Ояти Муҳориба

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи ояти Муҳориба аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми муҳориб, мадхали муҳорибаро бибинед.

Ояти Муҳориба ба хати кӯфӣ дар нусхаи қадимии Қуръон

Ояти Муҳориба (арабӣ: آية المحاربة) (Моида: 33) дар бораи сазои касоне аст, ки бо Худованд ва Пайғамбари Худо меҷанганд. Бештари муфассирон муътақиданд, ин оят дар бораи гурӯҳе аз тозамусулмонон нозил шуд, ки иддае аз мусулмононро кушта, шутурони онҳоро дуздиданд ва Пайғамбар тибқи ин оят онҳоро муҷозот кард.

Ин оят ба унвони мабное барои истинботи аҳкоми муҳориба дар фиқҳ истифода шудааст. Фақеҳон касеро ки ба василаи силоҳ, ошкоро моли мардумро медуздад, ё ононро ба асорат мебарад, муҳориб медонанд ва бо истинод ба ин оят муътақиданд, муҷозоти муҳориб иборат аст аз куштан, салб (бастан ба чизе монанди салиб), қатъи даст ва пои мухолифи ҳам, ва нафйи балад (табъид). Албатта гурӯҳе аз онон бар онанд, ки қозӣ метавонад ҳар як аз ин муҷозотҳоро бар муҳориб эъмол кунад, аммо гурӯҳи дигаре мегӯянд, вобаста ба навъи ҷурме, ки муҳориб анҷом додааст, як ё чанд маврид аз чаҳор муҷозот иҷро мешавад.

Матн ва тарҷумаи оят

Шаъни нузул

Бештари муфассирон муътақиданд, ки ояти Муҳориба дар бораи Урайниён нозил шудааст;[1] мушриконе, ки ба Мадина рафта, мусулмон шуданд,[2] аммо аз он ҷо ки обу ҳавои Мадина бо онҳо созгор набуд, бемор шуданд ва ба дастури Пайғамбар (с) аз шири шутур истифода карда, беҳбуд ёфтанд, аммо баъд аз беҳбудӣ муртад шуда ва баъд аз куштани иддае аз мусулмонон, шутуронро дуздида аз Мадина фирор карданд.[3] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, Имом Алӣ (а) ба дастури Пайғамбар (с) онҳоро дастгир карда, назди Пайғамбар бурд[4] ва дар ин ҳангом ояти Муҳориба нозил шуд ва Пайғамбар тибқи ин оят онҳоро ҷазо дод.[5] Иддае муътақиданд, ки Урайниён фақат дуздӣ карда буданд, ва ба ҳамин далел Пайғамбар (с) тибқи оят фақат дасту пои онҳоро қатъ кард.[6] Достони урайниён дар китоби Кофӣ низ ба нақл аз Имом Содиқ (а) омадааст.[7]

Барои ояти Муҳориба, шаъни нузулҳои дигаре низ баён шудааст.[8] Ба гуфтаи Фахри Розӣ, ин оят дар бораи қавми Банӣ Исроил нозил шуд; зеро дар куштани муфсидон зиёдаравӣ карданд.[9] Муфассирони дигаре низ шаъни нузулҳои дигареро эҳтимол додаанд: роҳзанон, дуздони корвони ҳаҷҷ ва зиёрат, мушрикон ва паймоншиканон.[10] Бинобар нақли Аллома Таботабоӣ, ривоёти шаъни нузули ин оят дар шаш китоби муътабари аҳли суннат низ бо каме тафовут омадааст.[11]

Тафсир

Сию севвумин ояти сураи Моида ба ояти Муҳориба шуҳрат ёфта[12] ва ба бовари муфассирон, касе ки дар ҷомеаи исломӣ эҷоди ноамнӣ ва ғоратгарӣ кунад, муҳориб маҳсуб мешавад,[13] зеро муҳориб дар воқеъ ба Худо ва Расули Худо эъломи ҷанг кардааст.[14] Муҳориб ба яке аз чаҳор сурате, ки дар оят баён шудааст, ҷазо дода мешавад:[15]

  1. Кушта шудан, ҷазои муҳорибе аст, ки инсонеро ҳам кушта бошад.[16] Фозили Миқдод - фақеҳ ва муфассири шиаи қарни нуҳуми ҳиҷрӣ, муътақид аст бо бахшиши соҳибони хуни мақтул, ҳукм қатл бардошта намешавад ва касе ки муҳориб аст ҳатман кушта мешавад.[17]
  2. Ба дор овехтан, (бастани дасту пои муҷрим ба чизе монанди салиб) ҳукми касе аст, ки илова бар куштани инсон, дуздӣ низ карда бошад.[18] Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ - фақеҳ ва муфассири шиаи қарни шашуми ҳиҷрӣ, муътақид аст муҳорибро баъд аз куштан се бор ба дор меовезанд.[19] Бинобар гузориши китоби Кашф-ул-асрор, муҳорибро се рӯз қабл аз куштан ё баъд аз куштан дор мезананд ва ташхиси он ба уҳдаи Имом аст.[20]
  3. Қатъи дасту по, ҷазои муҳорибе аст, ки илова бар муҳориба, фақат дуздӣ карда бошад.[21] Имом Содиқ (а) манзур аз онро дасти росту пои чап баён кардааст.[22] Афзун бар он, гурӯҳе манзур аз қатъи дасту поро ҳамон буридани чаҳор ангушти даст ё по донистаанд.[23] Қатъи ангушти дасту по дар сурате аст, ки моли дуздидашуда ба андозаи ҳадди нисоби дуздӣ бошад.[24]
  4. Табъид ё зиндон, барои касе аст, ки байни мардум эҷоди тарсу ноамнӣ мекунад.[25] Гурӯҳе аз муфассирон манзур аз иборати «أَو ینفَوا مِنَ الأَرضِ» (ё аз сарзамини худ табъид шаванд)-ро табъид кардани муҳориб ба шаҳри дигар ва иддае онро зиндонӣ кардани ӯ донистаанд.[26] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки бояд монеъи рафтани муҳориб ба шаҳрҳое шуд, ки мушрикон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд.[27] Дар китоби Канз-ул-ирфон, навиштаи Фозили Миқдод, ба нақл аз Шофеӣ - поягузори яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, омадааст: бо муҳорибе, ки табъид шудааст, набояд ҳеҷ гуна иртиботе, аз ҷумла хариду фурӯш, кумак кардан ва муошират дошт.[28]

Ба ақидаи муфассирони мусулмон, муҷозотҳои мазкур ба таносуби шиддати ҷурми муҳориб таъйин шудааст;[29] чунонки аз Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) низ чунин ривоят шудааст.[30] Бархе низ чигунагии муҷозоти муҳорибро ба ташхиси ҳоким[31] ё имом[32] донистаанд. Тибқи ояти Муҳориба, ин муҷозотҳо марбут ба дунё буда ва монеъ аз азоби муҳориб дар охират намешавад.[33]

Тавба

Ба бовари муфассирон, агар муҳориб қабл аз дастгирӣ тавба кунад, тавбааш қабул шуда ва ҷазо дода намешавад.[34] Бинобар гузориши Суютӣ - муҳаддиси қарни даҳуми ҳиҷрӣ, Ҳорис ибни Бадр дар Миср бар рӯи мардум шамшер кашида буд, аммо тавба кард ва иддае аз мусулмонон ӯро назди Имом Алӣ (а) бурданд ва он Ҳазрат баъд аз итминон аз пушаймонии ӯ, тавбаашро пазируфта, ба ӯ амоннома доданд.[35]

Албатта дар сурати тавбаи муҳориб, фақат ҷурми ихлол дар амнияти умумии ӯ нодида гирифта мешавад, вале агар дуздӣ ё қатл анҷом дода бошад, бояд мутаносиб бо он муҷозот шавад.[36] Ҳамчунин агар баъд аз дастгирӣ тавба кард, муҷозоти ӯ соқит намешавад.[37]

Корбурди фиқҳӣ

Lua error in Модул:Main at line 55: attempt to call field 'formatPageTables' (a nil value).

Дар китобҳои фиқҳӣ ҳукми шаръии муҳориб бо тавваҷуҳ ба ояти муҳориба баён шудааст. Ба гуфтаи Оятуллоҳ Мишкинӣ Ба фатвои фақеҳон ҳар касе ки ошкоро ва ба зӯр, моли дигаронро бигирад ё мардумро ба асорат барад, муҳориб аст.[38] Барои таҳаққуқи муҳориба шартҳои мухталифе аз ҷумла истифода аз силоҳ, эҷоди тарс дар мардум ва фосид будани шахси муҳориб баён шудааст.[39]

Гурӯҳе аз фуқаҳо барои муҳориб намунаҳое аз ҷумла аҳли зимма, муртадон, роҳзанон ва ҳар касе ки мусулмононро битарсонад, баён кардаанд.[40] Ҳамчунин бархе фуқаҳо манзур аз муҳорибаро ҷанг бо мусулмонон донистаанд.[41]

Тахйир ё тартиб дар муҷозот

Бинобар ояти муҳориба, барои муҳориб чаҳор муҷозот дар назар гирифта шудааст,[42] аммо фақеҳон дар чигунагии муҷозоти муҳориб ихтилоф кардаанд;[43] Шайхи Садуқ,[44] Шайхи Муфид,[45] Аллома Ҳиллӣ,[46] ва Имом Хумайнӣ[47] иҷрои муҷозотро тахйирӣ медонанд ва муътақиданд, қозӣ метавонад яке аз чаҳор муҷозотро интихоб кунад.

Дар муқобил, Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, Соҳиби Риёз ва Сайид Абулқосими Хуӣ муътақиданд, ки муҷозоти муҳориб ба шеваи тартибӣ ва ба таносуби ҷурме аст, ки анҷом додааст.[48]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.345.
  2. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103.
  4. Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.331.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.345; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.359.
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.326.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.245.
  8. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.345.
  9. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.345.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.345.
  11. Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.333.
  12. Солеҳии Наҷафободӣ, “Тафсири ояти муҳориба ва аҳкоми фиқҳии он”, саҳ.65.
  13. Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.326; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292.
  14. Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.326.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103.
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103.
  17. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.352.
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292.
  20. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.102.
  21. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292.
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292.
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.360.
  24. Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ-ул-лумъа, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.256.
  25. Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.357.
  26. Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.880.
  27. Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.357; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.347.
  28. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.352.
  29. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292; Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103.
  30. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292.
  31. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.346.
  32. Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.331.
  33. Сураи Бақара, ояти 33.
  34. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.292; Таботабоӣ, Тафсир-ул-мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.328.
  35. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.279.
  36. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.168; Солеҳии Наҷафободӣ, “Тафсири ояти муҳориба ва аҳкоми фиқҳии он”, саҳ.79.
  37. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.168.
  38. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.475.
  39. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.511 - 524.
  40. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.47.
  41. Солеҳии Наҷафободӣ, “Тафсири ояти муҳориба ва аҳкоми фиқҳии он”, саҳ.61.
  42. Сураи Моида, ояти 33.
  43. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.558.
  44. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.450.
  45. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.804.
  46. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.258.
  47. Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, матбуоти дорулъилм, ҷ.2, саҳ.493.
  48. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.562.

Сарчашма

  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Ғаффорӣ ва Охундӣ, Теҳрон, мактаб-ул-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, Бейрут, маншуротур-Ризо, чопи аввал, 1431ҳ.қ.
  • Мусавии Ардабилӣ, Сайид Абдукарим, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, Қум, муассисаи ан-нашр ли ҷомеъат-ил-Муфид раҳимаҳуллоҳ, чопи дуввум, 1427ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, “Тафсири ояти муҳориба ва аҳкоми фиқҳии он”, дар маҷалланомаи Муфид, №9, 1376ҳ.ш.
  • Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисат-ул-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, Теҳрон, Амиркабир, 1371ҳ.ш.
  • Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Қум, муассисаи матбуоти дор-ул-илм, чопи аввал, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъаҳ, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, муассисаи Имом Ҳодӣ (а), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи-л-фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳ ва таҳқиқи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Қум, алмактабатур-разавия ли эҳё-ил-осорил-Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Нуриддин Алӣ, Шарҳ-ул-лумъа, ар-равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, таҳқиқи Калонтар, Қум, Доварӣ, 1410ҳ.қ.