Jump to content

Шаҳодати солиса

Аз wikishia
Қитъаи хаттотии «Шаҳодати солиса», асари Муҳаммад ал-Мушрифовӣ (1439ҳ.қ.).[1]

Шаҳодати солиса (форсӣ: شهادت ثالثه) гувоҳӣ додан ба вилояти ҳазрати Алӣ (а) пас аз шаҳодатайн, бо ибораи «أشهَدُ أَنّ عَلیاً ولیُّ الله» (Ашҳаду анна Алиян валиюллоҳ) ё «أشهَدُ أَنّ عَلیاً حُجَّةُ الله» (Ашҳаду анна Алиян ҳуҷҷатуллоҳ) дар азон ва иқома мебошад. Ба ақидаи машҳури фақеҳони имомия, шаҳодати солиса ҷузъи азон ва иқома нест; бинобар ин, бархе аз уламои шиа гуфтани онро дар азон ва иқома бидъат донистаанд ва бовар доштан ба он ки ҷузъи шаръии азон ва иқома аст, ҳаром шуморидаанд. Шайх Садуқ ривоятҳое, ки дар ин бора омадаанд, сохта ва Шайх Тӯсӣ онҳоро нодир донистааст.

Назари имрӯзаи бештари фақеҳони имомия ин аст, ки ин ҷумла ҷузъи азон ва иқома нест; вале гуфтани он дар азон ва иқома, бидуни нияти ҷузъ буданаш, мустаҳаб аст.

Ба ақидаи Сайид Маҳсини Ҳаким, аз мароҷеи тақлид, азбаски шаҳодати солиса нишонаи имон ва рамзи шиа аст, гуфтани он дар азон ва иқома арзиши шаръӣ дорад ва ҳатто гоҳе, агар бе нияти ҷузъият бошад, гуфтани он воҷиб мешавад.

Мафҳумшиносӣ ва аҳамият

Шаҳодати солиса, гувоҳӣ додан ба вилояти Имом Алӣ (а) пас аз гувоҳӣ ба шаҳодатайн, яъне тавҳид ва нубувват аст[2] ва бо ибораҳое чун «أشهَدُ أَنّ عَلیاً ولیَُ الله» (Ашҳаду анна Алиян валийюллоҳ) ва «أشهَدُ أَنّ عَلیاً حُجَّةُ الله» (Ашҳаду анна Алиян ҳуҷҷатуллоҳ) ва «أشهَدُ أَنّ عَلیاً اَمیرالمؤمنین حاً» (Ашҳаду анна Алиян амирулмуъминина ҳаққан) баён мешавад.[3]

Сайид Маҳсини Ҳаким ва Сайид Тақӣ Табатабоии Қумӣ онро шиор ва рамзи шиа шуморидаанд.[4] Дар бархе ривоятҳои мавҷуд дар манобеи ривоии шиа, муҳтавои он таъйид ва иқрор бар вилоят ва раҳбарии Имом Алӣ (а) таъкид шудааст.[5] Барои намуна, Табарсӣ дар китоби ал-Иҳтиҷоҷ ривоятеро аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки бар асоси он, ҳар гоҳ касе аз шумо мегӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва «Муҳаммад расулуллоҳ», фавран бигӯяд: «Алиюн Амирулмуъминин».[6]

Оё шаҳодати солиса ҷузъи азон ва иқома аст?

Ақидаи машҳур миёни фақеҳони имомия ин аст, ки шаҳодати солиса ҷузъи азон ва иқома нест.[7] Ба гузориши фақеҳоне чун Соҳиби Мадорик (946–1009ҳ.қ.) ва Сайид Маҳсини Ҳаким (13061390ҳ.қ.), миёни фақеҳоне, ки дар бораи ин масъала баҳс кардаанд, ихтилофе вуҷуд надорад, ки шаҳодати солиса ҷузъи азон ва иқома нест.[8] Соҳиби Ҷавоҳир низ гуфтааст, ки фақеҳони шиа иттифоқи назар доранд, ки он ҷузъи азон ва иқома нест.[9]

Уламое чун Шайх Садуқ (305381ҳ.қ.) ва Шаҳиди Сонӣ (911–955 ё 965ҳ.қ.) илова кардани онро ба азон ва иқома бидъат донистаанд ва ривоятҳое, ки дар ин замина нақл шудааст, сохта, яъне ҷаълӣ шуморидаанд.[10] Шаҳиди Сонӣ ҳамчунин гуфтааст, илова кардани он ба азон ва иқома бо нияти ҷузъи шаръӣ шумориданаш, агарчи боиси ботил шудани намоз намешавад, амали маъсиятомез аст.[11]

Шайх Тӯсӣ (385460ҳ.қ.) низ ривоятҳои марбут ба шаҳодати солиса дар азонро нодир дониста ва навиштааст, ки касе, ки дар азон шаҳодати солисаро мегӯяд, иштибоҳ мекунад;[12] ҳамчунин гуфтааст, ки ин амал фазилате барои азон ҳисоб намешавад ва бо гуфтани он, фаслҳо ва ҷузъҳои азон комил намешаванд.[13] Файзи Кошонӣ (10071091ҳ.қ.), дигар фақеҳи шиа, ба макруҳ будани гуфтани шаҳодати солиса дар азон ва иқома қоил шудааст ва гуфтааст, бовар ба ҷузъи шаръӣ будани он барои азон ва иқома ҳаром аст.[14]

Бо ин ҳол, Аллома Маҷлисӣ (10371110ҳ.қ.) бар ин бовар аст, ки ба сабаби ривоятҳое, ки дар ин масъала ворид шудаанд, дур нест, ки шаҳодати солиса ҷузъи мустаҳабии азон ва иқома бошад.[15]

Фақеҳоне мисли Оқо Ризо Ҳамадонӣ (12501322ҳ.қ.) низ гуфтани онро дар азон ва иқома, агар бо нияти ҷузъият набошад, ҷоиз донистаанд.[16] Бархе низ, монанди Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ ва Сайид Тақӣ Табатабоии Қумӣ, бар ин ақидаанд, ки агар бе нияти ҷузъият бошад, гуфтани он дар азон ва иқома танҳо руҷҳон дорад.[17]

Фақеҳони баъдӣ, аз ҷумла Сайид Абдулҳодӣ Шерозӣ (13051382ҳ.қ.),[18] Сайид Абулқосим Хӯӣ (1278ҳ.ш. – 1371ҳ.ш.),[19] Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ (тав.1349ҳ.қ.),[20] ва Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ (тав.1300ҳ.ш.)[21] бар ин назар ҳастанд, ки шаҳодати солиса ҷузъи азон ва иқома нест; вале гуфтани он дар азон ва иқома мустаҳаб аст.

Ба гуфтаи Сайид Маҳсини Ҳаким, шаҳодати солиса, махсусан дар даврони ҳозира (қарнҳои XIV ва XV ҳиҷрии қамарӣ), аз нишонаҳои имон ва рамзи шиа аст ва аз ин ҷиҳат руҷҳони шаръӣ дорад. Ҳатто гоҳе, дар азон ва иқома, на бо ин унвон ки ҷузъи онҳо бошад, гуфтани он воҷиб мешавад.[22] Уламое низ мисли Сайид Ҳусайн Табатабоии Қумӣ (1282 – 1366ҳ.қ.) гуфтани онро аз ҷиҳати табаррук ҷоиз донистаанд.[23]

Саллори Дайламӣ, аз фақеҳони имомия дар қарни панҷуми қамарӣ, гуфтани шаҳодати солисаро дар ташаҳҳуди намоз низ ҷоиз донистааст.[24]

Таърихчаи ворид шудани шаҳодати солиса ба азон ва иқома

Шайх Садуқ илова кардани шаҳодати солисаро ба ҷузъҳои азон ва иқома ба ғолиён нисбат дода, гуфтааст, ки онҳо ривоятҳоеро дар ин замина сохтаанд.[25] Ба гузориши бархе таърихнигорон, гуфтани он дар азон ва иқома панҷ қарн тарк шуда буд; ба тавре ки Абдулҷалил Қазвинии Розӣ, аз уламои шиа дар қарни шашуми ҳиҷрӣ, дар китоби ан-Нақз овардааст, ки агар касе дар миёни ҷузъҳои азон, пас аз шаҳодатайн, шаҳодати солисаро бигӯяд, намозаш ботил мешавад ва ба бидъат ва маъсияти ошкор мубтало мегардад.[26] Гуфта мешавад, пас аз чанд қарн, дар 907ҳ.қ., ба фармони Шоҳ Исмоили Сафавӣ, он дубора ба азон илова шуд ва миёни мардум роиҷ гардид; ба гунае ки агар касе онро намегуфт, ба суннӣ будан муттаҳам мешуд.[27] Ҳатто нақл шудааст, ки бархе фақеҳон дар ин давра, онро ҷузъи азон ва иқома намедонистанд; вале ба хотири тарс аз иттиҳоми суннӣ будан, тақия мекарданд ва назарашонро пинҳон медоштанд.[28]

Мегӯянд як қарн баъд, дар миёнаи қарни дувоздаҳуми қамарӣ, шиаён дубора аз зикри он дар азон худдорӣ карданд.[29] Мирзо Муҳаммад Ахборӣ, дар рисолае бо унвони «Шаҳодат бар вилоят», гузориш додааст, ки Шайх Ҷаъфар Кошифулғито дар рисолае ба Фатҳалишоҳи Қоҷор, аз ӯ дархост карда буд, ки амр диҳад шаҳодати солиса дар азон дар кишвар мамнуъ эълон шавад.[30] Албатта, Ризо Устодӣ дар мақолае гуфтааст, ки Мирзо Муҳаммад Ахборӣ гузориши дурусте аз сухани Кошифулғито надодааст ва Кошифулғито мухолифи гуфтани шаҳодати солиса дар азон набудааст; балки танҳо ҷузъ будани онро дар азон ва иқома рад кардааст.[31] Ба гуфтаи Устодӣ, дар рисолаи Кошифулғито омадааст, ки гӯянда ба ҷои «Ашҳаду анна Алия валийюллоҳ», ҷумлаи «Ашҳаду анна Алия Амирулмуъминин»-ро, он ҳам ба нияти табаррук бигӯяд.[32]

Такнигорӣ

Бархе аз китобҳое, ки дар бораи шаҳодати солиса навишта шудаанд, иборатанд аз:

  • Китоби Мавсуъат-ул-азон байн-ал-асолати ва-т-таҳриф, навиштаи Сайид Алии Шаҳристонӣ дар се ҷилд ва ба забони арабӣ: муаллиф дар ҷилди сеюми ин асар, бахше бо унвони «Ашҳаду анна Алия валийюллоҳ, байн-аш-шаръият ва-л-ибтидоъ»-ро ба баҳс дар бораи шаҳодати солиса дар азон ва иқома дар се фасл ихтисос додааст.[33] Ин бахш ба шакли як китобе ҷудо низ мунташир шудааст ва ба қалами Сайид Ҳодӣ Ҳусайнӣ, бо унвони Ҷойгоҳи «Ашҳаду анна Алия валийюллоҳ» дар азон, ба форсӣ тарҷума шудааст.
  • Китоби аш-Шаҳодату бил-вилоят фи ал-азон, навиштаи Сайид Алӣ Ҳусайнӣ Милонӣ: дар ин китоб, далелҳои ҷоиз будани гуфтани шаҳодати солиса дар азон баён ва баррасӣ шудаанд.[34]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «Ашҳаду анна Алия валийюллоҳ», саҳифаи хаттот Муҳаммад ал-Мушрифовӣ дар Pinterest
  2. Ҳусайнӣ Милонӣ, «аш-Шаҳодату би-л-вилояти фи-л-азон», 1421ҳ.қ., саҳ. 12
  3. Шайх Садуқ, «Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ», 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 290
  4. Ҳаким, «Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо», 1389ҳ.қ., ҷ.5, саҳ. 545; Муассисаи Сибтайн, «ал-Урват-ул-вусқо ва-т-таълиқот алайҳо», 1430ҳ.қ., ҷ.6, саҳ. 468, ёддошти 4
  5. Табарсӣ, «ал-Иҳтиҷоҷ», 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 158; Баҳронӣ, «ал-Ҳадоиқ-ун-нозира», Муассисаи Нашри Исломӣ, ҷ.7, саҳ. 404
  6. Табарсӣ, «ал-Иҳтиҷоҷ», 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 158
  7. Ҳуббуллоҳ, التعلیة علی منهاج الصالحین (الاذان و الاامة), сомонаи расмии Ҳайдар Ҳуббуллоҳ
  8. Мусавии Омилӣ, «Мадорик-ул-аҳком», Муассисаи Оли Байт (а), ҷ.3, саҳ. 279; Ҳаким, «Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо», 1389ҳ.қ., ҷ.5, саҳ. 544
  9. Наҷафӣ, «Ҷавоҳирул-Калом», 1363 ҳ.ш, ҷ.9, саҳ. 87
  10. Шайх Садуқ, «Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ», 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 290; Шаҳиди Сонӣ, «Равз-ул-ҷинон», 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ. 186
  11. Шаҳиди Сонӣ, «ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-Лумъат-ид-димишқия», 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 240
  12. Шайх Тӯсӣ, «ан-Ниҳоя», 1400ҳ.қ., саҳ. 69
  13. Шайх Тӯсӣ, «ал-Мабсут», 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 99
  14. Файзи Кошонӣ, «Мафотиҳ-уш-шароеъ», 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 118
  15. Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», 1403ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.111
  16. Ҳамадонӣ, «Мисбоҳ-ул-фақеҳ», 1424ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.313–314
  17. Сабзаворӣ, «Муҳаззаб-ул-аҳком», Дор-ут-тафсир, ҷ.6, саҳ.21–22; Табатабоии Қумӣ, «Мабонии Минҳоҷ-ус-солиҳин», Нашроти Қалами Шарқ, ҷ.4, саҳ.353
  18. Муассисаи Сибтайн, «ал-Урват-ул-вусқо ва-т-таълиқот алайҳо», 1430ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.468, ёддошт 5
  19. Хӯӣ, «Минҳоҷ-ус-солиҳин», Муассисат-ул-Хӯӣ ал-исломия, ҷ.1, саҳ.150
  20. Систонӣ, «Минҳоҷ-ус-солиҳин», 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191
  21. Ваҳид Хуросонӣ, «Минҳоҷ-ус-солиҳин», Мактаби Имоми Боқир (а), ҷ.2, саҳ.168
  22. Ҳаким, «Мустамсак-ул-урва», 1389ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.545
  23. Муассисаи Сибтайн, «ал-Урват-ул-вусқо ва-т-таълиқот алайҳо», 1430ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.468, ёддошт 5
  24. Саллори Дайламӣ, «ал-Маросим», 1414ҳ.қ., саҳ.72–73
  25. Шайх Садуқ, «Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ», 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290
  26. Қазвинӣ, «ан-Нақз», 1385ҳ.ш., саҳ.97
  27. Маҷлисӣ, «Лавомеи Соҳибқиронӣ», ҷ.3, саҳ.566
  28. Маҷлисӣ, «Лавомеи Соҳибқиронӣ», 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.566
  29. Мударрисии Табатабоӣ, «Мактаб дар фароянди такомул», 1398 ҳ.ш., саҳ.99
  30. Мударрисии Табатабоӣ, «Мактаб дар фароянди такомул», 1398 ҳ.ш., саҳ.99
  31. Устодӣ, «Кошифулғито ва шаҳодат бар вилоят дар азон ва иқомат», саҳ.178
  32. Устодӣ, «Кошифулғито ва шаҳодат бар вилоят дар азон ва иқомат», саҳ.178
  33. Шаҳристонӣ, «Мавсуъат-ул-азон байн-ал-асолати ва-т-таҳриф», ҷ.3, саҳ.1
  34. Ҳусайнӣ Милонӣ, «аш-Шаҳодату бил-вилоят фи ал-азон», саҳ.49, феҳристи китоб
  35. Санад, «аш-Шаҳодат-ус-солиса», 1385 ҳ.ш., саҳ.446, феҳристи китоб

Сарчашма

  • «اشهد ان علیا ولی الله», саҳифаи хаттоти Муҳаммад Машрифаӣ дар Пинтерест, санаи боздид: 14 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор», Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
  • Баҳронӣ, Юсуф, «Ҳадоиқ-ун-нозира», Қум, Муассисаи нашри исломӣ, б.т.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусейн, «Минҳоҷ-ус-солиҳин», Қум, Мактаби Имоми Боқир (а), б.т.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, «Лавомеи Соҳибқиронӣ», Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1414ҳ.қ.
  • Муассисаи Сибтайн, «Уруват ал-вусқо ва таълиқот бар он», Қум, Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн (а), 1430ҳ.қ.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Сайид Ҳасан, «Мактаб дар фароянди такомул», тарҷумаи Ҳошим Эзадпаноҳ, Теҳрон, Нашри Кавир, 1398ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, «Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-ислом», таҳқиқ ва таҳрири Аббос Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи 7, 1404ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, «Муҳаззаб-ул-аҳком», Қум, Дор-ут-тафсир, б.т.
  • Саллори Дайламӣ, Ҳамза ибни Абдулазиз, «ал-Маросим-ул-ъалавия фи-н-набавия», Қум, Шуъбаи фарҳангии Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1414ҳ.қ.
  • Санад, Муҳаммад, «аш-Шаҳодат-ус-солиса», Теҳрон, Муассисаи Имом Содиқ (а), нашри аввал, 1385ҳ.ш.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, «Минҳоҷ-ус-солиҳин», Қум, Нашри Меҳр, 1414ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Абӯмансур, «ал-Эҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лиҷоҷ», таҳқиқ ва таълиқаи Муҳаммадбоқир Хирсон, Машҳад, Нашри Муртазо, нашри аввал, 1403ҳ.қ.
  • Таботабоии Қумӣ, Сайид Тақӣ, «Мабонии Минҳоҷ-ус-солиҳин», Қум, Нашри Қалами Шарқ, б.т.
  • Устодӣ, Ризо, «Кошифулғито ва шаҳодат бар вилоят дар азон ва иқомат», Китоби Шиа, шумораи 13 ва 14, зимистон ва баҳори 1395ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, «Мафотеҳу-ш-шароӣ», Қум, Маҷмаи захоири исломӣ, 1401ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, «Минҳоҷ-ус-солиҳин», Қум, Муассисат-ул-Хӯӣ ал-исломия, б.т.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия», таҳқиқи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавият лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово», Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, «Равз-ул-ҷинон», Қум, Маркази нашри вобаста ба Дафтари иттилооти исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, «ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-Лумъат-ид-димишқия», таълиқаи Сайид Муҳаммад Калонтар, Қум, Нашри Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Сайид Алӣ, «Мавсуъат-ул-азон байн-ал-асолати ва-л-ибтидоъ», Қум, Нашри Иҷтиҳод, 1430ҳ.қ.
  • Қазвинии Розӣ, Абдулҷалил, «ан-Нақз», Теҳрон, Анҷумани осори миллӣ, 1385ҳ.ш.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсини Таботабоӣ, «Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо», Қум, Муассисаи Дор-ут-тафсир, 1416ҳ.қ.
  • Ҳамадонӣ, Оқо Ризо, «Мисбоҳи фақеҳ», Қум, ал-Муассисат-ул-ҷаъфария лиэҳё-ит-турос, 1430ҳ.қ.
  • Ҳуббуллоҳ, Ҳайдар, التعلیقة علی منهاج الصالحین (الاذان و الاقامة) — сомонаи расмии Ҳайдар Ҳуббуллоҳ, санаи боздид: 25 обони 1403ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ Милонӣ, Сайидалӣ, «Шаҳодат бар вилоят дар азон», Қум, Маркази таҳқиқоти ақидатӣ, 1421ҳ.қ.