Ҷолут

Ҷолут (форсӣ: جالوت) подшоҳе буд, ки бар Банӣ Исроил тасаллути комил ёфт ва дар ниҳоят ба дасти Довуди набӣ (а) кушта шуд. Қуръони карим дар нақли достони набард миёни сипоҳи Толут ва Ҷолут, номи ӯро ба таври рӯшан зикр кардааст. Дар Аҳди Қадими Китоби Муқаддас, ин достон бо тафсилоти бештар омадааст. Дар манобеи тафсирӣ ва таърихии мусалмонон низ баҳсҳое дар бораи набард миёни Толут ва Ҷолут матраҳ шудааст. Аз ҷумла пирӯзии Довуд (а) бар Ҷолутро рамзи пирӯзии аҳли имон донистаанд.
Мақом ва ҷойгоҳ
Ба гуфтаи муаррихоне чун Табарӣ, Ҷолут аз подшоҳони қавми Амолиқ буд, ки бар қавми Банӣ Исроил тасаллути комил ёфт.[1] Амолиқ қавме бостонӣ ва бутпараст буданд, аз насли Нӯҳ (а) ва аз аъроби сокини шимоли Ҳиҷоз, ки дар байни солҳои 2213 то 1703 қабл аз мелод бар Миср ҳукмронӣ карданд.[2] Номи Ҷолут се бор дар Қуръон, дар оятҳои 249 – 251 аз сураи Бақара зикр шудааст.[3] Дар Тафсири Қумӣ аз Имом Боқир (а) нақл шудааст ки Банӣ Исроил пас аз Мусо (а) ба маъсиятҳо даст заданд. Онҳо дини Худоро тағйир доданд ва аз амри Парвардигорашон сарпечӣ карданд. Пас аз он, Худованд подшоҳи ситамгаре ба номи Ҷолутро бар онҳо мусаллат кард, ки ононро ба зиллат кашонд: мардонашонро кушт, занонашонро ба асорат бурд, аз шаҳрҳояшон ронд ва амволашонро ғасб кард.[4]
Шарҳи набард миёни Толут ва Ҷолут дар Қуръон
Достони набард миёни сипоҳи Толут ва Ҷолут дар Қуръон ба таври мухтасар ва бидуни тафсилот чунин омадааст: Пайғамбари замони Банӣ Исроил (ки номи ӯро Самуил донистаанд)[5] ба фармони Худо, Толутро барои ҷанг бо фаластиниён ба подшоҳӣ баргузид.[6] Банӣ Исроил пас аз эътирозҳое ба пайғамбарашон дар бораи ин интихоб, ниҳоятан ӯро ба подшоҳӣ пазируфтанд ва зери фармондеҳии ӯ, роҳии ҷанг бо Ҷолут ва ёронаш шуданд.[7] Дар роҳи ҷанг, пас аз гузаштан аз як наҳр, ки василаи имтиҳони Илоҳӣ буд, бештари сипоҳиён аз мубориза бо Ҷолут ва сипоҳаш изҳори нотавонӣ карданд.[8] Ҳангоме ки сипоҳиёни вафодори Толут бо Ҷолут рӯ ба рӯ шуданд, аз Худованд сабр ва пирӯзӣ хостанд.[9] Онҳо ба иҷозати Худованд бар ӯ пирӯз шуданд ва Довуд Ҷолутро кушт.[10]
Ҷолут дар ривояти Аҳди Қадим
Бар асоси нақли Аҳди Қадим, ҳангоме ки Банӣ Исроил ва фаластиниён (сипоҳи Ҷолут) бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд, Ҷилиёт (калимаи ибронии Ҷолут)[11] аз миёни фаластиниён пеш омад ва шурӯъ ба муборизаталабӣ кард ва ин корро то чиҳил рӯз идома медод.[12] Шоул (Толут) фармондеҳи сипоҳи исроилиён, ваъда дода буд, ки ба қотили Ҷилиёт молу сарвати фаровон диҳад ва духтарашро ба ҳамсарии ӯ дароварад. Довуди ҷавон, ки нав ба урдугоҳи сипоҳиён расида буд, пас аз боварондани фармондеҳ, омодаи ҷанги тан ба тан бо ӯ шуд.[13]
Ҷолут чун Довудро дид, ки бидуни шамшер ва танҳо бо чӯб ва санг ба ҷангаш омадааст, ӯро таҳқир ва таҳдид кард. Дар муқобил, Довуд низ ӯро таҳдид намуд ва бо фалохун (сангандоз), санге ба пешонии Ҷолут зад ва ӯро аз пой даровард. Сипас бар сари ҷасадаш омад ва бо шамшери худаш сарашро аз тан ҷудо кард. Ин пирӯзӣ боиси шикасти комили фаластиниён ва фирори онон шуд.[14] Дар Аҳди Қадими Китоби Муқаддас, хусусиятҳои ҷисмонии ғайриоддие барои Ҷолут зикр шудааст; аз ҷумла гуфтаанд ки қадди ӯ се метр ва дар набард бо Банӣ Исроил, бо таҷҳизоти ҷангии хеле вазнин мусаллаҳ будааст.[15]
Гузориши сарчашмаҳои таърихӣ ва тафсирӣ
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва тафсирии исломӣ, матолибе дар бораи Ҷолут зикр шудааст: Қумӣ[16] аз муфассирони қарни дуюми ҳиҷрӣ, ӯро қибтӣ (аҳолии бумии Миср)[17] ва Ибни Халдун (таърихнигор),[18] ӯро аз канъониёни Фаластин донистааст. Албатта бархе эҳтимол додаанд, ки ӯ асли фаластинӣ надошта ва ба унвони сарбоз дар хидмати сипоҳи Фаластин будааст.[19] Табарӣ Ҷолутро аз подшоҳони Амолиқ ва шахсе ҷангҷӯ ва тануманд муаррифӣ кардааст.[20] Яъқубӣ низ дарозии қомати ӯро панҷ зироъ (ҳар зироъ тақрибан ним метр аст) навиштааст.[21]
Моҷарои рӯдаррӯии Ҷолут бо Банӣ Исроил, ба вижа набард бо Довуд, ба тафсил дар манобеи исломӣ гузориш шудааст.[22] Ин гузоришҳоро маъмулан таҳти таъсири ривоятҳои яҳуд аз ин достон донистаанд[23] ки гоҳе бо тафовутҳое ба манобеи таърихӣ ва тафсирии мусалмонон роҳ ёфтаанд.[24]
Таърихнигорон дар бораи макони набард ва кушта шудани Ҷолут ақволи гуногун баён кардаанд; Масъудӣ[25] макони қатли Ҷолутро Байсон дар Урдун ва Ибни Асокир қасри Уммиҳаким дар наздикии Димишқ донистааст.[26] Даббоғ низ макони ин воқеаро деҳае дар ҷанубу ғарби Байтулаҳм зикр кардааст.[27] Номгузории минтақаи Айну Ҷолут дар Фаластин низ бо набард миёни Довуд ва Ҷолут марбут дониста шудааст.[28]
Ғалабаи Довуд, рамзи пирӯзии аҳли имон
Дар бархе тафсирҳо, бо истинод ба ояти 249 сураи Бақара, ғалабаи муъҷизавори Довуд бар Ҷолутро ёдоваре донистаанд аз он ки дар ҷанг ва даргирӣ, пирӯзӣ аз они аҳли имон аст ва Худованд ононро ёрӣ мекунад, гарчанде дар зоҳир шумора ва таҷҳизоти камтар дошта бошанд;[29] чунонки бархе, асҳоби Пайғамбар (с) дар ҷанги Бадрро ба теъдоди сипоҳи Толут дониста ва ин ҷангро ба набард миёни сипоҳи Толут ва Ҷолут ташбеҳ кардаанд.[30] Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз асҳоби Пайғамбар низ, кушта шудани Амр ибни Абдувад ба дасти Имом Алӣ (а) дар ҷанги Хандақро ба достони Ҷолут ва Довуд ташбеҳ намудааст.[31]
Эзоҳ
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.467
- ↑ Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зери калимаи Амолиқ; Майбудӣ, Тафсири Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.722
- ↑ Воиззодаи Хуросонӣ, ал-Муъҷам фи фиқҳи луғат-ил-Қуръон, 1388ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.771
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.81
- ↑ Маркази фарҳанг ва маъорифи Қуръон, Аъломи Қуръон, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.192
- ↑ Сураи Бақара, ояти 247
- ↑ Сураи Бақара, оятҳои 248–249
- ↑ Сураи Бақара, ояти 249
- ↑ Сураи Бақара, ояти 250
- ↑ Сураи Бақара, ояти 251
- ↑ Шартунӣ, Ақраб-ул-маворид фи фусҳ-ил-арабия ва-ш-шаворид, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.448
- ↑ Ниг.: Китоби Муқаддас, Китоби аввал Самуил, боби 17, оятҳои 1–10
- ↑ Ниг.: Китоби Муқаддас, Китоби аввал Самуил, боби 17, оятҳои 25–42
- ↑ Ниг.: Китоби Муқаддас, Китоби аввал Самуил, боби 17, оятҳои 42–52
- ↑ Ниг.: Китоби Муқаддас, Китоби аввал Самуил, боби 17, оятҳои 4–7
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.81
- ↑ Табатабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.449
- ↑ Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100
- ↑ Арҷаҳ ва Аббосӣ, «Ҷолут», ҷ.9, саҳ.274
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.467–472
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дору содир, Бейрут, чопи аввал, бетаърих, ҷ.1, саҳ.49
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.467–473; Саълабӣ, Қасас-ул-анбиё, ал-Мактабат-ус-сақофия, саҳ.239–241
- ↑ Арҷаҳ ва Аббосӣ, «Ҷолут», Донишномаи ҷаҳонии Ислом, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.275
- ↑ Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.82–83; Айёшӣ, ат-Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134–135
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.80
- ↑ Даббоғ, Билодуно Фаластин, 1991м, бахши 1, саҳ.539
- ↑ Арҷаҳ ва Аббосӣ, «Ҷолут», Донишномаи ҷаҳонии Ислом, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.275
- ↑ Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, 2000м, ҷ.1, саҳ.194; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ лиаҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.255
- ↑ Аҳмад ибни Ҳанбал, ал-Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.524; Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.618
- ↑ Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.36; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.102
Сарчашма
- Қуръони Карим.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, «ат-Тафсир», таҳқиқ ва тасҳеҳ: Расулии Маҳаллотӣ, Ҳошим, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
- Арҷаҳ, Акрам ва Аббосӣ, Меҳрдод, «Ҷолут», Донишномаи ҷаҳонии Ислом, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Аҳмад ибни Ҳанбал, «Муснади Имом Аҳмад ибни Ҳанбал», таҳқиқ: Шуайб Арнаут, Одил Муршид, бемакон, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Воиззодаи Хуросонӣ, Муҳаммад, «ал-Муъҷам фи фиқҳи луғат-ил-Қуръон ва сирри балоғатиҳ», Машҳад, Остон Қудси Разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, чопи дуюм, 1388ҳ.ш.
- Даббоғ, Мустафо Мурод, «Билодуно Фаластин», бемакон, Дор-ул-ҳудо, 1991м.
- Деҳхудо, Луғатнома, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
- Ибни Асокир, Абулқосим Алӣ ибни Ҳасан, «Таъриху мадинати Димишқ», Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
- Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, «Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араб ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зави-ш-шаън-ил-акбар (Таърихи Ибни Халдун)», таҳқиқ: Халил Шаҳода, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
- Китоби Муқаддас (Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид), Лондон, 1925м.
- Майбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, «Тафсири Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ», Теҳрон, Нашри Амир Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
- Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, «Аъломи Қуръон» аз Доиратулмаорифи Қуръони карим, Қум, Бӯстони китоб, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Масъудӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳусайн, «Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар», таҳқиқ: Доғир, Асъад, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, чопи дуюм, 1409ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, «ал-Иршод фи маърифати ҳуҷҷат-ил-лоҳи ала-л-ибод», таҳқиқ ва тасҳеҳ: Муассисаи Оли Байт (а), Қум, Конфронси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, «Қасас-ул-анбиё», Бейрут, Мактабат-ус-сақофия, бетаърих.
- Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир, «Таърих-ул-умам ва-л-мулук (Таърихи Табарӣ)», таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуюм, 1387ҳ.қ.
- Табатабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон», тарҷума: Мусавии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1374ҳ.ш.
- Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, «Маҷмаъ-ул-баён», мусаҳҳеҳ: Расулӣ, Ҳошим, Лубнон, Дор-ул-маърифа, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
- Шартунӣ, Саид, «Ақраб-ул-маворид фи фусҳ-ил-арабия ва-ш-шаворид», Теҳрон, Идораи авқоф ва умури хайрия, 1374ҳ.ш.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, «Таърихи Яъқубӣ», Дору содир, Бейрут, чопи аввал, бетаърих.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, «Тафсири Қумӣ», таҳқиқ ва тасҳеҳ: Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Тайиб, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, «ал-Ҷомеъ лиаҳком-ил-Қуръон», Теҳрон, Нашри Насир Хусрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
- Қушайрӣ, Абдулкарим ибни Ҳавозан, «Латоиф-ул-ишорот», Басюнӣ, Иброҳим, Қоҳира, ал-Ҳайат-ул-мисрият-ил-омма ли-л-китоб, чопи сеюм, 2000м.
- Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, «ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн», таҳқиқ: Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ҷефрӣ, Артур, «Вожаҳои дахил дар Қуръони маҷид», таҳқиқ: Бадраӣ, Фаридун, Теҳрон, Нашри Тӯс, чопи дуюм, 1385ҳ.ш.