Каррамаллоҳу ваҷҳаҳ

Аз wikishia
Қитъаи хушнивисие, ки дар он баъд аз номи Имом Алӣ (а), иборати карамаллоҳу ваҷҳаҳ ба кор рафтааст.

Каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба арабӣ: کَرَّمَ اللَّهُ وَجْهَه иборати эҳтиромомезе, ки аҳли суннат, баъд аз номи Имом Алӣ (а) ба кор мебаранд ва барои дигар саҳоба аз он истифода намекунанд. Шиаён барои Имом Алӣ (а) ба ҷои иборати «каррамаллоҳу ваҷҳаҳ» аз иборати алайҳиссалом истифода мекунанд.

Олимони аҳли суннат, ихтисоси ҷумлаи “каррамаллоҳу ваҷҳаҳ” ба маънои «Худо ӯро гиромӣ ва бузург дорад»-ро барои Имом Алӣ (а) ба ин далел донистаанд, ки ӯ ҳеҷгоҳ ба бут саҷда накард. Дар муқобил, Абдулазиз Бенбоз, муфтии ваҳобӣ ихтисос додани каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Имом Алӣ (а)-ро бидъати шиа медонад.

Ҳофиз Раҷаб Бурсӣ, ихтисоси иборати “каррамаллоҳу ваҷҳаҳ” ба Имом Алӣ (а) тавассути аҳли суннатро, далеле бар бартарии ӯ нисбат ба хулафои сегона донистааст. Бархе аз пажӯҳишгарони шиа бо ишора ба далели ихтисос додани каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Имом Алӣ (а) ва бо истинод ба оятҳои «لَا یَنَالُ عَهْدِی الظَّالِمِینَ; паймони Ман ба золимон намерасад» ва «فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ; бархе аз онҳо ба худ зулм мекунанд», хулафои сегонаро шоистаи имомат надонистаанд; чароки бар асоси ин оёт, касе ки муртакиби гуноҳ шуда бошад, ба худ зулм кардааст ва паймони Худо (имомат) ба золим намерасад.

Мафҳумшиносӣ

«Каррамаллоҳу ваҷҳаҳ» ба маънои «Худо ӯро шарифу бузургвор кунад»[1] (дар сурати дуоӣ донистани ҷумла)[2] ё «Худо ӯро гиромӣ ва бузург дошт» (дар сурати хабарӣ донистани ҷумла),[3] ҷумлаи эҳтиром аст, ки бисёре аз аҳли суннат, баъд аз номи Имом Алӣ (а) ба кор мебаранд.[4] Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ ва Мӯъмини Шабланҷӣ аз уламои аҳли суннат маънои онро «Худо ӯро аз ибодати ғайри Худо ҳифз кард» донистаанд.[5] Дар китобҳои аҳли суннат, гоҳе барои Имом Алӣ (а) аз иборати «каррамаллоҳу ваҷҳаҳу фи-л-ҷаннат» низ истифода шудааст.[6]

Бар пояи нақли Аҳмад ибни Ҳанбал аз фақеҳони чаҳоргонаи аҳли суннат аз ҳадиси Роят, Пайғамбари Ислом (с) ҳангоме, ки дар ғазваи Хайбар парчамро ба Имом Алӣ (а) дод, аз иборати «валлазӣ каррама ваҷҳа Муҳаммад/ وَالَّذِی کَرَّمَ وَجْهَ مُحَمَّد »[lower-alpha 1] истифода кардааст.[7][lower-alpha 2]

Ихтисос ба Имом Алӣ (а)

Фазои дарунии гунбад масҷиди Муҳаммадалипошо дар Қоҳира, ки дар он барои хулафои сегона аз разияллоҳи Таъоло анҳ ва барои Имом Алӣ (а) аз каррамаллоҳу Таъоло ваҷҳаҳ истифода шудааст.

Ба гуфтаи Ибни Касир ва Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ аз уламои аҳли суннат, иборати каррамаллоҳу ваҷҳаҳ тавассути бисёре аз аҳли суннат ба Алӣ (а) ихтисос дода шудааст. Онҳо барои хулафо аз ҷумла, Имом Алӣ (а) ва дигар саҳоба, иборати разияллоҳи анҳ (Худо аз ӯ розӣ шавад)-ро ба кор мебаранд, вале иборати каррамаллоҳу ваҷҳаҳуро фақат барои Имом Алӣ (а) ба кор бурда ва барои хулафои сегона ва дигар саҳоба истифода намекунанд.[8] Аҳмад ибни Муҳаммади Хаффоҷӣ ва Муҳаммад ибни Аҳмади Сафоринӣ аз олимони ҳанафӣ низ ба ривоҷи ин иборат байни аҳли суннат тасреҳ кардаанд.[9] Дар китобҳои нигошташуда дар қарни 15-уми қамарӣ ҳам, иборати каррамаллоҳу ваҷҳа фақат ба Имом Алӣ (а) ихтисос дода шудааст.[10]

Далели ихтисос

Олимони аҳли суннат, далоиле барои ихтисоси иборати каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Имом Алӣ (а) гуфтаанд:

  • Саҷда накардан бар бут: Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ ва Мӯъмини Шабланҷӣ далели тахсиси иборати каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Алӣ (а)-ро ин донистаанд, ки ӯ ҳеҷгоҳ бутеро саҷда накардааст.[11] Ибни Ҳаҷар, Абубакр ибни Абиқуҳофаро дар ибодат накардани бут бо Алӣ (а) шарик донистааст, бо ин фарқ, ки саҷда накардани Алӣ (а) бар бут мавриди қабули ҳама аст.[12] Ҳамчунин Ҳайтамӣ дар посух ба касоне, ки гуфтаанд саҳобае монанди Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Умар низ бут саҷда накардаанд, гуфтааст онҳо пас аз нобудии ширк таваллуд шуданд; аз ин рӯ, монанди касоне нестанд, ки дар замони бутпарастӣ ба дунё омаданд, аммо буте напарстиданд.[13]
  • Эҳтиром ба Пайғамбар (с) пеш аз вилодат: ба гуфтаи Ҷалолиддини Давонӣ, мутакаллим ва файласуфи мусулмон, замоне, ки Фотима бинти Асад ба Имом Алӣ (а) бордор буд, ҳаргоҳ ҳазрати Муҳаммад (с)-ро медид, беихтиёр аз ҷо бармехест; бачае ки дар раҳим дошт, ҳаракате мекард, ки мефаҳмид бояд бархезад. Ба гуфтаи Давонӣ, бештари олимони аҳли суннат, далели ихтисос додани каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Имом Алӣ (а)-ро ҳамин моҷаро донистаанд.[14]

Мухолифати ваҳҳобиён бо тахсиси он ба Имом Алӣ (а)

Ба гуфтаи Маҳдии Фармониён, пажӯҳишгари мазоҳиби исломӣ, ваҳҳобиён аз гуфтани каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ҳангоми зикри номи Имом Алӣ (а) манъ кардаанд[15] ва бар асоси гузориши Қосимов, ваҳҳобиятпажӯҳ, Ибни Таймия дар бисёре аз китобҳояш барои Имом Алӣ (а) аз ҷумла каррамаллоҳу ваҷҳаҳ истифода накардааст.[16]

Ба бовари Абдулазиз ибни Боз, муфтии ваҳҳобӣ, ба кор бурдани “каррамаллоҳу ваҷҳаҳ” барои Имом Алӣ (а) дасиса[17] ва бидъати шиа аст.[18] Муҳаммадсолеҳ ал-Мунҷид аз шогирдони Абдулазиз ибни Боз низ мӯътақид аст, ибтидо шиаён ин иборатро барои Алӣ (а) ба кор бурданд ва котибони нодон аз онҳо дунболаравӣ кардаанд.[19] Албатта инҳо барои иддаои худ, санаде зикр накардаанд.[20]

Ба гуфтаи Адиб Даррасуфӣ, олими шиаи қарни сездаҳуми қамарӣ, шиаён барои Имом Алӣ (а) иборати «алайҳиссалом», «саломуллоҳи алайҳ» ё «салавотуллоҳи алайҳ» истифода мекунанд.[21] Муҳаммдосиф Муҳсинӣ, олими шиаи афғонистонӣ ба кор бурдани каррамаллоҳу ваҷҳаҳ барои Имом Алӣ (а)-ро махсуси олимони аҳли суннат донистааст.[22]

Далолат бар бартарии Имом Алӣ (а)

Ҳофиз Раҷаб Бурсӣ, муҳаддис ва олими шиаи қарни ҳаштуми қамарӣ, ихтисоси иборати каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Имом Алӣ (а) тавассути аҳли суннатро далели бартарии Имом Алӣ (а) бар дигар саҳоба донистааст.[23] Муҳаммад Сақафии Теҳронӣ ин тахсисро далеле дониста бар инки аз мобайни хулафо, фақат Имом Алӣ (а) бут намепарастидааст. Ӯ аз ин матлаб натиҷа гирифтааст, аз байни хулафо танҳо Имом Алӣ (а) шоистаи имомат аст; зеро касе, ки бут парастидааст, шоистагии имоматро надорад.[24]

Сайидмуҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, пажӯҳишгари шиа низ, пас аз ишора ба далели ихтисос додани каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба Имом Алӣ (а), бо истинод ба оятҳои «لَا یَنَالُ عَهْدِی الظَّالِمِینَ; паймони Ман ба золимон намерасад!»[25] ва «فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ; бархе аз онҳо ба худ зулм мекунанд»[26], хулафои сегонаро шоистаи имомат надонистааст. Чароки бар асоси ин оёт, касе ки муртакиби гуноҳ шуда бошад, ба худ зулм кардааст ва паймони Худо (имомат) ба золим намерасад.[27]

Ҷусторҳои вобаста

Алайҳиссалом

Эзоҳ

  1. Бустонӣ, Фарҳанги Абҷадӣ, 1375ҳ.ш., зери калимаи карама такримо, саҳ.726; нигоҳ кунед ба: Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., зайли калимаи карам, ҷ.17, саҳ.607
  2. Оли Шайх, «қавлу каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ли Алӣ ибни Абитолиб».
  3. Завовӣ, Шамоил-ур-Расул (с), Дорулқимма, ҷ.1, саҳ.429.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Молик ибни Анас, Муваттаи Молик, алмактабатулъилмия, саҳ.283; Шайбонӣ, ал-Ҳуҷҷату ала аҳл-ил-Мадина, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28; Аскарӣ, Тасҳифот-ул-муҳаддисин, 1402ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126 ва 518; Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ал-Фатово-л-ҳадисия, Дорулфикр, саҳ.18; Ибни Раҷаб ал-Ҳанбалӣ, Шарҳу ҳадиси лаббайкаллоҳумма лаббайк, 1417ҳ.қ., саҳ.142; Олусӣ, ал-Аҷвибат-ул-ироқия ала-л-асъилат-ил-лоҳурия, 1301ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-Ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.427; Халаф, Мадхалун ило-т-тафсир ва улум-ил-Қуръон, Дорулбаёнилъарабӣ, саҳ.93.
  5. Ибни Ҳаҷар ал-Ҳайтамӣ, ал-Фатово-л-ҳадисия, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.41; Шабланҷӣ, Нур-ул-абсор, 1415ҳ.қ., саҳ.156.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-сағир, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228 ва саҳ.260; Ибни Қаййим, Эълом-ул-муваққиъин, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.256 ва ҷ.4, саҳ.475; Ибни Нуриддин, Тайсир-ул-баён, 1433ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.133.
  7. Ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, 1421ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.197.
  8. Ибни Касир, Тафсир, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.524; Ибни Ҳаҷари ал-Ҳайтамӣ, ал-Фатово-л-ҳадисия, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.41.
  9. Хаффоҷӣ, Ҳошият-уш-шаҳоб, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.479; ас-Сафоринӣ, Ғизо-ул-албоб, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33.
  10. Барои намунаи ал-Ҳурарӣ, Тафсиру ҳадоиқ-ир-рӯҳи ва-р-райҳон, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.131 ва 214.
  11. Шабланҷӣ, Нур-ул-абсор, 1415ҳ.қ., саҳ.156.
  12. Ибни Ҳаҷари ал-Ҳайтамӣ, ал-Фатово-л-ҳадисия, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.41.
  13. Ибни Ҳаҷари ал-Ҳайтамӣ, ал-Фатово-л-ҳадисия, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.41.
  14. Давонӣ, Нур-ул-ҳидоя, 1392ҳ.ш., саҳ.53.
  15. Фармониён, ал-Ваҳҳобият-ул-мутатаррифа, 1435ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.378.
  16. Қосимов, Ибни Таймия, имоми салафиҳо, 1391ҳ.ш., саҳ.199; нигоҳ кунед ба: Ибни Таймия, Буғят-ул-муртод, 1415ҳ.қ., саҳ.321; Ибни Таймия, Ҷомеъ-ул-масоил ли Ибни Таймия, 1422ҳ.қ., саҳ.169, Ибни Таймия, ал-Фурқон байна авлиёъ-ир-Раҳмон ва авлиёъ-иш-шайтон, 1405ҳ.қ., саҳ.18.
  17. Ибни Боз, Масоил-ул-имом Ибни Боз, 1428ҳ.қ., саҳ.33.
  18. Оли Шайх, “Қавлу каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ли Алӣ ибни Абитолиб”.
  19. Ал-Мунҷид, Мавқеъ-ул-Ислом суол ва ҷавоб, 1430ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.101.
  20. Барои намуна нигоҳ кунед Бенбоз, Масоил-ул-имом Ибни Боз, 1428ҳ.қ., саҳ.33; ал-Мунҷид, Мавқеъ-ул-Ислом суол ва ҷавоб, 1430ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.101; Ибни Ҷабрин, Фатово фи-т-тавҳид, 1418ҳ.қ., саҳ.38.
  21. Низом Аъраҷ, Шарҳ-ун-низом ала-ш-шофия, Дорулҳуҷҷати лиссақофа, саҳ.25.
  22. Муҳсинӣ, Заҳро (с) гули ҳамешаи баҳори набувват, 1392ҳ.ш., саҳ.30.
  23. Ҳофиз Бурсӣ, Машориқу анвор-ил-яқин, 1427ҳ.қ., саҳ.323.
  24. Сақафӣ, Тафсири равони ҷовид, 1398ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.169; ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Вирдонӣ, Фиреб, 1389ҳ.ш., саҳ.255; ал-Ҳасун, ат-Таҳаввул-ул-мазҳабӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.155.
  25. Сураи Бақара, ояти 124
  26. Сураи Фотир, ояти 32.
  27. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., поварақӣ, саҳ.239 ва 241.

Ёддошт

  1. Савганд ба Худое, ки Муҳаммадро обрӯю каромат бахшид.
  2. Ин ҷумла аз Пайғамбар дар ғазваи Хайбар дар муаррифии хеш аст ва метавонад баёнгари собиқаи ба кор бурдани ин таъбир бошад ва шояд баъдҳо ин таъбирро ба ҷиҳати ин собиқа ва инки ҳазрат дар ғазваи Хайбар боиси ҷалби ризояти хотири Пайғамбар ва таҳаққуқи хостаи ӯ шуд, барои Амирулмӯъминин низ бакор бурдаанд.

Сарчашма

  • Оли Шайх, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ва дигарон (аллуҷнатулдоима лилбаҳсилъилмияти вал-ифто), “Қавлу каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ли Алӣ ибни Абитолиб”, ал-Ислом суол ва ҷавоб, бойгонишуда аз нусхаи аслӣ, таърихи дарҷи матлаб: 21 меҳри 1381, 7 октябри 2007, таърихи боздид: 31 мурдоди 1399ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, ал-Аҷвибат-ул-ироқия ала-л-асъилат-ил-лоҳурия, Бағдод, матбаатул-Ҳамидия, 1301ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, ал-Фурқон байна авлиёъ-ир-Раҳмон ва авлиёъ-иш-шайтон, таҳқиқи Абдуқодир ал-Арнаут, Димишқ, мактабату Дорулбаён, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Буғят-ул-муртод ала-л-мутафалсифати ва-л-қаромитати ва-л-ботиния, таҳқиқи Мусо ад-Дарвеш, Мадина, мактабатул-улуми вал-ҳикам, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Ҷомеъ-ул-масоил ли Ибни Таймия – ал-Маҷмуъат-ул-уло, таҳқиқи Муҳаммадъузайр Шамс, Ишроф Бикр ибни Абдуллоҳ Абузайд, Макка, Дору оламил-фавоид линнашри ваттавзиъ, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Ҷабрин, Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон, Фатово фи-т-тавҳид, эъдод ва тақдим Ҳамд ибни Иброҳими ал-Ҳариқӣ, бе ҷо, Дорулватан линнашр, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷар ал-Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Фатово-л-ҳадисия, бе ҷо, Дорулфикр, бе то.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуъайт ал-Арнаут ва дигарон, Ишроф Аболлоҳ ибни Абдулмуҳсин ат-Туркӣ, бе ҷо, муассисатуррисола, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Ибни Раҷаб ал-Ҳанбалӣ, Абдурраҳмон ибни Аҳмад, Шарҳу ҳадиси лаббайкаллоҳумма лаббайк, ба таҳқиқи Валид Абдулҳарман Муҳаммад Оли Фарён, Макка, Дору оламилфавоид, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Қаййим, Муҳаммад ибни Абибакр, Эълом-ул-муваққиъин ан рабб-ил-оламин, тақдим ва таълиқ ва тахриҷул аҳодис: Бен Ҳасан Оли Салмон ва Аҳмад Абдуллоҳ Аҳмад, Арабистон, Дору Ибни-л-Ҷавзӣ линнашри ваттавзиъ, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, тафсири Ибни Касир, таҳқиқ ва тақдим Юсуф Абдурраҳмон ал-Маръашлӣ, Бейрут, Дорулмаърифат литтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Бастонӣ, Фуод Афром, Фарҳанги Абҷадӣ, Теҳрон, Исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Ибни Боз, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ, Масоил-ул-имом Ибни Боз, тақйид ва ҷамъ ва таълиқи Абимуҳаммад Абдуллоҳ ибни Монеъ, Риёз, Дорултадмира, 1428ҳ.қ./2007м.
  • Ал-Ҳассун, Ало, ат-Таҳаввул-ул-мазҳабӣ баҳсун таҳлилӣ ҳавла раҳилат-ил-мустабсирина ило мазҳаби Аҳл-ил-Байт (а), Эрон, қаламушшарқ, 1384ҳ.ш./2005м.
  • «Ҳукму қавлин: Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ», ал-имом Ибни Боз, таърихи боздид: 23 мурдоди 1399ҳ.ш.
  • Ал-Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-Ҳалабия: Инсон-ул-уюн фи сират-ил-амин-ил-маъмун, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1427ҳ.қ.
  • Ас-Сафоринӣ ал-Ҳанбалӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Ғизо-ул-албоб фи шарҳи манзумиҳи-л-одоб, Миср, муассисат Қуртуба, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Сақафии Теҳронӣ, Муҳаммад, Равони ҷовид дар тафсири Қуръони Маҷид, Теҳрон, Бурҳон, 1398ҳ.қ.
  • Ҳофиз Бурсӣ, Раҷаб ибни Муҳаммад, Машориқу анвор-ил-яқин фи асрори Амирилмуъминин (а), Қум, Завилқурбо, 1427ҳ.қ.
  • Хаффоҷӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Ҳошият-уш-шаҳоб-ил-мусаммоти иноят-ул-қозӣ ва кифоят-ур-розӣ ала тафсир-ил-Байзовӣ‏, таҳқиқи Маҳдӣ Абдурразоқ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, 1417ҳ.қ.
  • Халаф, Абдулҷавод, Мадхалун ило-т-тафсир ва улум-ил-Қуръон, Қоҳира, Дорулбаёнилъарабӣ, бе то, саҳ.93.
  • Хоҷаи Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, Теҳрон, мактабатул-эъломил исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Давонӣ, Муҳаммад ибни Асъад, Нур-ул-ҳидоя фи исбот-ил-имомат, тасҳеҳи Ваҳиди Тавассулӣ ва дигарон, Қум, маҷмаъи захоири исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Зубайдӣ, Муртазо Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, бо таҳқиқ ва тасҳеҳи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Завовӣ, Аҳмад ибни Абдулфаттоҳ, Шамоил-ур-Расул (с), Искандария, Дорулқимма, бе то.
  • Шабланҷӣ, Муъмин, Нур-ул-абсор фи маноқиби Оли байт-ин-набий-ил-мухтор (с), Қум, Шариф ар-Разӣ, 1415ҳ.қ./1373ҳ.ш.
  • Шайбонӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, ал-Ҳуҷҷату ала аҳл-ил-Мадина, таҳқиқи Маҳдӣ Ҳасан ал-Килонӣ ал-Қодирӣ, Бейрут, оламулкутуб, 1403ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Абулқосим, ар-Равз-уд-донӣ (ал-Муъҷам-ус-сағир), Бейрут, Аммон, алмактабтул-исломӣ, Дору Аммор, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Аскарӣ, Абуаҳмад, Тасҳифот-ул-муҳаддисин, таҳқиқи Маҳмуд Аҳмад Мира, Қоҳира, алматбаъатулъарабия алҳадиса, 1402ҳ.қ.
  • Фармониён, Маҳдӣ, Ҷамъун мин-ал-муаллифин, ал-Ваҳҳобият-ул-мутатаррифа: мавсуъатун нақдия, Қум, Дорул-эълом лимадрасати Аҳл-ил-Байт (а), 1435ҳ.қ.
  • Қосимов, Илёс, Ибни Таймия, имоми салафиҳо, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1391ҳ.ш.
  • Молик ибни Анас, Муваттау Молик ривояту Муҳаммад ибни-л-Ҳасан аш-Шибонӣ, таълиқ ва таҳқиқи Абдулваҳҳоб Абдуллатиф, алмактабатулъилмия, чопи дувум.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Заҳро (с) гули ҳамеша баҳори набувват, ба кӯшиши: ҳайъати ал-Ғадир ва ҳавзаи илмияи Хотамун-набийин (с), Кобул, ҳайъати ал-Ғадир, 1392ҳ.ш.
  • Ал-Мунҷид, Муҳаммадсолеҳ, Мавқеъ-ул-Ислом суол ва ҷавоб, тамма насхуҳу минал интернет фи 1430ҳ.қ.
  • Низом Аъраҷ Нишобурӣ, Шарҳ-ун-низом ала-ш-шофия, таҳқиқи Муҳаммадзакии Ҷаъфарӣ, Қум, Дорулҳуҷҷат лиссақофа, чопи аввал, бе то.
  • Вирдонӣ, Солеҳ, Фиреб, Қум, бунёди маорифи исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ал-Ҳурарӣ, Муҳаммад ал-Амин ибни Абдуллоҳ, Тафсиру ҳадоиқ-ир-руҳи ва-р-райҳон фи равоби улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дору тавқиннаҷот, 1421ҳ.қ./2001м.