Ояти Даъват

Аз wikishia
Ояти Даъват
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Даъват
Воқеъ дар сураиНаҳл
Шумораи оят125
Ҷузъ14
Макони нузулМакка
МавзуъАхлоқӣ
Дар бораиШеваҳои рӯбарӯ шудан бо мухолифон
Оёти муртабитОяти 46 сураи Анкабут


Ояти Даъват (форсӣ: آیه دعوت) 125-умин ояти сураи Наҳл аст, ки роҳҳои даъвати мардум ба сӯи Худоро ба Пайғамбари Ислом (с) омӯзиш медиҳад. Бар ин асос, Худо ба Пайғамбараш дастур медиҳад бо истифода аз се шеваи ҳикмат, мавъизаи некӯ ва ҷидоли некӯтар (мунозира) ба таблиғи дини Ислом бипардозад.

Муфассирон манзур аз ҳикматро дар ин оят, ҳамон бурҳон ва илм донистаанд, ки боиси зудудани шак аз дили инсонҳо мешавад ва ақлҳои хуфтаро бедор мекунад. Ба гуфтаи онҳо мавъизаи некӯ ки дар оят ба унвони дуюмин равиш мавриди таъкид қарор гирифта бо авотифи инсонӣ сарукор дорад ва боиси тарғибу ташвиқи мардум ба тарки зиштиҳо ва анҷоми корҳои писандида мешавад. Онҳо ҷидоли некӯтар(мунозира)-ро махсуси касоне медонанд ки зеҳни онҳо аз масоили нодуруст анбошта шуда ва бояд аз тариқи мунозира зеҳнашонро холӣ кард то омодагии пазириши ҳақро пайдо кунанд. Дар ин равиш, бо истифода аз мабонии мавриди қабули шахс, ӯро қонеъ месозанд.

Ба гуфтаи муфассирон ояти даъват, Пайғамбар (с)-ро дар даъват фақат бар асоси се шеваи гуфташуда вазифадор кардааст ва ин ки чи касе қабул мекунад ва ҳидоят мешавад ва чи касе куфр меварзадро ба илми Худо ҳавола кардааст.

Нукоти куллӣ

Ояти даъват дар канори чанд ояти поёнии сураи Наҳл, маҷмуае аз дастуроти ахлоқӣ аст, ки ба чигунагии бархӯрд бо мухолифон мепардозад.[1] Макорими Шерозӣ ин дастуротро усули тактикӣ ва равиши муборизаи Ислом дар муқобили мухолифон дониста ва муътақид аст дар ҳамаи замонҳо ва маконҳо қобили истифода аст. Ба гуфтаи ӯ дар ин маҷмуаи дастурот, ба мавориде ҳамчун чигунагии даъват ба дин, кайфар ва афву истодагӣ дар баробари тавтеаҳо ишора шудааст.[2]

Дар ояти 125 сураи Наҳл, Худо ба Пайғамбараш роҳҳои гуфтимони мантиқӣ ва созандаро меомӯзад[3] ва аз ӯ мехоҳад ки ба василаи ҳикмат, мавъизаи некӯ ва ҷидоли некӯтар (мунозира) мардумро ба роҳи Худо даъват кунад.[4] Аллома Таботабоӣ ин се шеваро махсуси сухан гуфтан дониста ва Пайғамбар (с)-ро маъмури иблоғи паёми Худо аз ин се роҳ медонад.[5] Содиқии Теҳронӣ низ муътақид аст ин се равиши арқонии гуфтугӯ бо мардум аст, ки аз муҷодала барои гуфтугӯ бо инсонҳои мутакаббиру лаҷуҷ истифода мешавад ва барои инсонҳои бо фитрати солиму пок, фақат ниёз ба ҳикмат ва мавъиза аст.[6]

Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Муғния, далели ин ки дар ин оят, аз ин се шева, барои даъват ба сӯи Ҳақ ном бурда шуда ин аст, ки таблиғи дин ва даъват ба сӯи Худо бояд аз ҳар гуна шубҳае дур бошад ва инсони мубаллиғ ҳам набояд фарохонӣ ба сӯи Худоро василае барои муҳкам кардани ҷойгоҳи худ дар миёни мардум бидонад.[7]

Муфассирон фарози интиҳои оятро нишон аз ин донистаанд, ки вазифаи Пайғамбар (с) фақат иблоғи паём аст; аммо ин ки чи касе ҳидоят мешавад ва ё роҳи куфру носипосиро дар пеш мегирад, онро танҳо Худо медонад.[8]

Матн ва тарҷумаи оят

Шеваҳои сегонаи даъват ба сӯи Худо

Дар ояти 125 сураи Наҳл, аз се шеваи даъват ба сӯи Худо яъне ҳикмат, мавъизаи ҳасана ва ҷидоли некӯтар ном бурда шудааст.[9] Муртазо Мутаҳҳарӣ - мутафаккир ва андешманди шиъӣ, дар бораи далели инҳисори даъвати инсонҳо ба роҳҳои сегона дар ин оят, мегӯяд баъзе инсонҳо аҳли ҳикмау таъаққул ва истидлол ҳастанд, ки бо онҳо бояд аз тариқи ҳикмату таъаққул ва истидлоли қавӣ ворид шуд. Иддае ҷоҳил ва ғофиланд ки бояд онҳоро мавъиза кард. Бархе ҳам бо иноду лаҷоҷат рафтор мекунанд, ки бояд бо онҳо аз тариқи ҷидол, албата ҷидоли аҳсан, гуфтугӯ кард.[10] Аллома Таботабоӣ ин се роҳро ҳамон се истилоҳи маъруфи бурҳон, хитоба ва ҷадал дар илми мантиқ медонад.[11]

Ҳикмат

Шайхи Табарсӣ ҳикматро дар ояти даъват, Қуръон донистааст.[12] Ба бовари Аллома Таботабоӣ, ҳикмат ҳамон бурҳони мантиқӣ аст, ки дар натиҷаи он ҳеҷ шакку ибҳоме барои мухотаб боқӣ намемонад.[13] Иддае аз муфассирон низ ҳикматро илму дониш донистаанд, ки монеъи фасод ва инҳироф хоҳад шуд, ақлҳои хуфтаро бедор мекунад ва боиси ҷудосозии миёни ҳақ ва ботил мешавад.[14]

Мавъиза

Дуюмин шеваи даъват ба сӯи Худо, бар асоси ояти даъват, истифода аз мавъиза аст. Мавъиза бо отифаи мардум сарукор дорад[15] ва ба равону ҷони одамӣ, нармӣ, мулоимат ва меҳрбонӣ мебахшад.[16] Мавъизаро тарғибу ташвиқи мардум ба тарки зиштиҳо ва анҷоми корҳои писандида донистаанд; ба сурате ки зиштиҳо дар назари онҳо нафратовар ва корҳои нек барои онҳо лиззатбахш бошад. Ба гуфтаи Табарсӣ, воизи некусухан дилҳои мардумро нарм мекунад ва базри хушуъу хузуъро дар дили онҳо мекорад.[17] Муғния низ дар бораи мавъизаи некӯ мегӯяд дар чунин равише бояд аз танбеҳу сарзаниш дурӣ кард ва ба шеваи киноӣ бо хатокор сухан гуфт, ки ӯ нохудогоҳ эҳсоси гуноҳ кунад.[18] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, мавъиза дар сурате короӣ дорад, ки холӣ аз ҳар гуна хушунат, бартариҷӯӣ, таҳқир ва таҳрики ҳисси лаҷоҷати мухотаб бошад ва агар ин шароит риоят нашавад, эҳтимоли таъсири баръакс доштани он бисёр зиёд аст.[19]

Ҷидоли аҳсан

Сеюмин шеваи даъват ба сӯи Худо бар тибқи ояти даъват, ҷидоли аҳсан ё мунозира аст. Ин шеваро махсуси касоне донистаанд, ки зеҳни онҳо аз масоили нодуруст анбошта шуда ва бояд аз тариқи мунозира зеҳнашонро холӣ кард, то омодагии пазириши ҳақро пайдо кунанд. Дар бораи ин шева низ гуфтаанд ки бояд бидуни тавҳин, таҳқир ва хилофгӯӣ бошад, то асари худро бар мухотаби бигузорад.[20] Аллома Таботабоӣ бо нақли ривояте аз Имом Содиқ (а) гуфтааст, ки манзур аз ҷидоли аҳсан, мунозира бар тибқи суннати Қуръон аст ки дар он, адаби Худованд ба унвони улгӯ ва сармашқ қарор мегирад.[21] Ба гуфтаи ӯ, ҷидол ҳуҷҷат ва далеле аст, ки тарафи муқобилро бар асоси мабоние ки худи ӯ қабул дорад қонеъ месозад.[22]

Эзоҳ

  1. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.154; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш. ҷ.11, саҳ.455; Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.321
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш. ҷ.11, саҳ.455
  3. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.356
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.605
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.371
  6. Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.533
  7. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.564
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш. ҷ.11, саҳ.455; Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.564
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.371 - 374
  10. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, 1389ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.72
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.371 - 374
  12. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.605
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.371
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.455; Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.564 - 564
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.455
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.371 - 372
  17. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.605
  18. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.564 - 564
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.456
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.456 - 457
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.373 ва 377
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1391ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.372

Сарчашма

  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, чопи сию дувум, Теҳрон: Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дору муҳибб-ил-Ҳусайн, 1419ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, Теҳрон, Садро, 1389ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Кошифи фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Фарҳанги исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-милок, 1419ҳ.қ.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дафтари мутолиъоти таърих ва маорифи исломӣ, 1379ҳ.ш.