Шаби бисту якуми рамазон

Аз wikishia

Шаби бисту якуми рамазон (форсӣ: شب بیست و یکم رمضان) шаби шаҳодати Имом Алӣ (а) ва як рӯйдоде дар тақвими шиа аст.

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Имом Алӣ (а) дар шаби нуздаҳуми моҳи рамазон бо шамшери Ибни Мулҷами Муродӣ зада шуд ва бар асари ин зарба дар шаби бисту якум шаҳид шуд.[1] Ба ҳамин муносибат шиаён дар ин шаб барои ӯ азодорӣ мекунанд.[2] Ҳамчунин дар бархе манотиқи Эрон дар шаби бисту якум таъзияе ба номи «таъзияи Қанбар ва ҳазрати Алӣ (а)» иҷро мешавад.[3]

Тибқи ривоятҳое, ки манобеи шиа овардаанд, шаби 21-ум дар канори шабҳои 19-ум ва 23-юм яке аз шабҳое аст, ки эҳтимол дорад шаби Қадр бошад.[4] Бинобар ин, шиаён ин шабро дар хонаҳо, масҷидҳо, ҳусайнияҳо ва дигар маконҳои мазҳабӣ ба шабзиндадорӣ ва анҷоми аъмоли шаби Қадр мегузаронанд.[5] Ба навиштаи Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон, савоби шаби бистуякум аз шаби нуздаҳуми моҳи рамазон бештар аст.

Баъзе амалҳое ки дар ин шаб тавсия шудааст, иборатанд аз:

  1. Шабзиндадорӣ
  2. Ғусли шаби Қадр
  3. Хондани намози шаби Қадр
  4. Сад ракъат намоз
  5. Қуръон ба сар гирифтан
  6. Тавассул ба чордаҳ маъсум[6]

Бархе аз шиаён дар шаби бисту якум назрӣ, ифторӣ ва саҳарӣ тақсим мекунанд.[7] Дар Луристони Эрон дар ин шаб назрии хоссе мепазанд, ки ба он ҳалвои бисту якум гуфта мешавад.[8]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  2. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.19.
  3. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.20.
  4. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.381.
  5. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.20.
  6. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, аъмоли шаби Қадр, аъмоли махсуси шаби бистуякум.
  7. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.21.
  8. “Оинҳои Рамазон дар устонҳо - 36 русуми шаби шаҳодати Имом Алӣ; буи ҳалвои 21-уми Рамазон хонаҳоро муаттар мекунад”, хабаргузории Меҳр.

Сарчашма

  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Усва, бе то.
  • Маҷидии Хомана, Фарида, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, дар маҷаллаи Гулистони Қуръон, № 37, озари 1379ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, Дорул-кутубил-исломийя, ал-Матбаъату Марвӣ, 1404ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи алал-ибод, тасҳеҳ, муассисаи Олулбайт алайҳимуас-салом, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • "Оинҳои Рамазон дар устонҳо - 36 русуми шаби шаҳодати Имом Алӣ; буи ҳалвои 21-уми Рамазон хонаҳоро муаттар мекунад”, хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 6 тири 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 22 исфанди 1402ҳ.ш.