Абдуллоҳ писари Расули Худо
Номи комил | Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) |
---|---|
Насаб | Қурайш |
Зодгоҳ | Макка |
Санаи вафот | пеш аз ҳиҷрат |
Маҳалли дафн | Қабристони Маълот |
Шинохташуда барои | фарзанди Пайғамбар |
Абдуллоҳ писари Расули Худо(с) ва Хадиҷа буд, ки дар кӯдакӣ вафот кард. Бино ба гузориши манобеи таърихӣ, пас аз вафоташ Ос ибни Воил Пайғамбар (с)-ро абтар хонд ва дар вокуниш ба сухани ӯ, сураи Кавсар нозил шуд.
Бештари манобеи таърихӣ, таваллуди ӯро баъд аз беъсат медонанд.[1] Албатта нақли дигаре, таваллуди ӯро қабл аз беъсат зикр кардааст.[2] Ӯро Тайибу Тоҳир лақаб додаанд;[3] чароки пас аз нузули ваҳй ва дар замони Ислом таваллуд шуд.[4]
Абдуллоҳ дар кӯдакӣ дар Макка аз дунё рафт.[5] Ба гузориши Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ дар Ансоб-ул-ашроф, баъд аз даргузашти ӯ, Ос ибни Воил Пайғамбар (с)-ро абтар (бефарзанд, безуриёт) хонд, ки ҳеҷ писаре аз ӯ зинда намемонад. Аз ин рӯ, сураи Кавсар ва ояти "إِنَّ شانِئَکَ هُوَ الْأَبْتَر; яқинан душмани ту худ бенаслу табор аст!"[6] дар вокуниш ба сухани ӯ нозил шуд.[7]
Бар пояи ривояте ки Кулайнӣ дар ал-Кофӣ нақл кардааст, баъд аз вафоти Абдуллоҳ, Хадиҷа гиря мекард, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуд:
"Оё хушнуд намешавӣ, ки ӯ(Абдуллоҳ)-ро истода бар дарвозаи биҳишт биёбӣ ва чун ӯ туро бибинад, дасти туро бигираду вориди беҳтарин ҷои биҳишт кунад?!.. Худованд бартару бузургвортар аз он аст, ки меваи дили бандаеро аз ӯ бигирад ва ӯ ба хотири Худо бурдборӣ кунаду Ӯро сипос гӯяд, вале Худо ӯро азоб кунад".[8]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.445; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
- ↑ Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1410ҳ.қ., саҳ.82.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.445; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.223.
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
- ↑ Сураи Кавсар, ояти 3.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138 - 139.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.219.
Ёддошт
Сарчашма
- Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1406ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, Қум, Дафтари мутолиъоти таърих ва маорифи исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1362ҳ.ш.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт, чопи аввал, 1417ҳ.қ.