Банӣ Қайнуқоъ

Аз wikishia
Мавқеияти қабилаи Банӣ Қайнуқоъ дар Мадина
Ин навиштор дар бораи қабилаи Банӣ Қайнуқоъ аст. Барои огоҳӣ аз ғазвае бо ин ном, Ғазваи Банӣ Қайнуқоъро бибинед.

Банӣ Қайнуқоъ (форсӣ:بَنی‌قَینُقاع) нахустин қабилаи яҳудиёни Мадина буданд, ки паймони худ бо Пайғамбари Ислом (с)-ро шикастанд.[1]

Пайғамбар пас аз итмоми ҳуҷҷат бо онҳо,[2] дар 15-уми шавволи соли дувуми ҳиҷрии қамарӣ алайҳи онҳо ҷанг эълом кард.[3] Бар асоси бархе гузоришҳо, ин воқеа, баъд аз он рух дод, ки як марди яҳудие, бо таарруз ба зани мусулмоне бахше аз бадани ӯро урён кард.[4] Онгоҳ марди мусулмоне ба ёрии зан рафту он яҳудиро ба қатл расонд.[5] Яҳудиёни дигар низ ба он мусулмон ҳамла карда ӯро куштанд ва дар пайи ин моҷаро ҷанҷоли мусулмонон бо яҳудиён боло гирифт.[6]

Бо оғози ҷанги Банӣ Қайнуқоъ, яҳудиён ба қалъаҳои худ рафтанд ва Пайғамбар ба муддати понздаҳ рӯз онҳоро дар қалъаҳояшон муҳосира кард.[7] Баъд аз гузашти понздаҳ рӯз, яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ ба Пайғамбар таслим шуданд.[8] Ба дастури Пайғамбар, Банӣ Қайнуқоъ ба минтақаи Шом табъид, ва дар минтақаи Израъот сокин шуданд.[9] Гуфта шудааст, баъд аз ин воқеа, афроди қабилаи Банӣ Қайнуқоъ пас аз муддати кӯтоҳе аз байн рафтанд.[10]

Банӣ Қайнуқоъ дар садри Ислом дар Мадина сукунат доштанд.[11] Бархе дар яҳудитабор будани ин қабила шубҳа кардаанд, вале муҳаққиқон дар решаи яҳудии онон шакке надоранд.[12] Дар гузорише, қабилаи Банӣ Қайнуқоъ нахустин сокинони шаҳри Мадина муаррифӣ шудаанд.[13] Бар асоси ин гузориш, ҳангоме, ки ҷамъе аз Банӣ Исроил ҳамроҳ бо Мусои набӣ барои анҷоми ҳаҷ ба Макка рафта буданд, дар роҳи бозгашт, ба минтақае расиданд, ки мушаххасоти он минтақаро ҳамонанди мушаххасоти ҷои зиндагии охирин Пайғамбар (ки дар Таврот зикр шуда буд) ёфтанд. Аз ин рӯ, дар онҷо сокин ва рафта-рафта гуруҳе аз арабҳо низ ба онон пайвастанд.[14] Бо ин ҳол, бархе таърихнигорон Амолақаро нахустин сокинони Мадина дониста ва Банӣ Қайнуқоъро қабилаи дувуми сокиншуда дар Мадина муаррифӣ кардаанд.[15]

Банӣ Қайнуқоъ бархилофи Банӣ Назир ва Банӣ Қурайза (ду қабила аз яҳудиёни сокин дар минтақаи Мадина) ки бо қабилаи Авс паймон баста буданд, бо қабилаи Хазраҷ ҳампаймон шуданд.[16] Бино бар нақлҳои таърихӣ, байни Банӣ Қайнуқоъ ва Банӣ Қурайза ва Банӣ Назир рақобатҳое вуҷуд дошт ва борҳо бо ҳам ҷангида буданд.[17]

Дар бархе манобеи таърихӣ, аз Мухайриқ ба унвони яке аз афроди саршиноси ин қабила (ва ҳатто раиси қабила[18]) ном бурда шудааст, ки дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид.[19] Бозори Банӣ Қайнуқоъ, якеаз машҳуртарин бозорҳои араб буд,[20] ки чандин бор дар тӯли сол бапо мешуд ва мардум ба он фахр мекарданд.[21] Онон дар Мадина, замини кишоварзӣ ва нахлистон надоштанд ва шуғлашон заргарӣ[22] ва оҳангарӣ буд.[23] Ҷаъфари Субҳонӣ – нависандаи китоби Фуруғи абадийят бар ин бовар аст, ки қудрати иқтисодии Мадина дар ихтиёри қабилаи Банӣ Қайнуқоъ будааст.[24]

Эзоҳ

  1. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  2. Субҳонӣ, Фуруғи абадийят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.513.
  3. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176; Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, саҳ.206.
  4. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  5. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  6. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.48.
  7. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  8. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.480.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.309.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.309; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.138.
  11. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.424.
  12. Фарҳонии Мунфарид, “Банӣ Қайнуқоъ”, саҳ.470.
  13. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126.
  14. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126.
  15. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126.
  16. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.540.
  17. Холид, Муҷтамаъ-ул-Мадина қабла-л-ҳиҷрати ва баъдаҳо, 1406ҳ.қ., саҳ.39.
  18. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.69.
  19. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325.
  20. Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб, 1422ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.59.
  21. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  22. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481.
  23. Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.151.
  24. Субҳонӣ, Фуруғи абадийят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.512.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Қоҳира, Дорул-маъориф, 1959м.
  • Балъамӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таърихномаи Табарӣ, Теҳрон, интишороти Албурз, 1373ҳ.ш.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, муассиса ал-Аъламӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ёқут Ҳамавӣ, ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, Дорул-совӣ, бе то, чопи офсети Қум, муассисаи Нашрул-манобеъил-сақофатил-исломийя.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафоъ би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи абадийят, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аъломи-л-ҳудо, Теҳрон, Исломийя, 1390ҳ.қ.
  • Фарҳонии Мунфарид, Маҳдӣ, “Банӣ Қайнуқоъ”, дар ҷилди 4 Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Холид, Ҳасан, Муҷтамаъ-ул-Мадина қабла-л-ҳиҷрати ва баъдаҳо, Бейрут, Дорул-нуҳзатил-арабийя, 1406ҳ.қ.
  • Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, Бейрут, Дорул-соқӣ, 1422ҳ.қ.