Ояти Мубоҳала

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи ояти Мубоҳала аст. Барои маълумот дар бораи достони Мубоҳала ба мадхали Мубоҳалаи Пайғамбар (с) бо насрониҳои Наҷрон нигаред.

Ояти Мубоҳала
Маълумот дар бораи оят
Номи оятМубоҳала
Воқеъ дар сураиОли Имрон
Шумораи оят61
Ҷузъ3
Шаъни нузулМунозираи Паёмбари Ислом (с) бо масеҳиёни Наҷрон
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиМубоҳалаи Паёмбар бо масеҳиёни Наҷрон
ДигарФазилатҳои Асҳоби Кисо


Ояти Мубоҳала, (арабӣ: آية المباهلة) (сураи Оли Имрон: 61) ба мубоҳалаи Пайғамбар (с) бо насрониёни Наҷрон ишора мекунад, ки баъд аз ихтилофи онҳо дар бораи мақоми Ҳазрати Исо (а) ба вуҷуд омада буд. Муфассирони шиа ва бештари муфассирони аҳли суннат ин оятро нишонаи ҳаққонияти Пайғамбари Ислом (с) ва фазилати Аҳли Байт (а) медонанд ва мегӯянд, ки манзур аз "абноано/اَبْناءَنا" (фарзандони мо) дар ин оят Ҳасан ва Ҳусайн (а) аст ва манзур аз «нисоано/نِساءَنا» (занони мо) Фотима (а) ва манзур аз «анфусано/اَنْفُسَنا» (худамон) ҳазрати Алӣ (а) аст.

Имомони шиа ва баъзе аз саҳобагон барои исботи фазилати ҳазрати Алӣ (а) аз ояти Мубоҳала истифода кардаанд. Ҳамчунин аз он барои исботи машруияти асли мубоҳала, иштироки занон дар фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ғ. истифода шудааст.

Матн ва тарҷума

Ҷойгоҳ

Ояти Мубоҳала аз оятҳоест, ки барои фазилати Асҳоби Кисо (Пайғамбар (с), Алӣ (а), Фотима (с), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а)) ба он истинод шудааст.[1] Абдуллоҳ ибни Байзовӣ аз муфассирони аҳли суннат, онро далеле бар ҳаққонияти Пайғамбар дар иддаои набувват ва фазилати ҳамроҳони ӯ зикр кардааст.[2] Ҳамчунин Ҷоруллоҳи Замахшарӣ (ваф. 538ҳ.қ.) - муфассири аҳли суннат, низ ин оятро қавитарин далел бар фазилати Асҳоби Кисо донистааст.[3] Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф. 469ҳ.қ.) - муфассири шиа, низ гуфтааст, ки ин оят бартарии ҳазрати Фотима бар ҳамаи занонро мерасонад.[4]

Шаъни нузул

Мақолаи аслӣ: Мубоҳалаи Пайғамбар (с) бо масеҳиёни Наҷрон

Ояти Мубоҳала дар посух ба масеҳиёни Наҷрон нозил шуд.[5] Гурӯҳе аз насрониёни Наҷрон барои гуфтугӯ бо Пайғамбари Ислом (с) дар бораи иддаои рисолаташ ба Мадина омаданд. Пайғамбар, пас аз муаррифии хеш, ҳазрати Исо (а)-ро бандае аз бандагони Худо муаррифӣ кард. Онҳо таваллуд шудани Исо (а) бидуни падарро далел бар улуҳияти ӯ донистанд.[6] Масеҳиёни Наҷрон бар эътиқоди хеш исрор доштанд, Пайғамбар (с) ононро ба мубоҳала даъват намуд ва онҳо қабул карданд. Пайғамбар (с) рӯзи мавъуд ҳамроҳи Алӣ, Фотима ва Ҳасанайн барои мубоҳала ҳозир шуд, вале масеҳиён, чун ҷиддияти Пайғамбар (с) ва ҳамроҳонашро диданд, ба тавсияи бузургашон аз мубоҳала даст кашиданд. Онон бо Пайғамбар (с) сулҳ карданд ва аз ӯ хостанд, бо пардохти ҷизя бар дини худ боқӣ бимонанд. Пайғамбар низ қабул кард.[7]

Тафсир

Ба гуфтаи Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ - мутакаллими шиа, муфассирон муттафиқулқавл ҳастанд, ки иборати «абноано» (фарзандонамон) дар ояти Мубоҳала ба Ҳасан ва Ҳусайн, «нисоано» (занонамон) ба Фотима (с) ва «анфусано» (худамон) ба Имом Алӣ (а) ишора дорад.[8] Аллома Маҷлисӣ ҳадисҳоеро, ки далолат доранд бар ин ки ояти Мубоҳала дар шаъни Оли Або нозил шудааст, мутавотир донистааст.[9] Дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ (таълифи 1014ҳ.қ.), ҳудуди шаст манбаъ аз аҳли суннат зикр шудааст, ки тасреҳ кардаанд, ояти Мубоҳала дар бораи ин касон нозил шудааст;[10] аз ҷумла, ал-Кашшоф асари Замахшарӣ,[11] ат-Тафсир-ул-кабир асари Фахри Розӣ,[12] ва Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил асари Абдуллоҳ ибни Умари Байзовӣ.[13]

Муфассирони шиа дар бораи ин ки «абноано», «нисоано» ва «анфусано» бо ҷамъ зикр шудааст, дар ҳоле ки масодиқи мазкур ё муфрад ҳастанд ё мусанно, гуфтаанд:

  • Шаъни нузули оят, қарина бар дурустии ин тафсир аст; зеро ба иттифоқи муфассирон, Расули Худо (с) ба ҷуз Алӣ ва Фотима ва Ҳасанайн (а), касеро барои мубоҳала ҳамроҳи худ набурд.[14]
  • Дар қарордод, гоҳе калимаҳо ба шакли ҷамъ зикр мешавад, то бар ҳамаи намунаҳо татбиқ кунад, вале дар марҳалаи иҷро, мумкин аст мисдоқ фақат як кас бошад, ва ин инҳисор дар мисдоқ, бо куллӣ будани масъала зиддият надорад. Масалан дар қарордод менависанд, ки масъули иҷрои қарордод, имзокунандагони он ва фарзандони онҳо ҳастанд, дар ҳоле ки мумкин аст яке аз тарафайн танҳо як ё ду фарзанд дошта бошад.[15]
  • Дар Қуръон мавориди дигаре аз итлоқи шакли ҷамъ бар мисдоқи воҳид вуҷуд дорад, монанди ояти Зиҳор.[16] Ояти Зиҳор бо лафзи ҷамъ «الَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنكُم مِّن نِّسَائِهِم» нозил шудааст, дар ҳоле ки шаъни нузули он дар бораи як нафар аст.[17]

Эҳтиҷоҷҳои таърихӣ

Бинобар ривоёт, имомони шиа ва бархе аз саҳоба барои исботи фазилати Имом Алӣ (а) ба ояти Мубоҳала истинод кардаанд:

Эҳтиҷоҷи Саъд ибни Абивақос

Омир ибни Саъд ибни Абиваққос аз падараш Саъд ибни Абиваққос нақл мекунад, ки Муовия ба Саъд гуфт: чаро Алиро сабб намекунӣ? Саъд гуфт:

То замоне, ки се матлабро ба хотир дорам, ҳаргиз ӯро сабб нахоҳам намуд, ки агар яке аз он се матлаб марбут ба ман буд, онро беш аз ин ки шутурони сурхмӯ дошта бошам, дӯст медоштам, аз ҷумла: вақте ояти Мубоҳала нозил шуд, Расули Худо (с) Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн (а)-ро фарёд карду гуфт: «اَللهُمَّ هؤلاءِ اَهلُ بَیتی»; яъне Худоё, инҳо аҳли байти ман ҳастанд![18]

Эҳтиҷоҷи Имом Козим (а)

Ҳоруни Аббосӣ ба Имом Козим (а) гуфт: шумо чӣ гуна мегӯед, мо насли пайғамбарем, дар ҳоле ки Пайғамбар (с) насле надорад; зеро насл сирфан аз тариқи фарзанди писар аст, на духтар, ва шумо фарзандони духтари Пайғамбаред? Имом Козим дар бахше аз посух, ояти Мубоҳаларо хонду сипас гуфт:

Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки Пайғамбар (с) ҳангоми мубоҳала бо насоро, ба ҷуз Алӣ ибни Абитолиб ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн, шахси дигареро ба ҳамроҳ овардааст. Пас мурод аз иборати «фарзандонамон» дар ояти мазкур Ҳасан ва Ҳусайн, ва мурод аз «занонамон» Фотима, ва мурод аз «худамон» Алӣ ибни Абитолиб аст.[19]

Эҳтиҷоҷи Имом Ризо (а)

Бар асоси гузорише, ки Шайхи Муфид нақл кардааст, Маъмуни Аббосӣ аз Имом Ризо (а) дархост кард, бузургтарин фазилати Имом Алӣ (а)-ро, ки Қуръон бар он далолат дорад зикр кунад. Имом Ризо (а) дар посухи ӯ ояти Мубоҳаларо қироат кард.[20] Маъмун гуфт: Худованд дар ин оят фарзандон ва занонро ба лафзи ҷамъ овардааст, дар ҳоле ки Пайғамбар (с) фақат ду писару танҳо духтарашро ҳамроҳи худ оварда буд. Пас даъват аз нафс (худ) низ дар ҳақиқат, худи Пайғамбар (с) аст. Ва дар ин сурат, фазилате барои Имом Алӣ (а) нахоҳад буд. Имом Ризо (а) дар посух гуфт:

Он чи гуфтӣ дуруст нест; зеро даъваткунанда, касе ғайр аз худашро даъват мекунад; чунонки амркунанда, ба ғайрихудаш дастур медиҳад; ва дуруст нест, ки касе худашро ҳақиқатан даъват кунад; чунонки касе ҳақиқатан наметавонад ба худаш дастур диҳад. Расули Худо (с) дар мубоҳала, марде ғайр аз Имом Алӣ (а)-ро даъват накард. Пас собит мешавад, ки вай нафсе аст, ки мақсуди Худованд дар китобаш аст ва ҳукми онро дар Қуръон қарор додааст.[21]
Хаттотии Ояти Мубоҳала (Оли Имрон 61)

Бардоштҳои фиқҳӣ

Бархе аз пажӯҳишгарон ва муфассирони муосир аз ояти Мубоҳала бардоштҳои фиқҳӣ кардаанд; аз ҷумла:

  • Машруияти мушорикати занон дар умури сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа: ин матлаб аз калимаи «нисоано» ва ҳузури ҳазрати Фотима (с) дар моҷарои мубоҳала бардошт шудааст.[22] Ба гуфтаи Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ - муфассири шиа (ваф. 1414ҳ.қ.), бо ин ки бинои Қуръон бар киноя ва ҳифзи ҳурмати занон аст, истифода аз вожаи «нисо» дар ояти Мубоҳала далоиле дорад, ки яке аз онҳо ишора ба иштироки занон дар умури марбут ба дин аст.[23] Ба гуфтаи Рашид Ризо, дар ояти Мубоҳала ба мушорикати занон бо мардон дар муборизаҳои қавмӣ ва динӣ ҳукм шудааст ва ин ҳукм мабнӣ аст бар баробарии занону мардон дар корҳои умумӣ ва оддӣ, магар дар умуре монанди ҷанг, ки истисно шудааст.[24]

Дар Тафсири Намуна (таълифи қарни 14ҳ.ш.) омадааст, ки ҳарчанд хитоби даъват ба мубоҳала дар ояти Мубоҳала, мухтасси Пайғамбар (с) аст, аммо даъват ба мубоҳала, амре машруъ ва ҳукме умумӣ аст.[28]

  • Машруъияти дифоъ аз Ислом бо фидо кардани ҷону дороӣ:[29] ба гуфтаи Абдулаъло Сабзаворӣ дар тафсири Мавоҳиб-ур-Раҳмон яке аз нукоте, ки аз ояти Мубоҳала истифода мешавад ин аст, ки ҳадафи ҳар инсоне бояд эҳқоқи ҳақ ва ҳимоят аз он бошад ва ин омодагиро дошта бошад, ки дар ин роҳ ҷон, мол ва хонаводаашро фидо кунад.[30]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.764; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.403 - 404.
  2. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.21.
  3. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.370.
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.746.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.762.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.575.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.762.
  8. Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.46.
  9. Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия, ҷ.1, саҳ.67.
  10. Нигоҳ кунед: Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.46 - 72.
  11. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.370.
  12. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.247.
  13. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.21.
  14. Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.763; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1351 - 1352, ҷ.3, саҳ.223; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.586.
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.586 - 587.
  16. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1351 - 1352, ҷ.3, саҳ.223.
  17. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1351 - 1352, ҷ.3, саҳ.223 - 224.
  18. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1 351/1 352, ҷ.3, саҳ.232.
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1351 /1352, ҷ.3, саҳ.230 - 229.
  20. Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1414ҳ.қ., саҳ.38.
  21. Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1414ҳ.қ., саҳ.38.
  22. Ал-Ғафурӣ, «Хониши фиқҳии ҷадид аз ояти Мубоҳала (2)», саҳ.48 - 49.
  23. Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409 - 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.18 - 19.
  24. Рашид Ризо, Тафсир ал-Минор, 1990м., ҷ.3, саҳ.266.
  25. Ал-Ғафурӣ, «Хониши фиқҳии ҷадид аз ояти Мубоҳала (1)», саҳ.73.
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.432.
  27. Ал-Ғафурӣ, «Хониши фиқҳии ҷадид аз ояти Мубоҳала (1) », саҳ.76 - 79.
  28. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.589.
  29. Ал-Ғафурӣ, «Хониши фиқҳии ҷадид аз ояти Мубоҳала (2)», саҳ.52.
  30. Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409 - 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.8.

Сарчашма

  • Ал-Ғафурӣ, Холид, «Хониши фиқҳии ҷадид аз ояти Мубоҳала (1) », тарҷумаи Маҳмудризо Таваккулии Муҳаммадӣ, Кавсари маориф, №21, баҳори 1391ҳ.ш.
  • Ал-Ғафурӣ, Холид, «Хониши фиқҳии ҷадид аз ояти Мубоҳала (2)», тарҷумаи Маҳмудризо Таваккулии Муҳаммадӣ, Кавсари маориф, №22, тобистони 1391ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил (тафсир ал-Байзовӣ), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ./1998м.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Қум, нашри ал-Балоға, 1415ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Муҳаммад Рашид ибни Алиризо, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим (Тафсири ал-Минор), ал-Ҳайъат-ул-мисрият-ул-оммати л-ил-китоб, 1990м.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи Аҳли-л-Байт (а), 1409 - 1410ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Дор-ут-турос, Бейрут, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1351-1352.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нурулло, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.