Ояти Рӯза

Аз wikishia
Бақара, ояти 183

Ояти Рӯза (сураи Бақара: 183) ба фарз будани рӯза бар мӯъминон ишора дорад. Муфассирон мӯътақиданд, фарзи рӯза танҳо ба мӯъминон ихтисос надорад ва шомили ҳамаи касоне мешавад, ки Исломро пазируфтаанд, ҳарчанд аз имони қавӣ бархӯрдор набошанд. Дар ин оят ба фарз будани рӯза дар шариатҳои қабл аз Ислом низ ишора шуда ва тақво аз фавоиди рӯза муаррифӣ шудааст.

Матн ва тарҷума

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Эй касоне ки имон овардаед! Рӯза бар шумо фарз шудааст ҳамонгуна ки бар касоне ки пеш аз шумо [буданд] фарз шуда буд, бошад ки парҳезгорӣ кунед.

Фарзи рӯза бар мӯъминон

Ояти 183 сураи Бақара дар бораи фарз будани рӯза ба унвони яке аз дастурҳои шариати Ислом аст. Ба гуфтаи Абуҳаёни Анделусӣ (мутаваффои 745ҳ.қ.) дар тафсири Баҳр-ул-маййит, оёти қаблии сураи Бақара, се маврид аз аркони Ислом (имон, намоз ва закот)-ро ташреъ карда ва дар ин оят, чаҳорумин рукн; яъне рӯза баён шудааст.[1] Аллома Таботабоӣ ин оятро ба ҳамроҳи ду ояти баъдӣ дар садади ташреъи фарз намудани рӯза дар моҳи Рамазон медонад.[2]

Фарз будани рӯза мухтасси мӯъминон нест

Муфассирон, фарз будани рӯзаро дар ин оят танҳо мухтасси мӯъминон намедонанд, балки шомили ҳамаи касоне медонанд, ки дини Исломро пазируфтаанд, агарчӣ аз имони қавӣ бархӯрдор набошанд.[3] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки ин ҳукм шомили ҳамаи гумроҳон, мунофиқон ва ҳаркасе ки Исломро пазируфтааст низ мешавад.[4] Аллома Таботабоӣ истифода аз иборати «эй касоне ки имон овардаед»-ро дар ин оят, тавваҷӯҳ додани мардум ба сифати имонашон донистааст, то аҳкоме, ки аз ҷониби Парвардигорашон меоядро бипазиранд.[5]

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, бо тавваҷӯҳ ба инки рӯза бо машаққату сахтӣ ҳамроҳ аст, дар ин оят, таъбироте ба кор рафтааст, ки рӯҳи инсонро барои қабули он омода созад ва бар ҳамин асос аст, ки Имом Содиқ (а) мефармояд: лаззати хитоби ё айюҳа-л-лазина оману ба гунае аст, ки сахтии ин ибодатро аз байн мебарад.[6]

Фарз будани рӯза дар шариатҳои қабл аз Ислом

Фарзи рӯза бар пайравони шариатҳои қабл аз Ислом низ дар оят тасреҳ шудааст. Дар ин ки манзур аз пайравони шариатҳои қабл киҳо ҳастанд ва рӯза ба чӣ шакле бар онҳо фарз шуда буд, қавлҳои мухталифе ироа шудааст. Шайхи Тӯсӣ ба се қавл ишора мекунад: 1-Бархе гуфтаанд, рӯза ҳамонанди мусулмонон дар чанд рӯз бар онҳо фарз шуда буд. 2- Бархе бар ин боваранд, ки мурод аз уммати қаблӣ насоро ҳастанд, ки рӯзаи моҳи Рамазон бар онҳо ҳам фарз шуда буд. 3- Иддае низ ба тафовут дар муддати замони рӯзадории байни мусулмонон ва умматҳои пешин пардохтаанд.[7]

Аллома Таботабоӣ оятро дар мақоми баёни кайфияти рӯза дар шариатҳои қаблӣ ва касоне ки бар онҳо рӯза фарз шуда буд, намедонад, балки ба назари ӯ ишораи оят ба фарз будани рӯза барои пайравони шариатҳои қаблӣ, ба далели омодасозии зеҳнии мусулмонон барои қабули ташреъи рӯза ва сахт напиндоштани он аст.[8] Вай идома медиҳад, ки фарз будани рӯза дар Таврот ва Инҷилҳои мавҷуд ёфт намешавад, ҳарчанд аз рӯза дар ин китобҳо мадҳ шудааст ва бархе аз яҳудиёну масеҳиён ба шаклҳои мутафовите аз мусулмонон рӯза мегиранд. Аллома Таботабоӣ дар охир ба достони рӯзаи Закариё ва рӯзаи Марям дар Қуръон ишора мекунад, ки бо рӯзаи мусулмонон фарқ дорад.[9]

Фалсафаи рӯза

Аллома Таботабоӣ мӯътақид аст, тибқи таълимоти Қуръон осори итоату нофармонӣ ба худи инсон бармегардад ва дар хусуси рӯза низ бозгашти осори он ки дар охирин ҷумлаи оят «бошад, ки парҳезгорӣ кунед!», баён гардидааст.[10] Макорими Шерозӣ низ фалсафаи вуҷуби рӯзаро ҷумлаи поёнии ояти Савм; яъне иборати «бошад, ки парҳезгорӣ кунед!», медонад ва мӯътақид аст, рӯза, омили муассире барои парвариши тақвою парҳезгорист.[11]

Эзоҳ

  1. Абуҳаён Анделусӣ, ал-Баҳр-ул-маййит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.177.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5.
  3. Рук: Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.115, Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.490, Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.385.
  4. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78.
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.624.
  7. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.115.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.623-624.

Сарчашма

  • Абуҳаён Анделусӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-маййит фи-т-тафсир, Бейрут, Дорулфикр, 1420ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, бунёди Беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, тафсири Айёшӣ, Теҳрон, алматбаъатулъилмия, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.