Ояти Ибтилои Иброҳим
Маълумот дар бораи оят | |
---|---|
Номи оят | Ояти Ибтилои Иброҳим |
Воқеъ дар сураи | Бақара |
Шумораи оят | 124 |
Ҷузъ | 1 |
Макони нузул | Мадина |
Мавзуъ | Эътиқодӣ |
Дигар | Исмат ва насби мансаби имомат |
Ояти Ибтилои Иброҳим (а) (арабӣ: آية الابتلاء) (Бақара: 124) дар бораи аз ҷониби Худованд дарёфт кардани Иброҳим (а) мақому мансаби имоматро, пас аз чандин бор имтиҳон, ишора мекунад. Олимони шиа ин оятро яке аз далелҳои қуръонии Илоҳӣ будани таъини имом ва зарурати маъсум будани он медонанд.
Мутакаллимон ва муфассирони шиа ва суннӣ дар бораи ин оят масъалаҳои зиёде матраҳ кардаанд. Бархе гуфтаанд, манзур аз “калимот”, ки Иброҳим (а) мувофиқи оят, онҳоро тамом кардааст, хоби Иброҳим дар хусуси қурбонӣ кардани Исмоил аст. Баъзеҳо онро имтиҳон шудани Иброҳим бо ҳамаи таклифҳои ақлӣ ва шаръӣ донистаанд. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, манзур аз “калимот”, аҳд ва паймонҳои Иброҳим бо Худо ва имтиҳонҳои Илоҳӣ дар бораи ӯ аст.
Тафсирҳои муфассирон аз калимаи “имомат” ҳам чунин аст: раҳбарии сиёсӣ, вилояти ботинӣ, имомати ҷаҳонӣ ва нубувват.
Матн ва тарҷумаи оят
“ | Ҳангоме ки Худованд, Иброҳим (а)-ро бо васоили гуногуне имтиҳон кард [ва ӯ ба хубӣ аз уҳдаи имтиҳон баромад], Худованд ба ӯ фармуд: ман туро имоми мардум қарор додам. Иброҳим (а) гуфт: аз фарзандони ман [низ имомоне қарор деҳ]. Худованд фармуд: паймони ман ба ситамкорон намерасад. |
” |
Бардоштҳои мухталиф аз «калимот»
Тибқи ояти Ибтилои Иброҳим, Худо Иброҳимро бо «калимот» имтиҳон намудааст. Муфассирон дар бораи калимаи «калимот» чанд назар ироа додаанд:[1]
- Хоби ҳазрати Иброҳим (а) барои қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил (а);
- Дастурҳое дар заминаи назофат ё суннатҳои даҳгонаи назофат ва таҳорати бадан;
- Сӣ хислати ахлоқие, ки дар ояти 112 сураи Тавба, 35 сураи Аҳзоб ва оёти 1 то 9 сураи Муъминун омадааст;
- Эҳтиҷоҷи Иброҳим (а) бо ситорапарастон, моҳпарастон ва хуршедпарастон, афкандани ӯ дар оташ, ҳиҷрат аз зодгоҳ ва забҳи фарзандаш Исмоил;
- Озмудани Иброҳим (а) бо ҳамаи таколифи ақлӣ ва шаръӣ;
- Анҷоми маносики ҳаҷ.[2]
Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, бо ин эътиқод ки вожаи «калимот» дар оят ҳамаи этимолоти матраҳшударо дарбар мегирад, ба ривояте аз Имом Содиқ (а) низ ишора кардааст, ки манзур аз калимот дар оят панҷтани Оли Аабо ҳастанд; ҳамон касоне ки тавбаи ҳазрати Одам ба воситаи онҳо қабул шуд.[3]
Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки агарчи дар Қуръон мақсуд аз «калимот» баён нашудааст, аз мазмуни оят ба даст меояд: «калимот» шомили аҳдҳои Иброҳим бо Худованд ва ҳамаи чизҳое аст, ки ӯ бо онҳо имтиҳон ва озмоиш шуд; монанди достони ситорагон, бутҳо, ҳиҷрат ва қурбонӣ кардани фарзанд.[4] Ба назари вай агар фоил дар феъли фаатаммаҳунна/ فَاتَمّهنّ Иброҳим бошад, маънои тамом кардани калимот (фаатаммаҳунна/ فَاتَمّهنّ) ин аст, ки ҳазрати Иброҳим ҳамаи он чи Худо аз ӯ хоста будро анҷом дод, вале агар фоили дар феъли (фаатаммаҳунна) Худованд бошад, чунончи зоҳири оят ҳамин аст, дар ин сурат маънои тамом кардани калимот ин аст, ки Худованд ба Иброҳим тавфиқ дод ва ӯро мусоидат кард, ки аз уҳдаи озмуну имтиҳонҳо барояд.[5]
Манзур аз имомати Иброҳим чист?
Калимаи «имом» аз дигар калимаҳое аст, ки тафсирҳои мухталифе доштааст:
- Шайхи Тусӣ дар тафсири Тибён гуфтааст, имомат дар ин оят, ба маънои вилоят ва заомати сиёсӣ аст. Ӯ вилоят ва заомати сиёсиро аз шуъуни набувват ва рисолат намедонад; аз ин рӯ муътақид аст, ҳамаи пайғамбарон илова бар мақоми набувват, вилоят надоштаанд, балки бархе аз онон шоистаи чунин мақоме шудаанд.[6]
- Ба назари Аллома Таботабоӣ имом касе аст, ки мардум дар гуфтору рафтор аз ӯ пайравӣ мекунанд ва манзур аз мақоми имомат дар ин оят, ҳидояти ботинӣ аст; мақоме, ки расидан ба он, лозимаи бархӯрдорӣ аз камоли вуҷудӣ ва мақоми маънавии вижае аст, ки баъд аз муҷоҳидатҳои бисёре ба даст меояд ва ин ғайр аз мақоми набувват аст ва ба ҳамин хотир аст, ки имом бар мардумон вилоят дорад.[7]
- Табарӣ аз муфассирони аҳли суннат дар қарни сеюми қамарӣ, «имомат»-ро имомати ҷаҳонии Иброҳим тафсир кардааст. Ба бовари вай, бар асоси ин оят, Иброҳим имоми асри худ ва дигар замонҳо ва ҳатто дигар пайғамбарон аст ва ҳамаи суннатҳои тавҳидӣ бояд аз ӯ пайравӣ кунанд.[8]
- Фахри Розӣ, дигар муфассири аҳли суннат, имоматро ҳамон набувват тафсир кардааст.[9]
- Ҷаъфари Субҳонӣ низ муътақид аст, мақсуд аз мақоми имомат дар оят, улгу будани ҳамаҷонибаи Иброҳим аст. Аз назари ӯ ин мақом ба касоне дода мешавад, ки ҳатто тарки авлое аз онҳо сар назадааст. Ӯ мегӯяд, ин мақом болотар аз исмат аст ва фақат бархе аз пайғамбарон чунин мақоме доштаанд.[10]
Далолати оят бар исмати имом
- Мақолаи аслӣ: Исмати имомон
Олимони шиа бо истинод ба иборати «ло янолу аҳдӣ аззолимин/ لاینالُ عَهدی الظّالِمینَ» (аҳди ман ба золимон намерасад) зарурати исмати имомро натиҷа гирифтаанд.[11] Онҳо муътақиданд, бар асоси ин оят имом ҳатман бояд маъсум бошад ва ҳеҷ гуноҳ ва зулме надошта бошад ва чун фарзандони Иброҳими ин гуна набудаанд, Худованд бо ин ҷумла, дархости ӯ барои имомати фарзандонашро қабул накардааст.[12]
Ишкол ба дидгоҳи олимони шиа
Бархе дар ашкол ба ин тафсир гуфтаанд золим касеаст ки аввалан, муртакиби гуноҳ кабира шаваду сониян, аз гуноҳи худ Тавба накунад. Бинобар ин унвони золим бар гуноҳкоре ки тавба кардааст, сидқ намекунад. Дар натиҷаи оя бар исмати имом дилолат надорад.[13]
Посухи олимони шиа
Шайхи Тусӣ ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар посух ба ин ишкол гуфтаанд, нафй дар иборати «ло янолу аҳдӣ ал-золимин» мутлақ аст; яъне шомили ҳар зулме дар ҳар замоне мешавад. Бинобар ин, наметавон гуфт ҳукми оят шомили касе намешавад, ки золим буда, аммо тавба кардааст. Ба гуфтаи ӯ, бо тавваҷуҳ ба ин масъала, барои хориҷ кардани чунин шахсе, ба далели дигаре ниёз дорем, ҳол он ки чунин далеле матраҳ нашудааст.[14]
Аллома Таботабоӣ ҳам дар посух ба ин ишкол гуфтааст, Иброҳим қатъан барои касоне ки аз зулмашон тавба накардаанд, аз Худо дархости имомат накардааст. Бинобар ин дархост ӯ ё танҳо барои касоне будааст, ки асосан зулме надоштаанд, ё ин ки ӯ барои касоне ҳам ки аз зулмҳои худ тавба кардаанд, дархости имомат кардааст,[15] аммо аз он ҷо ки Худо ин дархостро ба хотири золим будани фарзандони Иброҳим рад кардааст, натиҷа ин мешавад, ки ҳукми ин оят (нафйи имомат) шомили касоне мешавад, ки зулм намуда ва сипас тавба кардаанд.[16]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.377 - 378; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.436 - 445.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.377 - 378.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.377 - 378.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.270.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.270.
- ↑ Шайхи Тусӣ, Тибён, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.449.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.270 - 272.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.610.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотеҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.36.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.235 - 237.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.380.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.380; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1405ҳ.қ., саҳ.332 - 333; Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.141.
- ↑ Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351; Фахри Розӣ, Мафотеҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.42.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.449; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.202.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274.
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чиҳилу якум, 1380ҳ.ш.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, Теҳрон, муассисатул-Содиқ, 1407ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1383ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон (тафсири ат-Табарӣ), Бейрут, Дорулмаърифат, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, 1408ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1393ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотеҳ-ул-ғайб (ат-Тафсир-ул-кабир), Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, алтабъатулсолиса, 1420ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, Қум, мактабатул-Маръашӣ, 1405ҳ.қ.
- Ҷурҷонӣ, Мир Сайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, маншуроти аш-Шарифир-Разӣ, 1412ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, 1409ҳ.қ.