Кун фаякун
Кун фаякун (арабӣ: کُنْ فَیَکونُ) ба маънои «бош! Пас, мавҷуд мешавад», бар офариниши чизҳо, ба маҳзаи иродаи Худованд ишора мекунад. Ин ибора дар Қуръон, ривоёт ва ашъори форсӣ зикр шудааст.
Муфассирони имомия, ин иборатро баёни тамсилие аз ин ҳақиқат медонанд, ки ирода ва хости Худованд ба офариниши ашё бидуни онки ҳақиқатан ниёзе ба амри лафзии «кун» бошад, баробар аст, аммо аксари аҳли суннат, бо ин тафсир мухолифанд.
«Кун фаякун» дар Қуръон, ривоёт ва ашъори форсӣ
Иборати «кун фаякун/کُنْ فَیکونُ» ба маънои «бош! пас мавҷуд мешавад», дар ҳашт ояти Қуръон дар бораи мавзӯъоте чун таваллуди ғайриодии Исо (а), офариниш ва вуқуъи қиёмат ба кор рафтааст.[1]: «إِذا قَضی أَمْراً فَإِنَّما یقُولُ لَهُ کنْ فَیکونُ»[2]; яъне: «[Худованд] ҳангоме ки чизеро муқарар дорад (ва фармони ҳастии онро содир кунад), фақат ба он мегӯяд: мавҷуд бош! Он низ фавран мавҷуд мешавад».[3]
Ҳамчунин дар ривояте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки Худованд дар биҳишт хитоб ба биҳиштиён мефармояд: Ман ба ҳар чизе «кун» (мавҷӯд бош) бигӯям, он чиз мавҷуд мешавад; инак ин мақомро барои шумо қарор медиҳам то ба ҳар чизе «кун» бигӯед, он чиз муҳаққақ гардад.[4]
Шоирони форсизабон, ҳамчун Аттор,[5] Мавлавӣ,[6] Саъдӣ[7] ва Низомӣ[8] дар ашъори худ, ҳамин иборатро бо мазмуни қуръонӣ дар мавриди Худованд ба кор бурдаанд:
قضای کن فیکون است حکم بار خدای
[9]بدین سخن سخنی در نمیتوان افزود
Қазои кун фаякун аст ҳукми бор Худой
Бад-ин сухан сухане дар наметавон афзуд
Тафсир ва маънои «кун фаякун»
Аксари муфассирони шиаи имомия ин оятро баёни тамсилие аз ин ҳақиқат медонанд, ки Худованд ҳамин ки ирода кунад, чизе мавҷуд шавад, он чиз мавҷуд мешавад; бе онки ҳақиқатан ниёзе ба амри лафзии «кун/ کُن» дар хитоб ба он чиз бошад;[10] чун истифода аз лафзи «кун» барои халқи чизе, ҳам мусталзими тасалсул аст ва ҳам бефоида. Аз ин рӯ, мусталзими тасалсул аст, ки барои эҷоди ҳамин «кун/ کُن», ба «кун»-и дигар ниёз ҳаст ва барои эҷоди «кун»-и ахир низ ба «кун»-и дигар ва ҳамин тавр то бениҳоят. Бефоида будани он ҳам ба ин далел аст, ки ҳануз он чиз, мавҷуд нест, ки мухотаби «кун» қарор бигирад, ва агар он чиз мавҷуд бошад, дигар ниёзе ба лафзи «кун» надорад.[11]
Муфассирони шиаи имомия ба ин сухан аз Имом Алӣ (а) истинод мекунанд: «Худованд ҳаргоҳ чизеро ирода кунад, мегӯяд: мавҷуд бош, ва бедаранг мавҷуд мешавад; на ба ин маъно, ки садое аз ӯ дар гӯшҳо бинишинад ё фарёде шунида шавад, балки сухани Худованд ҳамон чизе аст, ки эҷод мекунад, сурат мебахшад ва пеш аз он чизе вуҷуд надошт».[12]
Дар тафосири ирфонӣ низ ба ин матлаб ишора шудааст, ки «кун фаякун» амре вуҷудӣ ва ҳамон нафси зуҳури ашёъ аст.[13]
Аммо аксари муфассирони аҳли суннат, ин оятро тамсилӣ тавзеҳ намедиҳанд ва муътақиданд, ки Худованд барои халқи чизе, ҳақиқатан аз лафзи «кун/ کُن» истифода мекунад; ё ба ин шакл, ки хитоб ба шайъи мавҷуд лафзи «кун»-ро истифода мекунад, то ҳолати он шайъро тағйир диҳад;[14] ва ё хитоб ба шайъи мавҷуд дар илми Илоҳӣ, ин лафзро ба кор мебандад то он шайъ дар хориҷ низ эҷод шавад.[15]
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: сураи Бақара, ояти 117; сураи Оли Имрон, оёти 47 ва 59; сураи Анъом, ояти 73; сураи Наҳл, ояти 40; сураи Марям, ояти 35; сураи Ёсин, ояти 82; сураи Ғофир, ояти 68.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 117; сураи Оли Имрон, ояти 47.
- ↑ Тарҷумаи Фулодванд.
- ↑ Садрулмутааллиҳин, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м., ҷ.6, саҳ.9 - 10; Файзи Кошонӣ, Илм-ул-яқин, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1292; Садрулмутааллиҳин, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1366ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.197; Оштиёнӣ, Шарҳ бар зод-ул-мусофир, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.21.
- ↑ Аттори Нишобурӣ, Девони ашъор, қасидаи 5.
- ↑ Мавлавӣ, Девони Шамс, ғазали 1344.
- ↑ Саъдӣ, Ғазалиёт, ғазали 25.
- ↑ Низомӣ, Хамса, Лайлӣ ва Маҷнун, бахши 1.
- ↑ Саъдӣ, Ғазалиёт, ғазали 25.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.368; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.249; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.556; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.233.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.115.
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203.
- ↑ Самадии Омулӣ, Шарҳи дафтари дили Аллома Ҳасанзода Омулӣ, бе то, саҳ.52.
- ↑ Табарӣ, ал-Ҷомеъу фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.405; Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.432; Мовардӣ, ан-Нукату ва-л-уюн, ҷ.1, саҳ.179.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.405; Самарқандӣ, Тафсир-ул-Самарқандӣ, ҷ.1, саҳ.88; Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.432; Мовардӣ, ан-Нукату ва-л-уюн, ҷ.1, саҳ.179; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.318.
Сарчашма
- Аттори Нишобурӣ, Девони ашъор, қасидаи 5.
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
- Мавлавӣ, Девони Шамс, ғазали 1344.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, интишороти муассисатул-вафо, 1404ҳ.қ.
- Низомӣ, Хамса, Лайлӣ ва Маҷнун, бахши 1.
- Олусӣ, Сайидмаҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
- Оштиёнӣ, Ҷалолиддин, Шарҳ бар зод-ул-мусофир, Қум, Бустони китоб, 1381ҳ.ш.
- Садрулмутааллиҳин, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия фи-л-асфор-ил-ақлийят-ил-арбаъа, Бейрут, Дору эҳёил-турос, 1981м.
- Садрулмутааллиҳин, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Қум, интишороти Бедор, 1366ҳ.ш.
- Самадии Омулӣ, Довуд, Шарҳи дафтари дили Аллома Ҳасанзода Омулӣ, беҷо, ношири чопӣ: Нубуғ; ношири диҷиталӣ: Маркази таҳқиқоти роёнаии Қоимияи Исфаҳон, бе то.
- Саъдӣ, Мавоъиз, ғазали 25.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Илм-ул-яқин, Қум, интишороти Бедор, 1418ҳ.қ.