Фузту ва раббил Каъба
Фузту ва раббил Каъба (арабӣ: فُزْتُ وَرَبِّ الْكَعْبَة) сухане аз Имом Алӣ (а) ба маънои «Ба Парвардгори Каъба савганд, растгор шудам!»[1] ки пас аз зарбат хӯрдан дар саҳари 19 рамазони соли 40ҳ.қ. бар забон овардааст.
Бино ба гузориши Ибни Қутайбаи Динаварӣ таърихнигори қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ, Ибни Мулҷам ба тарафи Алӣ (а) рафту гуфт: ҳукм аз они Худост, на аз они ту, сипас бо шамшер зарбае бар пешонии Алӣ (а) зад. Алӣ (а) гуфт: «Фузту ва раббил Каъба; ба Худои Каъба растгор шудам».[2] Муртазо Мутаҳҳарӣ, ин иборатро шоҳиде бар ин нукта зикр мекунад ки аз манзари ахлоқи фардӣ, дар мантиқи исломӣ шаҳодат барои шаҳид муваффақият аст, на шикаст.[3] Аз ин рӯ шаҳодат, ҷашну шодмонӣ дорад.[4] Дар шарҳи Оятуллоҳ Макорим бар Наҳҷулбалоға низ ин иборат шоҳиде барои ин масаълаи зикр шуда ки рӯҳи Алӣ (а) бо ҷаҳони моддӣ пайванд надошта балки пайвандаш бо олами боло, фариштагон ва Худо будааст; аз ин рӯ Имом, зарбаи Ибни Мулҷамро муқаддимаи лиқои Парвардигор медонистааст.[5]
Оламоне аз шиа монанди Сайиди Разӣ,[6] Ибни Шаҳрошӯб[7] ва аз аҳли суннат монанди Ибни Асир[8] ва балозурӣ[9] ин суханро нақл кардаанд. Албата теъдоде аз манобеи ахир ба ҷои иборати мазкур бо тағйири кучак таъбири «Фузту бираббил Каъбаҳ»-ро нақл кардаанд.[10]
Бино ба нақли Ибни Абдулбар таърихнигори қарни панҷуми ҳиҷрии қамарӣ, пеш аз Имом Алӣ (а), Ҳаром ибни Милҳон дар сарияи Биъри Мауна дар соли чоруми ҳиҷрӣ ба ҳангоми шаҳодат ҷумлаи «Фузту ва раббил Каъба»-ро бар забон ҷорӣ карда буд.[11]
Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ҳофизи Шерозӣ дар шеъри зер ба суханони Имом Алӣ (а) дар ҳангоми зарбат хӯрдан ва пас аз он ишора кардааст:[12]
- Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
- В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
- Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
- Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,
- Он шаби қадар, ки ин тоза баротам доданд. [13]
- Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,
Китобе бо унвони Калом-ул-амири амир-ул-калом дар шарҳи ин иборат ба забони форсӣ навишта шудааст. Ин китоб дар соли 1395ҳ.ш., дар 156 сафҳа нашр гардидааст.
Эзоҳ
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1392ҳ.ш., саҳ.465
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, 1376ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.566 - 567
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, ҷ.24, саҳ.471
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.717
- ↑ Сайиди Разӣ, Хасоис-ул-аимма, 1406 ҳ.қ., саҳ.63
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.119
- ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғобаҳ, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.618
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.488
- ↑ Ниг.: Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.225
- ↑ Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осор, ҷ.24, саҳ.471
- ↑ Ҳофиз, Девони Ҳофиз, ғазалиёт, бе то, саҳ.183
Сарчашма
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғобати фии маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Маноқиби Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъобу фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, доролҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёса, Бейрут, дор-ул-азво, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, дор-ул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Ҳофиз, Шамсиддин Муҳаммад, Девони ҳофиз, бе то.
- Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Хасоис-ул-аимма алайҳимуссалом, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, Шарҳи ал-кофӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-исломия, 1382ҳ.ш.
- Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ғадир, Қум, Нашри маъруф, 1392ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуъаи осори устоди шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, садро, 1376ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1386ҳ.ш.