Солеҳ-ул-муъминин
Солеҳ-ул-муъминин (арабӣ: صالِحُ المُؤمِنین) ба маънои беҳтарини муъминон ё муъминони солеҳ аст, ки аз ояти чаҳоруми сураи Таҳрим гирифта шудааст.
Дар ин оят, Солеҳулмуъминин шахсе муаррифӣ шудааст, ки дар канори Худованд, Ҷабраил ва дигар фариштагон аз Пайғамбари Ислом (с) пуштибонӣ мекунад.
Муфассирон далели нозил шудани ояти Солеҳ-ул-Муъмининро азият ва озоре донистаанд, ки аз сӯи баъзе занони Пайғамбар (с) нисбат ба он ҳазрат раво дошта шуд ва Худованд онҳоро бо нозил шудани ин оят сарзаниш карда ва аз онҳо хостааст, ки аз рафторашон тавба кунанд.
Баъзе аз муфассирон калимаи Солеҳ-ул-муъмининро муфрад ва мисдоқашро танҳо як нафар донистаанд ва бархеи дигар онро исми ҷинс ва шомили ҳамаи мусалмонони ботақво донистаанд. Муфассирони шиа дар дидгоҳи аввал, Имом Алӣ (а)-ро ягона намуна ва дар дидгоҳи дуввум беҳтарин намунаи он донистаанд.
Далели дидгоҳи аввал, ривоётҳое аст, ки дар манобеи шиа ва аҳли суннат нақл шуда ва Имом Алӣ (а)-ро ба далели исмат ва шоистагиҳояш, ягона намунаи Солеҳ-ул-муъминон дониста аст.
Теъдоде аз муфассирони аҳли суннат, ду халифаи аввалро ба хотири боздоштани духтаронашон (Оиша ва Ҳафса) аз озор додани Пайғамбар (с), аз намуна ва мисдоқҳои Солеҳ-ул-муъминон донистаанд, вале тасреҳ мекунанд, ки мисдоқҳои он мунҳасир дар ин ашхос нест.
Мафҳумшиносӣ
Солеҳ-ул-муъминин ба маънои беҳтарини муъминон ё муъминони шоиста аст.[1] Бархе аз муфассирон солеҳро дар таркиби мазкур исми ҷинс дониста[2] ва натиҷа гирифтаанд, ки шомили ҳамаи муъминони солеҳ, ботақво ва комилул-имон мешавад.[3]
Дар муқобил, бархеи дигар умумияти солеҳ-ул-муъмининро рад карда, муътақиданд, ин калима фақат бар як шахс қобил сидқи аст.[4] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, маънои «солеҳ-ул-муъминин» ғайр аз маънои «ал-солеҳу мин-ал-муъминин» аст ва фақат таркиби дувум аст, ки ба далели доштани «алиф» ва «лом» бар сари калимаи солеҳ исми ҷинс аст ва ифодаи умум мекунад, вале солеҳ-ул-муъминин ҷинсият ва умумиятро намерасонад.[5]
Ояти Солеҳ-ул-муъминин
Солеҳ-ул-муъминин аз ин оят гирифта шудааст: «إِن تَتُوبَا إِلَی اللهِ فَقَدْ صَغَتْ قُلُوبُکمَا ۖ وَإِن تَظَاهَرَا عَلَیهِ فَإِنَّ الله هُوَ مَوْلَاهُ وَجِبْرِیلُ وَ صَالِحُ الْمُؤْمِنِینَ ۖ وَالْمَلَائِکةُ بَعْدَ ذَٰلِک ظَهِیرٌ؛; агар [шумо ду зан] ба даргоҳи Худо тавба кунед [беҳтар аст], воқеан дилҳоятон инҳироф пайдо кардааст ва агар алайҳи ӯ ба якдигар кумак кунед, дар ҳақиқат, Худо худ сарпарасти ӯст ва Ҷабраил ва Солеҳ-ул-муъминон [низ ёвари ӯянд] ва гузашта аз ин, фариштагон [ҳам] пуштибони [ӯ] хоҳанд буд!».[6] Аз ин рӯ, ояти мазкур ба ояти Солеҳ-ул-муъминин шинохта мешавад.[7]
Шаъни нузули оят
Дар бораи шаъни нузули ояти Солеҳ-ул-муъминин ривоёте нақл шудааст, ки аз азият ва озори Пайғамбари Ислом тавассути бархе аз ҳамсаронаш ҳикоят дорад.[8] Тибқи ин ривоёт, Пайғамбар назди яке аз ҳамсаронаш рафт, миқдоре асал хӯрду монданаш тӯл кашид. Оиша бо ҳамроҳ кардани бархеи дигар аз занони Пайғамбар тасмим гирифт замоне, ки Пайғамбар (с) наздашон рафт, ба баҳонаи бӯи бади асале ки хӯрдааст, аз ӯ канорагирӣ кунанд. Пас аз ин бархӯрд, Пайғамбар хӯрдани асалро бар худ ҳаром кард. Дар бархе аз ривоёт омадааст, ки аз ҳамсарони худ низ канорагирӣ кард ва тасмим гирифтааст ононро талоқ диҳад. Баъд аз муддате оёти сураи Таҳрим нозил шуд ва Пайғамбар (с)-ро аз ҳаром кардани чизҳое, ки бар ӯ ҳалол шудааст, манъ кард.[9] [Ёддошт 1]
Оят ҳамчунин аз ҳамсарони Пайғамбар хост ба иллати озоре, ки ба Пайғамбар (с) расондаанд, тавба кунанд ва ба онон ҳушдор дод, агар бар азияти Пайғамбар исрор варзанд, бидонанд, ки Худованд валӣ ва сарпарасти Пайғамбар (с) аст ва дар ҳар хатаре, ки ӯро таҳдид кунад пуштибони ӯст ва Худо, Ҷабраил, Солеҳ-ул-муъминин (беҳтарини муъминон) ва дигар фариштагон пуштибони Расули Худо хоҳанд буд.[10]
Солеҳ-ул-муъминин кист?
Теъдоди зиёде аз муфассирони шиа, мисдоқи солеҳ-ул-муъмининро Имом Алӣ (а) донистаанд. Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ,[11] олимони шиа ва ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ,[12] муфассирон иттифоқи назар доранд, ки солеҳ-ул-муъминин, Имом Алӣ (а) аст. Мустанади онон ривоёте аст дар манобеи шиа[13] ва аҳли суннат,[14] ки Имом Алӣ (а)-ро танҳо мисдоқи он муаррифӣ кардааст. Дар бораи иллати он гуфтаанд, ки солеҳ-ул-муъминин бояд беҳтарини муъминон[15] ва маъсум бошад; чун ҳамроҳи Ҷабраил ва дигар фариштагон омадааст.[16] Аллома Таботабоӣ Имом Алӣ (а)-ро танҳо мисдоқи солеҳ-ул-муъминин донистааст.[17]
Дар муқобили ин назар, иддае дигар аз муфассирони аҳли суннат ва шиа муътақиданд, солеҳ-ул-муъминин ҳамаи муъминони солеҳу ботақво ва комилул-имонро шомил мешавад.[18] Бар ин асос, Носир Макорими Шерозӣ ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз муфассирони шиъӣ, Имом Алӣ (а)-ро комилтарин мисдоқи он муаррифӣ кардааст.[19]
Олусӣ (вафот: 1270ҳ.қ.) муфассири аҳли суннат, Абубакр ва Умарро низ аз масодиқи солеҳ-ул-муъминин донистааст, вале тасреҳ мекунад, ки масодиқи он мунҳасир дар ин афрод нест.[20] Ӯ ин суханро ба Ибни Асокир, муфассири қарни шашуми аҳли суннат нисбат додааст.[21] Далели ӯ ин аст, ки Абубакр ва Умар духтарони худ Оиша ва Ҳафсаҳро, ки ҳамсарони Пайғамбар буданд, аз азияту озори Пайғамбар (с) бозмедоштанд.[22]
Шуштарӣ ин дидгоҳро мавриди иттифоқи муфассирон надониста ва манзур аз солеҳ-ул-муъмининро «аслаҳ-ул-муъминин» (шоистатарини муъминон) медонад; чун ҳамли лафзи муфрад бар чанд нафар хилофи қавоиди адабӣ аст. Бар ин асос бояд мисдоқи ин мафҳум фақат як нафар бошад.[23] Ҳамчунин бар пояи бархе ривоёт дар манобеи аҳли суннат, Абубакру Умар, ё Умар ба танҳоӣ мисдоқи солеҳ-ул-муъминин муаррифӣ шудаанд.[24] Санади ин ривоёт, заъиф шуморида шудааст.[25]
Эзоҳ
- ↑ Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.142.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.471; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.348; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.280.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.280.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.332.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.332.
- ↑ Сураи Таҳрим, ояти 4.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1407ҳ.қ., саҳ.191.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.459 - 461.
- ↑ Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.459 - 461.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.331.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.31.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-карома, 1379ҳ.ш., саҳ.146.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.31; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-Сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.370.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, 341 - 352; Абуҳаёни Анделусӣ, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.332; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.244.
- ↑ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.314 - 320.
- ↑ Сайид ибни Товус, Саъд-ус-суъуд, Қум, саҳ.181; Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.438.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.332.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.105; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.349; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.280.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.280; тафсири сураи Таҳрими Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ
- ↑ Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.349.
- ↑ Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.348 - 349.
- ↑ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.314.
- ↑ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ, саҳ.319.
- ↑ Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.349.
- ↑ Худопараст, “Баррасии татбиқии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи мисдоқи солеҳ-ул-муъминин”, саҳ.92 - 96.
Ёддошт
Сарчашма
- Абуҳаёни Анделусӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, таҳқиқи Сидқӣ Муҳаммад Ҷамил, Бейрут, Дорулфикр, 1420ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-карома фи маърифат-ил-имомат, Машҳад, муассисаи Ошуро, 1379ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, ба кӯшиши Айнуллоҳ ал-Ҳусно Урмавӣ, Қум, Дорулҳиҷрат, 1407ҳ.қ.
- Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, таҳқиқи Камол Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1411ҳ.қ.
- Қурашӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1412ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмия, 1371ҳ.ш.
- Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Сайидалӣ, Саъд-ус-суъуд ли-н-нуфуси манзуд, Қум, Муҳаммадкозим ал-Катбӣ.
- Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, фарҳанги исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Қум, китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1390ҳ.қ.
- Худопараст, Аъзам ва Дежобод, Ҳомид, “Баррасии татбиқии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи мисдоқи солеҳ-ул-муъминин” дар маҷаллаи Мутолиоти тафсирӣ, шумораи 22, 1394ҳ.ш.
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил лиқавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати иршод, 1411ҳ.қ.
- Ҳувайзӣ, Абдулалӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, таҳқиқи Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
- Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found