Jump to content

Ояти 23 сураи Аҳзоб

Аз wikishia
Ояти 23 сураи Аҳзоб
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиАҳзоб
Шумораи оят23
Ҷузъ21
МавзуъАҳди муъминон бо Худо дар бораи ҳамроҳии Пайғамбар дар ҷангҳо
Дар бораиҲамза ибни Абдулмутталиб, Ҷаъфар ибни Абитолиб ва Имом Алӣ (а)


Ояти 23 сураи Аҳзоб (форсӣ: آیه ۲۳ سوره احزاب) дар бораи муъминоне аст, ки ба аҳдашон бо Худо вафо карданд ва баъзеи онҳо шаҳид шуданд ва баъзеи дигар дар интизори шаҳодат монданд. Аз назари Аллома Таботабоӣ, манзур аз он аҳд ин буд, ки чун бо душман рӯ ба рӯ шуданд, набояд гурезанд ва то охир дар канори Пайғамбар (с) устувору собитқадам бимонанд.

Барои ин оят шаъни нузулҳои гуногуне зикр шудааст. Ба гуфтаи нависандаи тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, бештари муфассирон ва муҳаддисон бар онанд, ки ин оят дар шаъни Имом Алӣ (а), Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, Ҷаъфар ибни Абутолиб ва Убайда ибни Ҳорис нозил шудааст. Дар ин бора ривояте низ аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст. Дар манобеи тафсирии аҳли суннат, шаъни нузули ин оят дар бораи Анас ибни Назри саҳоба баён шудааст.

Дар тафсирҳои шиа, мурод аз «مَنْ قَضى‏ نَحْبَه» яъне касоне ки ба шаҳодат расиданд – Ҳамза ва Ҷаъфар ибни Абутолиб ва манзур аз касоне ки дар интизоранд - Алӣ (а) дониста шудааст. Дар манобеи аҳли суннат, Ҳамза, шаҳидони ҷанги Бадру Уҳуд ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ мисдоқ ва намунаи «مَنْ قَضى‏ نَحْبَه» ба ҳисоб меоянд.

Ба бовари Носир Макорими Шерозӣ, байни тафсирҳо ва намунаҳои зикршудаи зайли оят, зиддияте нест; зеро оят дорои мазмуни васеъ буда, тамоми шаҳидон ва ҳамаи касонеро, ки мунтазири шаҳодат ҳастанд, дарбар мегирад.

Ин оят дар бораи шаҳидон бисёр ба кор рафтааст; масалан Имом Ҳусайн (а) баъд аз шаҳодати Муслим ибни Авсаҷа ва Муслим ибни Ақил ин оятро ба забон ҷорӣ карданд. Ҳамчунин дар паёмҳои таслият дар бораи шуҳадо ба кор рафтааст.

Матн ва тарҷума

Ояти 23-юми сураи Аҳзоб ба гурӯҳи хоссе аз муъминон ишора дорад, ки дар пайравӣ аз Пайғамбар (с) аз дигарон пешгомтар буданд ва бар аҳду паймонашон бо Худо (фидокорӣ то охирин нафас) истоданд. Баъзе аз онон ба аҳди худ вафо карда, ба шаҳодат расиданд ва бархе низ дар интизоранд ва ҳеҷ гуна тағйиру табдиле дар аҳду паймони худ надоданд ва ҳеҷ инҳирофу тазалзуле дар кори худ пайдо накарданд.[1]

Шаъни нузул

Шаъни нузулҳои мухталифе барои ояти 23-юми сураи Аҳзоб нақл шудааст. Ба гуфтаи Муллофатҳуллоҳи Кошонӣ (ваф.988ҳ.қ.) дар тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин, ҷумҳури муфассирон ва муҳаддисон бар онанд, ки ин оят дар шаъни Имом Алӣ (а), Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, Ҷаъфар ибни Абутолиб ва Убайда ибни Ҳорис нозил шудааст.[2] Ӯ дар ҷои дигар нақл кардааст, сабаби нузули оят дар бораи гурӯҳе аз саҳоба; монанди Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, Мусъаб ибни Умайр ва Анас ибни Ҷубайр аст, ки назр карда буданд то дар майдони ҷанг ҳамроҳи Пайғамбар (с) бошанд ва то ба шаҳодат нарасанд, ором нагиранд. Худованд дар ояти 23-юми Аҳзоб ин гурӯҳи муъминонро тавсиф кардааст, ки онон дар аҳди худ ростгӯ буданд.[3] Тибқи ривояте аз Имом Алӣ (а) ин оят дар бораи худашон, Ҳамза ва Ҷаъфару Убайда ибни Ҳорис нозил шуд.[4]

Дар тафсири Табарӣ нақл шудааст, ин оят дар бораи гурӯҳе нозил шуд, ки дар ҷанги Бадр шаҳид нашуданд; пас бо Худо аҳд карданд, ки ба ҳамроҳи Пайғамбар (с) бо мушрикин ҷанг кунанд. Иддае аз онон ба шаҳодат расиданд ва баъзеашон, ки шаҳид нашуда буданд, мунтазири шаҳодат монданд.[5]

Дар манобеи аҳли суннат, аз Анас ибни Молик нақл шудааст, ки ин оят дар бораи амакаш Анас ибни Назр, нозил шудааст. Анас, ки дар ҷанги Бадр ғоиб буд, гуфт, дар нахустин ҷанги Пайғамбар (с) бо мушрикон ғоиб будам, агар ҷанги дигаре рух диҳад, дар канори Пайғамбар ҷанг хоҳам кард. Пас, дар ҷанги Уҳуд ҳузур ёфту ҷангид то ба шаҳодат расид.[6]

Тафсир

Ояти 23-и Аҳзоб ба хати сулс, асари Ҳомид Омадӣ - хушнависи Туркияӣ (ваф.1403ҳ.қ.)

Ба назари Аллома Таботабоӣ, иборати «صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَیْهِ» яъне он муъминон, ростгӯии худро дар он чи бо Пайғамбар (с) аҳд карда буданд, собит карданд. Он аҳд ин буд, ки ҳангоме ки бо душман рӯбарӯ шуданд, фирор накунанд.[7] Ва ин таъбир «فَمِنْهم مَنْ قَضى‏ نَحْبَه» низ яъне бархе аз муъминон дар ҷанг аҷалашон расид, мурданд ё дар роҳи Худо кушта шуданд; ва бархеи дигар «مَنْ يَنْتَظِر», дар интизори расидани аҷалашон ҳастанд ва аз аҳди худ сарпечӣ накарданд.[8]

Калимаи «наҳб» ба маъноҳои ҳамчун назру паймон, марг ва хатар омадааст.[9] Табарсӣ,[10] Муллофатҳуллоҳ Кошонӣ,[11] Роғиби Исфаҳонӣ[12] ва Аллома Таботабоӣ[13] ба нақл аз Роғиб дар ал-Муфрадот, маънои аслии наҳбро назр ва «قَضی نَحْبَه»-ро ба маънои вафо кардан ба назр донистаанд, аммо муътақиданд, мурод аз калимаи наҳб дар ояти 23-юми Аҳзоб, мурдан ё кушта шудан дар роҳи Худост.

Мисдоқҳои оят

Дар бораи ин ки ин оят нозир ба киҳост, байни муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар тафсири Қумӣ аз Имом Боқир (а)[14] ва дар ат-Тибёни Шайхи Тусӣ[15] омадааст, ки мурод аз касоне ки ба шаҳодат расиданд, Ҳамза ва Ҷаъфар ибни Абутолиб ва мақсуд аз касоне ки дар интизоранд, Алӣ (а) аст. Ин матлабро Ҳокими Ҳасконӣ (ваф.490ҳ.қ.) – олими аҳли суннат дар Шавоҳид-ут-танзил аз Ибни Аббос нақл кардааст.[16] Дар ривояте аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, ки фармуд: ин оят дар бораи мо нозил шудааст! Ба Худо савганд! Ман дар интизорам ва ҳеҷ тағйиру табдиле дар ман эҷод нашудааст.[17]

Дар ривояте, ки Имом Содиқ (а) аз Пайғамбар (с) хитоб ба Алӣ (а) нақл карда, омадааст: ҳар касе туро дӯст бидораду бимирад «فقد قَضى‏ نَحْبَه» ба аҳди худ вафо кардааст, ва касе ки туро дӯст дораду ҳануз намурда бошад «فَهُوَ يَنْتَظِرُ» дар интизор аст.[18]

Бархе аз муфассирон фақараи «مَنْ قَضى‏ نَحْبَه»-ро нозир ба шаҳидони ҷанги Бадру Уҳуд донистаанд.[19]

Дар тафсири Муқотил ибни Сулаймон - аз тафсирҳои қарни дувуми ҳиҷрии қамарӣ омадааст, ки мурод аз вафои ба аҳд, лайлатулъақаба (байъати ақаба ки ба байъати мардуми Ясриб бо Расули Худо (с) пеш аз ҳиҷрати он ҳазрат ишора дорад) дар Макка аст, манзур аз касоне ки ба шаҳодат расиданд, Ҳамза ва ёронашаст ки дар ҷанги Уҳуд шаҳид шуданд.[20]

Пайғамбари Худо (с) дар бораи дӯстӣ бо Имом Алӣ (а):
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صلی الله علیه وآله: يَا عَلِيُّ مَنْ أَحَبَّكَ ثُمَّ مَاتَ فَقَدْ قَضى‏ نَحْبَهُ وَ مَنْ أَحَبَّكَ وَ لَمْ يَمُتْ فَهُوَ يَنْتَظِرُ وَ مَا طَلَعَتْ شَمْسٌ وَ لَا غَرَبَتْ إِلَّا طَلَعَتْ عَلَيْهِ بِرِزْقٍ وَ إِيمَانٍ

Расули Худо (с) фармуд: ё Алӣ ҳар касе туро дӯст бидораду бимирад, вазифаашро анҷом додааст ва ҳар касе ки туро дӯст дораду ҳануз намурдааст, дар интизор бошад ва хуршед тулӯъу ғуруб намекунад, магар он ки аз имон ва ризқи тозае баҳраманд мегардад.[21]


Аз Ибни Аббос низ нақл шудааст, ки мурод аз «مَنْ قَضى‏ نَحْبَه‏» Ҳамза ва соири шуҳадои Уҳуд ва Анас ибни Назр ва ёронаш аст.[22] Дар бархе манобеи тафсирӣ, Талҳа ибни Убайдуллоҳ низ аз масодиқи «مَنْ قَضى‏ نَحْبَه» шуморида шудааст.[23]

Ба бовари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, байни тафсирҳо ва масодиқи зикршудаи зайли оят, зиддияте нест; зеро оят мафҳуми васеъе дорад, ки ҳамаи шаҳидони Исломро ки пеш аз моҷарои ҷанги Аҳзоб шаҳид шуданд ва балки ҳар шаҳиде дар ҳар замону маконро шомил мешавад. Мунтазирон низ тамоми касонеро ки дар интизори пирӯзӣ ва шаҳодат буданд, дарбар мегирад; албатта афроде монанди Ҳамза ва Алӣ (а) дар раъси ин ду гурӯҳ қарор доштанд.[24]

Корбурдҳо

Ин оят дар мавориди мутааддиде дар бораи шаҳидон ба кор рафтааст. Нақл шудааст, Имом Ҳусайн (а) ин оятро дар воқеаи Карбало ва дар канори ҷанозаи шуҳадои Карбало ҳамчун Муслим ибни Авсаҷа тиловат намуд.[25] Ҳамчунин гуфта шудааст, он ҳазрат ҳангоме, ки хабари шаҳодати Муслим ибни Ақилро шунид, ин оятро хонд.[26] Имом Хумайнӣ дар паёми таслият ба муносибати шаҳодати Атоуллоҳ Ашрафии Исфаҳонӣ - шаҳиди меҳроб, ӯро аз масодиқи боризи «رِجالٌ صَدَقُوا ما عاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ‌» муаррифӣ кард.[27] Дар ёдвораҳои шуҳадо ва паёмҳои таслият дар бораи шуҳадо[28] аз ҷумла паёми таслияти мароҷеъи тақлид ва уламо дар шаҳодати сардор Сулаймонӣ[29] низ ин оят бисёр ба кор рафтааст.

Дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) дар болои Бобуш-шуҳадо[30] ва Боби раъс-ул-Ҳусайн (а)[31] ин оят навишта шудааст.

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.245.
  2. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.272.
  3. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.271.
  4. Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.258.
  5. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.93.
  6. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.19; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.93; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.549; Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.366.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.290.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.290.
  9. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.548; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.245.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.549.
  11. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.271.
  12. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., 793 ва 794.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.290.
  14. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.307 ва ҷ.2, саҳ.188 ва 189.
  15. Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.329.
  16. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6.
  17. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5; Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.259.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.306.
  19. Ниг.: Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.5, саҳ.180; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.549.
  20. Мақотил ибни Сулаймон, тафсири Мақотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.484.
  21. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.306.
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.549.
  23. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.94; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.5, саҳ.181; Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.367.
  24. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.246 ва 247.
  25. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.103; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.246 ва 247.
  26. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.329; Муқаддас, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, 1388ҳ.ш., саҳ.160.
  27. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.50.
  28. Барои намуна ниг.: «بیانات در دیدار دست‌اندرکاران کنگره شهدای استان ایلام», дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «پیام به مناسبت هفته دفاع مقدس و روز تجلیل از شهیدان و ایثارگران», дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «پیام آیت‌الله العظمی نوری همدانی به سومین یادواره شهدای قرآنی», пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ; «تجلیل از مادران، همسران و دختران شهدای روحانی قم», хабаргузории ИСНА
  29. «پیام‌های تسلیت مراجع تقلید، علما و شخصیت‌های حوزوی به شهادت سردار سلیمانی», хабаргузории Мизон.
  30. Муқаддас, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, 1388ҳ.ш., саҳ.209.
  31. Муқаддас, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, 1388ҳ.ш., саҳ.209.

Сарчашма

  • Арусии Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, таҳқиқи Сайидҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • «بیانات در دیدار دست‌اندرکاران کنگره شهدای استان ایلام», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 обони 1400ҳ.ш., санаи боздид: 23 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир ал-Носир, Бейрут, Дору тавқин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, таҳқиқи Камол Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, китобфурушии Муҳаммадҳасани Илмӣ, 1336ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Мақотил ибни Сулаймон, Тафсири Мақотил ибни Сулаймон, таҳқиқи Маҳмуд Абдуллоҳ Шаҳота, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Муқаддас, Эҳсон, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, Теҳрон, нашри Машъар, чопи сеюм, 1388ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, нашри Садро, 1390ҳ.ш., беҷо.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • «پیام به مناسبت هفته دفاع مقدس و روز تجلیل از شهیدان و ایثارگران», дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 5 меҳри 1397ҳ.ш., санаи боздид: 23 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • «پیام آیت‌الله العظمی نوری همدانی به سومین یادواره شهدای قرآنی», пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳилъузмо Нурии Ҳамадонӣ, санаи дарҷи матлаб: 10 дейи 1394ҳ.ш., санаи боздид: 23 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • «پیام‌های تسلیت مراجع تقلید، علما و شخصیت‌های حوزوی به شهادت سردار سلیمانی», хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 13 дейи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 24 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Расулии Маҳаллотӣ, Ҳошим, тарҷумаи Равзаи Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, ношир: интишороти илмияи исломия, Теҳрон, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, таҳқиқи Сафвон Аднон Довудӣ, Бейрут - Димишқ, Дорул-қалам, ал-Дорул-шомия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон (тафсир-ут-Табарӣ), Бейрут, Дорул-маърифат, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: тафсири Қуръон-ил-Азим, Урдун - Арбад, Дорул-китобис-сақофӣ, чопи аввал, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, ал-Мизон, ношири маншуроти Исмоилиён, бе то, беҷо.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • «تجلیل از مادران، همسران و دختران شهدای روحانی قم», хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 18 дейи 1396ҳ.ш., санаи боздид: 23 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.