Ояти Байъати ризвон

Аз wikishia
Ояти Байъати таҳти шаҷара
Ин мақола дар бораи ояти Байъати ризвон аст. Барои итилоъ аз воқеае бо ҳамин унвон, мадхали Байъати ризвонро бибинед.

Ояти Байъати ризвон ё ояти Байъат (сураи Фатҳ, 18) ризояти Худо аз муъминони ширкаткунанда дар Байъати ризвонро эълом мекунад.

Уламои аҳли суннат аз ин оят барои исботи назарияи адолати саҳоба истифода мекунанд, аммо муфассирони шиа муътақиданд, ризояти Худо дар ин оят машрут ба истиқомату пойбандӣ ба паймони саҳоба аст ва фақат саҳобаеро шомил мешавад, ки бар аҳди худ вафодор монданд.

Аз назари муфассирони шиа, ояти 10 сураи Фатҳ, баъд аз ин оят нозил шудааст ва Худо дар он, шарти ризоят аз муъминонро итоат аз фармони Пайғамбар (с) ва парҳез аз паймоншиканӣ қарор додааст.

Тибқи ояти Байъати ризвон, Худо ба муъминони фидокоре, ки дар Байъати ризвон бо Пайғамбар (с) байъат карданд, аҷрҳои бузурге дод: розӣ будани Худо аз онҳо, оромиш ва фатҳи наздик. Ҳамчунин дар ояти баъд ваъдаи ба даст овардани ғаниматҳои фаровоне дод, ки ба гуфтаи муфассирон, дар ҷанги Хайбар ба даст омад.

Номгузорӣ ва аҳамият

Ояти ҳаждаҳуми сураи Фатҳ, ки дар он воқеаи Байъати ризвон баён шудааст, ба номи «ояти Байъати ризвон» ё «ояти Байъат» номида шудааст.[1] Уламои аҳли суннат барои исботи назарияи адолати ҳамаи саҳоба ба ин оят истинод мекунанд.[2]

Матн ва тарҷума

لَقَدْ رَضِيَ اللهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِى قُلُوبِهِمْ فَأَنزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا

Худованд аз муъминон, ҳангоме ки дар зери он дарахт бо ту байъат карданд, розӣ шуд. Худо ончиро дар даруни дилҳояшон аз имону садоқат наҳуфта буд медонист. Аз ин рӯ, оромишро бар дилҳояшон нозил кард ва пирӯзии наздикеро аҷри онҳо қарор дод.

Байъати ризвон

Байъати ризвон ё Байъати шаҷара, паймони ҷамъе аз саҳоба бо Пайғамбар (с) аст, ки дар соли шашуми қамарӣ дар наздикии Макка анҷом гирифт.

Ба гузориши Ибни Ҳишом - таърихнигори қарни сеюми қамарӣ дар ас-Сират-ун-набавийя, дар ин воқеа, Пайғамбар (с) ҳамроҳи теъдоде аз саҳоба, ба қасди умра аз Мадина хориҷ шуд, аммо мушрикони Қурайш аз вурудашон ба Макка ҷилавгирӣ карданд. Байни Пайғамбар ва мушрикони Қурайш фиристодагоне рафтуомад доштанд. Овозаи кушта шудани яке аз фиристодагони Пайғамбар (с) ба дасти Қурайш сабаб шуд, Пайғамбар саҳобаро ба байъат фарохонад ва онҳо байъат карданд то пои ҷон аз Пайғамбар дифоъ кунанд. Ин воқеа дар ниҳоят, ба сулҳи Ҳудайбия анҷомид ва қарор шуд он сол, мусулмонон ҳаҷ ба ҷо наёваранд ва соли баъд, барои зиёрати хонаи Худо ба Макка бираванд.[3]

Муҳтаво; аҷри байъаткунандагон

Дар ин оят, Худо аз муъминоне, ки дар Байъати ризвон бо Пайғамбар (с) байъат карданд, ибрози ризоят кардааст.[4] Худованд тибқи ин оят ба муъминони фидокоре, ки дар лаҳзае ҳассос, бо Пайғамбар (с) байъат карданд, се аҷр ва подоши бузург дод:

  1. Хушнудии Худо аз онҳо: «разияллоҳ/ رَضِيَ اللَّه»;
  2. Оромиш: «فَأَنْزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ»: чунон оромише бар онҳо нозил кард, ки дар миёни анбуҳи душманон дар нуқтаи дурдасте аз диёри худ, дар миёни силоҳҳои омодаи онҳо, бо надоштани силоҳи кофӣ, тарсу ваҳшате ба дил роҳ намедоданд ва ҳамчун кӯҳ, устувору побарҷо истода буданд;
  3. Фатҳи наздик: «أَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا»: ба гуфтаи бештари муфассирон, ин фатҳ, фатҳи Хайбар буд ва таъбир ба қарибан таъйиде бар ҳамин матлаб аст; зеро фатҳи Хайбар дар оғози соли ҳафтуми қамарӣ ва ба фосилаи чанд моҳ баъд аз Сулҳи Ҳудайбия таҳаққуқ ёфт. Ҳамчунин иборати «وَ مَغانِمَ کَثِیرَةً یَأْخُذُونَها» ки дар ояти баъд омадааст, ишора ба ғаниматҳое аст, ки дар Фатҳи Хайбар дар фосилаи кӯтоҳе ба дасти мусулмонон афтод.[5]

Истинод ба оят барои исботи адолати саҳоба

Бархе аз олимони аҳли суннат, ин оятро далеле бар адолати ҳамаи саҳоба медонанд.[6] Олимони аҳли суннат розӣ будани Худованд аз саҳобаро далел бар адолати ҳамаи онон дониста, гуфтаанд, касе ки Худо аз ӯ розӣ шавад, ҳаргиз бар ӯ ғазаб намекунад.[7] Ба гуфтаи олимони шиа, ин оят бар адолати ҳамаи саҳоба далолат надорад; чароки дар ин оят фақат саҳобае манзур аст, ки дар Байъати ризвон ҳузур доштанд ва бар аҳду паймони худ устувор монданд, на ҳамаи саҳоба.[8] Ҳамчунин адолати ҳамаи саҳоба бо ояти 101 сураи Тавба созгор нест; зеро ояти мазкур бархе аз саҳобаро мунофиқ муаррифӣ мекунад.[9]

Муфассирони шиа ризояти Илоҳӣ дар оятро машрут ба истиқомат дар пайравӣ аз Пайғамбар (с) медонанд.[10] Ба гуфтаи Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ - нависандаи Тафсири Қумӣ, ояти 10 сураи Фатҳ, баъд аз ин оят нозил шудааст ва Худованд дар он, шарти ризоят аз муъминонро итоат аз фармони Пайғамбар (с) ва парҳез аз паймоншиканӣ қарор додааст.[11]

Эзоҳ

  1. Дафтари таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, саҳ.347.
  2. Ниг.: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162 - 163.
  3. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.308 - 316.
  4. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, Дорул-сурур, ҷ.2, саҳ.315.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.66 - 68.
  6. Хатиби Бағдодӣ, ал-Кифоя, ал-Мактабатул-имия, ҷ.1, саҳ.64; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162 - 163.
  7. Ибни Абдулбирр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4.
  8. Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.329.
  9. Сураи Тавба, ояти 101.
  10. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.315; Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён, ҷ.18, саҳ.292.
  11. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.315.

Сарчашма

  • Ибни Абдулбирр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1992м./1412ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, бе то.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи сиюдувум, 1374ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Исмоилиён, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Кифоя фи илм-ир-ривоят, таҳқиқи Абуабдулло ал-Сурқӣ ва Иброҳим Ҳамдӣ ал-Маданӣ, Мадина, ал-Мактабатул-илмия, бе то.