Ширк

Аз wikishia

Ширк аз гуноҳони кабира ба маънои шарик қоил шудан барои Худо аст. Ширк дар муқобили тавҳид қарор мегирад ва олимони мусулмон онро ҳамчун тавҳид ба ширк дар зот, сифот ва афъол ва низ ширк дар ибодат тақсим кардаанд. Ширк бар ду қисми ҷалӣ (ошкор) ва хафӣ (пинҳон) аст. Аз ширки ҷалӣ дар эътиқодот ва аз ширки хафӣ дар ахлоқ баҳс мешавад.

Ҳавопарастӣ, ҳисгароӣ, шакку тардид ва ҷаҳолат аз авомили ширк дониста шуда ва дар Қуръон, ҳабти аъмол, маҳрумият аз мағфирати илоҳӣ, маҳрумият аз дохил шудан дар биҳишт ва вуруд ба ҷаҳаннам, аз паёмадҳои ширки ба Худо муаррифӣ шудааст.

Ибни Таймия ва ба табаъи ӯ ваҳобиён ба мусулмононе, ки ба бузургони динӣ мутавассил мешаванд ва аз онон талаби шафоат мекунанд, нисбати ширк медиҳанд, дар ҳоле ки мусулмонон ва ба вижа шиаён, тавассул ба бузургони диниро навъе таъзими шаъоири динӣ дониста ва муътақиданд тавассул ба амвот дар сурате ширк аст, ки ҳамроҳ бо қасди парастиш ва эътиқод ба улуҳияти онон бошад. Ҳамчунин бо истинод ба оёти Қуръон, шафоати бузургони динӣ ба изни Худованд мумкин аст.

Мафҳумшиносӣ

Ширк ба маънои шарик қоил шудан барои Худованд дар умури мухтасси ба Ӯ монанди вуҷуби вуҷуд, улуҳият, парастиш ва тадбири шуъуни махлуқот ва офаридагон аст.[1] Ширк дар муқобили тавҳид (ягонагии Худо) қарор дорад.[2] Албатта Оятуллоҳ Ҷаводӣ, ширкро дар муқобили имон қарор дода ва бар ин бовар аст, ки ширк ҳамеша мӯҷиби хуруҷ аз тавҳид ва аз ҷиргаи муъминон намегардад, балки дар Қуръон унвони мушрик бар бутпараст,[3] аҳли китоб[4] ва дар мавориде бар муъминон[5] низ итлоқ шудааст.[6]

Мушрик касе аст, ки барои Худо шарик қоил бошад, ё муътақид бошад, ки ғайри Худо, сифоти Ӯро дорад ва ё инки қисмате аз амри халқ ба ғайри Ӯ вогузор шуда ва ё инки ғайр аз Ӯ касеро шоистаи амру наҳй[7] ва ё ибодат[8] бидонад.

Маротиб

Ширк ҳамчун тавҳиди дорои маротибе аст, аз ҷумла:

* Ширк дар зоти Худо; ин қисм аз ширк ба ду маъно омада аст: 1 - эътиқод ба инки зоти Худо, мураккаб аз ду ё чанд ҷузъ аст.[9] 2 - эътиқод ба чанд Худои мустақил.[10]

* Ширк дар сифоти Худо; эътиқод ба инки сифоти Худо бо зоташ муғойиранд ва сифоти Ӯ вуҷуде мустақил аз зоташ доранд.[11]

* Ширк дар афъоли Худо; дар муқобили тавҳиди афъолӣ қарор дорад ва ҳамонанди он ба шохаиҳои мухталифе, монанди ширк дар холиқят ва ширк дар рубубият тақсим мегардад.

1 - Ширк дар холиқият; эътиқод ба вуҷуди ду ё чанд холиқи мустақил ба гунае, ки ҳеҷ як аз онон таҳти сайтараи дигаре набошад. Эътиқод ба ду холиқи хайру шар аз намунаҳои он аст, ки бар асоси он Худо танҳо умури некро меофаринад ва холиқи шар ба офариниши мавҷудоти бад ва шарр даст мезанад.[12]

2 - Ширк дар рубубият бар ду навъ аст:

1- Ширк дар рубубияти таквинӣ, эътиқод ба инки Худо ҷаҳонро офарида, аммо тадбир ва идораи онро ба арбоби ҷудогона вогузор кардааст.

2 - Ширк дар рубубияти ташриъӣ, пазириши қавонин ва муқаррароти ғайриилоҳӣ дар зиндагӣ ва лозимулиҷро донистани дастуроти Ӯ.[13]

* Ширк дар ибодат; парастиш, хузуъ ва хушуъ дар муқобили касе ё чизе ғайр аз Худованд.[14]

Албатта ширкро ба назарӣ ва амалӣ низ тақсим кардаанд. Ширкеро, ки марбут ба ҳавзаи эътиқодот аст, монанди ширк дар зот ва сифоти Худо, ширк дар рубубият ва холиқят, ширки назарӣ ва ширк дар ибодатро, ки бештари ҷанбаи амалӣ дорад, ширки амалӣ медонанд.[15]

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Оёти мутааддиде аз Қуръон ба ширк ва наҳй аз он ихтисос дорад. Дар бархе аз оёти Қуръон омада аст, мушрикон барои иддаои ширки худ далел ва бурҳоне надоранд, [ ёддошти 1 ][16] балки ба ҳадсу гумон ва ё ҳавои нафс такя мекунанд.[17] [ ёддошти 2 ]

Бар асоси ояти «إِنَّ اللَّـهَ لَا يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَاءُ» [18] ба ҷуз ширки ба Худо, тамоми гуноҳон қобили бахшиш ҳастанд. Бархе аз муффасирон дар тафсири оят гуфтаанд, ки манзур ин аст, ки ширк бузургтарини гуноҳон назди Худованд аст ва агар он бахшида шавад соири гуноҳон низ бахшида хоҳад шуд.[19] Ва агар мушрике тавба накунад ва бо ҳоли ширк аз дунё биравад, ҳаргиз бахшида намешавад ва муътақиданд тавба аз ин оят истисно шуда ва дар натиҷа агар мушрике тавба кунад, қобили бахшиш хоҳад буд.[20] Дар бархе ривоёт низ шарик қоил шудан барои Худованд аз бузургтарин гуноҳон дониста шудааст. Дар ривояте аз Абдуллоҳ ибн Масъуд аз Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бузургтарин гуноҳ мислу монанд барои Худованд қарор додан, муаррифӣ шудааст.[21]

Имом Алӣ (а) ширкро аз назари Қуръон бар чаҳор қисми забонӣ, амалӣ, ширки зино ва ширки риё дониста аст. Ӯ барои исботи ширки забонӣ ба ояти «لَّقَدْ كَفَرَ الَّذِینَ قَآلُواْ إِنَّ اللَّـهَ هُوَ الْمَسِیحُ ابْنُ مَرْیمَ»; онон ки гуфтанд: Худо, ҳамон Масеҳ ибн Марям аст, қатъан кофир шуданд!».[22] Ва барои исботи ширки амалӣ ба оёти «وَمَا یؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللَّـهِ إِلا وَهُمْ مُشْرِكُونَ» [23]«اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّـهِ؛»  ; онон донишмандон ва роҳибони хешро маъбудҳое дар баробари Худо қарор доданд»[24] ва барои исботи ширки зино ба ояти «وَ شارِكْهُمْ فِی الأَمْوالِ وَالأَوْلادِ؛»; ва дар сарват ва фарзандонашон ширкати ҷӯй!»[25] Ва барои исботи ширки риё ба ояти «فَمَن کانَ یرْجُوا لِقاءَ رَبِّهِ فَلْیعْمَلْ عَمَلاً صالِحاً وَ لایشْرِکْ بِعِبادةِ رَبِّهِ أَحَدا؛»; «Пас ҳар ки ба лиқои Парвардигораш умед дорад, бояд коре шоиста анҷом диҳад, ва ҳеҷ касро дар ибодати Парвардигораш шарик накунад»,[26] истинод кардааст.[27]

Анвоъ

Навиштори аслӣ: Ширки хафий

Ширк аз ҷиҳати пинҳону ошкор будан, ба ду қисми ҷалӣ (ошкор) ва хафий (пинҳон) тақсим мешавад. Ширки ҷалӣ ба маънои анҷоми маносики ибодӣ ва аъмоли хоссе монанди рукуъ, суҷуд ва қурбонӣ барои маъбуде ғайр аз Худованд,[28] ҳамроҳ бо эътиқод ба мақоми худоии он маъбуд мебошад. Ширки хафий ҳаргуна дунёпарастӣ, ҳавопарастӣ, риё ва ғ.-ро дарбар мегирад.[29]

Имом Содиқ (а) дар тафсири ояти 106 сураи Юсуф ибороте ҳамчун агар фулонӣ набуд, ман ҳалок намешудам ва агар фулонӣ набуд ба фалон гирифторӣ дучор мешудамро ширк дар қаламрави ҳукумати Худо донистааст.[30] Пайғамбари Ислом (с) ширкро аз роҳ рафтани мурча бар санги соф дар шаби торик махфитар дониста аст.[31] Аз ширки хафий бештар дар илми ахлоқ баҳс мешавад.

Авомил ва решаҳо

Барои ширк авомил ва заминаҳое баён шудааст:

* Пайравӣ аз шакку тардид: Худованд дар сураи Юнус, хитоб ба мушрикон мефармояд : «Шумо аз он ҷо ки ҳамвора аз гумону пиндор пайравӣ мекунед, гирифтори ширк шудаед!».[32]

* Ҳисгароӣ: решаи маълумоти бархе аз инсонҳо ба хотири унс бо олами табиат, ба маҳсусот хулоса мешавад ва аз маҳдудаи онҳо фаротар намеравад, аз ин рӯ, масоили Худошиносиро дар ҳадди маҳсусот таназзул медиҳад.[33]

* Ҷаҳолат: Қуръон, фарзанди қарор додан барои Худо ва ширкро ношӣ аз ҷаҳлу нодонӣ медонад.[34]

Қуръон, муҳаббати дунё, ҳавопарастӣ, фаромӯшии Худо, ғулув дар бораи шахсиятҳои динӣ, таассуб ва ҳукуматҳои фосидро низ аз авомили гароиш ба ширк зикр кардааст.[35]

Паёмадҳо

Бар асоси оёти Қуръон, ширк паёмадҳоеро ба дунбол дорад, аз ҷумла:

* Маҳрумият аз биҳишт; бар асоси ояти 72 сураи Моида, биҳишт бар мушрик ҳаром шудааст.[36]

* Маҳрумият аз ғуфрони илоҳӣ; бар асоси оёти 48 ва 116 сураи Нисо, мушрик аз мағфирати илоҳӣ маҳрум аст ва ғайр аз ширк дигар гуноҳон қобили афв ҳастанд.[37] [ ёддошти 5 ].[38]

* Дохил шудан ба ҷаҳаннам; бар асоси ояти 72 сураи Моида, ҷойгоҳи мушрик ҷаҳаннам аст.[39]

* Ҳабти аъмол; ширк мӯҷиб мешавад, ки аъмоли неки инсон низ аз байн биравад.[40] [ ёддошти 6 ][41]

Ҳукми фиқҳӣ

Аз назари дини Ислом ширк, ҳаром ва аз гуноҳони кабира ба шумор меояд.[42] Фақеҳон бо истинод ба ояти «إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلاَ يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ»[43] ҳукм ба наҷосати мушрик дода ва гуфтаанд, мушрикон набояд вориди Масҷидулҳаром шаванд.[44]

Шайх Тусӣ дар ан-Ниҳоя, издивоҷи мардони мусулмон бо занони мушрикро ҷоиз надониста, аммо издивоҷи муваққат бо занони яҳудӣ ва масеҳиро ҷоиз донистааст.[45]

Иттиҳоми ваҳобиён ба шиаён

Ваҳобиён эътиқоди мусулмонон ба тавассули ба мурдагон, истиғоса ба пайғамбарон ва авлиёи илоҳӣ, табаррук ҷустан ба қубур ва шафоатхоҳӣ аз онон дар олами барзахро аз масодиқи ширки ибодӣ ё ширки дар ибодат медонанд. Ибни Таймия бар ин бовар аст, ки тавассул ба дуои Пайғамбар (с) ва солеҳон, дар замони ҳаёти онон ширк нест, балки тавассул ба онон пас аз маргашон ширк аст.[46]

Ба бовари Ибни Таймия, ҳар кас канори қабри Пайғамбар ё яке аз афроди солеҳ биравад ва аз онон ҳоҷат бихоҳад, мушрик аст ва лозим аст водор ба тавба шавад ва агар тавба накард, бояд кушта шавад.[47] Абдулазиз Бенбоз, муфтии ваҳобӣ ҳам дар осори худ, дуо ва истиғосаи назди қубур, талаби шифо ва пирӯзӣ бар душманонро аз мазоҳири ширки Акбар дониста аст.[48] Онон ин аъмоли мусулмононро бо аъмоли мушрикони садри Ислом дар парастиши бутҳо муқоиса мекунанд.[49]

Олимони мусулмон дар посух ба онон гуфтаанд: аъмоли мушрикон бо эътиқод ба рубубият ва моликияти бутҳо анҷом мешуд, аммо корҳои мусулмонон дар мавриди авлиёи илоҳӣ бо чунин эътиқодӣ ҳамроҳ нест, балки бино бар қубури авлиёи илоҳӣ ва талаби шафоат аз онон, таъзими шаъоири илоҳӣ ба шумор меояд.[50] Ҳамчунин мусулмононе, ки ин аъмолро анҷом медиҳанд, ҳаргиз қасди парастиши паёмбарон ва авлиёи илоҳиро надоранд ва барои онон, мақоми улуҳият қоил нестанд, балки қасдашон танҳо такрими паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ, ва тақарруб ҷустан ба Худованд аз тариқи онон аст.[51]

Бино бар оёти Қуръони Карим, шафоат дар сурате ширк ва мардуд аст, ки ба сурати мустақил ва бидуни ниёз ба изни Худованд дархост шавад;[52] чароки дар ин сурат ширк дар рубубият ва тадбири илоҳӣ аст.[53] Ҳамчунин олимони мусулмон дар посухи истиноди ваҳобиён ба оёте аз Қуръони Карим, ки дар онҳо шафоат хостан аз бутҳо нафй шуда, ба тафовути асосии шафоат хостан аз паёмбар бо шафоат хостани бутпарастон аз бутҳо ишора карда ва муътақиданд мусулмонон бархилофи бутпарастон, ҳаргиз Пайғамбарро илоҳ, раб ва ё зимомдори ҳастӣ намедонанд.[54]

Ҷусторҳои вобаста

Адабиёт

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405 ш, ҷ.1, с.223 - 227.
  2. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимотил Қуръонил карим, 1360 ш, ҷ.6, с.49.
  3. Сураи Тавба, ояти 5/ сураи Тавба, ояти 2.
  4. Сураи Тавба, оёти 30 - 31.
  5. Сураи Юсуф, ояти 106.
  6. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.571.
  7. Ҳусайнии Шерозӣ, Тақриб-ул-Қуръон ило ал-азҳон, 1424 қ, ҷ.2, с.390.
  8. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимотил Қуръонил карим, 1360ш, ҷ.6, с.50.
  9. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимотил Қуръонил карим, 1360ш, ҷ.6, с.49.
  10. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.578.
  11. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.578.
  12. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.579 - 580.
  13. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.580 - 583.
  14. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.581 - 582.
  15. Руҷуъ кунед ба: Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.581 - 595.
  16. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1374 ш, ҷ.3, с.209 - 210.
  17. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1374 ш, ҷ.3, с.211 – 215/ барои намуна сураи Наҷм, ояти 23у сураи Анбиё, ояти 24.
  18. Сураи Нисо, ояти 48.
  19. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1367 ш, ҷ.1, с.148.
  20. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417 қ, ҷ.1, с.165.
  21. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408 қ, ҷ.14, с.332.
  22. Сураи Моида, ояти 17.
  23. Сураи Юсуф, ояти 106.
  24. Сураи Тавба, ояти 31.
  25. Сураи Исро, ояти 64.
  26. Сураи Каҳф, ояти 110.
  27. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 қ, ҷ.90, с.61 - 62.
  28. Омулӣ, Тафсир-ул-муҳит ал-аъзам, 1422 қ, ҷ.3, с.189 - 190.
  29. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, с.591 - 592.
  30. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 қ, ҷ.5, с.148.
  31. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404 қ, с.487.
  32. Сураи Юнус, ояти 66.
  33. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.644.
  34. Сураи Анъом, ояти 100.
  35. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.635 - 680.
  36. Сураи Моида, ояти 72.
  37. Сураи Нисо, ояти 116.
  38. Сураи Нисо, ояти 48.
  39. Сураи Моида, ояти 72.
  40. Сураи Зумар, ояти 65.
  41. Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.681 - 691.
  42. Сураи Нисо, ояти 48.
  43. Сураи Тавба, ояти 28.
  44. Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариат, 1409 қ, с.206.
  45. Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400 қ, с.457.
  46. Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, 1416 қ, ҷ.1, с.159.
  47. Ибни Таймия, Зиёрат-ул-қубур ва ал-истинҷоду би ал-мақбур, 1412 қ, с.19.
  48. Бенбоз, «Баъз-ул-муморисот аш-ширкия индл қубур».
  49. Қафорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиа, ҷ.1, с.480.
  50. Субҳонӣ, Оини ваҳобият, с.41.
  51. Устодӣ, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, 1385 ш, с.84.
  52. Сураи Тоҳо, ояти 109.
  53. Устодӣ, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, 1385 ш, с.84 - 85.
  54. Субҳонии Табрезӣ, Марзҳои тавҳид ва ширк дар Қуръон, 1380 ш, с.159/ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395 ш, с.600 - 6004.

Сарчашма

  • Омулӣ, Сайидҳайдар, Тафсир-ул-муҳит ал-аъзам ва албаҳрил хисам фи таъвили китобиллоҳил азизил муҳкам, таҳқиқи Муҳсин Мусавии Табризӣ, Қум, муассисаи фарҳангӣ ва нашри нурун ало нур, 1422 қ/1380 ш.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Зиёрат-ул-қубур ва ал-истинҷоду би ал-мақбур, дорус саҳобати литтурос, Танто (Миср), 1412 қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмади бен Абдулҳалим, Маҷмуъат-ул-фатово, таҳқиқи Шайх Абдурраҳмон ибни Қосим, алмадинт аннабавия, маҷмаъулмалик Фаҳд, литтабоъат ал-Мусҳаф-уш-шариф, 1416 қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1404 қ/ 1363 ш.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Қум, адабулҳавза, 1405 ш.
  • Устодӣ, Ризо, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, Теҳрон, машъар, 1385 ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тавҳид дар Қуръон, Қум, маркази нашри исро, 1395 ш.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайидмуҳаммад, Тақриб-ул-Қуръон ило ал-азҳон, Бейрут, дори олълум, 1424қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳояту фи муҷаррад ал-фиқҳ ва ал-фатово, Бейрут, дорулкитобил арабӣ, 1400 қ.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Марзҳои тавҳид ва ширк дар Қуръон, тарҷума: Маҳдии Азизон, Теҳрон, машъар, 1380 ш.
  • Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсирил Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417 қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъати фи шарҳи таҳририл васила - аннаҷосот ва аҳкомуҳо, Қум, 1409 қ.
  • Қафорӣ, Носир ибни Абдуллоҳ, Усулу мазҳаб-иш-шиатил имомият ал-исно ашарияти арз ва нақд.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, таҳқиқ: Сайидтабиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, дорулкитоб, 1367 ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, дору эҳёит туросул арабӣ, 1403 қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус салом, 1408 қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимотил Қуръонил карим, Теҳрон, бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360 ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Қум, матбуотии ҳадаф, 1374 ш.