Хавориҷ

Аз wikishia

Хавориҷ (арабӣ: الخوارج) гурӯҳе аз сипоҳи Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин ки Алӣ ибни Абитолибро муттаҳам ба куфр карданду алайҳи ӯ шӯриданад. Онҳо ки ба далели хуруҷ алайҳи халифаи муслимин, хавориҷ номида шуданд, ҳамаи касоне ки ҳакамиятро пазируфтанд ва муътақид ба куфри Алӣ набудандро кофар мешумурданд.

Шиор додан алайҳи Имом Алӣ дар масҷиди Кӯфа ва таҳдиди вай ба қатл, аз корҳои хавориҷ шумурда шудааст. Онон пас аз иҷрои ҳакамият, дар мухолифат бо Имом Алӣ (а) сарсахттар шуданд; бо Абдуллоҳ ибни Ваҳаб байъат карданд, ва дар масири хуруҷ аз Кӯфа ва рафтан ба Наҳравон, мардуми бегуноҳро куштанд. Имом Алӣ пас аз итмоми ҳуҷҷат бо онон, дар соли 38ҳ.қ. бо онҳо вориди ҷанг шуд ва бисёре аз онҳо кушта шуданд. Бо ин ҳол гурӯҳе аз онҳо зинда монданд. Фирқаҳои мухталифи хавориҷ дар тӯли таърих аз байн рафтанд ва танҳо абозия ки дидгоҳашон ба ақоиди дигар мусулмонон наздиктар аст, дар манотиқе аз қабили Уммон ва ал-Ҷазоир ҳузур доранд.

Дар манобеи исломӣ, вижагиҳои мухталиф ва гоҳ мутазодде барои хавориҷ зикр шудааст; аз ҷумлаи ин ки аҳли ҳифз ва қироати Қуръон бидуни тадаббур дар он будаанд, ҷаҳлу тангназарӣ, ғурур ва ситезаҷӯӣ ва ҳамчунин таассуб дар боварҳо. Онҳо аввалин гурӯҳи муориз ва аввалин фирқаи динӣ дар таърихи Ислом дониста шудаанд. Ба бовари хавориҷ, касе ки дучори гуноҳи кабира мешавад, кофир аст. Бештари хавориҷ, бо насби халифа аз сӯи Паёмбар (с) мухолиф ва муътақид ба интихобӣ будани халифа буданд. Онҳо ҳамчунин сангсори зинокорро рад карда ва бо тақия дар қавлу амал мухолиф будаанд.

Бо он ки гароиш ба мабоҳиси илмӣ дар миёни хавориҷи нахустин, бисёр кам будааст, аммо осоре дар улуми қуръонӣ, калом, фиқҳ ва усули фиқҳ ва ҳамчунин дар бораи тавҳид ва имомат, аз онҳо нақл шудааст. Ба бовари Ибни Надим, хавориҷ осори худро ба далели мухолифати мардум пинҳон мекардаанд. Таълифоти мустақилу ғиримустақиле дар радди андешаҳо ва аъмоли хавориҷ гузориш шудааст; аз ҷумла ривоёте, ки дар радди хавориҷ нақл шуда ва ҳамчунин нигоштаҳои муфассироне аз қабили Ибни Абилҳадид дар радди эътиқоди онон ба кофар будани касоне ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд.

Пайдоиш ва асомӣ

Пайдоиши гурӯҳи хавориҷро ба ҳаводиси падид омада дар ҷанги Сиффин марбут медонанд; замоне ки Имом Алӣ (а) бо нақзи ҳакамият мухолифат кард.[1] Гурӯҳи мазкур гарчи худ дар ибтидо пешниҳоди ҳакамиятро матраҳ карда буданд, аммо пас аз пазириши он аз сӯи Имом Алӣ (а) ва таваққуфи ҷанг, даст аз хостаи худ бардоштанду Имом Алӣ (а)-ро низ ба тавба даъват карданд.[2] Хавориҷ, пазириши ҳакамиятро куфр дониста ва пас аз бозгашти Имом Алӣ (а) ба Кӯфа, ба Ҳаруро дар наздикии Кӯфа рафтанд.[3]

Хавориҷ, бар хилофи назари мутакаллимону муаррихон, хуруҷи худ алайҳи Имом Алӣ (а)-ро инкори ҳукумату ҳокимияти ҷавр дониста ва аз ҳамин рӯ амали худро бо ҳиҷрати Паёмбар муқоиса карданд.[4] Илова бар номи машҳури хавориҷ, ки дар суханони Имом Алӣ низ омадааст,[5] асомии дигаре низ барои онҳо ба кор рафтааст; аз ҷумлаи Маҳкама, баргирифта аз шиори «Ло ҳукма илло лиллоҳ» дар мухолифат бо ҳакамият,[6] Ҳарурия, ишора ба маҳалле, ки хавориҷ ба он ҷо рафтанд,[7] ва Мориқа, ба маънои мунҳарифон.[8]

Хавориҷ ба сабаби душманӣ бо Имом Алӣ (а), гоҳ навосиб ё носиба низ хонда шудаанд[9] ва аз он рӯ ки нахустин бор, касоне ки муртакиби гуноҳи кабира шуда будандро такфир карданд, Мукаффира номида шудаанд.[10] Аҳлуннаҳр ё Аҳлуннаҳравон, номи дигаре барои хавориҷ аст.[11] Онҳо ҳамчунин ба номи Шурот, ба маънои касоне ки ҷони худро ба биҳишт мефурӯшанд, хонда шудаанд.[12]

Дар ибтидо Кӯфа ва Басра аз пойгоҳҳои аслии хавориҷ буд.[13] Шумори хавориҷи Басра бештар аз Кӯфа буд; чароки бисёре аз хавориҷи Кӯфа пас аз гуфтугӯи Имом Алӣ бо онҳо, аз хавориҷ ҷудо шуданд.[14] Пас аз он хавориҷ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои бисёре пароканда шуданд; аз Эрон ва Яман то шимоли Африқоу навоҳии Мағриби исломӣ.[15] Фирқаҳои мухталифи хавориҷ дар тӯли таърих мунқариз шуданд ва танҳо абозия, ки орои онон ба ақоиди соири мусулмонон наздик аст, дар Уммон, Сива, Ҳазрамут, Ҷарба, Зангибор, Тароблуси ғарб ва Алҷазоир ҳамчунон ҳузур доранд.[16]

Иттиҳоми куфр ба Имом Алӣ (а)

Хавориҷ пас аз мухолифати Имом Алӣ (а) бо хостаашон дар хусуси нақши ҳакамият, ҷудоӣ аз Алӣ ибни Абитолиб ва талошҳои Абдуллоҳ ибни Аббос ва Имом Алӣ (а) барои бозгашташон ба Кӯфа,[17] бори дигар дар Кӯфа ҳам ба мухолифат бархостанду ҳамаи касоне ки ҳакамиятро пазируфта буданду Алиро кофар намедонистанд, кофар шумурданд.[18] Онон на фақат ҳакамайн, балки вуҷуди ҳокими исломиро рад карданд.[19] Онон дар амокини умумӣ, хусусан масҷиди Кӯфа, ба мухолифати сариҳ бо ҳакамият, муттаҳам кардани Имом Алӣ (а) ба куфр ва ҳатто таҳдиди ӯ ба қатлу сар додани шиор дар ҳини хитобаи Имом Алӣ (а) мепардохтанд, то ӯро аз пазириши ҳакамият мунсариф ва ба идомаи ҷанг мутақоид кунанд. Бо ин ҳол Имом Алӣ (а) то замонӣ ки онҳо ба ҷангу хунрезӣ рӯй наёварданд, бо онон набард накард.[20]

Пас аз иҷрои ҳакамият дар шаъбон ё рамазони соли 37ҳ.қ. миёни Абумусои Ашъарӣ ва Амр ибни Ос ва поёни бидуни натиҷаи он пас аз фиреб хӯрдани Абумусо аз Амри Ос,[21] Имом Алӣ (а), доварии ҳакамайнро муғоири ҳукми Қуръон донист ва бори дигар барои ҷанг бо Муовия омода шуд ва дар номае ба Абдуллоҳ ибни Ваҳаби Росибӣ ва Язид ибни Ҳусайн, ду тан аз сарони хавориҷ, ки дар Наҳравон гирд омада буданд, аз онон хост барои набард бо Муовия ва идомаи ҷанги Сиффин ба ӯ бипайванданд. Онон дар посух аз Имом Алӣ (а) хостанд ба куфр эътироф ва аз он тавба кунад вагарна аз ӯ дурӣ хоҳанд кард. Пас аз эъломи раъйи ҳакамайн, хавориҷ дар мухолифат бо Имом сарсахттар шуданд.[22]

Хавориҷ дар 10 шавволи 37ҳ.қ. бо Абдуллоҳ ибни Ваҳаб ба унвони амир байъат ва дар бораи хуруҷ аз Кӯфа ва рафтан ба Наҳравон тавофуқ карданд.[23] Хавориҷ дар масири ҳаракат, мардуми бегуноҳро куштанд. Имом пас аз даъвати онон ба ҳаққ ва итмоми ҳуҷҷат, ногузир бо онҳо ҷангид ва дар ҷанги Наҳравон дар соли 38ҳ.қ., бештари ононро аз миён бардошт. Гурӯҳе аз онон ба раёсати Фарва ибни Навфал ба иллати тардид дар рӯёрӯӣ бо Имом Алӣ (а), аз ҳамон оғоз аз ҷанг канора гирифтанд.[24]

Бо вуҷуди пирӯзии Имом Алӣ (а) хавориҷ ба масобаи гурӯҳе сиёсӣ, фикрӣ ва низомӣ барқарор монданд. Имом Алӣ (а) шиаёнро аз ҷанг бо хавориҷ пас аз худ наҳй кард.[25] Имом Ҳасан (а) пас аз сулҳ бо Муовия, дархости ӯ барои ҷанг бо хавориҷро рад кард.[26]

Вижагиҳо

Вижагиҳои мухталиф ва гоҳ мутазодде барои хавориҷ дар китобҳои таърихӣ ва ҳамчунин осори мартабит бо гурӯҳҳо ва фирқаҳои исломӣ зикр шудааст. Ин вижагиҳои бештар мазмум, хавориҷро дорои фаҳми нодуруст аз Қуръони карим, ҷоҳилу тангназар, аҳли ғуруру худбартарбинӣ ва низ ситезаҷӯ ва аҳли таассуб тасвир кардааст. Феҳристе аз ин вижагиҳо ки дар осори мухталифи исломӣ ва аз ҷумла дар Наҳҷ-ул-балоға зикр шуда, иборатанд аз:

  • ибодати бисёр бидуни имон;[27]
  • гароишу тазоҳур ба зуҳд;[28]
  • ноошноӣ ба суннати Паёмбар ва аҳкоми дин;[29]
  • фаҳми нодуруст аз Қуръони Карим ва татбиқи нодурусти оёт бар мақосиди хеш, ҳамроҳ бо содагӣ ва сатҳинигарӣ;[30]
  • ғуруру худбартарбинӣ ва кофару гумроҳ донистани умуми мусулмонон ҷуз хеш;[31]
  • тамоюл ба ҷадалу мунозира ва заъф дар эҳтиҷоҷ;[32]
  • ситезаҷӯӣ ва лиҷоҷату таассубу тундравӣ дар раъй ва ақоид;[33]
  • нексуханӣ ба ҳамроҳи бадкирдории тавъам бо хушунат;[34]
  • бемантиқӣ дар корҳояшон, хусусан дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар;[35]
  • адолатхоҳӣ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ҷиҳод бо ҳокимони ҷавр ба масобаи волотарин ормонҳои иҷтимоӣ[36] ба гунае ки ҳатто қиём накардан ба амри маъруф ва нарафтан ба ҷиҳодро гоҳе куфр медонистанд;[37]
  • фазилат шумурдани ҷиҳод бо аҳли қибла ва асир кардан ё куштани кӯдакону занони онҳо ва нармиш бо аҳли зимма ва мушрикон.[38]
  • назмнопазирӣ ва паёпай шоха шоха шудан.[39]
  • душманӣ бо Имом Алӣ ва кина ба вай ҳатто пас аз шаҳодат.[40]
  • ҷанговарию далерӣ ва шикебоӣ бар сахтиҳо ва инзиботи низомӣ,[41] ки ҳамин вижагӣ далели пирӯзӣ бар умавиён ҳатто бо теъдоди сипоҳёни камтар дониста шудааст. Бо ин ҳол гузоришҳое аз фирори онон низ дар майдонҳои ҷанг дар даст аст.[42] Хавориҷ гоҳ асбони худро пай мекарданд, ниёми шамшерҳоро мешикастанд ва мутаҳаввиронаву якпорча ба лашкари душмани худ ҳамла мекарданд ва ба ҳавои биҳишт ба сӯи марг мешитофтанд.[43] Ба ҳамин далел машҳур ба вижагии ҳамлаи хориҷия шуданд. Онон ба нишони бандагӣ ва омодагӣ барои маргу ҷонбозӣ, мӯи сари худро метарошиданад. Аз ин рӯ, дигар мусулмонон дар мухолифат бо онон мӯи худро кӯтоҳ намекарданд.[44] Гоҳ низ васати сари худро метарошиданад ва мӯҳои атрофи онро нигаҳ медоштанд.[45]
  • ҷаҳолат, ҷумуд, ғурур, тангназарӣ, рангорангии ақида ва таҷрибапазирӣ.[46]

Нақши хавориҷ дар таърихи Ислом

Муртазо Мутаҳҳарӣ - муҷтаҳид ва таърихпажӯҳи шиа:

«Аввалин ҷараёни ҷумудӣ ки дар дунёии Ислом пеш омад ҷумуде аст ки хавориҷ ба харҷ доданд. Агар бихоҳед бафаҳмед ҷумуд бо дунёи Ислом чӣ кардааст, ҳамин мавзӯъро дар назар бигиред, ки як вақт мегӯем Алиро кӣ кушт ва як вақт мегӯем чӣ кушт? Агар бигӯем Алиро кӣ кушт? Албата Абдурраҳмон ибни Мулҷам. Ва агар бигӯем Алиро чӣ кушт? Бояд бигӯем ҷумуду хушкмағзӣ ва хушкамуқаддасӣ».

Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.92

Хавориҷ дорои таъсироти муҳимме дар таърихи Ислом дониста шудаанд; аз ҷумла эҷоди дудастагӣ дар сипоҳи Имом Алӣ (а)[47] ки мунҷар ба пайдоиши аввалин гурӯҳи муориз ва фирқаи динӣ дар таърихи Ислом шуд.[48] Хавориҷ дар ибтидо рӯйкарде сиёсӣ дошт, аммо дар давраи хилофати Абдулмалик ибни Марвон таолими худро бо баҳсҳои каломӣ омехтанд.[49]

Ба бовари таърихнигороне чун Табарӣ ва Ибни Аъсам, муқобилаи хавориҷ бо Имом Алӣ (а) ва куштани вай, фурсатро барои тасоҳуби ҳукумат тавассути Муовия фароҳам кард.[50] Бо ин ҳол хавориҷ, барои ҷанг бо Муовия ба сипоҳи Имом Ҳасан (а) пайваста[51] ва пас аз сулҳи Имом Ҳасан, мубориза бо Муовия ва умавионро идома доданд.[52] Онҳо умавиёну тарафдоронашонро кофар медонистанд ва муътақид буданд барои рафъи зулм, бояд бо кофарон ҷиҳод кард.[53]

Хавориҷ бо қиёмҳои муҳимме ки дар мухолифат бо умавиён шакл гирифт ҳамроҳ шуданд ва ба ҳамин сабаб ба Абдуллоҳ ибни Зубайр, Зайд ибни Алӣ ва Абӯмуслими Хуросонӣ ёрӣ расонданд.[54] Бо ин ҳол, онон дар мавориде бо хулафои умавӣ созиш карданд ва ҳукумати ноҳия ё мансаберо аз тарафи онон ӯҳдадор шуданд.[55] Гоҳ низ мустақиллан зимоми қудратро дар бархе шаҳрҳо ба даст гирифтанд ва бо ановине ҳамчун имом, амиралмуъминин ва халифа хонда шуданд.[56] Умавиён ба вижа дар Ироқ ва Эрон, бо шиддату хушунати тамом барои саркӯби хавориҷ кӯшиданд.[57] Ин ҷангҳо аз асбоби муҳими заъфу суқути давлати умавӣ дониста шудааст.[58]

Дидгоҳҳо ва ақоид

Яке аз муҳимтарин ақоиди хавориҷ, бовар ба куфри касест, ки муртакиби гуноҳ кабира мешавад. Ин бовар, дар пайдоишу таҳаввули илми калом, муассир дониста шудааст.[59] Бархе аз боварҳо ва ақоиди хавориҷ иборатанд аз:

  • куфр дар сурати анҷом додани гуноҳи кабира: нахустин андешае ки хавориҷ бар он иттифоқи назар доштаанд, такфири касе аст, ки муртакиби гуноҳи кабира шудааст.[60] Фирқае аз хавориҷ бо номи Азориқа, дар ин андеша ифрот карда ва муътақиданд муртакиби гуноҳ кабира наметавонад дубора имон биоварад ва бояд ба сабаби иртидод, ҳамроҳ бо фарзандонаш ба қатл бирасад ва ҷовидона дар оташ аст.[61] Яке аз адиллаи хавориҷ барои такфири муртакиби кабира, истинод ба ояти 44 сураи Моида аст.[62]
  • имомат: нигоҳи хавориҷ дар бораи имомат, баргирифта аз назари онон дар бораи муртакиби кабира буд. Бар ин асос, касе ки муртакиби гуноҳи кабира шуда, набояд имомати ҷомеъаи мусулмононро бар ӯҳда бигирад ва агар бар маснади имомат бошад, бар муъминон воҷиб аст, ки бар ӯ хуруҷ кунанд.[63] Бештари хавориҷ, бо насби халифа аз сӯи Паёмбар (с) мухолифанд ва муътақиданд ҳар кас ки ба китоб ва суннат амал кунад, шоистагии имоматро дорад ва имомат бо байъати ду тан низ мунъақид мешавад.[64] Онон ба интихобӣ будани имом ақида доштанд[65] ва бар хилофи бовари роиҷ дар он замон, хилофати ғайриқурайширо ҳам мумкин медонистанд.[66]
  • хулафои рошидин: хавориҷ бо тавваҷуҳ ба ҳаводиси рух дода дар даврони хулафои чаҳоргона, Умар ва Абубакрро ба унвони имом ва халифаи расули Худо пазируфтанд, вале дар мавриди Усмон фақат 6 соли нахусти ҳукумати ӯ ва дар мавриди Имом Алӣ, то қабл аз пазириши ҳакамиятро саҳеҳ шумурданд ва ин дуро дар мобақии даврони ҳукуматашон такфир карда ва маъзул донистанд.[67]
  • андешаҳои фиқҳӣ: аз бархе фирқаҳои хавориҷ порае орои фиқҳӣ нақл шудааст; аз ҷумла радди сангсори зинокор (бо истинод ба ин ки дар Қуръони карим ишорае ба он нашуда), ҷоиз будани қатли атфолу ҳамсарони мухолифон, эътиқод ба ин ки атфоли мушрикон низ бо падарон дар оташ хоҳанд буд ва мухолифат бо тақия дар қавлу амал.[68] Ба бовари азориқа, мусулмононе ки ба хавориҷ тааллуқ надоранд бояд кушта шаванд, вале қатли масеҳиён, зардуштиён ё яҳудиён ҳаром аст.[69]

Осори илмӣ ва адабӣ

Хавориҷ аз нимаи садаи дуввуми ҳиҷрӣ, ба тадриҷ ба таълифи китобҳои динӣ, фиқҳӣ ва таърихӣ рӯй оварда ва ровиёну олимону фақиҳоне аз миёни онон бархостанд.[70] Онон аҳли нақли ривоёт набуданд ва матни Қуръонро танҳо манбаи фиқҳӣ медонистанд.[71] Мактаби фалсафӣ ва фиқҳии васеъу мунсаҷиме аз онҳо дар даст нест; танҳо яке аз фирқаҳои онҳо ба номи Абозиаҳ, осоре дар эътиқодоту таълимоти фиқҳӣ доштаанд.[72]

Ибни Надим дар китоби “Феҳрист”-и худ, бар ин бовар аст, ки хавориҷ осори худро ба далели мухолифат ва фишори мардум, пинҳон мекардаанд.[73] Бо ин ҳол, Ибни Надим, чанд тан аз олимони хавориҷро ном бурда ки осоре дар улуми қуръонӣ, калом, фиқҳ ва усули фиқҳ таълиф кардаанд.[74] Осори дигаре дар бораи тавҳид, имомат ва ҳамчунин раддияҳое бар мухолифонашон, аз ҷумла муътазила, мурҷиа, шиа ва ғолиён, аз хавориҷ нақл шудааст.[75]

Хавориҷ ҳамчунин хатибону шоирони бисёре дошта ва бархе аз онҳо машҳур будаанд.[76] Бештари ашъори хавориҷ, раҷазҳое дониста шуда, ки дар ҷангҳо гуфтаанд.[77] Порае аз хутбаҳо ва номаҳои хавориҷ низ нақл шуда, ки мансуб ба 18 тан аз сарони онҳо ва дар бораи даъвату сулуки динӣ ва сиёсии хавориҷ ва ҳамчунин тарғиб ба хуруҷ, ҷиҳод ва амр ба маъруф аст.[78]

Заминаҳои шаклгирӣ

Сарчашмаҳои исломӣ омилҳои гуногуне аз ҷумла рӯҳияи бодиянишиниро дар шаклгирии хавориҷ таъсиргузор донистаанд. Бархе нависандагон, чеҳраҳои аслии хавориҷро солукон ва аъробиёни рӯзгори ҷоҳилият донистаанд, ки бар сарони қабоили худ ва суннатҳову арзишҳои қабилае мешӯриданд ва барои камтарин чиз ба ҳаяҷон меомаданд ва меҷангиданд ва аз қабилаи худ ихроҷ мешуданд.[79] Бештари шахсиятҳои барҷастаи хавориҷ аз миёни ин аъробён бархостанд ва ба ҳеҷ як аз қабоили машҳури араб вобастагӣ надоштанд.[80] Бар ин асос, ҳеҷ як аз саҳоба, новобаста аз муҳоҷирин ва ансор ба хавориҷ напайвастанд.[81]

Бархе дигар аз муҳаққиқон, зуҳури хавориҷро дар ростои шӯриш бар Усмон донистаанд[82] ва бар ин боваранд, ки қатли Усмон ва ихтилофи саҳоба дар боби масаълаи хилофат, сабаби тарҳи ин раъй шуд, ки метавон халифаро дар сурати мухолифат бо раъйи мардум ва аҳкоми дин ва ҳамчунин бетадбирӣ ва риоят накардани адл ва инсоф, барканор кард ё кушт.[83] Ба тасреҳи манобеи исломӣ монанди Таърихи Табарӣ, сардамдорони эътирозчиён ба Усмон ки ҳудуди 30 тан буданд, баъдтар аз чеҳраҳои аслии хавориҷ шуданд.[84]

Афзун бар ин, авомили дигаре монанди нохушнӯдӣ аз рафтори Имом Алӣ (а) дар тақсими ғаниматҳо бар асоси мусовот ва низ бурузи ҷангҳои дохилии Ҷамал ва Сиффин, ки дар онҳо барои нахустин бор мусулмонон рӯёрӯи якдигар қарор гирифтанд, аз авомили муассир дар шаклгирии хавориҷи дониста шудааст.[85] Мутаҳҳарӣ - муҷтаҳиди исломпажӯҳ (1298 - 1358ҳ.ш.), бар ин бовар аст, ки мантиқгурезии хавориҷ ва дахолат надодани он дар корҳояшон, махсусан дар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва хушкмағзӣ бузургтарин иллати инқирози онҳост.[86]

Нақди ақоиди хавориҷ

Аз ибтидои пайдоиши хавориҷ дар таърихи Ислом, осори мухталифе дар радди боварҳои онҳо таълиф шуда ё дар осори ҳадисӣ, ривоёте дар тақбеҳи боварҳо ва аъмоли хавориҷ зикр шудааст. Аз ҷумла ривоёте ҳокӣ аз пешгӯиҳои Паёмбари Ислом (с) дар бораи хавориҷ ва хуруҷи онон аз дин, ки шеваи диндорӣ ва амалкарди хавориҷ тақбеҳ шуда ва ҳамчунин ҷангидан бо онон ва куштанашон дорои аҷр дониста шудааст.[87] Ҳамчунин уламои шиа бо истинод ба ҳадисе аз Паёмбар (с), касоне ки бо Имом Алӣ ба муҳориба пардохтаанд ва аз ҷумла хавориҷро кофар донистаанд. Бинобар ривояти мазкур, касе ки бо Имом Алӣ ҷанг кунад, монанди касест, ки бо Паёмбар ҷанг кардааст.[88]

Дар осори тафсирӣ шоҳид овардани хавориҷ аз Қуръони карим барои исботи ақоидашон, мавриди нақду нақз қарор гирифтааст; аз ҷумла иддаои кофар будани касоне ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд. Хавориҷ бо такя бар ояти 97 сураи Оли Имрон, бар ин бовар будаанд, ки ҳар касе ҳаҷ нагузорад, муртакиби гуноҳи кабира ва дар натиҷа кофар шудааст, пас иртикоби гуноҳони кабира, мунҷар ба куфр мешавад. Дар посух ба ин истидлол гуфта шудааст, ки куфр дар мутуни динӣ маънои густардае дорад ва ҳар гуна мухолифат бо ҳақ, чи дар марҳалаи ақоид ва чи дар марҳалаи дастуроти фаръиро шомил мешавад; аз ин рӯ, дар ояти 97 сураи Оли Имрон, куфр ба маънои тарки ҳаҷ аз сӯи шахси тавонманд (дорои иститоати шаръӣ) аст; на ба маънои хуруҷ аз Ислом, онтавр ки хавориҷ пиндоштаанд.[89] Ибни Ҳазм иддаои хавориҷ дар ин бораро бо истинод ба оёти дигаре аз Қуръони карим рад кардааст.[90]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.513 - 514; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.114, 122; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.63, 72, 78; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.3, саҳ.144
  2. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.484; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.111 - 112
  3. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.513 - 514; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.114, 122; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.63, 72, 78; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.3, саҳ.144
  4. Санъонӣ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.152; Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.59; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.269
  5. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммади Абда, хутбаи 62; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.76
  6. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.110 - 112; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.277
  7. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.114, 122; Самъонӣ, Шеър-ул-хавориҷ, 1974м, ҷ.2, саҳ.207; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, зайли Ҳаруро
  8. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.464; Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, 1899 - 1919м, ҷ.5, саҳ.135, 224; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.304, ҷ.8, саҳ.127; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.149; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.91; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.216
  9. Мақризӣ, ал-Мавоиз-ул-эътибори фи зикр-ил-хутати ва-л-осор, 1422 - 1425ҳ.қ., ҷ.4, қисми 1, саҳ.428
  10. Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1421ҳ.қ., ҷ.4, ҷузъи 7, саҳ.261; ҷ.7, ҷузъи 13, саҳ.208 - 209
  11. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.115, 247; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.83, 166
  12. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.272
  13. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.76
  14. Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.104
  15. Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа ибни Хайёт, 1415ҳ.қ., саҳ.252; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.4, саҳ.27; Муқаддасӣ, Аҳсан-ут-тақосими фи маърифат-ил-ақолим, Дору содир, саҳ.323; Ҳимярӣ, ал-Ҳур-ул-ъин, 1972м, саҳ.202 - 203
  16. Амин, Зуҳа-л-Ислом, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.336; Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.110, 270; Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.181
  17. Искофӣ, ал-Меъёру ва-л-мувозанату фи фазоил-ил-имом Амиралмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1402ҳ.қ., саҳ.198 - 120; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.122 - 123, 133 - 135; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.64 - 66, 73; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.278
  18. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.3, саҳ.34
  19. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.489, 517; Ибни Абишайба, ал-Мусаннафу фи-л-аҳодиси ва-л-осор, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.735, 741; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.122, 126, 134, 151; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.66, 72 - 74
  20. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.126, 133; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.72 - 74; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.3, саҳ.144; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385 - 1386ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.335
  21. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.117 - 126, 133; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.57, 67, 71; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.3, саҳ.145 - 150
  22. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммади Абда, хутбаи 35; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.206; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.77 - 78; Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.85
  23. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.74 - 75; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385 - 1386ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.335 - 336
  24. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.169; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.80 - 92; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.528
  25. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммади Абда, хутбаи 60; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.14, 73
  26. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.78 - 79; Омилӣ, Диросотун ва буҳусун фи-т-таърихи ва-л-Ислом, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37
  27. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.491; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.212, 417 - 418; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Дор-ул-маърифат, ҷ.2, саҳ.147 - 148; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашоди фи сирати хайр-ил-ибод, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.131 - 132
  28. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.491; Ибни Мокуло, ал-Икмолу фи рафъ-ил-иртиёб, Бейрут, ҷ.7, саҳ.251 - 252; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.11
  29. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммади Абда, хутбаи 36, 127; Ҳимярӣ, ал-Ҳур-ул-ъин, 1972м, саҳ.385; Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1421ҳ.қ., ҷ.11, ҷузъи 19, саҳ.39 - 40; Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13, 137 - 141, 167 - 171
  30. Бухорӣ, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.51; Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1421ҳ.қ., ҷ.8, ҷузъи 13, саҳ.16; Абушабоб, ал-Хавориҷ: таърихуҳум, фирақуҳум ва ақоидуҳум, 1426ҳ.қ., саҳ.59 - 61; Наҷҷор, ал-Хавориҷ: ақидатан ва фикран ва фалсафатан, 1988м, саҳ.142
  31. Ибни Таймия, Маҷмуат-ул-фатово, 1421ҳ.қ., ҷ.16, ҷузъи 28, саҳ.221; Ақл, ал-Хавориҷ: аввал-ул-фирақи фи таърих-ил-Ислом, 1419ҳ.қ., саҳ.32 - 33
  32. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.136 - 139, 169
  33. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.145; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.207 - 208; Наҷҷор, ал-Хавориҷ: ақидатан ва фикран ва фалсафатан, 1988м, саҳ.141 - 142; Абушабоб, ал-Хавориҷ: таърихуҳум, фирақуҳум ва ақоидуҳум, 1426ҳ.қ., саҳ.57 - 59
  34. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.394; Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-Имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, Дору содир, ҷ.3, саҳ.224, ҷ.5, саҳ.36
  35. Ислом ва ниёзҳои замон
  36. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.202; Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1367ҳ.қ., саҳ.45; Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., саҳ.204
  37. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385 - 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.167; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ: шарҳи Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1300 - 1301ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.251
  38. Фазл ибни Шозон, ал-Изоҳ, 1363ҳ.ш., саҳ.48; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.144, 146; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.174, ҷ.6, саҳ.124
  39. Фазл ибни Шозон, ал-Изоҳ, 1363ҳ.ш., саҳ.48; Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17, 24 - 26, 150 - 152; Абушабоб, ал-Хавориҷ: таърихуҳум, фирақуҳум ва ақоидуҳум, 1426ҳ.қ., саҳ.68 - 69; Наҷҷор, ал-Хавориҷ: ақидатан ва фикран ва фалсафатан, 1988м, саҳ.143
  40. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.128 - 129, 257 - 258
  41. Ҷоҳиз, Расоил-ул-Ҷоҳиз, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41 - 46; Ҷоҳиз, Китоб-ул-ҳайвон, 1385 - 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.136, 185 - 187; Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.279; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.6, саҳ.302; Ибни Абдураббаҳ, ал-Ақд-ул-фарид, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.183; Байҳақӣ, ал-Маҳосину ва-л-масовӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.217, ҷ.2, саҳ.391; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.12
  42. Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.77 - 82, 152 - 153
  43. Ҷоҳиз, Китоб-ул-ҳайвон, 1385 - 1389ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185 - 187; Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.279
  44. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-Имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, Дору содир, ҷ.3, саҳ.64, 197; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли сабт, сабад; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ: шарҳи Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1300 - 1301ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.54; Айнӣ, Умдат-ул-қорӣ: шарҳи Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1421ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.68, ҷ.25, саҳ.301 - 302
  45. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.123
  46. Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ёддоштҳо, ҷ.3, саҳ.1
  47. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.113; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.62
  48. Наҷҷор, ал-Хавориҷ: ақидатан ва фикран ва фалсафатан, 1988м, саҳ.144; Муита, ал-Ислом-ул-хавориҷӣ, 2006м, саҳ.14, 17; Ақл, ал-Хавориҷ: аввал-ул-фирақи фи таърих-ил-Ислом, 1419ҳ.қ., саҳ.24 - 25
  49. Абуннаср, ал-Хавориҷу фи-л-Ислом, 1949м, саҳ.41, 101 - 102
  50. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.78; Ибни Аъсми Кӯфӣ, Китоб-ул-футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.57 - 58
  51. Шайхи Муфид, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-Лоҳи ала-л-ибод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.10; Баҳоуддини Ирбилӣ, Кашф-ул-ғуммати фи маърифат-ил-аимма, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162
  52. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.169; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.165 - 166; Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.51; Қалмовӣ, Адаб-ул-Хавориҷи фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1945м, саҳ.150 - 151
  53. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.158 - 174
  54. Бухорӣ, ат-Таърих-ус-сағир, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192 - 193; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.360, 373; Ахбор-уд-давлат-ил-аббосийя, 1971м, саҳ.297 - 300; Ҳимярӣ, ал-Ҳур-ул-ъин, 1972м, саҳ.185 - 187
  55. Ибни Аъсми Кӯфӣ, Китоб-ул-футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.274; Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1402ҳ.қ., саҳ.122; Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71 - 76, 94 - 96
  56. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.4, саҳ.26 - 27; Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., саҳ.386; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, 1993м, ҷ.1, саҳ.28, ҷ.6, саҳ.2497; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.30
  57. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.30; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.270 - 277
  58. Омилӣ, Диросотун ва буҳусун фи-т-таърихи ва-л-Ислом, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.39 - 40; Ахбор-уд-давлат-ил-аббосийя, 1971м, саҳ.251; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут, ҷ.4, саҳ.79 - 80
  59. Веллҳаусен, Аҳзоб-ул-муъоризат-ис-сиёсийят-ид-динийяти фи садр-ил-Ислом, 1976м, саҳ.46; Ибни Фурак, Муҷарраду мақолот-иш-Шайх Абилҳасани ал-Ашъарӣ, 1987м, саҳ.149 - 157
  60. Абуҳотами Розӣ, Китоб-уз-зинати фи-л-калимот-ил-исломийят-ил-арабийя, 1988м, қисми 3, саҳ.282; Бағдодӣ, Усул-уд-дин, 1346ҳ.қ., саҳ.332; Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1367ҳ.қ., саҳ.73; Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.113
  61. Ашъарӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1341ҳ.ш., саҳ.85 - 86; Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1367ҳ.қ., саҳ.82 - 83; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140 - 141
  62. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.334; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.114 - 118; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.334 - 338
  63. Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1367ҳ.қ., саҳ.73; Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113; Исфароинӣ, ат-Табсиру фи-д-дини ва тамиз-ил-фирқат-ин-ноҷияти ан-ил-фирақ-ил-ҳоликин, 1359ҳ.қ., саҳ.26
  64. Ашъарӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1341ҳ.ш., саҳ.8; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1355ҳ.қ., саҳ.10
  65. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134
  66. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1355ҳ.қ., саҳ.10; Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134
  67. Абуҳотами Розӣ, Китоб-уз-зинати фи-л-калимот-ил-исломийят-ил-арабийя, 1988м, қисми 3, саҳ.282; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.274
  68. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140 - 141
  69. Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.189
  70. Голдзиҳер, ал-Ақидату ва-ш-шариату фи-л-Ислом, 1378ҳ.қ., саҳ.193; Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.60; Кашӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1348ҳ.ш., саҳ.229
  71. Шайхи Муфид, ал-Ҷамалу ва-н-нусрати ли сайид-ил-итрати фи ҳарб-ил-Басра, 1374ш, саҳ.85
  72. Амин, Зуҳа-л-Ислом, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.334 - 337
  73. Ибни Надим, ал-Феҳрист, Теҳрон, 1417ҳ.қ., саҳ.227, 290
  74. Ибни Надим, ал-Феҳрист, Теҳрон, 1417ҳ.қ., саҳ.290
  75. Ибни Надим, ал-Феҳрист, Теҳрон, 1417ҳ.қ., саҳ.227 - 228; Собеъӣ, ал-Хавориҷу ва-л-ҳақиқат-ил-ғоиба, 1420ҳ.қ., саҳ.28 - 39
  76. Танухӣ, Нашвор-ул-муҳозирати ва ахбор-ил-музокирати, 1391 - 1393ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.291
  77. Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.250 - 252, 256 - 258; Самъонӣ, Шеър-ул-хавориҷ, 1974м, саҳ.10 - 27; Қалмовӣ, Адаб-ул-Хавориҷи фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1945м, саҳ.46 - 48, 50
  78. Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.293 - 302; Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа ибни Хайёт, 1415ҳ.қ., саҳ.251 - 252; Ҷоҳиз, ал-Баёну ва-т-табйин, 1367ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126 - 129, 310 - 311; Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.432 - 435; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.7, саҳ.394 - 397
  79. Маъруф, Қироату ҷадидатин фи мавоқиф-ил-хавориҷи ва фикриҳим ва адабиҳим, 1988м, саҳ.21 - 23; Шалабӣ, Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ ва-л-ҳазорат-ул-исломийя, 1982м, ҷ.2, саҳ.210 - 211; Ахбор-уд-давлат-ил-аббосийя, 1971ҳ.қ., саҳ.335; Ибни Абдураббаҳ, ал-Ақд-ул-фарид, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186
  80. Абуннаср, ал-Хавориҷу фи-л-Ислом, 1949м, саҳ.14, 21; Бобтин, Ҳаркат-ул-хавориҷ, 1409ҳ.қ., саҳ.250
  81. Ҷоҳиз, Китоб-ул-ҳайвон, 1385 - 1389ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.455; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.7, саҳ.396; Ибни Ҷавзӣ, Талбиси Иблис, 1407ҳ.қ., саҳ.106, 110; Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.60
  82. Веллҳаусен, Аҳзоб-ул-муъоризат-ис-сиёсийят-ид-динийяти фи садр-ил-Ислом, 1976м, Муқаддамаи бадавӣ, саҳ.13; Муита, ал-Ислом-ул-хавориҷӣ, 2006м, саҳ.17; Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.55; Зайф, ат-Татаввуру ва-т-таҷдиду фи-ш-шеър-ил-умавӣ, 1987м, саҳ.87
  83. Абуннаср, ал-Хавориҷу фи-л-Ислом, 1949м, саҳ.21 - 23; Абузуҳра, Таърих-ул-мазоҳиб-ил-исломийя, 1971м, ҷ.1, саҳ.70 - 71; Маъруф, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.21
  84. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.49; Маъруф, Қироату ҷадидатин фи мавоқиф-ил-хавориҷи ва фикриҳим ва адабиҳим, 1988м, саҳ.25 - 26; Баккорӣ, Ҳаркат-ул-хавориҷ, 2001, саҳ.17
  85. Балозурӣ, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.35 - 36, 56 - 57, 134 - 135; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960м, саҳ.151 - 152, 164 - 165; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.541 - 542; Бобтин, Ҳаркат-ул-хавориҷ, 1409ҳ.қ., саҳ.293, 200 - 302, 304; Баккорӣ, Ҳаркат-ул-хавориҷ, 2001м, саҳ.11 - 15; Омилӣ, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134 - 137
  86. Ислом ва ниёзҳои замон; Мутаҳҳарӣ, исломи внёзҳои замон, ҷ.1, саҳ.77
  87. Барои намуна ниг.: Абуҳотами Розӣ, Китоб-уз-зинати фи-л-калимот-ил-исломийят-ил-арабийя, 1988м, қисми 3, саҳ.276; Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.161; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265 - 267
  88. Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.295; Алломаи Ҳиллӣ, Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, 1427ҳ.қ., саҳ.540; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-Илоҳийяти фи-л-мабоҳис-ил-каломийя, 1380ҳ.ш., саҳ.372
  89. Ниг.: Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385 - 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.114; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.335; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.18
  90. Ибни Ҳазми Андалусӣ, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, 1317 - 1320ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.235 - 243; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.324 - 325

Сарчашма

  • Абузуҳра, Муҳаммад, Таърих-ул-мазоҳиб-ил-исломийя, Қоҳира, 1971м.
  • Абуннаср, Умар, ал-Хавориҷу фи-л-Ислом, Бейрут, 1949м.
  • Абуҳотами Розӣ, Аҳмад ибни Ҳамдон, Китоб-уз-зинати фи-л-калимот-ил-исломийят-ил-арабийя, Бағдод, 1988м.
  • Абушабоб, Аҳмади иваз, ал-Хавориҷ: таърихуҳум, фирақуҳум ва ақоидуҳум, Бейрут, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Авази Абушабоб, Аҳмад, ал-Хавориҷ: таърихуҳум, фирақуҳум ва ақоидуҳум, Бейрут, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Айнӣ, Маҳмуд ибни Аҳмад, Умдат-ул-қорӣ: шарҳи Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқи Абдуллоҳи Маҳмуд Муҳаммади Умар, Бейрут, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Ақл, Носир ибни Абдукарим, ал-Хавориҷ: аввал-ул-фирақи фи таърих-ил-Ислом, Риёз, 1419ҳ.қ./1998м.
  • Алӣ ибни Абитолиб (а), Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммади Абда, Бейрут, бе то.
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, Қум, 1427ҳ.қ.
  • Амин, Аҳмад, Зуҳа-л-Ислом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, бе то.
  • Ахбор-уд-давлат-ил-аббосийя, Бейрут, Дор-ут-талиати ли-т-табоати ва-н-нашр, 1971м.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-Имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Машкур, Теҳрон, 1341ҳ.ш.
  • Бағдодӣ, Абдулқоҳир ибни Тоҳир, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, таҳқиқи Муҳаммад Зоҳиди Кавсарӣ, Қоҳира, 1367ҳ.қ./1948м.
  • Бағдодӣ, Абдулқоҳир ибни Тоҳир, Усул-уд-дин, Истонбул, 1346ҳ.қ./1928м (офсет, Бейрут, 1401ҳ.қ./1981м).
  • Байҳақӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Маҳосину ва-л-масовӣ, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Қоҳира, 1380ҳ.қ./1961м.
  • Баккорӣ, Латифа, Ҳаркат-ул-хавориҷ: нашъатуҳо ва татаввуруҳо ило ниҳоят-ил-аҳд-ил-умавӣ, Бейрут, 2001м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, Бейрут, 1417ҳ.қ./1997м.
  • Баҳоуддини Ирбилӣ, Алӣ ибни исо, Кашф-ул-ғуммати фи маърифат-ил-аимма, Бейрут, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Бобтин, Юсуф, Ҳаркат-ул-хавориҷ: нашъатуҳо ва асбобуҳо, таҳқиқи Шокир Мустафо, Кувайт, 1409ҳ.қ./1988м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, ат-Таърих-ус-сағир, таҳқиқи Маҳмуд Иброҳим зояд, Бейрут, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зеҳнии Афандӣ, Истонбул, 1401ҳ.қ./1981м (чоп офсет Бейрут, бе то).
  • Веллҳаусен, Ҷулиюс, Аҳзоб-ул-муъоризат-ис-сиёсийят-ид-динийяти фи садр-ил-Ислом, Кувайт, 1976м.
  • Голдзиҳер, Аҷнос, ал-Ақидату ва-ш-шариату фи-л-Ислом, тарҷума ва таълиқи Муҳаммад Юсуфи Мӯсо ва Алиҳасани Абдуқодир ва Абдулазизи Абдулҳақ, Бағдод, 1378ҳ.қ./1959м.
  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, Қоҳира, 1960м (офсет Қум, 1368ҳ.ш.).
  • Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, таҳқиқи Фердинанд Вюстенфелд, Лойпзиг, 1866-1873м (чопи офсет, Теҳрон, 1965м).
  • Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, таҳқиқи Эҳсони Аббос, Бейрут, 1993м.
  • Зайф, Шавқӣ, ат-Татаввуру ва-т-таҷдиду фи-ш-шеър-ил-умавӣ, Қоҳира, 1987м.
  • Ибни Абдураббаҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Ақд-ул-фарид, ҷ.1 ва 2, таҳқиқи Муфид Муҳаммад Қамиҳа, Бейрут, 1404ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қоҳира, 1385-1387ҳ.қ./1965-1967, (Бейрут, бе то).
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннафу фи-л-аҳодиси ва-л-осор, таҳқиқи Саиди Муҳаммади лҳом, Бейрут, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрути 1385-1386ҳ.қ./1965-1966м, чопи офсет 1399-1402ҳ.қ./1979-1982м.
  • Ибни Аъсми Кӯфӣ, Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Шерӣ, Бейрут, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, Бейрут, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, таҳқиқи Тоҳои Муҳаммад Зайнӣ, Қоҳира, 1387ҳ.қ./1967м, (чоп офсет Бейрут, бе то).
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни макрам, Лисон-ул-араб.
  • Ибни Мокуло, Алӣ ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Икмолу фи рафъ-ил-иртиёб, ҷ.7, таҳқиқи Ноиф Аббос, Бейрут, бе то.
  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни исҳоқ, ал-Феҳрист, таҳқиқи Иброҳими Рамазон, Бейрут, Дор-ул-маърифат, чопи дуввум, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдуҳалим, Маҷмуат-ул-фатово, таҳқиқи Мустафо Абдуқодири Ато, Бейрут, 1421ҳ.қ./2000м.
  • Ибни Фурак, Муҳаммад ибни ҳасан, Муҷарраду мақолот-иш-Шайх Абилҳасани ал-Ашъарӣ, таҳқиқи Дониёли Жимора, Бейрут, 1987м.
  • Ибни Ҳазми Андалусӣ, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Фаслу фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, Миср, 1317ـ1320ҳ.қ. (офсет, Бейрут, бе то).
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ: шарҳи Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, Қоҳира, Булоқ, 1300-1301 (чопи офсет Бейрут, бе то).
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Талбиси Иблис, Бейрут, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Искофӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Меъёру ва-л-мувозанату фи фазоил-ил-имом Амиралмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, 1402ҳ.қ./1981м.
  • Исфароинӣ, Шаҳфур ибни Тоҳир, ат-Табсиру фи-д-дини ва тамиз-ил-фирқат-ин-ноҷияти ан-ил-фирақ-ил-ҳоликин, таҳқиқи Муҳаммад Зоҳид Кавсарӣ, Қоҳира, 1359ҳ.қ./1940м.
  • Кашӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, талхиси Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, таҳқиқи Ҳасани Мустафавӣ, Машҳад, 1348ҳ.ш.
  • Қалмовӣ, Саҳир, Адаб-ул-Хавориҷи фи-л-ъаср-ил-умавӣ, Қоҳира, 1945м.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, Бейрут.
  • Маъруф, Аҳмади Сулаймон, Қироату ҷадидатин фи мавоқиф-ил-хавориҷи ва фикриҳим ва адабиҳим, Димишқ, 1988м.
  • Маъруф, Найф Маҳмуд, ал-Хавориҷу фи-л-ъаср-ил-умавӣ, Бейрут, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Муита, Аҳмад, ал-Ислом-ул-хавориҷӣ, Димишқ, 2006м.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Париж, 1899-1919м (чопи офсет, Теҳрон, 1962м).
  • Муқаддасӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсан-ут-тақосими фи маърифат-ил-ақолим, Бейрут, Дору содир.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуъаи осор, ношири Садро, 1389ҳ.ш.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиа, таҳқиқи Муҳаммадсодиқ Оли Баҳрулъулум, Наҷаф, 1355ҳ.қ./1936м.
  • Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммади Ҳорун, Қоҳира, 1382ҳ.қ. (чопи офсет, Қум, 1404ҳ.қ.).
  • Наҷҷор, Омир, ал-Хавориҷ: ақидатан ва фикран ва фалсафатан, Қоҳира, 1988м.
  • Омилӣ, Ҷаъфари Муртазо, Алӣ (а) ва-л-хавориҷ, Бейрут, 1423ҳ.қ./2002м.
  • Омилӣ, Ҷаъфари Муртазо, Диросотун ва буҳусун фи-т-таърихи ва-л-Ислом, Бейрут, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, Шеър-ул-хавориҷ, гирдоварии Эҳсони Аббос, Бейрут, Дор-ус-сақофа, 1974м.
  • Санъонӣ, Абдурразоқ ибни Ҳамом, ал-Мусаннаф, таҳқиқи Ҳабибуррҳмони Аъзамӣ, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Собеъӣ, Носир, ал-Хавориҷу ва-л-ҳақиқат-ил-ғоиба, Бейрут, 1420ҳ.қ./2000м.
  • Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашоди фи сирати хайр-ил-ибод, Бейрут, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Сомонаи ҷомеъи устод Шаҳид Мутаҳҳарӣ
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, ҷ.5, Қум, 1371ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни ҷрир, Таърих-ут-Табарӣ: таърихи аламми волмлўк, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Бейрут, бе но, бе то.
  • Танухӣ, Муҳсин ибни Алӣ, Нашвор-ул-муҳозирати ва ахбор-ил-музокирати, Бейрут, 1391-1393ҳ.қ./1972-1973м.
  • Тӯсӣ, Насируддин, Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, 1407м.
  • Фазл ибни Шозон, ал-Изоҳ, таҳқиқи Ҷалолуддин Муҳаддиси Урмавӣ, Теҳрон, 1363ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомеъ-ул-Илоҳийяти фи-л-мабоҳис-ил-каломийя, таҳқиқи Муҳаммадалӣ Қозии Таботабоӣ, Қум, 1380ҳ.ш.
  • Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа ибни Хайёт, Бейрут, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Ҳимярӣ, Нашвон ибни Саид, ал-Ҳур-ул-ъин, таҳқиқи Камоли Мустафо, 1972м.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Ҷоҳиз, Амр ибни Баҳр, ал-Баёну ва-т-табйин, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммади Ҳорун, Бейрут, 1367ҳ.қ./1948м.
  • Ҷоҳиз, Амр ибни Баҳр, Китоб-ул-ҳайвон, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммади Ҳорун, Миср, 1385-1389ҳ.қ./1965-1969м (чоп офсет Бейрут, бе то).
  • Ҷоҳиз, Амр ибни Баҳр, Расоил-ул-Ҷоҳиз, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммади Ҳорун, Қоҳира, 1384ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-мавоқиф, Миср, 1325ҳ.қ./1907м (офсет Қум, 1370ҳ.ш.).
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-Лоҳи ала-л-ибод, Бейрут, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1402ҳ.қ./1982м.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷамалу ва-н-нусрати ли сайид-ил-итрати фи ҳарб-ил-Басра, таҳқиқи Алии Миршарифӣ, Қум, 1374ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Шалабӣ, Аҳмад, Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ ва-л-ҳазорат-ул-исломийя, ҷ.2, Қоҳира, 1982м.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милалу ва-н-ниҳал, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1415ҳ.қ./1995м.