Хутбаи шиқшиқия

Аз wikishia
Хутбаи шиқшиқия
Номҳои дигарМуқаммиса
МавзуъНақди амалкарди хулафо, Ишора ба се гурӯҳи нокисин, қоситин ва мориқин
Содиршуда азИмом Алӣ (а)
Ровии аслӣИбни Аббос
Эътибори санадМуътабар
Сарчашмаи шиаНаҳҷулбалоға, Илал-уш-шароеъ, Маони-л-ахбор


Хутбаи шиқшиқия (форсӣ: خطبه شِقشِقیّه) ё муқаммиса (форсӣ: مُقَمِّصه) аз машҳуртарин хутбаҳои Наҳҷулбалоға аст. Имом Алӣ (а) дар ин хутба амалкарди хулафои сегонаи пеш аз худро нақд ва асли хилофати ононро зери савол мебарад.

Меҳварҳои аслии хутба ба ин шарҳ аст: авзоъи сиёсии асри се халифаи аввал, иллати сукути 25-солаи Имом, ангезаҳои пазириши хилофат, гурӯҳҳои сиёсии асри Имом Алӣ ва далелҳои инҳирофи онҳо аз дин.

Мавзегирии сареҳу ошкори Имом Алӣ (а) дар бораи масаълаи хилофати Пайғамбар (с) сабаб шуда бархе аз аҳли суннат, на танҳо ин хутба, балки дурустии кулли Наҳҷулбалоғаро инкор кунанд. Дар муқобил, олимони шиа посух додаанд, ки хутбаи шиқшиқия дар китобҳои мухталифи ҳадисӣ нақл шуда ва муҳтавои он тавотури маънавӣ дорад.

Илова бар шарҳи ин хутба дар тарҷумаҳо ва шарҳҳои комили Наҳҷулбалоға, шарҳҳои вижае низ бар хутбаи шиқшиқия ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шуда, ки аз ҷумлаи онҳо китоби Шарҳ-ул-хутбат-уш-шиқшиқия таълифи Муҳаммадризо Ҳакимӣ ва китоби Оҳе сӯзон асари Алиасғар Резвонӣ аст.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Хутбаи шиқшиқия аз машҳуртарин хутбаҳои Наҳҷулбалоға аст,[1] ки шиа ва суннӣ онро нақл кардаанд.[2] Ин хутбаро аз муҳимтарин хутбаҳои Наҳҷулбалоға донистаанд; чун дар он, масоили марбут ба хилофати Пайғамбар (с), ба сурати сариҳ баён шудааст.[3] Аз он ҷо ки Имом Алӣ (а) дар ин хутба аз Халифа шудани хулафои пеш аз худ шикоят мекунад, ин хутба аз хутбаҳои баҳсбарангези Наҳҷулбалоға шудааст;[4] чароки мавзегирии сареҳу ошкори Имом Алӣ (а) дар бораи масаълаи хилофати Пайғамбар (с), бархе шубаҳоти аҳли суннат дар бораи ин хутбаро падид оварда[5] ва сабаб шуда бархе суннимазҳабон, на танҳо ин хутба, балки дурустии кулли Наҳҷулбалоғаро инкор кунанд.[6]

Дар ин хутба, давраи комили таърихи се халифаи нахуст аз нигоҳи Имом (а) баён мешавад. Меҳвари аслии ин хутба масаълаи хилофат, авзоъи сиёсии асри се халифаи аввал, иллати сукути 25-солаи Имом, ангезаҳои пазириши хилофат, гурӯҳҳои сиёсии асри Имом Алӣ ва далоили инҳирофи онҳо аз дин аст.[7] Ин хутбаро ба эътибори бахше аз каломи Имом (تِلْکَ شِقْشِقَةٌ هَدَرَتْ ثُمَّ قَرَّتْ) шиқшиқия (шиқшиқа, яъне шуълаи оташе, ки аз дил забона кашад)[8] ва ба эътибори ҷумлаи нахустин он (واللّهِ لَقَدْ تَقَمَّصَها فلان) «муқаммиса» (тақаммус, яъне либос пӯшидан) номидаанд.[9]

Бар асоси нақли Ибни Аббос, Имом (а) ин хутбаро бо омадани номае қатъ кард ва дигар онро идома надод. Мутобиқи ин нақл, Ибни Аббос дар тӯли умри худ бар қатъи ҳеҷ каломе монанди ин хутба таассуф нахӯрдааст.[10] Сайид Абдуззаҳро ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, муаллифи Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ муътақид аст фарде, ки суханони Имом Алӣ (а)-ро қатъ кард, шаъсе ҷоҳил ё мунофиқ буд, ки монеъ шуд Имом (а) мақсуди худро баён кунад.[11]

Рақами хутба дар нусхаҳои Наҳҷулбалоға
Номи нусха Рақами хутба[12]
Нусхаҳои Субҳӣ Солеҳ, Файзулислом, ибни Майсам, фи зилол, Хуӣ, Ибни Абилҳадид, Абдуҳ, Мулосолеҳ ва ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас 3
Нусхаи Муллофатҳуллоҳи Кошонӣ 4

Эътибори хутба

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1371ҳ.ш., саҳ.126
  2. Ҳакимӣ, Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, 1402ҳ.қ., саҳ.126
  3. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  4. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  5. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  6. Ҳакимӣ, Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, 1402ҳ.қ., саҳ.126
  7. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.48 - 50
  8. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  9. Байҳақӣ, Маъориҷи Наҳҷулбалоға, 1409ҳ.қ., бахши 2, саҳ.80
  10. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.50
  11. ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.335
  12. Ба нақл: Даштӣ ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., ҷадвали ихтилофи нусах, саҳ.507

Сарчашма