Ло ҳукма илло лиллоҳ

Аз wikishia

Ло ҳукма илло лиллоҳ (арабӣ: لا حُكْمَ إِلّا لِلّه‏) (ҳукме ғайр аз ҳукми Худо нест) шиори хавориҷ дар эътироз ба “ҳакамият” дар ҷанги Сиффин буд.

Хавориҷ бо ин шиор дар марҳалаи аввал мухолифати худро бо ҳакамият ва доварии инсонҳо эълом карда ва ҳакамияту доварии Абумусо Ашъарӣ ва Амри Осро, ки аз тарафи Имом Алӣ (а) ва Муовия ба унвони ҳакам (қозӣ) интихоб шуда будандро қабул накарданд ва гуфтанд, ки ҳукумат танҳо аз они Худост ва ҳеҷ кас ҳаққи ҳукумат надорад.

Имом Алӣ (а), ин шиорро сухани ҳаққе донист, ки аз он маънии ботиле ирода шудааст. Ӯ будани ҳокимро, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, барои идораи ҷомеа зарур медонист.

Ин шиор барои Хавориҷ баъд аз ҷанги Наҳравон низ идома дошт ва ба унвони яке аз усули эътиқодии онҳо қабул шуд ва дар қиёмҳои минбаъдаи онҳо низ истифода шуд.

Бархе аз муҳаққиқон бардошти иштибоҳ ва ҳамчунин бадавӣ будани хавориҷ ва дарки нодуруст аз имомат ва сиёсатро дар шаклгирии бардошти мунҳарифона аз шиори "Ло ҳукма илло лиллоҳ" таъсиргузор донистаанд.

Маъношиносӣ

«Ло ҳукми илло лиллоҳ» шиори хавориҷ дар мухолифат ва рӯёрӯӣ бо Имом Алӣ (а) буд,[1] ки ба сабаби истифода аз ин шиор, ба «муҳаккама» шуҳрат ёфтанд.[2] Мурод аз ҳукм дар ин шиорро ба маънои «таҳким» донистаанд; яъне ғайр аз Худовандро наметавон ҳакам қарор дод.[3] Ин шиор баргирифта аз иборати қуръонии «инил ҳукму илло лиллоҳ» аст, [ниёзманди манбаъ] ки дар чандин ояти Қуръон такрор шудааст.[4] Баъдҳо мурод аз ин иборат дар гуфтори хавориҷ, нафйи ҳаргуна ҳокимияте ғайри Худованд шуд.[5]

Истифодаи нахустин

Нахустин истифода аз шиори «ло ҳукма илло лиллоҳ» аз сӯи касоне буд, ки ба пазируфтани аввалияи ҳакамият дар ҷанги Сиффин эътироз карданд; замоне, ки лашкариёни Шом дар остонаи шикаст дар ҷанг бо ҳилаи Амри Ос, Қуръонҳоро бар сари найза карда ва хостори ҳакамияти Қуръон шуданд.[6] Имом Алӣ (а) бо исрори атрофиёнаш ҳакамиятро пазируфт ва зимни номае ба Муовия ин мавзӯъро эълом кард.[7] Саранҷом, қарорномае навишта шуд ва ҳакамайн ва шартҳои он мушаххас гардид.[8]

Замоне, ки Ашъас ибни Қайси Киндӣ матни тавофуқи аввалияро барои қабилаҳои мухталиф мехонд, эътирозоте бо меҳварияти «ло ҳукма илло лиллоҳ» шакл гирифт; чунонки ду ҷавон аз қабилаи анза, шиори ло ҳукма илло лиллоҳро фарёд зада, ба лашкари Муовия ҳамлавар шуданд ва дар наздикии хаймаи Муовия кушта шуданд.[9] Бархе муътақиданд, ки ин ду ҷавон аввалин касоне буданд, ки аз шиори «ло ҳукма илло лиллоҳ» истифода карданд.[10] Ашъас пас аз ин воқеа ба наздики қабилаи Мурод рафт ва паймонро барои онҳо низ хонд. Солеҳ ибни Шақиқ аз бузургони қабила, дар вокуниш ба ин паймон аз шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» истифода кард.[11] Монанди чунин ҳодисае дар қабилаи Банӣ Росиб низ иттифоқ афтод.[12]

Мухолифат бо ҳакамият бо калидвожаи “Ло ҳукма илло лиллоҳ» танҳо ба эътирозоти забонӣ маҳдуд нашуд, то он ҷо ки вақте Ашъас ба қабилаи Банӣ Тамем расид, касоне аз ин қабила бо шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ», ба ӯ ҳамла карда, зарбате ба асби Ашъас заданд.[13] Балозурӣ, нависандаи Ансоб-ул-ашроф муътақид аст, ки аввалин бор шиори мазкур аз ин тоифа шунида шуд,[14] аммо Яъқубӣ, таърихнигори қарни сеюми қамарӣ бар ин эътиқод аст, ки аввалин боре, ки ин шиор матраҳ шуд, пеш аз иҷтимои ҳакамайн ва тавассути шахсе ба номи Урва ибни Адияи Тамимӣ буд.[15]

Табдил шудан ба шиори хавориҷ

Баъд аз танзими қарорномаи таҳким дар ҷанги Сиффин дар ҳабдаҳуми сафари соли 37ҳ.қ.,[16] лашкари Имом ба Кӯфа бозгашт, аммо иддае, ки баъдҳо ба хавориҷ маъруф шуданд, бо шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» аз лашкари Имом Алӣ ҷудо шуда ва дар Ҳаруро дар наздикии Кӯфа монданд ва ҳозир ба бозгашт ба Кӯфа нашуданд.[17] Ва ҳатто таҳдид карданд дар сурате, ки Имом аз қабули ҳакамият боз нагардад, аз вай безорӣ ҷуста ва бо ӯ меҷанганд.[18]

Онҳо бо такя бар шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» хостори канор гузоштани ҳакамияти афрод дар амри дин,[19] нақзи аҳд бо Муовия ва идомаи ҷанг бо ӯ шуданд.[20] Онҳо муддаӣ буданд, ки аз гуноҳи пазириши ҳакамият, тавба карданд ва Имом Алӣ (а) ва дигар мусулмононро низ гуноҳкору кофир дониста, аз онон хостанд тавба кунанд, вагарна бо онҳо ба ҷанг хоҳанд пардохт.[21] Ин дар ҳоле буд, ки Имом Алӣ (а) аз ибтидо бо қабули ҳакамият мухолиф буд ва ба иҷбор ва таҳдиди ёрони худ аз ҷумла касоне ки баъдҳо ба хавориҷ пайвастанд, маҷбур ба қабули ҳакамият шуд ва ҳозир набуд баъд аз қабули ҳакамият, нақзи аҳд кунад.[22] Ибни Каввоъ яке аз раҳбарони хавориҷ, дар ибтидо мувофиқи ҳакамият буд ва аз касоне буд, ки бо намояндагии Абдуллоҳ ибни Аббос ба унвони ҳаками лашкари Кӯфа мухолифат карда, Абумусои Ашъариро бар Имом таҳмил намуд,[23] аммо дар идома ҳамроҳи Шабас ибни Рабиъи Тамимӣ ҷузви аввалин касоне буд, ки ҳакамияти Худовандро бо шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» матраҳ карданд.[24]

Муҷодила бо Имом Алӣ (а)

Хавориҷ дар мавқеиятҳои мухталиф бо такя бар ин шиор, бо Имом ба муҷодала мепардохтанд. Ба унвони намуна замоне, ки Абумусо Ашъарӣ барои ҳакамият интихоб шуд, ду нафар аз хавориҷ ба номи Заръа ибни ал-Бурҷи Тоӣ ва Ҳурқус ибни Зуҳайри Саъдӣ назди Имом Алӣ (а) омада, шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ»-ро сар доданад ва аз Имом хостанд, то аз кори худ тавба карда, ба ҷанги Муовия бишитобад. Имом низ вафои ба аҳдро ёдовар шуд ва хостаи онҳоро напазируфт.[25]

Хавориҷ дар чандин мавриди дигар низ Имом Алӣ (а)-ро бо ин шиор мавриди озор қарор доданд; чунонки вақте Имом барои хондани хутба роҳии масҷиди Кӯфа буд, шахсе дар канори масҷид шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ»-ро ба забон овараду чандин нафари дигар низ ҳамин ҷумларо такрор карданд.[26] Ҳамчунин замоне, ки Имом дар масҷиди Кӯфа ба суханронӣ пардохта буд, хавориҷ чандин маротиба бо ин шиор суханронии Имомро қатъ карданд.[27] Ва ин масъала баъдҳо дар чанд навбат такрор шуд.[28]

Тағйир дар бардошт аз шиор

Хавориҷ, ки дар ибтидо бо шиори «Ло ҳукма илло лиллоҳ», ҳакамият ва довариро ба Худо мунҳасир медонистанд, баъд аз муддате, аз он маънои дигареро ирода карда, муътақид шуданд, ки ҳукумату ҳукмронӣ низ танҳо аз они Худост ва ҳеҷ кас чӣ Алӣ (а) ва чӣ Муовия ҳаққи ҳукумат надоранд. Онҳо бо ин кор хостори ҷомеъаи бе ҳукумат шуданд.[29]

Оятуллоҳ Субҳонӣ дар китоби ал-Инсоф фи масоил дома фиҳо-л-хилоф, муътақид аст, ки зарурати ҳукумат ниёзе ба овардани далелу бурҳон надорад, ҳамонтавр, ки аҳамияти он дар ривоёти Пайғамбар (с) Имомони маъсум зикр шудааст.[30] Онҳо барои ҳифзи тавҳид ва ҳокимияти Худованд, бо бардошти иштибоҳ ҳаргуна ҳукмронии инсониро ботил дониста ва ҳукмрониро танҳо аз они Худованд эълом карданд.[31] Бархеи дигар аз пажӯҳишгарон муътақиданд, ки бештари хавориҷ аз бадавиёне буданд, ки дарки усулӣ ва дурусте аз имомату сиёсат ба унвони амре фароқабилаӣ надоштанд ва ба ҳамин хотир гароишоти худро дар қолаби бардоште мунҳарифона аз шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» нишон доданд.[32]

Вокуниши Имом Алӣ (а)

Имом Алӣ (а) дар посух ба ин иддао, ки афродеро дар дини Худо ҳакам кардааст гуфт, инки касонеро таъйин кунем то бар асоси Қуръон ҳукм кунанд, ба маънои ҳакам қарор додани афрод дар дини Худо нест.[33] Ӯ ҳамчунин ин корро амале донист, ки аз он гурезе нест; чароки худи Қуръон наметавонад ба сухан дарояд. Ӯ як бор дар баҳс бо хавориҷ, Қуръонеро бо худ бурду хитоб ба он гуфт: «эй Қуръон, ҳукм кун!», хавориҷ гуфтанд, Қуръон, ки ҳарф намезанад. Имом посух дод, пас, чигуна интизор доред, Қуръон бидуни дахолати инсон дар байни мардум ҳукм кунад.[34]

Имом Алӣ (а) “Ло ҳукма илло лиллоҳ»-ро сухани ҳаққе медонист, ки маънои ботиле аз он ирода шудааст. (Калимату ҳаққٍин юроду биҳо-л-ботил) Ӯ назари хавориҷ мабнӣ бар инки ҳукмронӣ махсуси Худостро ин гуна ба чолиш кашид, ки мардум ночоранд ҳоким дошта бошанд, чӣ некӯкор бошад чӣ табаҳкор. Ӯ вуҷуди ҳукуматро барои эҷоди назм ва баҳрамандии муъминон ва ҳатто кофирон ва сомон додани умур ва эминии роҳҳо зарурӣ қаламдод мекард.[35] Вокуниши Имом ба шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» дар хутбаи чиҳилуми Наҳҷулбалоға омадааст.[36]

Ҳарчанд мубоҳисоти Имом Алӣ (а) бо хавориҷ[37] мунтаҳӣ ба бозгашти чаҳор ҳазор нафар[38] ва ё тамомии хавориҷ шуд,[39] аммо бо ин ҳол, онҳо баъд аз бенатиҷа мондани достони ҳакамият, исрор доштанд Имом Алӣ (а)-ро гуноҳкору кофир бидонанд ва ба ҳамин ҷиҳат, аз ҳамроҳӣ бо Имом Алӣ (а) ва лашкари Кӯфа барои идомаи ҷанг бо Муовия худдорӣ карданд.[40] Онон бо ҷамъ шудан дар манзили Абдуллоҳ ибни Ваҳби Росибӣ[41] муҳайёи ҷанг бо Имом шуданд, ки дар ниҳоят ба ҷанги Наҳравон ва шикасти онҳо анҷомид.[42]

Баъд аз ҷанги Наҳравон

Шиори “Ло ҳукма илло лиллоҳ» ба унвони яке аз муҳимтарин намодҳои хавориҷ боқӣ монд ва баъдҳо Ибни Мулҷами Муродӣ ба ҳамин иборат дар ҳангоми зарба задан ба Имом Алӣ (а) истинод кард.[43] Солҳо баъд низ чунин шиоре ба унвони яке аз усули эътиқодии онҳо шинохта мешуд[44] ва дар қиёмҳои онҳо ба кор мерафт.[45]

Ҷусторҳои вобаста

Ҷанги Сиффин

Ҷанги Наҳравон

Моҷарои ҳакамият

Хавориҷ

Эзоҳ

  1. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.6; Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.қ., саҳ.5.
  2. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.523, таълиқаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ.
  3. Фроҳидӣ, Китоб-ул-айн, Қум, ҷ.3, саҳ.67; Азҳарӣ, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, ҷ.4, саҳ.70 - 71.
  4. Сураи Анъом, ояти 57; сураи Юсуф, ояти 40, 67.
  5. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амир-ул-муъминин (а), ҷ.2, саҳ.432.
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.48.
  7. Манқарӣ, Вақъат-ус-Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.493 - 494.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.53 - 54.
  9. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.196; Манқарӣ, Вақъат-ус-Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.512.
  10. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, саҳ.196; Манқарӣ, Вақъат-ус-Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.512
  11. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.197.
  12. Манқарӣ, Вақъат-ус-Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.513.
  13. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.49; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.336; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.2, саҳ.393.
  14. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  15. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.190.
  16. Манқарӣ, Вақъат-ус-Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.508.
  17. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.191.
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.72; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555 - 556.
  19. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360.
  20. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии Имомони шиа, 1390ҳ.ш., саҳ.100 – 101.
  21. Ибни ал-Тақтақӣ, ал-Фахрӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.99.
  22. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.49.
  23. Манқарӣ, Вақъату Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.502.
  24. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.554.
  25. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.72; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555 - 556; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.529.
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.73.
  27. Ибни Шозон, ал-Изоҳ, 1363ҳ.ш., саҳ.474.
  28. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.74; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555 - 556; Ибни Ҳаюн, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.393.
  29. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амир-ул-муъминин (а), 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.432.
  30. Субҳонӣ, ал-Инсоф, 1381ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.433.
  31. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амир-ул-муъминин (а), 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.432.
  32. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии Имомони шиа, 1390ҳ.ш., саҳ.100 – 101.
  33. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.192.
  34. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.279.
  35. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.358.
  36. Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., саҳ.82.
  37. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.191; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.353; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.280.
  38. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.591.
  39. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.635.
  40. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.206.
  41. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.202.
  42. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.192 - 193.
  43. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.326.
  44. Ибни Аъсам ал-Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.63.
  45. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.276; Ибни Аъсам ал-Куфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.61.

Сарчашма

  • Азҳарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, Теҳрон, маркази интишороти илмии фарҳангӣ, 1360ҳ.ш..
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ..
  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир, Қум, маншуроти ал-Разӣ, 1368ҳ.ш..
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ..
  • Ибни ал-Тақтақӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Фахрӣ, таҳқиқи Абдуқодир Муҳаммад Мою, Бейрут, Дорул-қаламил-арабӣ, 1418ҳ.қ..
  • Ибни Аъсам ал-Куфӣ, Абумуҳаммад Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи аввал, 1411ҳ.қ..
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ..
  • Ибни Мискавайҳ, Абуалӣ Мискавайҳ ал-Розӣ, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосим Имомӣ, Теҳрон, Суруш, 1379ҳ.ш..
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Дивон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва..., таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дорул-фикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ..
  • Ибни Ҳаюн, Нуъмон ибни Муҳаммад Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом ва зикр-ул-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи дувум, 1385ҳ.қ..
  • Ибни Шозон, Фазл ибни Шозони Нишобурӣ, ал-Изоҳ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1363ҳ.ш..
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амир-ил-муъмнин (а), Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1385ҳ.ш.
  • Манқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, ал-Қоҳира, ал-муассисатул-арабиятил-ҳадиса, чопи дувум, 1382ҳ.қ..
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-Ҳиҷрат, 1409ҳ.қ..
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ..
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1404ҳ.қ..
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-қалам, 1412ҳ.қ..
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Инсоф фи масоил дома фиҳо-л-хилоф, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1381ҳ.ш..
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳм, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ..
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб-ул-айн, Қум, нашри Ҳиҷрат, чопи дувум, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии Имомони шиа, Теҳрон, Нашри илм, 1390ҳ.ш..
  • Шарифи Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Қум, нашри Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ..
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нурулло, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ..
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.