Jump to content

Ояти наҷосати мушрикон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти Наҷосати мушрикон)

Ин мақола дар бораи Ояти наҷосати мушрикон аст. Барои шиносоӣ бо истилоҳи фиқҳии ҳамин ном, ба мақолаи Наҷосати кофирон муроҷиат кунед.

Ояти наҷосати мушрикон
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти наҷосати мушрикон
Воқеъ дар сураиТавба
Шумораи оят28
Ҷузъ10
Шаъни нузулНаҷосати мушрикон ва манъи вуруди онҳо ба Масҷид-ул-ҳаром
Макони нузулМадина
МавзуъФиқҳӣ


Ояти наҷосати мушрикон (форсӣ: آیه نجاست مشرکان) бисту ҳаштумин ояти Сураи Тавба аст, ки вуруди мушрикон ба Масҷид-ул-ҳаромро ба далели наҷосати онҳо манъ мекунад.

Бархе аз фақеҳони шиа ин оятро далеле бар наҷосати ғайри мусалмонон медонанд, дар ҳоле ки дигарон бар ин ақидаанд, ки калимаи «наҷис» дар ин ҷо ба маънои палидии маънавӣ аст, на наҷосати фиқҳӣ ва наметавон онро барои исботи наҷосати шаръии кофирон истифода кард.

Ба гуфтаи муфассирон, ин оят дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ дар Мадина нозил шудааст ва тавассути Имом Алӣ (а) дар доираи оятҳои бароат ба мушрикон эълом гардидааст.

Муаррифӣ ва матни оят

Ояти 28 сураи Тавба аз муъминон мехоҳад, ки аз вуруди мушрикон ба Масҷидулҳаром, ба хотири наҷосати онҳо, ҷилавгирӣ кунанд.[1]

Ба гуфтаи муфассирон, ин оят дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ дар Мадина нозил шудааст[2] ва яке аз фармонҳое буд, ки Имом Алӣ (а) вазифадор буд пас аз маросими Ҳаҷ, дар доираи эъломи оятҳои бароат барои мушрикон қироат кунад.[3]

Дар бархе аз китобҳои фиқҳӣ ин оятро «ояти наҷосати мушрикон» хондаанд,[4] ва барои исботи ҳукми наҷосати кофирон ба он истинод кардаанд.[5]

Истинод ба оят барои наҷосати кофирон

Ояти 28 сураи Тавба мавриди ихтилофи фақеҳон дар истинод барои наҷосати кофирон аст.[7] Ихтилоф дар тафсири калимаи «наҷис», миёни маънои луғавӣ (палидии ахлоқӣ) ва фиқҳӣ (наҷосати шаръӣ), ба ду дидгоҳ мунҷар шудааст.[8] Бархе фақеҳон ин калимаро ба маънои луғавӣ дониста, аз ин рӯ бар ин ақидаанд, ки барои исботи наҷосати фиқҳии кофирон наметавон ба он истинод кард.[9] Гурӯҳи дигар бо истинод ба қаринаи манъи вуруди мушрикон ба Масҷид-ул-ҳаром, ин калимаро ба маънои фиқҳӣ (наҷосати шаръӣ) тафсир карда, онро далеле бар наҷосати зотии кофирон медонанд.[10]

Дар бораи мисдоқи «мушрик» низ ихтилоф вуҷуд дорад: бархе онро махсуси бутпарастон медонанд,[11] иддае аҳли китобро низ мушрик мешуморанд,[12] ва гурӯҳе монанди Шайх Ансорӣ бар ин ақидаанд, ки ин ҳукм танҳо марбут ба мушрикони замони нузули оят аст.[13]

Фақеҳон бо истинод ба ин оят, вуруди мушрикон ба Масҷид-ул-ҳаромро ҳаром медонанд.[14] Албатта, дар сурати исботи наҷосати шаръии мушрикон, вуруди онҳо ба масоҷидҳои дигар низ ҷоиз нест.[15]

Нигаронии мусалмонон аз қатъи равобити тиҷорӣ бо мушрикон

Ба гуфтаи муфассирон, пас аз эъломи ҳукми манъи ҳаҷ барои мушрикон ва манъи вуруди онҳо ба Масҷид-ул-ҳаром, мусалмонон аз қатъи равобити тиҷорӣ бо мушрикон нигарон шуданд. Аз ин рӯ, дар идомаи оят, Худо ба муъминон ваъда додааст, ки бо фазли Худ, мусалмононро бениёз хоҳад кард.[16]

Эзоҳ

  1. Сабзавории Наҷафӣ, Иршод-ул-азҳон, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.218
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.218; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.348
  4. Барои намуна ниг.: Баҳрулъулум, Масобиҳ-ул-аҳком, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346
  5. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.42; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.235
  6. Сураи Тавба, ояти 28
  7. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.42; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.235
  8. Ниг.: Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.46
  9. Хуӣ, Мавсуъату ал-Имом ал-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.39–40; Ҳоирии Яздӣ, Шарҳ-ул-урват-ил-вусқо, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.449
  10. Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.101; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.46
  11. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.21
  12. Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.100; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.21; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.235
  13. Шайх Ансорӣ, Китоб-ут-таҳора, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.101
  14. Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.518; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.46
  15. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47; Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158; Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.518; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.46
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.38–39; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.21; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.229

Сарчашма

  • Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳдӣ ибни Муртазо, Масобиҳ-ул-аҳком, Қум, Майсам-ут-таммор, 1427ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Сабзавории Наҷафӣ, Муҳаммад ибни Ҳабибуллоҳ, Иршод-ул-азҳон ило тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, 1419ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотеҳул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Ҷавод, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, Теҳрон, Интишороти Муртазавӣ, 1365ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъату ал-Имом ал-Хуӣ, Муассисаи эҳёи осори Имом Хуӣ, Қум, 1418ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳора, Қум, Конфронси ҷаҳонӣ ба муносибати садсолагии таваллуди Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия лиэҳё-ит-турос-ил-ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ҳамадонӣ, Оқо Ризо, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, Қум, Муассисат-ул-ҷаъфария лиэҳё-ит-турос, 1422ҳ.қ.
  • Ҳоирии Яздӣ, Муртазо, Шарҳ-ул-урват-ил-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1425ҳ.қ.