Асҳоби Сабт
Асҳоби сабт гуруҳе аз Банӣ Исроил, ки бинобар оёти Қуръон, ба хотири нофармонии Худо ва сайди моҳӣ дар рӯзи шанбе, ба азоби Илоҳӣ гирифтор шуданд. Чунонки дар Қуръон омадааст, асҳоби сабт ба амри Худо ба бузина табдил шуданд ва тибқи баъзе ривоятҳо, ин гуруҳи масхшуда пас аз 3 рӯз нобуд шуданд.
Аксари ривоятҳо ҳодисаи асҳоби сабтро ҳамзамон бо ҳазрати Довуд (а) ва дар шаҳри Эла донистаанд, ки имрӯза дар Фаластини ишғолӣ қарор дорад ва Эйлот номида мешавад.
Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон гуфтааст, танҳо касоне аз асҳоби сабт наҷот ёфтанд, ки наҳйи аз мункар карда буданд, аммо хатокорон ва касоне ки дар муқобили онон хомуш буданд, гирифтори азоби Илоҳӣ шуданд.
Мафҳумшиносӣ
Асҳоби сабт, гуруҳе аз қавми Банӣ Исроил буданд, ки бар асари сарпечӣ аз фармони Худованд дар бораи ҳаром будани кор дар рӯзи шанбе, ба азоб гирифтор шуданд.[1] Онҳо дар асри паёмбарии ҳазрати Довуд зиндагӣ мекарда ва ҷамъияте ҳудуди 12 ҳазор ё 70 ҳазор нафар доштаанд.[2] Иборати «асҳоби сабт» танҳо як бор сареҳан дар ояти 47-и сураи Нисо ба кор рафтааст, аммо дар оёти дигаре аз Қуръони Карим
низ достони қавми мазкур ва саранҷоми он баён шудааст.[3]
Сабт, ки ба маънои қатъ ё қатъи амал аст[4] ва дар забони ибрӣ, шаббат (Shabbat) хонда мешавад,[5] байни яҳудиён номи рӯзи шанбе буда[6] ва дар луғати ибронӣ, ба маънои истироҳат аст.[7] Бинобар фарҳанги яҳудӣ, қавми яҳуд бояд дар рӯзи шанбе ё сабт, аз ҳамаи корҳои худ даст кашида, истироҳат кунанд.[8] Ҳурмат кардани рӯзи сабт ва кор накардан дар он, яке аз даҳ фармони ҳазрати Мусо будааст.[9]
Моҷаро
Тибқи Қуръони Карим, асҳоби сабт ба сабаби нофармонӣ аз ҳудуд ва қонунҳои Илоҳӣ дар рӯзи шанбе, ва шикори моҳӣ дар он рӯз, ки амали мамнуъ будааст,[10] масх шуданд то ҷазои корашонро бубинанд ва ибрате барои парҳезкорон бошанд.[11]
Бар асоси ривояте аз Имом Саҷҷод (а), асҳоби сабт, гуруҳе будаанд, ки дар канори дарёе сокин буда, Худованд онҳоро аз шикори моҳӣ дар рӯзи шанбе наҳй карда буд.[12] Аз онҷо ки дар рӯзи шанбе, моҳиҳои бисёр зиёде ба соҳил наздик мешуданд, онон барои шикори моҳӣ дар ин рӯз, даст ба ҳила зада, ҳавзҳо ва ҷадвалҳое канданд, ки моҳиҳо метавонистанд вориди он шаванд, аммо наметавонистанд аз он бароянд.[13] Асҳоби сабт, гарчи дар рӯзи шанбе, ба шикори моҳӣ намепардохтанд, рӯзи якшанбе, моҳиҳоиро сайд мекарданд, ки шанбе, дар ҷадвалҳо ва ҳавзҳои онон гирифтор шуда буданд.[14] Асҳоби сабт, ба ҳамин шева мол фаровоне андухтанд ва неъматҳои бисёре ба даст оварданд.[15] Бар асоси ривояти мазкур, онҳо 80 ҳазор нафар буданд, ки 70 ҳазор нафарашон ба наҳйи Худованд аз сайди моҳӣ дар рӯзи шанбе, бетаваҷҷӯҳӣ карданд.[16]
Масхи асҳоби сабт
Мақолаи аслӣ: Масх
Асҳоби сабт дар ниҳоят ба азоби Илоҳӣ дучор шуда, масх шуданд. Чунонки дар Қуръони Карим омадааст, ки ба амри Худо ба бузина табдил шуданд.[17] Бино бар баъзе ривоёт, ин гуруҳи масхшуда пас аз 3 рӯз ҳалок шуданд.[18]
Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон навиштааст: бар асоси ояти 165-и сураи Аъроф, касоне аз онон ки наҳйи аз мункар мекарданд, наҷот ёфтанд, аммо ду гуруҳи дигар; яъне хатокорон ва касоне ки дар баробари онон хомӯш буданд, гирифтори азоби Илоҳӣ шуданд.[19]
Баъзеҳо аз ҷумла: Муҷоҳид ибни Ҷабр - муфассири шиа (ваф.104ҳ.қ.) ва Муҳаммад Абдуҳ - муфассири аҳли суннат муътақиданд, масхи ҷисмонии асҳоби сабт рух надодааст ва ончӣ дар ояти 65-и сураи Бақара омадааст, тамсилӣ аст ва ҳикоят аз масх шудани қалби асҳоби сабт дорад.[20]
Макон ва замон
Бинобар оёти Қуръон, асҳоби сабт дар канори дарё зиндагӣ мекардаанд.[21] Дар ривояте аз Имом Боқир (а), шаҳри асҳоби сабт, «Эла» муаррифӣ шудааст.[22] Фахри Розӣ ҳам макони зиндагии онҳоро шаҳри Эла донистааст.[23] Шаҳри Эла эҳтимолан ба шаҳри Элоти феълӣ ишора дорад, ки дар канори дарёи сурх ва дар Фаластини ишғолӣ қарор дорад.[24] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, аз шаҳрҳои Мадян ва Табария низ ба унвони макони зиндагии асҳоби сабт ёд шудааст.[25]
Бештари ривоёт, достони асҳоби сабтро дар замони ҳазрати Довуд донистаанд.[26]
Эзоҳ
- ↑ Рӯҳӣ, “Асҳоби сабт”, саҳ.232.
- ↑ Рӯҳӣ, “Асҳоби сабт”, саҳ.232.
- ↑ Рӯҳӣ, “Асҳоби сабт”, саҳ.232.
- ↑ Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.207.
- ↑ Рӯҳӣ, “Асҳоби сабт”, саҳ.232.
- ↑ Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.207.
- ↑ Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.207.
- ↑ Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.207.
- ↑ Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.207.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 65; ҳамчунин бубинед: Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.947.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 66; ҳамчунин бибинед: Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.948.
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.948.
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.948.
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.948.
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.948.
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.948.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 65.
- ↑ Тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.279.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.268 - 269.
- ↑ Муғния, Тафсири ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 163.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.266.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, ҷ.12, саҳ.412.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1380ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.418.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.303.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.412.
Ёддошт
Сарчашма
- Қаршии Бунобӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Қуръони Карим.
- Макорими Шерозӣ, Носир ва ҳамкорон, Тафсири Намунаи Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1380ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаёт-ул-қулуб, Қум, Сарвар, 1384ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсири ал-Кошиф, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1424ҳ.қ.
- Рӯҳӣ, Абулфазл, “Асҳоби сабт”, дар Эъломи Қуръон: аз доиратулмаорифи Қуръони Карим, ҷ.2, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ, Қум, мадрасатул-Имоми-л-Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.