Амр ибни Абдивад

Аз wikishia
Амр ибни Абдивад
Насабтираи Банӣ Омир ибни Луӣ - Қурайш
Шаҳри вафотМадина - дар ҷанги Хандақ
ДигарҲузур дар ҷанги Бадр бинобар ривояте
Шинохташуда бароиКушта шудан ба дасти Имом Алӣ (а)


Амр ибни Абдивад (арабӣ: عَمرو بن عَبدِوَدّ) ё Амр ибни Абдивуд (арабӣ: عَمرو بن عَبدِوُدّ) (кушта шуда дар соли 5ҳ.қ.) аз бартарин ҷангҷӯёни Қурайш, ки дар ҷанги Хандақ ба дасти Имом Алӣ (а) кушта шуд. Бинобар бархе ривоёт, Пайғамбар (с) зарбаи Алӣ ибни Абутолиб (а) бар Амр ибни Абдивадро дар ин ҷанг, бартар аз ибодати ҳамаи ҷиниён ва инсонҳо донистааст. Ибни Таймийя - олими аҳли суннат ва поягузори салафия, вуҷуди Амр ибни Абдивадро рад кардааст. Бархе муҳаққиқон, ангезаи Ибни Таймийяро инкори фазоили Имом Алӣ (а) донистаанд.

Бар асоси ривояте аз китоби Маноқибу Оли Абитолиб, навиштаи Ибни Шаҳрошуб, Имом Алӣ (а) дар хилоли ҷангидан бо Амр ибни Абдивад, пас аз он ки Амр, оби даҳон бар чеҳрааш андохт, чанд лаҳза аз ҷангидан даст кашид, то хашми худро фурӯ нишонд, ва сипас Амрро кушт.

Кушта шудан дар ҷанги Хандақ

Дар бораи таваллуд ва зиндагии Амр ибни Абдивад, иттилооте дар манобеи таърихӣ ва ривоӣ вуҷуд надорад, ҷуз ин ки ӯ аз тираи Банӣ Омир ибни Луӣ аз Қурайш будааст.[1] Вай чунонки дар манобеи шиаю суннӣ омадааст, дар ҷанги Аҳзоб (хандақ), соли панҷуми ҳиҷрии қамарӣ, ҳамроҳ бо Икрима ибни Абиҷаҳл, Ҳубайра ибни Абиваҳб, Навфал ибни Абдуллоҳ ибни Муғайра ва Зирор ибни Хаттоб, аз хандақе ки мусулмонон канда буданд, базӯр гузашт.[2] Амр ибни Абдивад, ки сеюмин ҷангҷӯи Қурайш,[3] ва баробар бо ҳазор ҷангҷӯ дониста мешуд,[4] мубориз металабиду мусулмононро таҳқир карду гуфт: овозам гирифт аз бас фарёди муборизталабӣ дар миёнатон сар додам.[5] [Ёддошт 1] Бинобар нақли манобеъ, Алӣ ибни Абутолиб, пас аз ҳар бор муборизталабии Амр ибни Абдивад, бархост то бо ӯ биҷангад, аммо ба фармони Пайғамбар, менишаст, то он ки Пайғамбар ба Имом Алӣ (а) иҷозаи мубориза дод ва саллаи худро бар сари ӯ баст ва шамшерашро ба вай дод, то бо Амр биҷангад.[6]

Зарбаи Имом Алӣ (а)

Имом Алӣ (а), аввал Амр ибни Абдивадро даъват кард, то ба ягонагии Худо ва рисолат шаҳодат диҳад ва пас аз он ки қабул накард, аз ӯ хост ки аз ҳамон роҳе, ки омадааст, баргардад ва вақте қабул накард, ба ӯ гуфт аз асп фарояду мубориза кунад ва ӯ пазируфт ва ҳатто бар асоси нақли Ибни Абилҳадид, аспи худро пай кард[7] ва ё ин ки захме ба рӯи аспаш заду асп гурехт.[8]

Бинобар нақли Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, ки ҳамроҳи Имом Алӣ (а) будааст, ҷанг байни Алӣ ибни Абутолиб ва Амр ибни Абдивад боло гирифт, то он ки садои такбири Алӣ (а) баланд шуду мусулмонон фаҳмиданд, Амр ибни Абдивад кушта шудааст.[9] Ҷобир ибни Абдуллоҳ, ки шоҳиди ин саҳна будааст, гурехтани дигар мушрикон баъд аз кушта шудани Амр ба кушта шудани Ҷолут ба дасти Довуд ва шикасти лашкари Ҷолут ташбиҳ кардааст.[10] [Ёддошт 2] Бар асоси манобеи таърихӣ, илова бар Амр ибни Абдивад, писараш Ҳисл низ ба дасти Имом Алӣ (а) кушта шуд.[11] Дар бархе гузоришҳо омадааст, ки Имом Алӣ (а) баъд аз куштани Амр ибни Абдивад сари ӯро дар баробари Расули Худо (с) гузошт дар ин ҳангом Абубакр ва Умар бархостанд ва рӯи Алӣ (а)-ро бӯсиданд ва Пайғамбар (с) ки хушҳолӣ дар симояш ошкор буд, фармуд: ин пирӯзӣ (воқеӣ) аст ё фармуд: ин аввалин пирӯзӣ аст ва шавкату ҳайбати мушрикон аз миён рафт ва аз имрӯз ба баъд онҳо дигар бо мо намеҷанганд ва ин мо ҳастем, ки бо онҳо меҷангем.[12]

Бинобар он чи дар китоби Маноқибу Оли Абитолиб, навиштаи Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ (ваф.588ҳ.қ.) ба нақл аз Имом Алӣ (а) омадааст, Амр ибни Абдивад дар мобайни мубориза бо Имом Алӣ (а), бар чеҳраи ӯ оби даҳон андохт ва Алӣ ибни Абутолиб барои парҳез аз он ки куштани Амр ибни Абдивад, аз рӯи хашм бошад, чанд лаҳза ӯро раҳо мекунаду баъд аз фуру нишондани хашми худ, Амрро фақат ба хотири Худо ба қатл расонд.[13] Дар шеъри Мавлавӣ (ваф.672ҳ.қ.) ки бо ин байт шурӯъ мешавад: «Аз Алӣ омӯз ихлоси амал/ Шери ҳақро дон муназзаҳ аз дағал», ривояти мазкур баён шудааст.[14]

Аз Алӣ омӯз ихлоси амал,
Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.
Дар ғазо бар паҳлавонӣ даст ёфт,
Зуд шамшере бароварду шитофт.
Ӯ хаду андохт дар рӯи Алӣ,
Ифтихори ҳар набию ҳар валӣ.
Он хаду зад бар рухе ки рӯи моҳ,
Саҷда орад пеши ӯ дар саҷдагоҳ.
Дар замон андохт шамшер он Алӣ,
Кард ӯ андар ғазоаш коҳилӣ.
Гашт ҳайрон он мубориз з-ин амал,
В-аз намудан(и) афву раҳмат бемаҳал.
Гуфт бар ман теғи тез афроштӣ,
Аз чӣ афкандӣ, маро бигзоштӣ?
Он чӣ дидӣ? Беҳтар аз пайкори ман,
То шудӣ ту суст дар ишкори ман?
Он чӣ дидӣ? Ки чунин хашмат нишаст,
То чунон барқе намуду боз ҷаст?
Гуфт: ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,
Бандаи Ҳаққам, на маъмури танам.
Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,
Феъли ман бар дини ман бошад гуво.[15]

Дар манобеи ривоӣ, аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки зарбаи Алӣ (а) бар Амр ибни Абдивад дар ҷанги Хандақ, бартар аз ибодати ҷинну инс аст.[16] Дар бархе ривоёт дар манобеи аҳли суннат аз Пайғамбар (с) аст, ки баъд аз зарбате, ки Имом Алӣ (а) ба Амр зад ба ӯ фармуд: эй Алӣ мужда бод бар ту, ки зарбати имрӯзи ту бар аъмоли уммати ман бартарӣ ва руҷҳон дорад.[17] Ва дар дигар ривоят Ҳокими Нишобурӣ, дар ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки зарбати Алӣ (а) бо фазилаттар аз аъмоли уммати ман то рӯзи қиёмат аст.[18]

Имом Алӣ (а) пас аз куштани Амр ибни Абдивад аз лавозими шахсии ӯ чизеро барнадошт. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро чунин накардӣ ва зереҳи ӯро ки намуна дар араб надошт, барнадоштӣ? Фармуд: манам шарм кардам, ки зиштиҳои бадани писарамакамро намоён созам! «إنّي استحيتُ أن أكشِفَ عن سوأة ابن عمّي»[19] [Ёддошт 3] Хоҳари Амр низ пас аз огоҳ шудан аз ин моҷаро гуфт: ҳаргиз таассуф намехӯрам, ки бародарам кушта шуд; зеро ба дасти шахси кариме кушта шудааст ва агар ғайр аз он буд, то ҷон доштам, ашк мерехтам.[20]

Шубҳа кардан дар асли вуҷуди Амр

Ибни Таймийя - олими аҳли суннат ва поягузори салафия дар вуҷуди Амр ибни Абдивад шак ворид кардааст.[21] Ба ақидаи ӯ, дар ҳеҷ кадом аз ғазваҳои Бадр ва Уҳуд ва ҳамчунин дар ғазваҳои дигар ва сарияҳо, асаре аз номи Амр ибни Абдивад нест ва он чи дар бораи ӯ дар ҷанги Хандақ нақл шудааст, дар ҳеҷ кадом аз саҳеҳайн; яъне Саҳеҳ Муслим ва Саҳеҳи Бухорӣ, наёмадааст.[22] Бо ин ҳол, ҳузури Амр ибни Абдивад дар ғазваи Хандақ, дар манобеи таърихие монанди Таърихи Табарӣ[23] ва Таърих-ул-Исломи Заҳабӣ[24] зикр шудааст ва Ҳокими Нишобурӣ - олими аҳли суннат, дар китоби ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, ривояте ҳокӣ аз ҳузури Амр ибни Абдивад дар ғазваи Бадр ва маҷрӯҳ шудани ӯ нақл кардааст.[25] Ҳамчунин дар манобеи таърихӣ шеърҳое аз Ҳассон ибни Собит - саҳобаи Пайғамбар, дар бораи ифтихор кардан ба қатли Амр ба дасти Имом Алӣ,[26] ва низ ашъоре дар сӯги ӯ аз Мусофеъ ибни Абдуманоф,[27] Ҳубайра ибни Абиваҳб[28] аз ҳамроҳони Амр ибни Абдивад, ки аз хандақ гузашта буд,[29] ва хоҳари Амр[30] нақл шудааст.

Бархе пажуҳишгарон ин шак ворид кардани Ибни Таймийяро ба хотири ангезаи ӯ барои инкори фазоили Имом Алӣ (а) донистаанд.[31]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳишом, Сират-ун-Набӣ, 1383ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.732; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.78; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181.
  2. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573 - 574; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  3. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34, ҳадиси 4329.
  4. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абутолиб, 1375ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.324.
  5. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  6. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  7. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.64.
  8. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100 ва 101.
  9. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.102.
  10. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.102.
  11. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.116; Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.160.
  12. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.62.
  13. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абутолиб, 1375ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381.
  14. Ҳумоӣ, Мавлавинома, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.52 - 54.
  15. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, 2013, саҳ.238-242
  16. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982, саҳ.234.
  17. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.284.
  18. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34.
  19. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.104.
  20. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.628.
  21. Ибни Таймийя, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.105 - 110.
  22. Ибни Таймийя, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.109.
  23. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573.
  24. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290.
  25. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34, ҳадиси 4329.
  26. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, саҳ.268 - 269.
  27. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.266 - 267.
  28. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.267 - 268.
  29. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573 - 574.
  30. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106 - 109.
  31. Ҷамъе аз нависандагон, Имом Алӣ (а), Созмони ҳаҷҷ ва зиёрат, ҷ.2, саҳ.148.

Ёддошт

  1. Нерӯмандӣ ва муборизаталабии ҳамроҳ бо ҷасорати Амр ибни Абдивад дар ҳадде ки буд ҳеҷ як аз мусулмонон довталаби ҳамовардӣ бо ӯ набуд. Дар таърих омадааст, ки ҳангоми муборизаталабии Амр, сукут бар ҷабҳаи мусулмонон ҳоким шуда буд. (Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.4). Шамшери Амр ибни Абдивад низ ба шуълае аз оташ ташбиҳ шудааст, ки киноя аз барроқ будан ва барандагии фавқулодаи он аст. (Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.34).
  2. فَهَزَمُوهُمْ بِاِذْنِ أللّهِ وَقَتَلَ دَاوُدُ جَالُوتَ, сураи Бақара, ояти 251.
  3. Бар асоси фиқҳи исломӣ ҳар касе дар ҷанг бо шароите метавонад лавозими размии тарафи муқобилро ки кушта аст ба унвони ғанимат бардорад монанди зереҳу шамшер ва ғайра, унвони ин қонуни фиқҳӣ чунин аст: (من قتل قتیلاً فله سَلَبه) Муассисаи доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, ҷ.4, саҳ.520.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, тасҳеҳ: ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, бо таълиқаи Фараҷуллоҳ Ҳасанӣ ва муқаддимаи Сайидризо Садр, Бейрут, Дорул-китобил-лубнонӣ, 1982м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Иброҳим Муҳаммад Абулфазл, Қум, Мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ал-Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир ва Дору Бейрут, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Таймийя, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадарийя, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, [Риёз], Ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломийя, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва Иброҳим ал-Абёрӣ ва Абдулҳафиз Шалбӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, Сират-ун-Набӣ, таҳқиқи Муҳаммад Муҳйиддин Абдулҳамид, Қоҳира, Мактабу Муҳаммадалӣ Сабиҳ, 1383ҳ.қ./1963м.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абутолиб, Наҷаф, ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя, 1375ҳ.қ./1956м.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат, таҳқиқи Алӣ Ашраф, Қум, Дорул-усва лит-табоъати вал-нашр, 1422ҳ.қ.
  • Мавлоно, Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, Маснавии маънавӣ: Дафтари аввал ва дувум, Душанбе, Адиб, 2013
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, Қум, муассисаи илмӣ фарҳангии Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ./1385ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ: таърих-ур-русли ва-л-мулук: васлаи Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Ҳумоӣ, Ҷалолиддин, Мавлавинома: Мавлавӣ чӣ мегӯяд?, Теҳрон, Ҳумо, 1385ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Имом Алӣ (а), Қум, Созмони ҳаҷ ва зиёрат, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқи муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.