Ояти Қибла
Ояти Қибла ба ояти 144-и сураи Бақара гуфта мешавад, ки ба мусулмонон фармон медиҳад, қиблаашонро аз Масҷидул-Ақсо ба Масҷидул-ҳаром иваз кунанд.
Баъд аз ҳиҷрати мусулмонон ба Мадина, яҳудиёни ин шаҳр аз рӯй овардани мусалмонон ба Масҷидул-Ақсо дар нияти намозро далели дуруст набудани дини Ислом унвон мекарданд. Ин матлаб сабаб шуд Пайғамбар (с) орзӯ кунад, ки Каъба, қибла мусулмонон бошад.
Баъзе муфассирон оятҳои 142 то 144-и Бақараро оятҳои тағйири қибла донистаанд ва бархеи дигар ояти 150-и сураи Бақараро.
Муфассирон бар ин назаранд, ки нозил шудани ояти Қибла байни ҳафт то нуздаҳ моҳ баъд аз ҳиҷрат ба Мадина будааст.
Макони нозил шудани ояти Қибла, тибқи нақлҳои гуногуни таърихӣ, яке аз ин се макон аст: Масҷиди қиблатайн, масҷиди қабилаи «Банӣ Солим ибни Авф» ва Масҷидун-Набӣ.
Матн ва тарҷумаи оят
قَدْ نَرَى تَقَلُّبَ وَجْهِكَ فِي السَّمَاءِ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبْلَةً تَرْضَاهَا فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ وَإِنَّ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ
Нигаристанатро ба атроф осмон мебинем. Туро ба сӯи қиблае ки меписандӣ мегардонем. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо ки бошед ба он тараф рӯй оваред. Аҳли китоб медонанд, ки ин дигаргунӣ ба ҳақ ва аз ҷониби Парвардигори онон будааст. Ва Худо аз ончӣ мекунед ғофил нест.
Ин оят, ки ҳукми тағйири қибларо дар худ дорад, ба ояти Қибла машҳур аст.[1] Бархе муфассирон аз ояти 150-и сураи Бақара низ ба унвони ояти Қибла ёд кардаанд.[2] Ҳамчунин Тантовӣ - муфассири аҳли суннат, оятҳои 142 то 144-и Бақараро оятҳои тағири қибла донистааст.[3]
Шаъни нузул
Мақолаи аслӣ: Тағйири қибла
Бино бар нақли Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ - муфассири аҳли суннат, яҳудиёни Мадина намоз хондани Пайғамбар ба ҷиҳати Масҷидул-ақсоро бар ӯ айб гирифта мегуфтанд: Муҳаммад (с) бо дини мо мухолиф аст, аммо ба сӯи қиблаи мо намоз мехонад! Ба ҳамин хотир Пайғамбар (с) мехост, ки қиблаи мусалмонон мустақил шавад ва ба сӯи Каъба намоз хонад;[4] ба ин далел Пайғамбар (с) ба осмон нигоҳ мекард ва мунтазири фармони Худо барои тағйири қибла буд, ки ин оят нозил шуда фармони иваз кардани қибла аз Масҷидул-Ақсо ба Каъбаро баён кард.[5]
Замон ва макони нузул
Муфассирон замони нузули ин оятро байни ҳафт[6] то нӯздаҳ[7] моҳ баъд аз ҳиҷрат баён кардаанд. Таботабоӣ дар ал-Мизон бо тавваҷуҳ ба таърихи тағйири қибла, ки дар моҳи раҷаби соли дувуми ҳиҷрат будааст, саҳеҳтарин замонро 17 моҳ баъд аз ҳиҷрат медонад.[8] Макорими Шерозӣ дар Тафсири Намуна, тағйири қибларо дар ҳини намози пешин донистааст, ба гунае ки мардон ва занон ҷои худро бо якдигар иваз карданд.[9]
Макони нузул ва ҷорӣ шудани ҳукми тағйири қибла, тибқи нақлҳои гуногуни таърихӣ яке аз ин се макон аст:
- Масҷиди маҳаллаи Банӣ Салама[10] дар шимоли ғарбии Мадина[11] ки ба Масҷидул-қиблатайн машҳур аст.[12]
- Масҷиди қабилаи «Банӣ Солим ибни Авф» ки Пайғамбар (с) нахустин намози ҷумъаро дар он хонд.[13]
- Масҷидун-Набӣ.[14]
Носих будани оят
Ба навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён, бархе иддао кардаанд, ки ояти Қибла, ояти 115-и сураи Бақараро ки мегӯяд: «فَأَيْنَما تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّه» (ба ҳар сӯй рӯй оваред, Худо онҷо аст) насх кардааст, аммо худи ӯ ин дидгоҳро қабул накарда гуфтааст, тибқи ривоёт, ояти 115-и сураи Бақара, дар хусуси хондани намозҳои мустаҳаб дар сафар аст.[15]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.329.
- ↑ Тантовӣ, Тафсир-ул-васит, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.333.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.491.
- ↑ Муъминӣ, “Ояти қибла”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат.
- ↑ Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.268.
- ↑ Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269.
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.63; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Дорул-кутубил-исломия, саҳ.71.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.420 - 421.
Сарчашма
- Ибни Сайидуннос, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Уюн-ул-асар, ба таҳқиқи Иброҳим Муҳаммад, Бейрут, Дорул-қалам, 1414ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Муниъ, ат-Табақот-ул-кубро, ба кӯшиши Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1418ҳ.қ.
- Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, ба кӯшиши ал-Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Муъминӣ, Алиакбар, “Ояти қибла”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, таърихи дарҷ: 16 фарвардини 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 25 мурдоди 1402ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, ба кӯшиши Сидқӣ Ҷамил, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, тафсири ал-Мизон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Тантовӣ, Сайидмуҳаммад, ат-Тафсир-ул-васит, Қоҳира, Дорул-маъориф, 1412ҳ.қ.