.қ. – 624 м. тағйири қибла

2 ҳ.қ. – 624 м. ғазваи Бадр

2 ҳ.қ. – 624 м. ғазваи Банӣ Қайнуқоъ

3 ҳ.қ. - 625 м. ғазваи Уҳуд

3 ҳ.қ. - 625 м. ғазваи Банӣ Назир

5 ҳ.қ. - 627 м. ғазваи Хандақ

5 ҳ.қ. - 627 м. ғазваи Банӣ Қурайза

6 ҳ.қ. - 627 м. сулҳи Ҳудайбия

7 ҳ.қ. - 628 м. ғазваи Хайбар

7 ҳ.қ. - 629 м. бахшидани Фадак ба ҳазрати Заҳро (с)

7 ҳ.қ. - 629 м. нахустин сафари ҳаҷ (умратулқазо)

7 ҳ.қ. - 629 м. ҷанги Мута

8 ҳ.қ. - 630 м. фатҳи Макка

8 ҳ.қ. - 630 м. ғазваи Ҳунайн

8 ҳ.қ. - 630 м. ғазваи Тоиф

9 ҳ.қ. - 631 м. тасаллут бар бештари нимҷазираи Арабистон

9 ҳ.қ. - 632 м. ғазваи Табук

9 ҳ.қ. - 632 м. санатулвуфуд

10 ҳ.қ. - 632 м. ҳаҷҷатулвадоъ

10 ҳ.қ. - 632 м. воқеаи Ғадири Хум

11 ҳ.қ. - 632 м. даргузашт}}

Навиштори аслӣ: Лайлатулмабит

Дар шаби панҷшанбеи аввали моҳи рабиъулаввали (соли чаҳордаҳуми беъсат) Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аз Макка берун рафт ва дар ҳамон шаб Алӣ (а) дар бистари Расули Худо хобид ва он шабро лайлатулмабит гуфтанд. [ниёзманди манбаъ]

Иллати он ҳам огоҳии Пайғамбар (с) аз нақшаи мушрикони Қурайш барои террор буд, ки бархе баён медоранд, ки ояти «وَ إِذْ یمْکرُ بِک الَّذینَ کفَرُوا لِیثْبِتُوک أَوْ یقْتُلُوک أَوْ یخْرِجُوک وَ یمْکرُونَ وَ یمْکرُ اللَّهُ وَ اللَّهُ خَیرُ الْماکرینَ», «Ҳангоме, ки кофирон зидди ту ҳила кунанд, то туро зиндонӣ кунанд, ё бикушанд, ё табъид намоянд, онон бо Худо аз дари ҳила ворид мешаванд, Худованд чора мекунад ва Худованд беҳтарини чораандешон аст» [Анфол, ояти 30] барои ҳамин хабар додан ба Пайғамбар (с) нозил шудааст.[12]

Лайлатулмабит шабе аст, ки Пайғамбар (с) ба амри илоҳӣ аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард ва ба сабаби тасмими сарони Қурайш бар қатли он ҳазрат, аз Алӣ (а) хост то ба ҷои ӯ дар бистараш бихобад ва мушрикон мутаваҷҷеҳи адами ҳузури Пайғамбар нашаванд. Худованд дар азамати ин ҷонфишонии Алӣ (а) ояти «وَمِنَ النَّاسِ مَن یشْرِی نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ», «Ва аз байни мардум касе аст, ки ҷони худро барои талаби хушнудии Худо мефурушад ва Худо нисбат ба [ин] бандагон меҳрубон аст». [Сураи Бақара, ояти 207]-ро нозил фармуд.[13]

Ҳузур дар ғори Савр

Расули Худо дар шаби аввали рабиъулаввал раҳсипори ғори Савр шуд ва Абубакр ибни Абуқуҳофа низ бо ӯ ҳамроҳ гашт ва пас аз се рӯз, ки дар ғори Савр монданд, дар шаби чаҳоруми рабиъулаввал роҳи Мадинаро дар пеш гирифтанд.[14]

Шурӯи ҳамроҳии Абубакр бо Пайғамбар (с) чандон мушаххас нест ва бархе гуфтаанд Пайғамбар (с) дар роҳ, иттифоқӣ Абубакрро дид ва ҳамроҳи худ бурд.[15] Ҳамчунин нақли дигаре аст, ки Пайғамбар (с) дар шаби ҳамлаи мушрикон ба хонаи Абубакр рафт ва аз онҷо ба тарафи ғори Савр раҳсипор шуд.[16] Қавли сеюме аст, ки баён медорад Абубакр ба суроғи Пайғамбар (с) омад ва Алӣ (а) ӯро ба махфигоҳаш роҳнамоӣ кард.[17]

Иқдомоти ҳазрати Алӣ (а)

Ҳазрати Алӣ (а) пас аз рафтани Пайғамбар (с) ба ғори Савр сабр кард, то шаби оянда фаро расид. Ӯ ҳамроҳи Ҳинд ибни Абиҳола ҳаракат кард, то назди Расули Аллоҳ (с) дар ғор рафтанд ва дар онҷо он ҳазрат (с) ба Ҳинд дастур дод, ки барои ӯ ва ҳамроҳаш ду шутур харидорӣ кунад. Абубакр гуфт: эй Пайғамбари Худо, барои худ ва шумо ду маркаб омода кардаам, ки бо онҳо то Мадина сафар мекунем. Расулуллоҳ (с) фармуд: ман ҳар ду ва ҳатто яке аз онҳоро қабул намекунам, магар онки пули онҳоро бипардозам. Абубакр гуфт: ихтиёр бо шумост ва ӯ ба Алӣ (а) дастур дод, ки баҳои шутурҳоро бипардозад ва сипас ба ӯ супориш кард, ки амонатҳоро баргардонад ва тааҳҳудоти ӯро бипардозад. [ ниёзманди манба ]

Алӣ (а) се шабонарӯз дар Макка монд ва амонатҳои мардумро, ки назди Расули Худо буд, ба соҳибонаш расонид, ва ҳангомӣ ки аз ин кор фароғат ёфт, ба Мадина ҳиҷрат кард ва ҳамроҳи Расули Худо дар хонаи Кулсум ибни Ҳадм сукно кард.[18]

Таъқиби Пайғамбар (с)

Қурайш пас аз онки дар нақшаи худ ноком монданд, кӯшиданд Пайғамбар (с)-ро пеш аз онки ба Мадина бирасад, биёбанд ва бикушанд. Аз ин рӯ, радди пои ӯро гирифтанд то ба ғори Савр расиданд. Яке аз онон гуфт: аз инҷо убур накардаанд, ё инки ба осмон уруҷ кардаанд ва ё дар замин фурӯ рафтаанд.[19]

Бино бар бархе нақлҳо, Худованд тортанакеро маъмур кард, то бо торҳои худ, дари ғорро бибандад. Вақте таъқибкунандагон торҳоро диданд, ба ин натиҷа расиданд, ки ҳеҷкасе вориди ғор нашудааст ва ба ин тартиб даст аз таъқиб кашиданд.[20] Ҳамчунин нақл шудааст фириштае ба сурати инсон ва савор бар асб расиду гуфт: Муҳаммад инҷо нест, дар ин дарраҳо ҷустуҷӯ кунед, то ӯро биёбед. Пас мушрикон аз ғор дур шуданд ва дар куҳҳову дарраҳо машғули ҷустуҷӯ шуданд.[21]

Ҳаракат ба самти Ясриб ва таваққуф дар Қубо

Пайғамбар (с) се рӯз дар ғор монду онгоҳ ба сӯи Мадина ҳаракат кард.[22] Пайғамбар (с) 12 рабиъулаввал ҳангоми зуҳр ба Ясриб расид ва дар Қубо таваққуф карду намоз хонд. Дар онҷо меҳмони (Банӣ) Амр ибни Авф шуд ва каме бештар аз даҳ рӯз пеши онон иқомат кард.

Афроди ин қабила аз Пайғамбар хостанд, то пеши онон бимонад ва барояш хонае бисозанд, аммо ӯ напазируфт ва фармуд, ки мунтазири расидани Алӣ ибни Абитолиб (а) аст ва ҳамонҷо монд, то Алӣ ибни Абитолиб расид.[23]

Вуруд ба Мадина

Манобеи ривоӣ моҷарои вуруди Пайғамбар (с) ба Ясрибро муфассал бознавиштаанд, [ниёзманди манбаъ] аз ҷумла, ба нақли Абдурраҳмон ибни Увайм ибни Соида овардаанд, ки чун аз ҳаракати Расули Худо аз Макка хабар ёфтем ва интизори вуруди ӯ мерафт, ҳамарӯза пас аз намози бомдод, аз Мадина берун мерафтем ва дар беруни шаҳр ба интизори вуруди Расули Худо (с) менишастем ва вақте ки сояҳо аз миён мерафт ва дигар сояе пайдо намекардем, ба Мадина бозмегаштем.

Дар ҳамон рӯзи вуруди Расули Худо низ дар беруни шаҳр ба интизори вуруди ӯ будем, то сояҳо аз байн рафт ва ночор бар асари шиддати гармо ба хонаҳои худ бозгаштем ва дар ҳамон мавқеъе, ки мо дар хонаҳои худ будем, Расули Худо ворид шуд. Нахустин касе ки ӯро дид марде аз яҳуд буд, ки аз кори ҳар рӯзаи мо бохабар буд ва медонист, ки мо дар интизори вуруди Расули Худо (с) ҳастем. Пас бо садои баланд фарёд зад: эй «Банӣ Қила» бахти шумо расид. Бо шунидани ин садо аз хонаҳо берун рехтем ва назди Расули Худо рафтем, Абубакр низ ҳамроҳи ӯ буд ва чун бештари мо Расули Худоро надида будем, ҳангоме, ки соя аз Расули Худо гашт ва Абубакр бархост ва бар он ҳазрат соя афканд, ӯро шинохтем.

Расули Худо (с) дар маҳаллаи Қубо бар Кулсум ибни Ҳадм яке аз мардони Банӣ Амр ибни Авф ворид шуд ва барои мулоқот бо мардум дар хонаи «Саъд ибни Хайсама» ки зану фарзанде надошт ва муҳоҷирони муҷаррад дар хонаи ӯ манзил карда буданд, менишаст.[24]

Мабдаи таърихи Ислом

Аҳамияти ҳиҷрати Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина то онҷо буд, ки мабдаи таърихи мусулмонон қарор гирифт. Дар инки кӣ онро мабдаи таърих қарор дод ду қавл аст:

  • Қавли аввал муътақид аст, ки ба дастури Пайғамбар (с), ҳиҷрати мабдаи таърих қарор гирифтааст. Табарӣ, нависандаи китоби Таърих-ул-умами вал-мулук, тасреҳ дорад, ки Пайғамбар (с) ҳангоми вуруд ба Мадина дастур ба навиштани таърих дод[25] ва номаҳое аз Пайғамбар (с) мавҷуд аст, ки ба дастури Пайғамбар (с) бо таърихи ҳиҷрӣ сабт шудааст.[26]
  • Қавли дувум муътақид аст, ки ба дастури Умар ибни Хаттоб ва ба пешниҳоди ҳазрати Алӣ (а), ҳиҷрат, мабдаи таърих қарор гирифтааст. Халифаи дувум шӯрое ташкил дод, то оғозеро барои таърихи Ислом мушаххас кунанд.[27] Дар ин шуро назароти мухталифе ироа шуд, ки дар ниҳоят ҳазрати Алӣ (а) пешниҳод доданд, ҳиҷрати Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина, мабдаи таърихи Ислом қарор гирад, ки Умар онро пазируфт ва ба сурати бахшнома ба саросари шаҳрҳо эълом шуд.[28]

Адабиёт

  1. Барои ривояте аз Оиша дар ин бора руҷӯъ кунед ба: Бакрӣ, Муъҷаму мо устуъҷима мин асмоъ-ил-билод ва алмавозеъ, 1403 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260.
  2. Руҷӯъ кунед ба: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.70 ба баъд/ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м, ҷ.1, саҳ.219 – 220/ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.37.
  3. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1968 м, ҷ.1, саҳ.226.
  4. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.2, саҳ.76.
  5. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.146.
  6. Муфид, ал-Иршод, 1413 ҳ.қ., саҳ.53.
  7. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.369.
  8. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.369/ Заҳабӣ, Таърих-ул-ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312/ Балозурӣ, Ансоб-ул-алшроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  9. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва ал-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.200/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.370.
  10. Ибни Асир, ал-Комил, 1385 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.936/ Айёшӣ, тафсир, нашри ал-Мактабат-ул-исломийя, ҷ.2, саҳ.53 ва 54/ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362 ҳ.ш., саҳ.367/ Тусӣ, Амолӣ, 1414 ҳ.қ., саҳ.463 - 465, ҳадиси 35/ Қумӣ, Тафсири ал-Қумӣ, 1363 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.273 - 275.
  11. Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, 1363 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.273/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.145.
  12. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.146.
  13. Муфид, ал-Иршод, 1413 ҳ.қ., саҳ.51 - 53.
  14. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.146 - 148.
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.374/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.147.
  16. Балозурӣ, Ансоб-ул-алшроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260.
  17. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.179.
  18. Руҷӯъ кунед ба: Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва ал-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.200.
  19. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.148.
  20. Қумӣ, Тафсири ал-Қумӣ, 1363 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.273 – 276/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.148/ Қутби Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1368 ҳ.ш., саҳ.335 - 337.
  21. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., саҳ.148.
  22. Тусӣ, Амолӣ, 1414 ҳ.қ., саҳ.467 – 468/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.63/ Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1415 ҳ.қ., саҳ.90.
  23. Кулайнӣ, Равзаи кофӣ, 1367 ҳ.ш., саҳ.280.
  24. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.41.
  25. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  26. Субҳонӣ, Сайид-ул-мурсалин, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.610 ва 609 “كَتَبَ عَليُّ بْنُ اَبيطالِبٍ بِاَمْرِ رَسُولِ اللّهْ فِي شَهْرِ رَجَبِ سِنَةَ تِسْعٍ مِنَ الْهِجْرَةْ”.
  27. Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, 1407 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207.
  28. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.145/ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.300.

Сарчашма

  • Ибни Асир, Иззуддин Абулҳасан Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, дори Бейрут, 1385 ҳ.қ./ 1965 м.
  • Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Дорусодир, чопи аввал, 1968 м.
  • Ибни Касир, Абулфадо Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407 ҳ.қ./ 1986 м.
  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, чопи Мустафо Саққо, Иброҳим Абёрӣ ва Абдуллҳафиз Шалбӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, Ҳилят-ул-аброр фи аҳволи Муҳаммад ва Олиҳ-ил-атҳор (а), Қум, Муассисат-ул-маъориф-ил-исломиЙя, 1415 ҳ.қ.
  • Бакрӣ, Абдуллоҳ ибни Абдулазиз, Муъҷаму мо устуъҷима мин асмоъ-ил-билод ва-л-мавозеъ, чопи Мустафо Саққо, Бейрут 1403 ҳ.қ./1983 м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, Ансоб-ул-алшроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зараклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1417 ҳ.қ./ 1996 м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусаломи Тадмурӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1413 ҳ.қ./ 1993 м.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Сайид-ул-мурсалин, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1412 ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Ҷомеъаи мударрисини Қум, 1362 ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414 ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, Муассисату ол-ил-байт (а) лиэҳё-ит-турос, чопи аввал, 1417 ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387 ҳ.қ./ 1967 м.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, Теҳрон, нашри ал-Мктабат-ул-исломийя, бе то.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳабатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1409 ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳабатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1368 ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, тафсири ал-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1363 ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ ва таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи сеюм, 1367 ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403 ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Абулҳасан Алӣ ибни алҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил Ассовӣ, Қоҳира, Дор-ус-совӣ, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, 1409 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413 ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.