Ояти 109 сураи Тавба
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти 109 сураи Тавба |
| Воқеъ дар сураи | Тавба |
| Шумораи оят | 109 |
| Ҷузъ | 11 |
| Шаъни нузул | Сохтани масҷид дар канори Масҷиди Қубо аз ҷониби мунофиқон |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Муқоисаи созандагони Масҷиди Зирор ва масҷиди тавсияшуда |
| Оёти муртабит | Ояти 107 сураи Тавба ва Ояти 108 сураи Тавба |
Ояти 109 сураи Тавба (форсӣ: آیه ۱۰۹ سوره توبه) ба муқоисаи ҳадафҳои созандагони масоҷидҳо мепардозад. Масоҷиде, ки бар асоси тақво бунёд шудаанд, ба сохтмони мустаҳкам ва пойдор монанд карда мешаванд, дар ҳоле ки масоҷиде, ки бар асоси нифоқ сохта шудаанд, ба сохтмони суст ва ноустувор бар лаби партгоҳ монанданд, ки ба сӯи оташи ҷаҳаннам фурӯ меравад.
Оят ба фарқи рафтори муъминон ва мунофиқон ва ду равиши гуногуни диндорӣ ишора мекунад. Мофассирон сабаби нузули онро марбут ба мунофиқон ва сохтани масҷиди Зирор медонанд. Пас аз нузули оятҳо, Паёмбар (с) дастури вайрон кардани масҷиди Зирорро содир кард, то аз фасод ва тафриқа ҷилавгирӣ шавад. Аз ин оят, бардоштҳое чун фарқи амали парҳезкор ва мунофиқ, устувории ҳақ дар муқобили сустии ботил ва зарурати асосгузории корҳо бар усули мустаҳкам гирифта шудааст.
Мофассирон дар бораи ҳақиқӣ ё маҷозӣ будани фурӯ рафтани масҷиди мунофиқон дар оташи ҷаҳаннам ихтилофи назар доранд. Дар тасдиқи ҳақиқӣ будани он ба гузоришҳое истинод шудааст, ки баромадани дуд аз масҷиди Зирор дар даврони Банӣ Умайя ва Банӣ Аббосро тасдиқ мекунанд.
Нуктаҳои куллии оят
Ояти 109 сураи Тавба ба муқоисаи миёни масҷиди Қубо, ки бар асоси тақво ва ризоияти Худо бунёд шудааст, ва масҷиди Зирор, ки бо ҳадафҳои нифоқ ва фасод сохта шудааст, мепардозад.[1]
Ин оят муъминонро ба касоне монанд мекунад, ки бинои худро бар замини мустаҳкам ва бо масолеҳи пойдор месозанд, дар ҳоле ки мунофиқон мисли касонеанд, ки сохтмони худро бар лаби портгоҳи суст ва хатарнок бунёд мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад фурӯ резад.[2] Ин ташбеҳ фарқи сабки зиндагии муъминон ва мунофиқонро нишон медиҳад[3] ва таъкид мекунад, ки бинои муъминон шоистаи муҳофизат ва бинои мунофиқон шоистаи вайронӣ аст.[4] Дар оятҳои қаблӣ (107 ва 108) низ ба масҷиди Зирор ва ҳадафҳои тафриқаангези он ишора шудааст ва Паёмбар (с) ва муъминон аз намоз гузоштан дар он манъ шудаанд.[5]
| “ | Оё касе, ки бинои худро бар тақво ва ризоияти Худо асос ниҳодааст, беҳтар аст ё касе, ки бинои худро бар канори жарфои шиканандае ниҳодааст, ки бо он дар оташи ҷаҳаннам фурӯ меравад?! Ва Худо золимонро ҳидоят намекунад.Сураи Тавба, ояти 109 |
” |
Шаъни нузул
Мофассирон шаъни нузули оятро дар ҳамбастагӣ бо ду ояти қаблӣ (ояти 107 ва ояти 108) марбут ба гурӯҳе аз мунофиқон медонанд,[6] ки бо ҳадафи барангехтани тафриқа,[7] масҷиди дигаре дар канори масҷиди Қубо сохтанд ва аз Паёмбар (с) хостанд дар он намоз бигузорад. Аммо бо нузули оят ва фош шудани қасди онҳо,[8] дастури вайрон кардани он масҷид аз ҷониби Расули Худо (с) содир шуд ва макони он ба ҷои ҷамъоварии партов табдил ёфт.[9] Бар асоси бархе ривоятҳо, масҷиди Зирор бо дастури Абуомири Роҳиб,[10] аз зоҳидони масеҳии мухолифи Паёмбар (с), бунёд шудааст.[11] Гуфта шудааст, ки дар бораи сабаби нузули оят миёни муфассирон иттифоқи назар вуҷуд дорад.[12]
Ҳақиқӣ ё рамзӣ будани фурӯ рафтани масҷиди Зирор
Миёни муфассирон дар бораи фурӯ рафтани бинои мунофиқон дар оташи ҷаҳаннам ихтилофи назар вуҷуд дорад.[13] Бархе бар ин боваранд, ки ин воқеа ба таври ҳақиқӣ рух дода ва он макон бахше аз ҷаҳаннам аст, дар ҳоле ки дигарон онро рамзӣ медонанд[14] ва мегӯянд, ки гӯё ба сӯи ҷаҳаннам фурӯ рафтааст. Ин дидгоҳ ба ояти «فَأُمُّهُ هاوِیَةٌ»[15] шабоҳат дорад.[16] Қуртубӣ, аз муфассирони аҳли суннат, дидгоҳи воқеӣ будани оташи ҷаҳаннамро саҳеҳтар медонад[17] ва барои исботи он ба ривоятҳое, мисли гузориши Ҷобир ибни Абдуллоҳ Ансорӣ истинод мекунад, ки баромадани дуд аз макони масҷиди Зирор дар замони Паёмбар (с)-ро дидааст.[18] Ҳамчунин гузоришҳое вуҷуд доранд, ки ба баромадани дуд аз макони Масҷиди Зирор дар даврони Банӣ Умайя[19] ва ҳатто дар замони хилофати Мансури Аббосӣ ишора мекунанд.[20]
Бардоштҳо аз оят
Мофассирон дар тафсири ояти 109 сураи Тавба ба нуктаҳое ишора кардаанд, ки бархе аз онҳо чунинанд:
- Фарқи амали муъмин ва мунофиқ: Амали шахси парҳезкор бо амали мунофиқ қобили муқоиса нест. Аъмоли шахсони тақводор бар пояи мустаҳкам ва усули устувор бунёд ёфтааст, дар ҳоле ки аъмоли мунофиқон бар асоси бунёдҳои суст аст ва зуд аз байн меравад.[21] Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки дини муъмин бар пояи тақвои Илоҳӣ ва талош барои касби ризоияти Худо бо такя бар яқин устувор аст, дар ҳоле ки дини мунофиқ бар пояи шубҳа ва ноустуворӣ бунёд ёфтааст.[22]
- Устувории ҳақ ва сустии ботил: Ин оят рамзи устувории Ислом, қудрати он ва саодати пайравонаш аст. Ҳамчунин нишондиҳандаи сустии ботил, наздики нобудии он ва ноумедии пайравонаш мебошад. Орзуҳои аҳли ботил зуд фурӯ мерезанд ва заволи онҳо ногузир аст.[23] Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бо истинод ба оят бар ин назар аст, ки агар ҷое бар асоси тақво бунёд ёфта бошад, ҷовидон хоҳад монд; аммо агар бар асоси тақво набошад, ботил ва азбайнраванда аст. Зеро ҷараёни олам мутобиқ бо ҷараёни ҳақ аст ва он чи мутобиқ бо ҳақ бошад, боқӣ мемонад, вале ботил, ки зидди ҷараёни табиии олам аст, боқӣ намемонад ва ҳаракати олам онро аз байн мебарад.[24]
- Зарурати асосгузории корҳо бар усули мустаҳкам: Бунёдгузории корҳо бар пояе, ки инсонро аз оташи ҷаҳаннам дур мекунад ва ба ризоят ва неъматҳои Илоҳӣ мерасонад, амри зарурист. Дар муқобил, сохтани корҳо бар пояи сусту ноустувор, инсонро ба суқут ва нобудӣ наздик мекунад ва оқибати чунин афрод, ворид шудан ба оташи ҷаҳаннам хоҳад буд.[25]
- Масҷид - рамзи амният ва устуворӣ: Масҷиде, ки бар асоси тақво бунёд ёфтааст, дорои пояи мустаҳкам ва устувор аст, ки ҳеҷ чиз наметавонад онро ларзонад. Аҳли чунин масҷид дар амният ва оромӣ ба сар мебаранд ва аз баракатҳои он баҳра мебаранд.[26]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.140–141
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул–баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.111; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.149; Табарӣ, Ҷомеъ-ул–баён, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.25; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.140–141
- ↑ Таботабоӣ, ал–Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.391
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.140–141
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.147; Таботабоӣ, ал–Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.389
- ↑ Бағавӣ, Маолим-ут-танзил, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.387; Майбудӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.211
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.19
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.305; Табарӣ, Ҷомеъ-ул–баён, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.18; Замахшарӣ, ал–Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.298; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.540–541; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.36
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.305; Қуртубӣ, Ҷомеъу аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.257
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.135
- ↑ Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.117
- ↑ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.46–47
- ↑ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.46–47
- ↑ Сураи Қориъа, ояти 9
- ↑ Қуртубӣ, Ҷомеъу аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.265, нақл аз дигарон
- ↑ Қуртубӣ, Ҷомеъу аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.265
- ↑ Қуртубӣ, Ҷомеъу аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.265
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул–баён, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.25
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.104
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул–баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.111
- ↑ Таботабоӣ, ал–Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.391
- ↑ Мароғӣ, Тафсир ал-Мароғӣ, Бейрут, ҷ.11, саҳ.28
- ↑ Хоманаӣ, Тафсири сураи Бароат, 1398ҳ.ш., саҳ.686
- ↑ Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.98
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.103
Сарчашма
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, «Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул–ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон», Машҳад, Остон Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, «Анвор-ут-танзил ва асрор-ут–таъвил», Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
- Бағавӣ, Ҳусайн ибни Масъуд, «Маолим-ут-танзил фи тафсир-ил-Қуръон», Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, «ал–Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил», Бейрут, Дор-ул–китоб-ул-арабӣ, чопи 3, 1407ҳ.қ.
- Зуҳайлӣ, Ваҳба ибни Мустафо, «ат-Тафсир-ул-мунир фи-л-ақидати ва-ш-шариати ва-л-манҳаҷ», Бейрут, Дор-ул–фикр-ил-муъосир, 1418ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, «Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим», Бейрут, Дор-ул–кутуб-ил–илмия, 1419ҳ.қ.
- Ибни Ошур, Муҳаммад ибни Тоҳир, «ат-Таҳрир ва-т-танвир», Бейрут, Муассисат-ут-таърих, бе таърих.
- Майбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, «Кашф-ул-асрор ва иддат-ул–аброр», Теҳрон, Нашри Амир Кабир, чопи 5, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, «Тафсири намуна», Теҳрон, Дор-ул–кутуб-ил–исломия, чопи 10, 1371ҳ.ш.
- Мароғӣ, Аҳмад ибни Мустафо, «Тафсир ал-Мароғӣ», Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, «Тафсир-ул-кошиф», Қум, Дор-ул–китоб-ил–исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Олусӣ, Сайид Маҳмуд, «Рӯҳ-ул-маонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим», Бейрут, Дор-ул–кутуб-ил–илмия, 1415ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, «Маҷмаъ-ул–баён фи тафсир-ил-Қуръон», Теҳрон, Нашри Носир Хусрав, чопи 3, 1372ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, «Ҷомеъ-ул–баён фи тафсир-ил-Қуръон», Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «ал–Мизон фи тафсир-ил-Қуръон», Бейрут, Муассисаи Аламӣ, чопи 2, 1390ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, «ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотеҳ-ул–ғайб)», Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи 3, 1420ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «Тафсири сураи Бароат», Теҳрон, Нашри Инқилоби исломӣ, 1398ҳ.ш.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон», Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
- Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, «Тафсири Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул–ғароиб», таҳқиқи Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршод, 1368ҳ.ш.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, «Тафсири Қумӣ», Қум, Дор-ул–китоб, чопи 3, 1363ҳ.ш.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, «Тафсири Аҳсан-ул–ҳадис», Теҳрон, Бунёди Баъсат, 1377ҳ.ш.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, «Ҷомеъу аҳком-ил-Қуръон», Теҳрон, Нашри Носир Хусрав, 1364ҳ.ш.
- Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Муҳаммад, «Анвори дурахшон дар тафсири Қуръон», Теҳрон, Нашри Лутфӣ, 1404ҳ.қ.