Муъҷизаҳои Пайғамбар (с)
Муъҷизаҳои Пайғамбар (с) (форсӣ: معجزههای پیغمبر(س)) корҳои хориқулъодаи Пайғамбари Ислом (с) барои исботи нубувват мебошанд. Гуфта шудааст, ки ин муъҷизаҳо 4440 ҳолатро фаро мегиранд, ки 3000-тои он дар давраҳои гуногуни ҳаёти Пайғамбар сабт шудаанд. Қуръон бузургтарин муъҷизаи Пайғамбар аст, ки ҳамчун каломи Худо, бинобар хабарҳои ғайбӣ ва таҳаддӣ, абадӣ ва беҳамто муаррифӣ мешавад.
Ғайр аз Қуръон, ки муъҷизаи маънавӣ ҳисобида мешавад, Пайғамбар (с) муъҷизаҳои дигари ҳиссӣ низ доштанд; аз ҷумла ҳодисаҳои мисли Шаққ-ул-қамар, Радд-уш-шамс, ҳаракати дарахт ба сӯи Пайғамбар, тасбеҳ гуфтани сангрезаҳо, ва ҷорӣ шудани об аз ангуштонаш. Ин муъҷизаҳо барои оммаи мардум фаҳмо буданд. Пеш аз беъсат низ воқеаҳои ғайритабие, мисли ларзиши айвони Касро ва шинохтани ӯ аз ҷониби Буҳайрои роҳиб, ҳамчун заминасозии нубувват рух додаанд, ки ирҳос номида мешаванд.
Қуръон бо муборизаталабӣ (таҳаддӣ) ҳаққонияти худро исбот кардааст ва аз назари мусалмонон, умумиҷаҳонӣ ва барои ҳама замонҳост. Уламои мусалмон дар тӯли таърих китобҳои зиёде дар бораи муъҷизаҳои Пайғамбар навиштаанд. Осори муҳиме мисли ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ аз Қутбиддини Ровандӣ, Исбот-ул-ҳудот аз Шайх Ҳурри Омилӣ, ва Далоил-ун-нубувва аз Аҳмад Байҳақӣ, ба ҷамъоварӣ ва таҳлили ин муъҷизаҳо пардохтаанд.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
- Барои маълумоти бештар ин мақоларо бубинед: Муъҷиза
Муъҷизаҳои Пайғамбар (с) корҳои ғайритабие ҳастанд, ки ба иҷозати Худо, аз сӯи Пайғамбар (с) ва барои исботи даъвои нубувват анҷом дода шудаанд.[1] Дар таърифи муъҷиза гуфта шудааст: кори ғайритабие, ҳамроҳ бо даъвои набувват ва таҳаддӣ аст, ки дигарон аз анҷоми он нотавонанд.[2] Ҳадафи ин кори ғайритабиӣ, ки бо лутф ва иҷозаи махсуси илоҳӣ сурат мегирад, исботи Нубувват мебошад.[3]
Бар асоси гуфтаи Манақиби Ибни Шаҳрошӯб, Пайғамбар (с) 4440 муъҷиза доштанд, ки танҳо 3000-тои онҳо дар марҳилаҳои гуногуни умри ӯ, яъне пеш аз таваллуд, пас аз таваллуд то пеш аз беъсат, пас аз беъсат ва пас аз вафоташ зикр шудаанд.[4] Муъҷизаҳои Пайғамбар (с) дар баъзе манобеи ривоятӣ ва таърихӣ ҷамъоварӣ шудаанд,[5] ва дар баҳсҳои эътиқодӣ, дар мавриде ки аз дурустӣ ва ҳаққонияти рисолати ӯ баҳс мешавад, яке аз далелҳое ки ба он истинод мешавад ҳамин муъҷизаҳост.[6]
Қуръони Карим — муъҷизаи Пайғамбар (с)
- Навиштори аслӣ: Эъҷози Қуръон
Мусалмонон Қуръонро муъҷизаи абадии Пайғамбари Акрам (с) медонанд.[7] Муъҷиза будани Қуръон ба он маъност, ки офариниши чизе монанди он, ҳатто як сура, аз доираи тавоноии инсон хориҷ аст; зеро ин китоб каломи Худоест, ки дар зот, сифот ва афъолаш беҳамтост ва каломи Ӯ ба каломи инсонҳо монанд нест.[8] Шайх Тӯсӣ дар тафсири ат-Тибён Қуръонро аз бузургтарин ва машҳуртарин муъҷизаҳои Пайғамбар донистааст.[9]
Гуфта шудааст, ки муъҷиза будани Қуръон ба маънои он аст, ки ин китоб аз ҷиҳати ҳамбастагӣ дар муҳтаво ва услуб, қонунгузорӣ, хабар аз ғайб, ҳақоиқи собит ва хатонопазир ва баёни асрори офариниш, хусусиятҳои фавқулбашарӣ дорад ва инсон аз офариниши мисли он нотавон аст.[10] Ҳамчунин Қуръон барои исботи муъҷизаи баёнаш, дар оятҳои гуногун муборизаталабӣ кардааст ва аз инкоркунандагон хостааст, ки агар Қуръонро каломи Худо намедонанд, мисли он биёранд. Ба боварии мусалмонон, азбаски ҳеч кас натавонистааст мисли он биёрад, ҳаққонияти каломи Илоҳӣ собит мешавад.[11]
Оё Қуръон ягона муъҷизаи Пайғамбар (с) аст?
Ибни Касир аз уламои аҳли суннат ва Шайх Тӯсӣ аз факиҳон ва муфассирони шиа бар онанд, ки Пайғамбар (с) ғайр аз Қуръон муъҷизаҳои дигаре низ дошт.[12] Абдулло Ҷаводии Омулӣ, муфассири шиа, мегӯяд муъҷизаҳои Пайғамбар (с) ба ду гурӯҳи: муъҷизаи қавлӣ ва муъҷизаи феълӣ, тақсим мешаванд ва Қуръон муъҷизаи қавлии Пайғамбар аст:[13] Пайғамбар (с) бо муъҷизаҳои феълӣ мардумро қонеъ мекард, аммо ёрони наздики ӯ ба ҳамон Қуръоне, ки муъҷизаи қавлӣ ё ақлӣ буд, қаноат мекарданд ва аз ӯ муъҷизаи феълӣ намехостанд.[14] Ибни Касир дар китоби “Муъҷизот-ун-набӣ” муъҷизаҳои Пайғамбарро ба ду қисм — муъҷизаҳои маънавӣ ва муъҷизаҳои ҳиссӣ — тақсим намудааст[15] ва Қуръонро муъҷизаи маънавии Пайғамбар муаррифӣ мекунад.[16] Ӯ ахлоқи некӯи Пайғамбар (с)-ро низ яке аз муъҷизаҳои маънавии ӯ ва далеле бар исботи набувваташ медонад.[17]
Боқилонӣ, мутакаллими ашъарии асрҳои чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ, дар китоби “Эъҷоз-ул-Қуръон” муъҷизаи Қуръонро асоси набуввати Пайғамбар (с) медонад ва онро ҷаҳонӣ ва барои ҳамаи давру замонҳо мешуморад.[18] Ӯ муъҷизаҳои дигарро барои афроди махсус ва вобаста ба шароит ва замони хос донистааст.[19]
Муъҷизаҳои ҳиссии Пайғамбар
Муъҷизаҳои ҳиссӣ, дар муқобили муъҷизаҳои маънавии Пайғамбари Ислом, корҳое хориқулъода мебошанд, ки бо ҳисси инсонӣ қобили дарк будаанд.[20] Уламои мусалмон бо истинод ба ривоятҳо ва нақлҳои таърихӣ, умуре мисли ғайбгӯӣ,[21] мубоҳала бо масеҳиёни Наҷрон,[22] меъроҷ,[23] иҷобати дуо,[24] шифои беморон[25] ва зинда кардани мурдагонро[26] аз муъҷизаҳо ва корҳои хориқулъодаи Пайғамбар ҳисобидаанд. Баъзе аз машҳуртарин муъҷизаҳои ҳиссии Пайғамбар инҳоянд:
Шаққ-ул-қамар
- Навиштори аслӣ: Шаққ-ул-қамар
Бинобар нақлҳо, Пайғамбари Ислом моҳро дар осмон ба ду ним ҷудо кардааст ва пас фармон додааст, ки дубора ба ҳолати аввал баргардад.[27] Гуфта мешавад, ки ин муъҷиза ба дархости мушрикон барои исботи даъвои набувват рух додааст.[28] Шайх Тӯсӣ рух додани ин муъҷизаро мавриди иҷмои уламо донистааст.[29] Баъзе муфассирон, аз ҷумла Шайх Тӯсӣ, Табарсӣ ва Фахри Розӣ, бар ин боваранд, ки оятҳои 1 то 3 сураи Қамар ба ин воқеа ишора доранд.[30] Сайид Муҳаммадҳусайни Табатабоӣ, муфассир ва файласуфи шиа, дар тафсири ал-Мизон, бо истинод ба баъзе ривоятҳо гуфтааст, ки ин ҳодиса шаби чордаҳуми Зилҳаҷҷаи соли панҷум пеш аз ҳиҷрат рӯй додааст.[31]
Радд-уш-шамс
- Навиштори аслӣ: Радд-уш-шамсРадд-уш-шамс
Радд-уш-шамс ё баргардондани офтоб, яке аз муъҷизаҳои Пайғамбар (с) шумурда шудааст.[32] Бар асоси сарчашмаҳои ривоятии шиа, рӯзе Пайғамбар (с) офтоберо, ки ғуруб карда буд, ба иҷозати Худо ба андозаи вақти фазилати намози аср ба ақиб баргардонд, то Имом Алӣ (а) намози асри худро дар он вақт бигузорад.[33]
Ҳаракати дарахт ба сӯи Пайғамбар (с)
Бар асоси он чи дар хутбаи қосиа аз Имом Алӣ (а) нақл шуда, рӯзе гурӯҳе аз бузургони Қурайш назди Пайғамбар рафтанд ва аз ӯ хостанд, ки барои исботи нубуввати худ, аз дарахт хоҳиш кунад, ки ба сӯяш ҳаракат кунад. Расули Худо ба дарахт амр фармуд, ки ба иҷозати Худо ба сӯи онҳо биёяд. Ногоҳ решаҳои дарахт аз замин берун шуданд ва он ба сӯи Пайғамбар ҳаракат кард. Бо вуҷуди ин муъҷизаи равшан, он гурӯҳ ба Пайғамбар имон наоварданд ва ӯро ҷодугар хонданд.[34]
Тасбеҳ гуфтан аз сангрезаҳо
Тасбеҳ гуфтан ва шаҳодат додани чанд сангреза дар дастони Пайғамбар (с) ба набуввати ӯ, яке аз муъҷизаҳои Пайғамбар шумурда мешавад;[35] аммо дар баёни ҷузъиёти ин воқеа ривоятҳои гуногун зикр шудаанд.[36]
Бар асоси ривояте, гурӯҳе аз сарони Ҳазрамавт ба дидори Пайғамбари Ислом рафтанд ва пурсиданд, чӣ гуна бидонем, ки ту фиристодаи Худо ҳастӣ? Пайғамбар як мушт сангреза аз замин бардошт ва гуфт: "Ин сангрезаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ман фиристодаи Худо ҳастам." Сипас, сангрезаҳо дар дасти Пайғамбар тасбеҳ гуфтанд ва шаҳодат доданд, ки ӯ фиристодаи Худо аст.[37]
Ҷорӣ шудани об аз байни ангуштони Пайғамбар (с)
Ҷорӣ шудани об аз ангуштони Пайғамбар (с), яке аз муъҷизаҳои ӯ шумурда мешавад.[38] Бо ин ҳама, дар манобеи шиа ва аҳли суннат воқеаҳои гуногунеро барои он нақл кардаанд.[39] Бар асоси баъзе манобеи шиа ва суннӣ, Пайғамбар (с) дар бозгашт аз як сафар бо ёронаш дучори камбуди об шуда, ташнагӣ эҳсос карданд. Ёрони Пайғамбар назди ӯ рафтанд ва дархости об карданд. Пайғамбар (с) дасташро дар машке, ки андаке об дошт, гузошт ва аз ангуштонаш об ҷорӣ шуд, ба гунае ки ҳама аз он сероб гардиданд.[40]
Корҳои хориқулъода пеш аз беъсат
- Навиштори аслӣ: Ирҳос
Ирҳос, корҳои хориқулъодаест, ки пеш аз беъсат ва дар иртибот бо он, ба хотири омодасозии заминаи набувват рух додааст.[41] Дар сарчашмаҳои ривоӣ ва таърихӣ, мисолҳое аз чунин корҳо ба Пайғамбар (с) нисбат дода шудаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:
Рӯйдодҳои ҳамзамон бо таваллуд
Бар асоси гуфтаҳои китобҳои “Далоил-ун-нубувва”-и Абунаими Исфаҳонӣ ва Байҳақӣ,[42] ҳамзамон бо таваллуди Пайғамбар (с), бархе воқеаҳои хос рух додаанд, ки ба онҳо Ирҳос мегӯянд.[43] Аз ҷумлаи ин ирҳосҳо гуфтаанд: дар шаби таваллуд, айвони Касро ларзид ва 14 кумбазаш фурӯ рехт, оташкадаи Форс пас аз 1000 сол хомӯш гашт, кӯли Сова хушк шуд ва мубадон ва шоҳони сосонӣ дар ҳамон шаб хобҳои аҷиб диданд.[44]
Рӯйдодҳои пас аз таваллуд то пеш аз беъсат
Дар хутбаи қосиа аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, ки аз ҳамон замоне, ки Расули Худо (с) аз шир гирифта шуд, Худованд бузургтарин фариштаи худро маъмур кард, то дар шабу рӯз ӯро ба роҳҳои фазилат ва ахлоқи накӯи ҷаҳониён раҳнамун созад.[45]
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки дар сафаре пеш аз беъсат, ки Пайғамбар (с) бо гурӯҳе аз Қурайш ба сӯи Шом дошт, вақте ба наздикии дайри Буҳайро - роҳиби масеҳӣ ва донишманди Тавроту Инҷил, расиданд, Буҳайро онҳоро барои хӯрок даъват кард. Ӯ нишонаҳои Пайғамбари ваъдашударо дар миёни онҳо наёфт ва пурсид: оё шахсе аз корвони шумо боқӣ мондааст? Пас Пайғамбар (с)-ро ба ӯ нишон доданд, дар ҳоле ки абре бар сараш соя афканда буд ва ҳангоми роҳ рафтан, абр ҳамроҳ бо ӯ ҳаракат мекард. Буҳайро Пайғамбар (с)-ро шинохт ва ба аҳли корвон гуфт: ба зудӣ касе аз миёни шумо ба пайғамбарӣ баргузида хоҳад шуд.[46]
Китобшиносӣ
Қутбиддини Ровандӣ дар китоби ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ дар бобе бо унвони «Дар бораи муъҷизаҳои Пайғамбари мо Муҳаммад (с)» бархе ривоятҳо дар бораи муъҷизаҳо ва корҳои хориқулъодаи Пайғамбар (с)-ро ҷамъоварӣ кардааст.[47] Шайх Ҳурри Омилӣ низ дар китоби Исбот-ул-ҳудот, боберо ба баррасии оятҳо ва ривоятҳое ихтисос додааст, ки дар бораи муъҷизаҳои Пайғамбар ҳастанд ва бар набуввати ӯ далолат доранд.[48] Ҳамчунин дар китоби Биҳор-ул-анвор, дувоздаҳ боб ба ривоятҳо дар бораи муъҷизаҳои Пайғамбар (с) ихтисос ёфтааст.[49]
Ғайр аз инҳо, китобҳои мустақил низ дар бораи ривоятҳои марбут ба муъҷизаҳои Пайғамбар (с) аз сӯи уламои мусалмон таълиф шудаанд. Аз ҷумла китоб Масобиҳ-ул-анвор навиштаи Сайид Ҳошими Баҳронӣ аст.[50] Китоби "Муъҷизаҳои Ҳазрати Муҳаммад (с)" низ дар ин замина ба қалами Саид Ғариқӣ навишта шудааст. Ин китоб шомили 102 муъҷиза аз Пайғамбар (с) аст, аз ҷумла: муъҷизаҳо аз замони таваллуд то беъсат, аз беъсат то ҳиҷрат ва аз оғози ҳиҷрат то поёни умри ӯ.[51]
Китоби “Далоил-ун-нубувва” аз Аҳмад ибни Ҳусайн Байҳақӣ (ваф.458ҳ.қ.), муҳаддиси шофеӣ, ва “Муъҷизот-ун-набӣ” аз Ибни Касир (ваф.774ҳ.қ.), муфассир ва муҳаққиқи шофеӣ, аз дигар осори ривоятие ба шумор мераванд, ки дар бораи муъҷизаҳои Пайғамбар (с) таълиф шудаанд.
Эзоҳ
- ↑ Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.285
- ↑ Шайх Муфид, ан-Нукат-ул-эътиқодия, 1413ҳ.қ., саҳ.35
- ↑ Шайх Муфид, ан-Нукат-ул-эътиқодия, 1413ҳ.қ., саҳ.126–129
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.7; Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239
- ↑ Барои намуна ниг.: Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1385ҳ.ш., саҳ.285; Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.243 ва 256
- ↑ Барои намуна ниг.: Боқилонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1997м, саҳ.9–10; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.9; Хӯӣ, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., саҳ.43
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.7–8
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.3
- ↑ Хӯӣ, Марзҳои эъҷоз, 1385ҳ.ш., саҳ.87, 95, 113, 117, 125
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.7–8
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.443; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.27
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Табйини бароҳини исботи Худо, 1384ҳ.ш., саҳ.264
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Табйини бароҳини исботи Худо, 1384ҳ.ш., саҳ.264
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.7
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, ал-Мактабат-ут-тавфиқия, саҳ.7
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.17
- ↑ Боқилонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1997м, саҳ.8
- ↑ Боқилонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1997м, саҳ.8
- ↑ Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.3
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.312; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.251
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.221; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, Муассисаи Имом Содиқ (а), ҷ.3, саҳ.365
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.201
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, Муъҷизоту Расулиллоҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.180
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.193
- ↑ Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37–38
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.443; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.310; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.25
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.310
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.443
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.442–443; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.309–310; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.337
- ↑ Табатабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.64
- ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.30
- ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346; Кулинӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.562; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203
- ↑ Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192 (Хутбаи Қосиа), саҳ.301–302
- ↑ Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.133–137; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.379; Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудоти би-н-нусуси ва-л-муъҷизот, 1425ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.24
- ↑ Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.133–137; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.379; Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудоти би-н-нусуси ва-л-муъҷизот, 1425ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.24
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.379
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.27; Ибни Ҷавзӣ, Муъҷизоту Расулиллоҳ (с), 1425ҳ.қ., саҳ.85
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.27; Ибни Ҷавзӣ, Муъҷизоту Расулиллоҳ (с), 1425ҳ.қ., саҳ.84–86; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.57
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.27; Ибни Ҷавзӣ, Муъҷизоту Расулиллоҳ (с), 1425ҳ.қ., саҳ.85
- ↑ Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.284
- ↑ Барои намуна ниг.: Абунаими Исфаҳонӣ, Далоил-ун-нубувва, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139, ҳ.82; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126
- ↑ Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.284
- ↑ Абунаими Исфаҳонӣ, Далоил-ун-нубувва, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139, ҳ.82; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126–127; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57; Баҳронӣ, Масобиҳ-ул-анвор, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.35–36
- ↑ Наҳҷулбалоға, таҳрири Субҳӣ Солеҳ, Хутбаи Қосиъа, саҳ.300
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.24–25; Ибни Касир, Муъҷизот-ун-набӣ, 1426ҳ.қ., саҳ.312
- ↑ Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.159 ва ҷ.18, саҳ.144
- ↑ Аргонӣ Беҳбаҳонӣ, «Муқаддима», бар китоби Масобиҳ-ул-анвор, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20–21
- ↑ «معجزات حضرت محمد(ص): ۱۰۲ معجزه», сомонаи Vista
Сарчашма
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, Қум, Нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Муъҷизот-ун-набӣ, таҳқиқи Иброҳим Амин Муҳаммад, Қоҳира, ал-Мактабат-ут-тавфиқия, бе таърих.
- Абунаими Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Далоил-ун-нубувва, таҳқиқи Муҳаммад Ровос Қалъачӣ ва Абдулбарр Аббос, Бейрут, Дор-ун-нафоис, 1412ҳ.қ./1991м.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Муҷизоту Расулиллоҳ (с), Димишқ, Дору Саъдиддин, 1425ҳ.қ.
- Аргонӣ Беҳбаҳонӣ, Маҳмуд, «Муқаддима», бар китоби Масобиҳ-ул-анвор, таълифи Сайид Ҳошим Баҳронӣ, Қум, Дор-ул-мавадда, 1426ҳ.қ.
- Иҷӣ, Абдурраҳмон ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-мавоқиф, тасҳеҳи Бадруддин Наъсонӣ, Қум, аш-Шарифи Ризӣ, 1325ҳ.қ.
- Боқилонӣ, Муҳаммад ибни Тайиб, Эъҷоз-ул-Қуръон, Миср, Дор-ул-Қуръон, 1997м.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, Масобиҳ-ул-анвор, Қум, Дор-ул-мавадда, 1426ҳ.қ.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувва, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Табйини бароҳини исботи Худо, Қум, Интишороти Садро, 1384ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудоти би-н-нусуси ва-л-муъҷизот, Қум, Интишороти Маҳаллотӣ, 1425ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Марзҳои эъҷоз, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1385ҳ.ш.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ал-Байон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Маншуроти Анвор-ул-ҳудо, [бе таърих].
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Интишороти Муассисаи Имом Содиқ (а), бе таърих.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абӯбакр, ал-Итқону фи улум-ил-Қуръон, Миср, 1394ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, Қум, Дафтари Интишороти исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, Қум, Конфронси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ан-Нукат-ул-эътиқодия, Бейрут, Дор ул-Муфид, 1414ҳ.қ.
- Табатабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо, Қум, Муассисаи Оли ул-Байт, 1417ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдӣ Фулодванд.
- Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳиббатуллоҳ, ал-Хароиҷу ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ, 1409ҳ.қ.
- Кулунӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳрири Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Интишороти Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- «معجزات حضرت محمد(ص): ۱۰۲ معجزه», сомонаи Vista, санаи боздид: 25 озари 1403ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Қум, Интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
- Наҳҷулбалоға, таҳрири Субҳӣ Солеҳ, Қум, Марказ-ул-буҳус-ил-исломӣ, 1374ҳ.ш.