Ояти Ҳиҷоб

Аз wikishia
Ояи Ҳиҷоб

Ояти Ҳиҷоб (арабӣ: آية الحجاب) дар бораи зарурати ҳиҷоб доштани занон сухан мегӯяд. Ин оят яке аз далелҳои қуръонии фақеҳон барои фарз будани ҳиҷоб аст. Ҳамчунин, бархе аз фақеҳон дар асоси ибораи «اِلّا ما ظَهَر مِنها / магар он чи намоён аст» дар ин оят гуфтаанд, ки бар зан фарз нест, ки рӯй ва дастони худро аз банди даст ба поёнро бипӯшонад.

Оятҳои дигар низ ҳамчун оятҳои Ҳиҷоб маъруфанд. Аз ҷумла ояти 59-уми сураи Аҳзоб аст, ки ояти Ҷилбоб ном дорад.

Матн ва тарҷума

Ояти 31 сураи Нур бо номи ояти Ҳиҷоб шинохта мешавад.[1] Мегӯянд, бо нузули ин оят, ҳиҷоб бар занон фарз шуд.[2]

Корбурди фиқҳӣ

Дар китобҳои фиқҳӣ, барои баёни вуҷуби ҳиҷоби занон ва бархе аҳкоми он, аз ҷумла ҳудуди ҳиҷоб, ба ин оят истинод шудааст.[3] Ба бовари фақеҳон, иборати «ло юбдина зинатаҳунна/لَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ», далолат бар фарз будани ҳиҷоб барои зан мекунад.[4] Ҳамчунин ба гуфтаи бархе аз фақеҳони шиа, ҳамчун Шайхи Ансорӣ, Шаҳиди Сонӣ ва Аллома Ҳиллӣ, иборати «илло мо заҳара минҳо/ اِلّا ما ظَهَر مِنها» (магар он миқдор ки намоён аст) рӯй ва дастҳо (аз банди даст ба поин)-ро аз вуҷуби пӯшондан истисно мекунад.[5]

Шаъни нузул

Дар хусуси моҷарои нузули ин оят, аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ нақл шудааст, ки рӯзе, ҷамъе аз занон, назди Асмо духтари Муршида рафта буданд, ки пӯшиш муносибе надоштанд; ба гунае ки халхолҳо, гардан ва баромадагии синаҳояшон маълум буд. Ӯ аз ин амал нороҳат шуд ва онҳоро сарзаниш кард. Пас аз ин, оят нозил шуд.[6] Табарсӣ, муфассири Қуръон, ҳам дар ин замина навиштааст, пеш аз нузули ин оят, занон рӯймолро тавре бар сар мегузоштанд, ки дунболаи он пушташон меафтод ва аз ин рӯ гардан ва синаи онҳо маълум буд.[7]

Нукоти тафсирӣ

Ба гуфтаи муфассирон, мурод аз ошкор накардани зинат дар иборати «ло юбдина зинатаҳунна/لَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ», нишон надодани аъзое аз бадан аст, ки маъмулан зинат мешаванд [монанди гӯш ва гардан], на нишон додани зеваролот ба танҳоӣ; чун нишон додани зеваролот ба танҳоӣ мисли гӯшвора ҳаром нест.[8] «Хумур» ҳам ҷамъи хумор, ба маънои пӯшише аст, ки занон бо он сари худро мепӯшонанд.[9] Дар иборати «валязрибна би хумуриҳинна ала ҷуюбиҳинна/وَلْيضْرِبْنَ بِخُمُرِ‌هِنَّ عَلَیٰ جُيوبِهِنَّ» (бояд рӯсарии худро бар гардани хеш андозанд) дастур дода шудааст, ки занон рӯсариҳоро рӯи синаҳояшон биандозанд, то мӯ, гӯшҳо ва гарданашон маълум набошад.[10] Тафсири Нур-ус-сақалайн дар ривояте аз Имом Боқир (а) дар тафсири ин оят (ва ло юбдина зинатаҳунна илло мо заҳара минҳо) се гуна зинат муаррифӣ шудааст:

1 - зинат барои мардум монанди: сурма, ангуштар, дастбанд, ҳаное ки ба кафи даст молида шудааст.

2 - зинат барои маҳрамҳо монанди: гарданбанд ва зинатҳои рӯй, бозӯбанд ва зинатҳои даст.

3 - зинат барои шавҳар, ки тамоми бадан аст.[11]

Пӯшиш бо ҷилбоб

Мақолаи аслӣ: Ояти Ҷилбоб

Ояти 59 сураи Аҳзоб ҳам аз ҳиҷоб сухан гуфтааст, ки ба ояти «Ҷилбоб» шинохта мешавад.[12] Дар ин оят, аз занон хоста шудааст, ки худро бо ҷилбоб бипушонанд.[13] Луғатшиносон ҷилбобро либосе калонтар аз рӯймол ва майдатар аз ридо (болопӯш, або) маъно кардаанд, ки занон бар сарашон мегузоранд ва то болои синаашанро мепӯшонад.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ниг.: Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.381; Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.129.
  2. Саъидӣ, «Ҳиҷоб (1)», саҳ.604.
  3. Барои намуна, ниг.: Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.36 - 47; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, муассисаи Олулбайт, ҷ.2, саҳ.446 - 447.
  4. Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.36.
  5. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1415ҳ.қ., саҳ.46 - 47; Шаҳиди Сонӣ, Масолик, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.47; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, муассисаи Олулбайт, ҷ.2, саҳ.446 - 447.
  6. Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2573.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.217.
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.217; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.111.
  9. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.217; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.112.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.217.
  11. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.529.
  12. Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.126.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.339; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.8, саҳ.581.
  14. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.24, зайли вожаи «ҷалб».

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, таҳқиқ ва тасҳеҳи гуруҳи пажӯҳиши муассисаи Олулбайт, Қум, чопи аввал, муассисаи Олулбайт.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Асъад Муҳаммад ал-Тайиб, Арабистони Саъудӣ, мактабат Назор Мустафо Албоз, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Саъидӣ, Фарида, «Ҳиҷоб (1)», дар донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.12, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ: Сайидаҳмади Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурушии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи пажӯҳишгарони муассисаи эҳёи осори Оятуллоҳилъузмо Хуӣ, Қум, муассисаи эҳёи осорил-имомил -Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёилтурос, 1416ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ун-никоҳ, Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқ ва тасҳеҳи гуруҳи пажӯҳиши муассисаи маорифи исломӣ, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.