Jump to content

Ояти Содиқин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти содиқин)
Ояти Содиқин
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Содиқин
Воқеъ дар сураиТавба
Шумораи оят119
Ҷузъ11
Дар бораиДалели имомат, Аҳли Байт


Ояти Содиқин (форсӣ: آيه صادقين) ояти 119 сураи Тавба аст, ки ба муъминон амр мекунад, то бо содиқон бошанд ва аз онҳо пайравӣ кунанд. Муфассирони мусалмон дар бораи маъно ва хусусиятҳои «содиқин» тафсирҳои гуногун пешниҳод кардаанд ва ба оятҳои дигари Қуръон истинод намудаанд. Масалан, Шайх Тӯсӣ бо истинод ба ояти 23 сураи Аҳзоб, «содиқин»-ро касоне медонад, ки ба аҳди худ бо Худо содиқона амал кардаанд.

Ривоятҳое дар манобеи ҳадисии шиа ва аҳли суннат оварда шудаанд, ки бар асоси онҳо Алӣ ибни Абитолиб танҳо, ё бо ёронаш, ё бо аҳли байташ ва ё Паёмбар Муҳаммад (с) бо аҳли байташ, ҳамчун мисдоқи «содиқин» зикр шудаанд. Ривоятҳои зиёде низ «содиқин»-ро Аҳли Байт тафсир кардаанд.

Аллома Ҳиллӣ ин оятро аз далелҳои имомати Имом Алӣ дониста, мисдоқи оятро танҳо маъсумон медонад. Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, маънои оят ин аст, ки бо Муҳаммад ва Аҳли Байти ӯ бошед. Фахри Розӣ низ оятро далели исмати «содиқин» медонад, аммо мисдоқи онҳоро «ҳамаи уммат» мешуморад.

Матн ва тарҷумаи ояти Содиқин


Маънӣ ва мисдоқи содиқин

Калимаи «содиқин» шакли ҷамъи «содиқ» аст.[1] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, «содиқ» касест, ки эътиқодаш бо воқеият мувофиқ аст ё зоҳир ва ботинаш бо ҳам мувофиқ ва ҳамоҳанганд.[2] Замахшарӣ аз муфассирони аҳли суннат низ бар он аст, ки «содиқин» касонеанд, ки дар дини Худо, аз лиҳози эътиқод ва гуфтору рафтор, ростгӯ ва содиқанд.[3]

Бо вуҷуди ин, муфассирони мусалмон дар бораи мисдоқ ва хусусиятҳои «содиқин» ихтилофи назар доранд. Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён гуфтааст, ки мурод аз «содиқин» касонеанд, ки сифатҳои зикршударо дар ояти 177 сураи Бақара[Ёддошт 1] доро мебошанд.[4]

Шайх Тӯсӣ мисдоқи «содиқин»-ро касоне медонад, ки дар ояти 23 сураи Аҳзоб[Ёддошт 2] чунин тавсиф шудаанд; яъне онҳое ки ба аҳди худ бо Худо содиқона амал кардаанд.[5]

Аз миёни муфассирони аҳли суннат, Қуртубӣ бар он аст, ки «содиқин» муҳоҷиронанд, ҳамонҳое ки дар ояти 8 сураи Ҳашр чунин тавсиф шудаанд.[6][Ёддошт 3]

Ривоят аз Бурайд ибни Муовия

Бурайд мегӯяд: Аз Имом Боқир (а) дар бораи каломи Худованд, ки мефармояд: «اتَّقُوا اللَّهَ وَکُونُوا مَعَ الصَّادِقِینَ», пурсидам. Ҳазрат фармуданд: Мақсуд мо ҳастем.

Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.208


Дар миёни ҳадисҳои овардашуда дар китобҳои шиа ва суннӣ, ривоятҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо Алӣ (а), ё Алӣ бо ёронаш, ё Алӣ бо аҳли байташ,[7] ё Муҳаммад (с) бо Аҳли Байташ, мисдоқи «содиқин» дар ин оят дониста шудаанд.[8]

Ҳамзамон, ривоятҳои зиёде аз шиа «содиқин»-ро ба Аҳли Байт тафсир кардаанд.[9]

Далолат бар исмат ва имомати «содиқин»

Ба гуфтаи чанд тан аз уламои шиа, ояти «содиқин» бар имомат ва исмати Имоми Алӣ (а) далолат дорад. Аллома Ҳиллӣ дар шарҳи каломи Муҳаққиқи Тӯсӣ, ки ояти «وَکُونُوا مَعَ الصَّادِقِینَ» (бо содиқон бошед) аз далелҳои имомати Алӣ (а) дониста шудааст, мегӯяд: Мақсуд аз «содиқин» касонеанд, ки содиқ буданашон маълум аст ва ин танҳо дар мавриди маъсумон имконпазир аст. Зеро содиқ будани ғайри маъсумро наметавон бо яқин донист. Бино бар иҷмоъи мусалмонон, дар миёни асҳоби Паёмбар (с) ғайр аз Алӣ (а) касе маъсум набудааст.[10]

Ҳамчунин Носир Макорими Шерозӣ, марҷаъи тақлид ва муфассири шиа, гуфтааст: Маънои оят ин аст, ки «Бо Муҳаммад ва Аҳли Байти ӯ бошед»; зеро агар касе маъсум набошад, чӣ гуна мумкин аст амри пайравӣ ва ҳамроҳӣ бо ӯ, бе қайду шарт, содир шавад?![11]

Аз миёни уламои аҳли суннат низ, Фахри Розӣ оятро далели исмати «содиқин» донистааст. Ӯ мегӯяд: Аз ин ибора маълум мешавад, ки муъминон худ маъсум нестанд ва барои дар амон будан аз хато бояд аз касоне пайравӣ кунанд, ки аз хато дур ҳастанд — ва онҳо «содиқин» мебошанд.[12] Албатта, ӯ мисдоқи «содиқин»-ро «маҷмуи уммат» донистааст.[13]

Такнигорӣ

  • "Лаакуну маа-с-содиқин", навиштаи Муҳаммад ат-Тийҷонӣ ас-Самовӣ, нашри аввал, 1374ҳ.ш., Муассисаи Ансорӣён.
  • "Куну маа-с-содиқин", навиштаи Сайид Муртазо Ҳусайнии Шерозӣ.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷурҷонӣ, ат-Таърифот, 1419ҳ.қ., саҳ.95
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.402
  3. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.220
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.81
  5. Тӯсӣ, ат-Тибён, 1401ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.318
  6. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.288
  7. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.287; Омидӣ, Ғоят-ул-маром, 1391ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50–51; Аминӣ, ал-Ғадир, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.306
  8. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.262
  9. Кулайнӣ, Усули Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.208; Омидӣ, Ғоят-ул-маром, 1391ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52
  10. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1419ҳ.қ., саҳ.503
  11. «دلالت آیه (کونوا مع الصادقین) بر وجود معصوم، در هر عصری», сомонаи Оини раҳмат
  12. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.166
  13. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.166

Ёддошт

  1. Некӣ он нест, ки рӯи худро ба сӯи Машриқ ё Мағриб гардонед; балки некӣ он аст, ки касе ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоб ва паёмбарон имон оварад ва молашро, бо вуҷуди дӯст доштанаш, ба хешовандон, ятимон, ниёзмандон, мусофирон, гадоён ва барои озод кардани бандагон бидиҳад, ва намозро барпо дорад, ва закотро бидиҳад, ва онҳое ки чун аҳд мебанданд, ба аҳди худ вафо мекунанд ва дар сахтӣ, зарар ва дар вақти ҷанг сабр мекунанд; онҳо ҳастанд, ки рост гуфтаанд, ва онҳо ҳамон парҳезгоронанд.
  2. Баъзе аз муъминон мардонеанд, ки ба аҳди худ бо Худо содиқона амал карданд: бархе аз онҳо ба шаҳодат расиданд ва бархеи дигар мунтазири шаҳодатанд ва ҳаргиз аҳди худро тағйир надоданд.
  3. Ин молҳо (ғаниматҳо) барои муҳоҷирони фақир аст, ҳамонҳое ки аз хона ва дороии худ ронда шуданд, дар ҳоле ки фазли Худо ва ризоияти Ӯро меҷӯянд ва Худо ва Расулашро ёрӣ мекунанд; онҳо ҳастанд, ки ростгӯянд.

Сарчашма

  • «دلالت آیه کونوا مع الصادقین بر وجود معصوم، در هر عصری», сомонаи Оини раҳмат, санаи боздид: 22 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, таҳқиқ: Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усул ал-Кофӣ, Бейрут, Дор-ут-таъоруф, 1401ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолуддин, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1379ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Бейрут, Муассиса-ул-аъламӣ, 1393ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1401ҳ.қ.
  • Фахр Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб (ат-Тафсир-ул-кабир), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, таҳқиқ: Абдурраззоқ ал-Маҳдӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Ҳоким Ҳасконӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил, Теҳрон, Муассисаи нашр, 1411ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Сайид Шариф Алӣ ибни Муҳаммад, ат-Таърифот, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1419ҳ.қ.

Пайванд ба берун