Носибӣ
Носибӣ (арабӣ: الناصِبي) касе аст, ки бо Имом Алӣ (а) ё яке аз Аҳли Байт (а) душманӣ варзад ва душмании худ бо ононро ошкор кунад. Инкори фазоили Аҳли Байт, лаън ва дашноми имомон ва низ душманӣ бо шиаён аз намунаҳои носибигарӣ дониста шудааст.
Аз назари фақеҳони шиа носибиҳо наҷас ва дар ҳукми куффор ҳастанд. Аз ин рӯ, хӯрдани ҳайвоне, ки тавассути онон забҳ шуда, пардохти садақа ба онҳо ва издивоҷ бо онон ҷоиз нест ва аз мусулмонон ирс намебаранд.
Ба гуфтаи бархе муҳаққиқони муосир, носибигарӣ бо қатли Усмон оғоз ва дар ҳукумати Банӣ Умайя расмият ёфт. Пешгирӣ аз нашри фазоили Аҳли Байт, қатли шиаён ва сабби Имом Алӣ (а) бар минбарҳо, аз паёмадҳои носибигарӣ дар ин даврон зикр шудааст. Муовия ибни Абисуфён, хавориҷ, усмония ва Ҳариз ибни Усмон аз носибиҳо дониста шудаанд.
Олимони шиъӣ осоре дар бораи носибиҳо ва носибигарӣ навиштаанд; ан-Насбу ва-н-навосиб, навиштаи Муҳсини Муаллим, рисолаи «аш-Шаҳоб-ус-соқиб фи баёни маъно-н-навосиб» асари Муҳаддис Баҳронӣ ва рисолаи «Мол-ун-носиб ва аннаҳу лайса куллу мухолифин носибан» асари Сайид Абдуллоҳ Ҷазоирӣ аз ин маворид аст.
Мафҳумшиносӣ
Насб, ба маънои душманӣ кардан бо Аҳли Байт ва ё дӯстдори онон ва ошкор кардани он аст.[1] Аз ҳамин рӯ, душманӣ бо дӯстдорони Аҳли Байт[2] ва шиаёни онон[3] танҳо дар сурате насб дониста мешавад, ки душманӣ бо онон ба хотири муҳаббат[4] ва пайравӣ аз Аҳли Байт бошад.[5]
Машҳури олимони мусулмон, носибиро касе медонанд, ки бо Аҳли Байт душман бошад ва душмании худро бо онон ошкор кунад[6] ва ба гуфтаи бархе буғзи Имом Алӣ (а)-ро ҳам ҷузви дини худ қарор дода бошад.[7] Онон, эътиқод ба фисқ ё куфри Имом Алӣ,[8] эътиқод ба бартарии дигарон бар ӯ,[9] сабб ва лаъни Аҳли Байт,[10] инкори фазоили онон[11] ва кароҳат доштан аз зикр ва нашри онҳоро[12] намунаҳои насб шуморидаанд.
Ҳасан ибни Фараҳони Моликӣ аз уламои аҳли суннат, ҳар гуна инҳироф аз Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байтро мисдоқи насб донистааст.[13] Ӯ тазъифи ҳадисҳои саҳеҳ дар мадҳи Имом Алӣ, эътиқод ба иштибоҳ кардани ӯ дар ҷангҳои давраи хилофат, зиёдаравӣ дар ситоиши душманони ӯ, ташкик дар хилофат ва худдорӣ аз байъат бо ӯро, ба масодиқи насб афзудааст.[14] Муҳаддиси Баҳронӣ - аз фақеҳони шиа, муқаддам кардани дигарон бар Имом Алӣ дар имоматро буғз бо ҳазрати Алӣ ва мисдоқи насб донистааст.[15]
Носибӣ набудани аҳли суннат
Машҳури фақеҳони шиа, носибиро касе медонанд, ки бо Аҳли Байт душманӣ дошта бошад ва душмании худро ошкор кунад, аз ин рӯ, ба эътиқоди онон, аҳли суннате, ки муҳаббати Аҳли Байтро пазируфтаанд, носибӣ нестанд.[16] Аммо Муҳаддиси Баҳронӣ бар ин бовар аст, носибӣ касе аст, ки дигаронро бар Имом Алӣ муқаддам кунад ва муътақид ба имомати онон бошад.[17] Мустанади ӯ ривояте аст, ки эътиқод ба имомати ғайри аиммаи шиаро насб муаррифӣ мекунад.[18] Соҳиби Ҷавоҳир ин қавлро бар хилофи сира ва амали шиаён дониста[19] ва дар саҳеҳ будани санад ва далолати ин ривоят низ тардид шудааст.[20] Рисолае бо унвони «Мол-ун-носиб ва аннаҳу лайса куллу мухолифин носибан» ба Сайид Абдуллоҳ Ҷазоирӣ - олими шиъӣ, мансуб аст, ки ҳокӣ аз мухолифати ӯ бо носибӣ будани аҳли суннат аст.[21]
Аҳкоми носибӣ
Аз назари фақеҳони шиа, носибиҳо наҷас[22] ва дар ҳукм куффоранд.[23] Дар китобҳои фиқҳӣ дар мабҳаси наҷосати куффор ба насб ва носибӣ низ пардохта шудааст.[24] Бархе аз аҳкоми носибиҳо иборатанд аз:
- Ҷоиз набудани хӯрдани забеҳаи онон[25]
- Ҷоиз набудани издивоҷ бо онон[26]
- Ҷоиз набудани хондани намози ҷаноза бар онон[27]
- Ҷоиз набудани иқтидо ба носибӣ дар намоз[28]
- Ҷоиз набудани ниёбат аз носибӣ дар ҳаҷҷ[29]
- Ирс набурдан аз мусулмонон[30]
- Ҷоиз набудани додани садақа ба носибӣ[31]
- Ҷоиз набудани додани каффора ба носибӣ[32]
Пайдоиши носибигарӣ
Бархе аз муҳаққиқони муосир муътақиданд носибигарӣ бо қатли Усмон оғоз ва дар ҳукумати умавиён расмият ёфт.[33] Ба гузориши сарчашмаҳои таърихӣ, Муовия ибни Абусуфён ҳангоме, ки дар соли 41 қамарӣ Муғира ибни Шуъбаро ба аморати Кӯфа гумошт, ба ӯ дастур дод ба Имом Алӣ носазо бигӯяд ва аз ёрони ӯ бадгӯӣ кунад.[34] Баъд аз ӯ хулафои Банӣ Умайя то замони хилофати Умар ибни Абдулазиз бар минбарҳо[35] ҳазрати Алиро сабб мекарданд.[36]
Ҳокими Нишобурӣ - олими аҳли суннат, қарни чаҳоруми қамариро оканда аз зиддият бо Имом Алӣ (а) тавсиф карда, ангезаи худ аз нигориши китоби Фазоили Фотимат-уз-Заҳроро муқобила бо ин ҷараён зикр мекунад. Ӯ дар тавсифи фазои қарни чаҳорум менависад: Замона моро гирифтори раҳбароне кардааст, ки мардум барои наздикӣ ба онон, ба буғзи Оли Расул тавассул меҷӯянд ва ононро ҳақир мешуморанд.[37]
Паёмадҳо
Бархе аз паёмадҳое, ки барои носибигарӣ дар даврони ҳукумати Банӣ Умайя шуморидаанд иборатанд аз:
- Пайдоиши ривоёти ҷаълӣ ба кутуби аҳли суннат бо мазмуни тазъифи Аҳли Байт ва инкори фазоили онон ба василаи ровиёни носибӣ.[38]
- Манъи номгузории кӯдакон ба номи Алӣ ва қатли кудакони ҳамноми Алӣ.[39]
- Муҷозот ва қатли касоне, ки фазоили Имом Алӣ (а)-ро баён мекарданд, ё аз дашном додани ӯ тафра мерафтанд ва ё фазилате барои Муовия нақл намекарданд. Шаллоқ хӯрдани Атия ибни Саъд аз шиаёни Имом Алӣ (а), ба дастури Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ[40] ва қатли Аҳмад ибни Алии Насоӣ аз нависандагони сиҳоҳи ситтаи аҳли суннат,[41] аз ин маворид аст.[42]
Носибиҳои маъруф
Дар манобеъ бархе афрод ва гурӯҳҳо ба унвони носибӣ ёд шудааст;
- Муовия ибни Абусуфён нахустин ҳокими умавие буд, ки ҳудуди 20 сол бар Димишқ ҳукумат кард.[43] Ибни Абилҳадиди муътазилӣ - шореҳи Наҳҷулбалоға, аз Ҷоҳиз нақл кардааст, ки Муовия дар поёни хутбаҳои намози ҷумъа Алӣ (а)-ро лаън мекарду мегуфт, ин амр он қадар бояд густариш ёбад, то касе фазилате аз Алӣ нақл накунад.[44]
- Усмония касоне буданд, ки бовар доштанд Имом Алӣ Усмонро ба қатл расонда, ё ба ин амр кумак кардааст.[45] Аз ин рӯ, аз байъат бо ӯ сарпечӣ карданд.[46] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ - риҷолшиноси аҳли суннат дар қарни нуҳуми қамарӣ, носибиҳоро гурӯҳе муаррифӣ кардааст, ки эътиқод доранд Имом Алӣ Усмонро ба қатл расонда, ё дар қатли ӯ кумак кардааст.[47] Ин гурӯҳ ба хотири ғулув дар муҳаббати Усмон ба тазъиф ва танқиси Имом Алӣ рӯй овараданд.[48]
- Хавориҷ гурӯҳе аз сипоҳи Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин буданд, ки Алӣ ибни Абутолибро муттаҳам ба куфр карданд ва алайҳи ӯ шуриш карданд. Ононро ба сабаби душманӣ бо Имом Алӣ (а), навосиб ё носиба низ хондаанд.[49]
- Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ (ваф. 95 ҳ.қ.) ба гуфтаи Масъудӣ - таърихнигори қарни чаҳоруми қамарӣ, бо Аҳли Байт душман буд.[50] Ӯ касонеро, ки аз Имом Алӣ ва ёрони ӯ эъломи бароат намекарданд, ба қатл мерасонд.[51] Ӯ шиаёнро мекушт ва ба кучактарин гумону туҳмате боздошт мекард ва агар ба касе зиндиқ ё кофир гуфта мешуд, беҳтар буд аз ин ки ӯро шиаи Алӣ муаррифӣ кунанд.[52] Ҳаҷҷоҷ дар ҳукумати Абдулмалик, ибтидо ҳокими Ҳиҷоз ва сипас ҳокими Ироқ буд.[53]
- Ҳариз ибни Усмон Имом Алӣ (а)-ро бар минбар сабб мекард.[54] Ӯ ҳадиси «Анта миннӣ би манзалати Ҳоруна мин Мусо» дар фазилати Имом Алиро ба «Анта миннӣ би манзалати Қоруна мин Мусо» таҳриф мекард.[55] Ба гуфтаи Ибни Ҳиббон - аз риҷолиёни аҳли суннат, Ҳариз ҳар рӯз субҳу шом Алӣ ибни Абутолиб (а)-ро 70 бор лаън мекард.[56]
- Муғира ибни Шуъба ҳангоме, ки аз сӯи Муовияи ҳокими Кӯфа буд, Имом Алӣ (а) ва шиаёни ӯро бар минбар носазо мегуфт ва лаън мекард.[57] Ӯ аз саҳобаи Пайғамбар буд, ки аз нақши ӯ дар моҷарои ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро (с) сухан гуфта шудааст.[58]
- Мутаваккили Аббосӣ аз Имом Алӣ (а) нафрат дошт ва ҳамнишини носибиҳо буд.[59] Вай амволи шиаёни Алӣ (а)-ро мегирифт ва онҳоро мекушт.[60] Безории Мутаваккил аз Аҳли Байт (а) ба андозае буд, ки дар соли 236 қамарӣ, дастури тахриби қабри Ҳусайн ибни Алӣ (а)-ро содир кард; аз ин рӯ, қабри Имом Ҳусайн ва тамомии хонаҳо ва осори атрофи он вайрон шуд ва он ҷоро об монданд, заминҳоро шухм зада, дар он зироат карданд.[61]
- Ибни Таймия - аз раҳбарони фикрии салафия аст, ва бархе аз муҳаққиқони шиа барои исботи носибигарии Ибни Таймия ба инкори ҳадиси Радд-уш-шамс,[62] тазъифи ҳадиси Ғадир,[63] ва низ душмании ӯ бо шиаён истинод кардаанд.[64] Ҳамчунин Ибни Ҳаҷар Асқалонӣ гуфтааст, ки бархе ба Ибни Таймия ба хотири суханонаш дар бораи ҳазрати Алӣ, нисбати нифоқ додаанд.[65]
Китобҳо
Олимон ва муҳаққиқони шиа, осоре дар бораи маънои насб ва аҳкоми он навиштаанд;[66] аз ҷумла:
- «ан-Насбу ва-н-навосиб», навиштаи Муҳсини Муаллим ба забони арабӣ, шомили матолибе аз ҷумла маънои насб, масодиқи он,[67] ҳукми навосиб[68] ва осор дар бораи насб[69] аст. Нависанда, буғз ва душмании Имом Алиро меъёри носибӣ будан зикр карда[70] ва аз беш аз 250 тан ба унвони носибӣ ё муттаҳам ба насб ном бурдааст.[71] Ҳамчунин номи манотиқе, ки дар он ҷо навосиб зиндагӣ мекардаанд, дар ин китоб омадааст.[72] Ин китоб соли 1418 қамарӣ ба василаи интишороти Дор-ул-ҳодӣ дар Бейрут мунташир шудааст.[73]
- «аш-Шаҳоб-ус-соқиб фи баёни маъно-н-навосиб», навиштаи Муҳаддиси Баҳронӣ[74]
- «Усул-ул-Ислом ва-л-имон ва ҳукм-ун-носиб ва мо ятаъаллақу биҳ», навиштаи Ваҳиди Беҳбаҳонӣ[75] мавориди дигаре аз осор дар бораи насб ва носибигарӣ аст.
Ҳамчунин дар унвонҳои бархе аз радияҳое, ки олимони шиъӣ дар нақди осори мухолифон навиштаанд, аз таъбири навосиб истифода шудааст.[76] Масоиб-ун-навосиб фи-р-радди ала-н-навоқиз-ир-равофиз - асари Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ[77] ва Баъзу масолиб-ин-навосиб фи нақзи баъзи фазоиҳ-ир-равофиз - асари Абдулҷалили Қазвинӣ[78] аз ин маворид аст. Дар китоби «ан-Насбу ва-н-навосиб» низ аз 29 асар дар бораи насб ва навосиб ёд шудааст.[79]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Раз-ул-ҷанон, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.420.
- ↑ Ибни Идриси Ҳиллӣ, Аҷвибату масоил ва расоил, 1429ҳ.қ., саҳ.227; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.64.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Раз-ул-ҷанон, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.420.
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Шаҳиди Сонӣ, Раз-ул-ҷанон, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.420; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.186, ҷ.24, саҳ.60; Субҳонӣ, ал-Хумс, 1420ҳ.қ., саҳ.60.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмуъат-ул-фатово, табъат Абдурраҳмон ибни Қосим, ҷ.4, саҳ.429; Фирӯзободӣ, Қомус-ул-муҳит, модаи насб, ба нақл аз Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.173.
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмуъат-ул-фатово, табъаи Абдурраҳмон ибни Қосим, ҷ.4, саҳ.429.
- ↑ Фозили Миқдод, ат-Танқиҳ-ур-роиъ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421.
- ↑ Фозили Миқдод, ат-Танқиҳ-ур-роиъ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421.
- ↑ Фозили Миқдод, ат-Танқиҳ-ур-роиъ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Раз-ул-ҷанон, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.420.
- ↑ Моликӣ, Инқоз-ут-торих-ил-исломӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.298.
- ↑ Моликӣ, Инқоз-ут-торих-ил-исломӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.298.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.60.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.408; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.64.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.60.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.157.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.64.
- ↑ Таваллоӣ, «Милоки носибингорӣ, аҳком ва осори мутараттиб бар насб дар фиқҳи имомия», саҳ.52.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.76.
- ↑ Садр, Мо варо-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.5.
- ↑ Барои намуна, нигоҳ кунед ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.63 - 65; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.185 - 177.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.9, саҳ.71; имом Хумайнӣ, Рисолат-ун-наҷот, 1385ҳ.ш., саҳ.325.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.408; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.15.
- ↑ Ибни Бароҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.129.
- ↑ Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.112.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.766.
- ↑ Баҳҷат, Ҷомеъ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.156.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Рисолат-ун-наҷот, 1385ҳ.ш., саҳ.309.
- ↑ Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.570.
- ↑ Кавсарӣ, «Баррасии решаҳои торихии носибигарӣ», саҳ.99.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.243; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.254.
- ↑ Замахшарӣ, Рабиъ-ул-аброр, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.335.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.42.
- ↑ Ҳокими Нишобурӣ, Фазоилу Фотимат-уз-Заҳро, 1429ҳ.қ., саҳ.30.
- ↑ Кавсарӣ, «Баррасии решаҳои торихии носибигарӣ», саҳ.104.
- ↑ Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1413ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.429.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.305.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.124.
- ↑ Кавсарӣ, «Баррасии решаҳои торихии носибигарӣ», саҳ.104 - 105.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1418.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.56 - 57.
- ↑ Муаллим, Ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.591.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.430.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Дорусодир, ҷ.8, саҳ.458.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Фатҳ-ул-борӣ, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.13.
- ↑ Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1422 - 1425ҳ.қ., ҷ.4, қисми 1, саҳ.428.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.144.
- ↑ Муғния, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, 2000м., саҳ.94 - 96.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.44.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.117.
- ↑ Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.95.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.239.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.240.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.50.
- ↑ Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.117.
- ↑ Хизрӣ, ад-Давлат-ул-аббосия, 1422ҳ.қ., саҳ.248.
- ↑ Хизрӣ, ад-Давлат-ул-аббосия, 1422ҳ.қ., саҳ.248.
- ↑ Хизрӣ, ад-Давлат-ул-аббосия, 1422ҳ.қ., саҳ.248.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.165, ба нақл аз Оли Муҷаддид, «Нишонаҳои носибигарии Ибни Таймия», саҳ.17.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.319 - 320, ба нақл аз «Нишонаҳои носибигарии Ибни Таймия», саҳ.19.
- ↑ Оли Муҷаддид, «Нишонаҳои носибигарии Ибни Таймия», саҳ.17 - 25.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ад-Дурр-ул-комина, Дор-ул-ҷил, ҷ.1, саҳ.155.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.588 - 590.
- ↑ Муаллим, Ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.31 - 38.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.605 - 624.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.588 - 590.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.37.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.261 - 528.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-навосиб, 1418ҳ.қ., саҳ.244 - 229.
- ↑ «Ан-Насб ва-н-навосиб».
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.405.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.176.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-носибӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.588 - 590.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.76.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.130.
- ↑ Муаллим, ан-Насб ва-н-носибӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.588 - 590.
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.5), таҳқиқ: Эҳсон Аббос, Бейрут, ҷамъият-ул-мусташриқин ал-олмония, 1400ҳ.қ./1979м.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳ: Муҳаммад Иравонӣ ва Сайид Абдурразоқ Муқаррам, Қум, Дафтари нашри исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1405ҳ.қ.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, 1426ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор, таҳқиқ: Маҳно Абдуламир, Бейрут, муассисаи Аъламӣ ли-л-матбуот, 1412ҳ.қ.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳ: Иброҳим Муҳаммад Абулфазл, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
- Ибни Бароҷи Тароблусӣ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1406ҳ.қ.
- Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, Аҷвибату масоил ва расоил фи мухталифи фунун-ил-маърифат, тасҳеҳ: Сайид Муҳаммадмаҳдӣ ибни Сайидҳасан Мусавии Хирсон, Қум, Далели мо, 1429ҳ.қ.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
- Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуъат-ул-фатово, табъаи Абдурраҳмон ибни Қосим, бе то.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақз-ил-калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқ: Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд алисломия, 1406ҳ.қ./1986м.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ад-Дурр-ул-комина фи аъён-ил-миатиссомина, Бейрут, Дор-ул-ҷил.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Бейрут, Дорусодир, бето.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ бишарҳ Саҳеҳ ал-Бухорӣ, эҳёилтуросилъарабӣ, 1408ҳ.қ./1998м.
- Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Рисолату наҷоҳ-ил-ибод, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1385ҳ.ш.
- Кавсарӣ, Аҳмад, «Баррасии решаҳои торихии носибигарӣ», дар маҷаллаи Сироҷи мунир, шумораи 16, зимистони 1393ҳ.ш.
- Маззӣ, Юсуф ибни Абдураҳмон, Таҳзиб-ул-камол фи асмо-ир-риҷол, таҳқиқ: Башшор Аввод Маъруф, Бейрут, муассисатуррисолат, 1413ҳ.қ./1992м.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор фи зикри алхтту алосор, таҳқиқ: эмани фуоди Сайид, Лондон, 1422ـ1425ҳ.қ./2002ـ2004м.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқ: Асъад Доғир, Қум, Дорулҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
- Моликӣ, Инқоз-ут-торих-ил-исломӣ, Урдун, муассисатул-ямоматул-ҳафия, 1418ҳ.қ.
- Муаллим, Муҳсин, Ан-Насб ва-н-навосиб, Бейрут, Дорулҳодӣ, 1418ҳ.қ./1977м.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, Бейрут, Дорул-Ҷавод, 2000м.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷамал-ун-нусрат ли сайид-ил-итрат фи ҳарб-ил-басра, тасҳеҳ: Алии Миршарифӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт, 1414ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳусайн, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, тасҳеҳ: Муҳаммадалии Ҳайдарӣ ва дигарон, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо алайҳиссалом, 1407ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ, Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум ва Теҳрон, Исмоилиён, китобхонаи исломияи Теҳрон, 1408ҳ.қ.
- Оли Муҷаддид, Сайидҳасан, «Нишонаҳое аз носибигарии Ибни Таймия», дар фаслномаи Сирот, №12, зимистон, 1393ҳ.ш.
- Садр, Сайид Муҳаммад, Мо варо-ул-фиқҳ, тасҳеҳ: Ҷаъфар Ҳодӣ Дуҷайлӣ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ ли-т-табоъати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1420ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
- Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, ал-Ансоб, таҳқиқ: Абдурраҳмон ибни Яҳё Муъаллимии Ямонӣ, Ҳайдаробод, маҷлиси доират-ул-маориф-ил-усмония, 1382ҳ.қ./1962м.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Хумс фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1420ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
- Таваллоӣ, Раҳмат, Нақибӣ, Сайид Абулқосим, «Милоки носибиингорӣ, аҳком ва осори мутараттиб бар насб дар фиқҳи имомия», дар маҷаллаи Фиқҳ ва усул, баҳори 1396ҳ.ш.
- Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, тасҳеҳ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ат-Танқиҳ-ур-роиъ ли мухтасар-иш-шароиъ, тасҳеҳ: Сайид Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Хизрӣ, Муҳаммад, ад-Давлат-ул-аббосия, Бейрут, олам-ул-кутуб, 1422ҳ.қ.
- Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Фазоилу Фотимат-уз-Заҳро , таҳқиқ: Алиризо ибни Абдуллоҳ, Қоҳира, Дор-ул-фурқон, 1429ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, Қум, Дафтари нашри исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1402ҳ.қ.