Ояти Ғайбат

Аз wikishia
Ояи 12-и сураи Ҳуҷурот

Ояти Ғайбат (сураи Ҳуҷурот, ояти 12) ҳаром будани ғайбат ва сабаби онро баён мекунад.

Дар ин оят, ғайбат кардан ба хӯрдани гӯшти бародари мурда монанд шудааст ва ҳамон гуна, ки инсон аз хӯрдани гӯшти бародари мурдаи худ нафрат дорад, бояд аз ғайбат низ нафрат дошта бошад.

Ин оят, дар бораи ду нафар аз саҳобаи Пайғамбар (с) нозил шуд, ки дар бораи Салмони Форсӣ ва Усома ибни Зайд ғайбат карда буданд.

Таъбир ба «бародар» дар оят, ба хотири он аст, ки тибқи ояти Ухувват, муъминон бародари якдигар хитоб шудаанд.

Аз дидгоҳи бархе фақеҳон, бар асоси иборати «لَحْمَ أَخِیهِ مَیْتاً», танҳо ғайбати мусулмонон ҳаром аст ва ғайбати кофир ва ҳатто фосиқ, ҷоиз дониста шудааст; дар муқобил, иддае аз фақеҳон бо такя бар умумияти манъи ғайбат дар ин оят, ғайбати ғайри муъминонро низ ҳаром донистаанд.

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, тибқи ояти зикршуда, гумони бад бархоста аз таҷассус, таҷассус сабаби фош кардани айбҳои пинҳонӣ ва огоҳ шудан аз айбҳо сабаби ғайбат мешавад; ба ҳамин далел дар Ислом аз ин се кор манъ шудааст.

Матн ва тарҷума

Ояти дувоздаҳуми сураи Ҳуҷуротро ояти Ғайбат номидаанд:[1]

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرً‌ا مِّنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ ۖ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا ۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَیْتًا فَكَرِ‌هْتُمُوهُ ۚ وَاتَّقُوا اللَّـهَ ۚ إِنَّ اللَّـهَ تَوَّابٌ رَّ‌حِيمٌ

Эй касоне ки имон овардаед! Аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед, ки порае аз гумонҳо гуноҳ аст, ва ҷосусӣ макунед, ва баъзе аз шумо баъзеи дигарро ғайбат накунад! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? Аз он кароҳат доред. [Пас] аз Худо битарсед, ки Худо тавбапазири меҳрубон аст! (сураи Ҳуҷурот, ояти 12).

Шаъни нузул

Дар бораи ояти Ғайбат, ки дар Мадина нозил шудааст,[2] ду шаъни нузул нақл шудааст:

  • Ба гуфтаи Табарсӣ (ваф.548ҳ.қ.) дар Маҷмаъ-ул-баён, ин оят дар бораи ду нафар аз саҳобаи Пайғамбар (с) ки Салмони Форсиро ғайбат карда буданд, нозил шудааст. Он ду нафар, Салмонро ба назди Пайғамбар (с) фиристода буданд то барои онон хӯрок биоварад. Пайғамбар (с), Салмонро назди Усома ибни Зайд, ки анбордор буд, фиристод. Усома ба Салмон мегӯяд, хӯрок тамом шудааст ва Салмон дасти холӣ бармегардад. Он ду нафар, Усомаро бахил хонда ва дар бораи Салмон гуфтанд, агар ӯро сари чоҳи Самиҳа (номи чоҳи пуроб) бифиристем, хушк хоҳад шуд. Сипас худашон ба роҳ афтоданд, то назди Усома биёянд ва дар бораи мавзӯъ, таҷассус кунанд. Пайғамбар (с) ба онон фармуд: чӣ шудааст, ки дар даҳонатон гӯш мебаинам. Он ду гуфтанд: эй Пайғамбари Худо (с) мо имрӯз гӯшт нахурдем. Пайғамбар фармуд: шумо дар ҳоли хӯрдани гӯшти Салмон ва Усома ҳастед! Баъд аз он, ояти Ғайбат нозил шуд.[3]
  • Нақл шудааст «وَلایَغْتَبْ بَعْضُکُمْ بَعْضاً» дар бораи яке аз хидматгузорони Пайғамбар (с) нозил шуд, ки ҳангоме, ки саҳоба ба дидори Пайғамбар (с) меомаданд, аз онҳо дархости хӯрок мекарду сипас монеъи дидори онҳо мешуд. Ба ҳамин ҷиҳат ба ӯ бахили нармзабон гуфтанд ва оят дар бораи ӯ нозил шуд.[4]

Нуктаҳои тафсирӣ

Ибни Аббос дар тафсири оят гуфтааст, ҳамонтавр ки Худованд гӯшти мурдорро ҳаром кард, ғайбатро низ ҳаром намуд.[5] Тибқи ин оят, чунонки инсон аз хӯрдани гӯшти мурдор кароҳат дорад, аз ғайбати шахси зинда низ бояд нафрат дошта бошад.[6] Аввалӣ мухолифи табъи инсон ва дувумӣ мухолифи ақл ва шаръ аст.[7] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, «فَكَرِ‌هْتُمُوه» ишора дорад ба инки нафрат аз хӯрдани гӯшти бародаре ки мурда аст, як амри мусалламу собит аст ва бидуни шак касе чунин коре намекунад. Пас, ғайбат кардан аз бародари муъмин низ бояд мавриди нафрат бошад; зеро он ҳам монанди хӯрдани гӯшти бародари мурда аст.[8] Имом Хумайнӣ дар китоби Шарҳи чиҳил ҳадис гуфтааст: хӯрдани гӯшти бародари мурда, чеҳраи ботинии ғайбат аст ва дар охират, ғайбат бо ин чеҳра зоҳир мешавад.[9]

Дар бораи ваҷҳи ташбиҳи ғайбат ба хӯрдани гӯшти мурдор гуфта шудааст, ҳамонтавр, ки агар касе аз гӯшти мурдор бихӯрад, мурдор чизе ҳис намекунад, дар ғайбат низ, агар аз қафои ягон кас, бадиаш гуфта шавад, ғайбатшаванда онро эҳсос намекунад.[10] Аз назари Аллома Таботабоӣ, таъбир ба бародар дар оят, ба ин ҷиҳат аст, ки дар ду оят қаблтар (ояти 10-и сураи Ҳуҷурот), муъминон бародари якдигар хонда шудаанд. Таъбир ба мурда ва мурдор низ ба ин ҷиҳат аст, ки ғайбатшаванда бехабар аз ин аст, ки аз қафояш ғайбат мекунанд.[11]

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар Тафсири Намуна, бар асоси ин оят, гумони бадро маншаи таҷассус, таҷассусро сабаби ифшои айбҳои пинҳонӣ ва огоҳӣ бар айбҳоро сабаби ғайбат кардан шуморидааст, ки Ислом аз ҳар сеи ин кор наҳй кардааст.[12]

Корбурдҳои фиқҳӣ

Фақеҳон бар асоси ояти Ғайбат, аҳкоме барои ғайбат зикр кардаанд, ки иборатанд аз:

  • Фақеҳон аз ин оя барои ҳаром будани ғайбат истифода мекунанд.[13] Барои ғайбат, таърифҳои гуногуне ироа шудааст.[14] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ваҷҳи муштараки ҳамаи онҳо ин аст, ки ай қафои касе чизе гуфта шавад, ки агар шунавад, нороҳат шавад.[15]
  • Ғайбатро ба ҷиҳати зишт шуморидани он дар ояти мазкур ва ташбиҳи он ба хӯрдани гӯшти мурда, гуноҳи кабира шуморидаанд.[16]
  • Гуфта шудааст, ҳаром будани ғайбат дар оят, танҳо ғайбати мусулмононро шомил мешавад; зеро иборати «لَحْمَ أَخِیهِ مَیْتاً» шомили кофир намешавад.[17] Ҳамчунин вожаи «баъзукум» дар оятро далел бар ҷоиз будани ғайбати кофир донистаанд.[18]
  • Бархе аз фуқаҳо бар асоси умумияти наҳйи ғайбат дар оят, ғайбати ғайри муъминонро низ ҳаром медонанд,[19] аммо аз назари баъзе, оят танҳо шомили ҳаром будани ғайбати муъминон аст.[20]
  • Ғайбати фосиқ аз умуми оят истисно шуда ва ғайбаташ ҷоиз шуморида шудааст.[21]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.199.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.305.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.203.
  4. Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.3306.
  5. Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.3306.
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.206; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.6, саҳ.87; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.323.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.206; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.6, саҳ.87.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.324.
  9. Имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.303.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.206; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.6, саҳ.87.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.324.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.184.
  13. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.161; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.199 ва 200.
  14. Ниг.: Имом Хумайнӣ, Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381 - 385.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.323.
  16. Шаҳиди Сонӣ, Расоъил-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, китобфурушии Басират, саҳ.285; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.339; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.185.
  17. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.76 ва 77; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.325.
  18. Фозили Козимӣ, Масолик-ул-афҳом, 1365ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.416 ва 417.
  19. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.76 ва 77.
  20. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.161; Фозили Козимӣ, Масолик-ул-афҳом, 1365ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.416.
  21. Фозили Козимӣ, Масолик-ул-афҳом, 1365ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.416.

Сарчашма

  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Риёз, Мактабат Назор Мустафо ал-Боз, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ Мусавӣ, Макосиб-ул-муҳаррама, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ Мусавӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис (Арбаъин ҳадис), Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи 24, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, зери назари Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Муллоаҳмад, Мустанад-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир (Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим), Урдун - Арбад, Дорул-китобил-сақофӣ, чопи аввал, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Фозили Козимӣ, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадтақии Кашфӣ ва Муҳаммадбоқир Шарифзода, Теҳрон, Муртазавӣ, чопи дувум, 1365ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Расоъил-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, Қум, китобфурушии Басират, чопи аввал, бе то.