Ояти Маҳорим

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи ояти Маҳорим дар Қуръон аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми маҳрамият, мадхали Маҳоримро бубинед.

Ояти Маҳорим
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Маҳорим
Воқеъ дар сураиНисо
Шумораи оят23
Ҷузъ4
Шаъни нузулИздивоҷи Пайғамбар (с) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш
Макони нузулМадина
МавзуъФиқҳӣ
Дар бораиМаҳрамият
Оёти муртабитОяти 31 сураи Нур


Ояти Маҳорим (арабӣ: آية المحارم), ояти 23 сураи Нисо аст, ки маҳрамҳоро муаррифӣ мекунад; хешовандоне, ки издивоҷ бо онҳо ҳаром аст. Дар ин оят ҳафт даста аз заноне, ки ба воситаи маҳрамияти насабӣ, ду даста аз заноне, ки ба воситаи маҳрамияти разоъӣ ва чаҳор даста аз заноне, ки ба воситаи издивоҷ, ё хешовандии сабабӣ, издивоҷ бо онҳо ҳаром аст, зикр шудааст.

Дар ояти 31 сураи Нур, машҳур ба ояти Ҳиҷоб низ бархе аз маҳрамҳо муаррифӣ шудааст.

Матн ва тарҷума

Ояти 23 сураи Нисо ба муаррифии касоне мепардозад, ки издивоҷ бо онҳо ҳаром аст.

Шаъни нузул

Ба гуфтаи Шайхи Тӯсӣ дар тафсири ат-Тибён, бахше аз ояти 23 сураи Нисо («وَحَلائِلُ أَبْنائِکُمُ الَّذِینَ مِنْ أَصْلابِکُمْ; ва занони писаронатон, ки аз насли худатон ҳастанд») дар замоне нозил шуд, ки Расули Худо (с) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш, ҳамсари Зайд ибни Ҳориса (писархондаи худ) пас аз кушта шудани ӯ дар ҷанги Муъта, издивоҷ кард ва мушрикон ба наҷвою гуфту шунуд пардохтанд.[1]

Чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, издивоҷи Пайғамбар (с) бо Зайнаб ба ҷиҳати аз байн бурдани яке аз расмҳои даврони ҷоҳилӣ будааст, ки тамоми аҳкоми марбут ба фарзандони ҳақиқиро дар ҳаққи фарзандхонда низ ҷорӣ карда ва издивоҷ бо ҳамсари ӯ баъд аз фавт ё талоқро қабеҳ медонистаанд.[2]

Маҳорим

Мақолаҳои аслӣ: Маҳорим ва Маҳрамияти ризоъӣ

Маҳорим, касонеанд, ки ба сабаби хешовандӣ, нигоҳ кардан ва ошкор кардани зинат барои ҳамдигар ҷоиз, ва издивоҷи онҳо бо ҳам ҳаром аст.[3] Ояти Маҳорим, баёнгари хешовандони насабӣ, сабабӣ ва ризоъӣ аст, ки издивоҷ бо онон ҳаром аст:[4]

  • Насаб: навъе хешовандие аст, ки ба воситаи таваллуди як ё чанд нафар аз дигарӣ ҳосил мешавад.[5] Фуқаҳо бо истинод ба ин оят, издивоҷи ҳафт даста аз мардон бар ҳафт даста аз занон ба воситаи насабро ҳаром донистаанд:[6]
  • Модару модаркалон; падарӣ ва модарӣ[7]
  • Духтар ва духтари фарзанд[8]
  • Хоҳар[9]
  • Бародарзода (духтари бародар) авлод ва наваҳою натиҷаҳои бародар ҳарчи поёнтар раванд[10]
  • Хоҳарзода (духтари хоҳар) авлод ва наваҳою натиҷаҳои хоҳар ҳарчи поёнтар раванд.[11]
  • Амма ва аммаҳои падару модар.[12]
  • Хола ва холаҳои падару модар.[13]
  • Разоъ: маҳрамияти ризоъӣ, хешованде, ки бар асари шир хурдани кӯдак аз зане ғайр аз модараш эҷод мешавад.[14] Дар ин оят фақат ба ҳаром будани издивоҷ бо модару хоҳарони ризоъӣ ишора шудааст.[15] Фуқаҳо бо истинод ба ривояте аз Пайғамбар (с) «ҳар он чи ба воситаи насаб ҳаром аст, ба воситаи ризоъ низ ҳаром аст»,[16] ҳамаи заноне, ки ба воситаи насаб, издивоҷ бо онҳо ҳаром аст, издивоҷ бо онҳо ба воситаи ризоъро низ ҳаром донистаанд.[17]
  • Сабаб: бо хондани сиғаи ақд, илова бар зану шавҳар, бархе аз хешовандони марду зан бар якдигар маҳрам мешаванд, ки ба онҳо маҳорими сабабӣ мегӯянд.[18] Ояти Маҳорим ба чаҳор маврид аз ин занон, ишора кардааст, ки иборатанд аз: модарзан, рабиба (духтари зан аз шавҳари дигараш), ки пас аз ақд бо ӯ омезиш кардааст), зани писар (келин) ва издивоҷ бо ду хоҳар дар замони воҳид.[19]

Нукоти тафсирӣ

Бино ба назари бархе муфассирон, иборати «وَأَن تَجْمَعُوا بَینَ الْأُخْتَینِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ; [ҳаром аст] ҷамъи байни ду хоҳар, магар он чи дар гузашта рух додааст...» ба ин нукта ишора дорад, ки издивоҷ бо ду хоҳар дар як замон, дар асри ҷоҳилият марсум будааст ва бо нозил шудани ин оят, касоне ки дар гузашта чунин издивоҷҳое кардаанд, муҷозоте надоранд, аммо бояд яке аз ду хоҳарро интихоб карда ва дигариро раҳо кунанд.[20] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон эҳтимол дорад истисно на танҳо аз ҷамъи байни ду хоҳар, балки аз тамоми фақароти мазкур дар оят бошад; чароки дар гузашта дар миёни ғайриаъроб умматҳое будаанд, ки бо бархе аз занони мазкур дар оят (маҳорим) издивоҷ мекардаанд, Ислом бо ин истисно, он издивоҷҳоро муътабар шуморида ва ба ҳалолзодагии фарзандони ҳосили аз онҳо ҳукм кардааст.[21] Албатта вай дар ниҳоят эҳтимоли аввал(татбиқи истисно дар оят бар издивоҷи ду хоҳар)-ро зоҳиртар донистааст.[22]

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ иборати поёнии оят «إِنَّ اللَّهَ کانَ غَفُوراً رَحِیماً» мутаносиб бо эҳтимоли дувум аст.[23] Дар Тафсири Намуна омадааст, ки эҳтимол дорад фалсафаи ҳаром будани издивоҷ бо ду хоҳар дар ин оят, ҷилавгирӣ аз тазодди отифии байни онон бошад; чароки ба ҳукми иртиботи насабӣ, ду хоҳар алоқаи шадиде ба якдигар доранд, аммо замоне, ки рақиби ҳам шаванд, наметавонанд он алоқаро ҳифз кунанд; зеро доимо ангезаи муҳаббату рақобат дар вуҷуди онҳо дар ҳоли кашмакаш аст.[24]

Ояти муртабит

Мақолаи аслӣ: Ояти Ҳиҷоб

Ояти 31 сураи Нур, машҳур ба ояти Ҳиҷоб низ зимни баёни бархе дастурот ба занон, бархе аз маҳорими ононро баршуморидааст:

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.159.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.330.
  3. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.272.
  4. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Муртазавия, саҳ.523 - 524.
  5. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.225.
  6. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Муртазавия, саҳ.523 - 524; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.238.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.238.
  8. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.282.
  9. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  10. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  11. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  12. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  13. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.264.
  15. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, маншуроти алмактабатул-Муртазавия, ҷ.2, саҳ.182.
  16. Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.240.
  17. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, маншуроти алмактаба, ҷ.2, саҳ.182; Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Муртазавия, саҳ.524.
  18. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.281.
  19. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, маншуроти алмактабатул-Муртазавия, ҷ.2, саҳ.184.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.265; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.331.
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.266.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.266.
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.331.
  24. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.331.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мағрибӣ, Қозӣ Нуъмон, Даъоим-ул-Ислом, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алиакбар, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, нашри Алҳодӣ, чопи сеюм, 1381ҳ.ш.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи оёт-ил-аҳком, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавияи ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, чопи аввал, бе то.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, дафтари интишороти исломӣ, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-иал-Қуръон, Қум, маншуроти алмактабатул-Муртазавияи ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, бе то.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-уҚуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.