Забҳи Исмоил

Аз wikishia
Таблуи имтиҳони бузурги асари Устод Фаршчиён

Забҳи Исмоил фармон ва имтиҳоне буд, ки Худованд дар хоб ба Иброҳим дода буд, то писараш Исмоилро қурбонӣ кунад. Иброҳим ва писараш фармони Илоҳиро пазируфтанд, аммо Чабраил аз буридани корд монеъ шуд ва ба ҷои Исмоил як гӯсфанди биҳиштиро Иброҳим забҳ кард.

Анъанаи қурбонӣ дар рӯзи Иди Қурбон ёдбуди рухдоди забҳи Исмоил аст. Тибқи баъзе нақлҳо, “рамйи ҷамарот/ رَمْیِ جَمَرات” тавассути ҳазрати Иброҳим дар моҷарои забҳи ҳазрати Исмоил рух дод.

Шиаҳо бар асоси ривоятҳо, сиёқ ва мазмуни оятҳо, Исмоилро Забиҳуллоҳ, вале яҳудиён Исҳоқро забиҳ меноманд ва аҳли суннат дар ин бора ихтилоф доранд.

Руъёи Иброҳим

Бино бар оёти Қуръон, Иброҳим дар хоб дид, ки фарзандашро забҳ мекунад.[1] Дар ривоёт омадааст, ки ин хоб се бор барои Иброҳим такрор шуд.[2] Албатта бархе аз муфассирон муътақиданд, баъид нест пас аз ин руъё, ҳануз шакке дар ӯ вуҷуд дошт ва Худо бо ваҳйи ошкор ин шаккро аз байн бурд.[3]

Забҳи фарзанд

Наққошии забҳи Исмоил, асари Муҳаммади Замон

Ҳазрати Иброҳим, достони хоб ва фармони Илоҳиро ба Исмоил гуфт ва назар ӯро ҷӯё шуд. Қуръон ин машваратро чунин нақл мекунад: «(Иброҳим) гуфт: писарам! Ман дар хоб дидам, ки туро забҳ мекунам, назари ту чист? (фарзанд) гуфт: падарҷон, ҳарчӣ дастур дорӣ иҷро кун, ба хости Худо маро аз собирон хоҳӣ ёфт!».[4]

Бино бар ривояте, ки дар ал-Кофӣ нақл шудааст, пас аз тасмим бар анҷоми дастури Илоҳӣ, Исмоил гуфт: эй падар, рӯи маро бипӯшон ва пои маро бибанд. Иброҳим рӯи фарзандро пӯшонд, вале қасам ёд кард, ки пои ӯро ҳангоми забҳ набандад.[5] Замоне, ки пешонии [Ёддошт 1] Исмоил бар хок қарор гирифт,[6] Иброҳим кордро бар гулуи фарзанди худ ниҳод, сари худро ба самти осмон карду сипас кордро кашид, аммо Ҷабраил монеъи асар кардани корд шуд. Чандин бори ин амал анҷом шуд.[7] Сипас ваҳй нозил шуд: «یا إِبْرَاهِیمُ قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْیا; эй Иброҳим, хобатро амалӣ сохтӣ [ва фармони Парвардигоратро иҷро кардӣ]».[8] Дар ниҳоят гӯсфанди биҳиштие тавассути Иброҳим, ба ҷои ҳазрати Исмоил забҳ шуд.[9]

Қуръон аз ин имтиҳон чунин таъбир мекунад: «إِنَّ هذا لَهُوَ الْبَلاءُ الْمُبینُ; ин мусалламан имтиҳони ошкоре аст».[10]

Бино бар бархе нақлҳо, шайтон талоши бисёре барои пешгирӣ аз анҷоми ин фармони Илоҳӣ анҷом дод. Ӯ барои найл ба ин ҳадаф талошҳое барои гумроҳии ҳазрати Иброҳим, ҳамсар ва фарзанди ӯ анҷом дод ва дар ҳар се маврид номуваффақ буд.[11] Бино бар бархе нақлҳо, рамйи шайтон дар ҷамарот тавассути ҳазрати Иброҳим дар моҷарои забҳи Исмоил будааст.[12]

Ҳамчунин бибинед: Рамйи ҷамарот

Қитъаи хушнивисӣ аз ояти 107 сураи Соффот дар бораи забҳи азиме, ки ҷойгузини забҳи Исмоил шуд. Хат аз Муҳсин Баҳорзода.[13]

Гуфтугӯи ҳазрати Иброҳим бо пирамард

Дар бархе манобеи ривоии шиа, гуфтугӯе байни ҳазрати Иброҳим ва пирамарде нақл шудааст: «пирамарде ба Иброҳим гуфт: аз ин кӯдак чӣ мехоҳӣ?

Иброҳим: мехоҳам ӯро забҳ кунам.

Пирамард: Субҳоналлоҳ, мехоҳӣ кӯдакеро, ки ба андозаи як мужа задане ҳам маъсияти Худоро анҷом надодааст, бикушӣ!.

Иброҳим: Худованд маро ба забҳи ин фарзанд фармон додааст.

Пирамард: на балки Парвардигорат туро аз ин амр наҳй карда ва шайтон дар хоб ба ту фармони чунин кореро додааст.

Иброҳим: вой бар ту, ин фармон аз тарафи Худованд будааст. Ба Худо савганд, дигар бо ту сухан нахоҳам гуфт.

Пирамард: эй Иброҳим, ту раҳбаре ҳастӣ, ки дигарон ба ту иқтидо мекунанд. Агар ту фарзандатро забҳ кунӣ, мардум низ фарзандони худро забҳ мекунанд. Иброҳим дигар бо ӯ сухан нагуфт».[14]

Забҳи Исмоил ё Исҳоқ

Мақолаи аслӣ: Забеҳуллоҳ

Қуръон дар моҷарои забҳ танҳо ба фарзанди Иброҳим ишора кардааст: «қола ё бунай/ قالَ یا بُنَی; (Иброҳим) гуфт: фарзандам!».[15] Аммо дар инки ин фарзанд, Исмоил буда ё Исҳоқ, ихтилоф вуҷуд дорад. Шиаён, Исмоилро забеҳ медонанд.[16] Онҳо барои исботи муддаои худ ба ояти 112 сураи Соффот истинод мекунанд, ки башорат ба таваллуди Исҳоқ баъд аз таваллуди Исмоил ва моҷарои забҳ (оёти 100 - 107 сураи Соффот) омадааст, гузашта аз онки дар мавриди Исҳоқ, башорат ба набуввати ӯ дода шудааст; яъне бояд зинда бимонад ва вазифаҳои набувватро анҷом диҳад, ва ин бо масъалаи забҳ созгор нест.[17] Ҳамчунин ривоёте аз маъсумон нақл мекунанд, ки дар онҳо Исмоил ба унвони забеҳ муаррифӣ шудааст.[18]

Аҳли суннат дар бораи забеҳ ихтилоф доранд.[19] Бархе аз онон бо истинод бар пояи бархе ривоёт[20] забеҳуллоҳро лақаби Исҳоқ медонанд.[21] Дар Тафсири Намуна, ривоёти мустанади ин гуруҳ, таҳти таъсири исроилиёт дониста ва эҳтимол дода шудааст, ки ин ривоёт сохтаи яҳуд бошанд.[22] Бархеи дигар аз аҳли суннат бо истинод ба дастае дигар аз ривоёт забеҳро Исмоил медонанд.[23] Фахри Розӣ ва Ибни Ошур эҳтимол додаанд, ки забеҳ, Исмоил бошад.[24]

Суннати қурбонӣ

Мақолаи аслӣ: Иди қурбон

Иди қурбон ё идул-азҳо аз идҳои бузурги мусулмонон аст. Суннати қурбонӣ дар рӯзи иди қурбон ёдбуди рухдоди забҳи Исмоил аст.[25] Бино бар бархе ривоёт, тамоми ҳайвоноте, ки дар сарзамини Мино дар рӯзи иди қурбон забҳ мешаванд, фидяи ҳазрати Исмоил ҳастанд.[26]

Муртазо Мутаҳҳарӣ, нависандаи шиа бар ин бовар аст, ки Худо воқеан намехост Исмоил забҳ шавад; чун фоида ва хосияте надошт, ки падаре ба дасти худаш писарашро бикушад, балки як суннате буд, ки қаблан инсонҳоро мекуштанд ва Иброҳим мебоист ин суннатро насх кунад... Ва агар Иброҳим пеш аз маъмурият барои забҳи Исмоил бо қурбонӣ кардани фарзанд мухолифат мекард, мардум мегуфтанд Иброҳим аз қурбонӣ кардани фарзандаш метарсад, аммо вақте Иброҳим мақоми таслимашро то инҷо расонд, ки сад фоиз ҳозир шуд фарзандашро ба дасти худаш қурбонӣ кунад, аз сӯи Худованд фармон расид, ки қурбонӣ кардани инсон барои ҳамеша лағв ва ба ҷои инки инсоне қурбонӣ шавад, гӯсфанде қурбонӣ мешавад.[27]

Забҳи фарзанд дар Таврот

Таврот достони забҳи фарзандро чунин нақл мекунад: «баъд аз ин воқеаҳо буд, ки Худованд Авроҳом (Иброҳим)-ро озмоиш намуда ба ӯ гуфт: ҳамакнун писаратро, ягонаатро ки дӯст медорӣ, Йисҳоқ (Исҳоқ)-ро, бардошта ба сарзамин Муриё бирав. Онҷо бар болои яке аз кӯҳҳо ки ба ту хоҳам гуфт, ӯро қурбонии сухтанӣ кун!».[28]

Аммо замоне, ки Иброҳим тасмим ба қурбонӣ кардани фарзанд гирифта, кордро ба сӯи фарзанд дароз кард, то сари писари худро бибарад «фириштаи Худованд аз осмон ӯро садо зада гуфт: дастатро ба сӯи он навҷавон дароз макун ва бо ӯ коре надошта бош; зеро акнун донистам, ки аз Худованд метарсӣ. Чун писарат, ягонаатро аз ман дареғ накардӣ».[29] Дар ниҳоят Худованд гӯсфандеро фиристод ва Иброҳим онро ба ҷои фарзанд қурбонӣ кард.[30]

Таъвилоти ирфонии забҳи Исмоил

Бархе аз орифони мусулмон, дар хусуси достони забҳи Исмоил, таъвилотеро баён доштаанд. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ориф ва муфассири қарни панҷум, забҳи фарзандро ба дил буридан аз фарзанд бо теғи сидқ маъно кардааст.[31]

Абдурразоқи Кошонӣ, ориф ва донишманди қарни ҳафтум, мақсуд аз руъёи Иброҳимро забҳи нафси дорои камолоти хулқие донистааст, ки дар сайри истикмолии худ ва барои расидан ба фанои зотӣ бо ин забҳ, қалб ки Исмоил киноя аз он аст, наҷот меёбад.[32]

Соин ибни Тарка, ориф ва шореҳи Фусус-ул-ҳикам, кабшро дар ин достон, сурати қобилияти мартабаи ҳайвонӣ дар вуҷуди ҳазрати Иброҳим (а) донистааст, ки бояд забҳ шавад.[33]

Эзоҳ

  1. Сураи Соффот, ояти 102.
  2. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.101.
  3. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.346.
  4. Сураи Соффот, ояти 102.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.208.
  6. Сураи Соффот, ояти 103.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.208.
  8. Сураи Соффот, ояти 104 - 105.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.4, саҳ.208.
  10. Сураи Соффот, ояти 106.
  11. Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.3222.
  12. Кошонӣ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.5.
  13. «و فدیناه بذبح عظیم», саҳифаи шахсии Муҳсин Баҳорзода дар инстаграм.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.208.
  15. Сураи Соффот, ояти 102.
  16. Мозандаронӣ, Шарҳи фуруъ-ил-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.129.
  18. Нигоҳ кунед ба Қумӣ, тафсири ал-Қумӣ, 1404, ҷ.2, саҳ.226; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210.
  19. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100.
  20. Суютӣ, ал-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.281 - 285.
  21. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100.
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.119 - 120.
  23. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100.
  24. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.351; Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, бе то, ҷ.23, саҳ.70 - 69.
  25. Содиқии Теҳронӣ, ал-Балоғ, 1419ҳ.қ., саҳ.450; Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.299.
  26. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.211.
  27. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.25, саҳ.115 - 116.
  28. Китоби Муқаддас, сифри пайдоиш, 22: 1 - 2.
  29. Китоби Муқаддас, сифри пайдоиш, 22: 10 - 12.
  30. Китоби Муқаддас, сифри пайдоиш, 22: 13.
  31. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.352.
  32. Кошонӣ, Шарҳи Фусус-ул-ҳикам, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.183.
  33. Ибни Тарка, Шарҳи Фусус-ул-ҳикам, 1387ш, ҷ.1, саҳ.347.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Асъад Муҳаммад Аттайиб, мактаб Назор Мустафо Албоз, Арабистони Саудӣ, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Ошур, Муҳаммад ибни Тоҳир, ат-Таҳрир ва-т-танвир, беҷо, бено, бе то.
  • Ибни Тарка, Соинуддин Алӣ, Шарҳи Фусус-ул-ҳикам, тасҳеҳи Муҳсин Бедорфар, Қум, интишороти Бедор, 1378ҳ.ш.
  • Китоби Муқаддас, Таврот, тарҷумаи анҷумани калимиёни Эрон.
  • Кошонӣ, Абдурразоқ, Шарҳи Фусус-ул-ҳикам, Қум, интишороти Бедор, 1422ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Таййиб, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, интишорот Ҳарон, Носири Хисрав, тчопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадҳодӣ ибни Муҳаммадсолеҳ, Шарҳи фуруъ-ил-Кофӣ, таҳқиқи Муҳаммадҷавод Маҳмудӣ, Дироятӣ ва Муҳаммадҳусайни Дироятӣ, Қум, Дорул-ҳадис лилтабоъати валнашр, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори устод Шаҳид Мутаҳҳарӣ, бе то.
  • Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Қоҳира, Дорул-шуруқ, чопи ҳабдаҳум, 1412ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Балоғ фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон, Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ал-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир-ус-софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, интишороти ал-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • "و فدیناه بذبح عظیم", саҳифаи шахсии Муҳсин Баҳорзода дар инстаграм, таърихи боздид: 8 хурдоди 1401ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found