Сабби Алӣ (а)

Аз wikishia

Сабби Алӣ (арабӣ: سَبُّ علي) носазо гуфтан ва лаън кардани Имом Алӣ (а) аст, ки тавассути Муовия ибни Абусуфён бино ниҳода шуд. Ҳакамронон ва пайравони Банӣ Умайя дар минбарҳои расмии ҳукуматӣ ба лаън ва носазо гуфтан ба Имом Алӣ (а) мепардохтанд. Ин амал ҳудуди шаст сол ривоҷ дошт ва дар ниҳоят тавассути Умар ибни Абдулазиз мамнуъ шуд. Бо ин ҳол, Имом Алӣ, ёрони худро аз носазо гуфтан ба Муовия боз медошт.

Муовия, Марвон ибни Ҳакам, Муғайра ибни Шуъба ва Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ аз ҷумлаи ҳокимони давраи Банӣ Умайя буданд, ки Имом Алӣ (а)-ро бар минбар лаън мекарданд, ҳамчунин Атия ибни Саъд ба хотири худдорӣ аз лаъни Имом Алӣ, ба дастури Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф шиканҷа шуд.

Бархе аз уламои шиа сабб ва лаъни Имом Алӣ (а)-ро аз мисдоқҳои носибигарӣ донистаанд.

Мафҳумшиносӣ

Ҳамчунин бибинед: Лаън

«Сабб» ба маънои дашному носазо аст.[1] Ибни Асир «лаън» тавассути инсонҳоро ҳамрадиф бо сабб донистаанд.[2] Бархе низ лаънро ба маънои сабб ва ё берун рондан донистаанд.[3] Бархе низ дар фарқи саббу лаън, саббро ба маънои баёни каломи зишт ва лаънро ба маънои дур гардондан аз раҳмати Илоҳӣ донистаанд.[4]

Имом Боқир (а) аз Имом Саҷҷод (а) нақл мекунад, ки эшон яке аз ҳамсаронашро ба хотири сабби Имом Алӣ (а) талоқ дод[5] бархе аз ин ривоят истинбот кардаанд, ки носазо гуфтан ба Алӣ ибни Абутолиб (а) аз масодиқи носибигарӣ аст.[6] Ҷаъфари Субҳонӣ, поягузории дашном ба Алӣ ибни Абутолиб тавассути Муовияро маншаъ ва сароғози ривоҷи носибигарӣ дар миёни мусулмонон донистааст.[7]

Фақеҳони шиа шахсеро, ки сабби Алӣ (а) кунад, маҳдуруддам донистаанд.[8]

Таърихча

Оғози сабб ва лаъни Имом Алӣ (а) тавассути Банӣ Умайя, аз замони ҳаёти эшон гузориш шудааст, ба сурате, ки яке аз шартҳои Имом Ҳасан (а) дар сулҳ бо Муовия ин буд, ки Алӣ ибни Абутолиб дар манобир лаън нашавад.[9] Фармони умумӣ барои мамнуъияти нақли фазоили Имом Алӣ, мамнуъияти ривоят кардан аз вай, мамнуъияти ёд кардан аз ӯ ба некӣ ва мамнуъияти номгузории фарзандон ба номи Алӣ, аз дигар иқдомоте аст, ки душманони ӯ ба иҷро гузоштаанд.[10]

Баъд аз қатли Усмон, тарафдоронаш барои сарпечӣ аз байъат бо Имом Алӣ (а), ӯро омили қатли Усмон ҷилва медоданд. Муовия низ барои ҳифзи ин тақобул, дастур дод Имом Алӣ (а)-ро сабб ва лаън кунанд.[11] Марвон хитоб ба Имом Саҷҷод (а) гуфт: ҳангоми муҳосираи Усмон, касе ҳамонанди Алӣ (а) аз ӯ дифоъ нанамуд. Имом фармуд: пас чаро ин ҳама ӯро дар болои манобир носазо мегӯед? Марвон посух дод: асоси ҳукумати мо, устувор намегардад, магар бо ин носазоҳо.[12] Ба гуфтаи Замахшарӣ дар замони Банӣ Умайя бар рӯи 70 ҳазор минбар бо пайравӣ аз суннате, ки Муовия бино ниҳода буд, Имом Алӣ (а) лаън мешуд.[13]

Сабби Имом Алӣ (а) ҳудуди шаст сол то замони хилофати Умар ибни Абдулазиз (99 - 101ҳ.қ.) ҷараён дошт ва ӯ баъд аз онки ба хилофат расид, ба тамоми волиёни худ дастур дод ин амалро тарк кунанд. Ибни Халдун, муаррихи қарни ҳаштум нақл кардааст, Банӣ Умайя пайваста Алӣ (а)-ро лаън мекарданд, то инки Умар ибни Абдулазиз ба ҳамаи манотиқи исломӣ нома навишт ва дастури таваққуфи онро содир кард.[14]

Бар асоси ривояте аз Уммусалама, аз Пайғамбар (с), носазо гуфтан ба Имом Алӣ (а)-ро ҳамчун носазо гуфтан ба худ ва дар нусхаҳои дигар, ҳамсон бо носазо гуфтан ба Худованд дониста шудааст.[lower-alpha 1][15] Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, илова бар ривояти мансуб ба Уммусалама, ривоёти дигаре низ дар ин боб нақл кардааст.[16]

Муовия

Мавориде аз сабб ва лаъни Имом Алӣ тавассути Муовия гузориш шудааст; аз ҷумла: бино бар нақли Табарӣ, муаррихи қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ, Муовия вақте дар соли 41 қамарӣ, Муғайра ибни Шуъбаро волии Кӯфа қарор дод, аз ӯ хост бар бадгӯӣ ба Алӣ ибни Абутолиб ва таҷлил аз Усмон пофишорӣ кунад.[17] Ӯ ҳамчунин ба Муғайра ибни Шуъба тавсия кард, ёрони Алиро табъид кунад.[18]

Муовия ҳамчунин баъд аз сулҳи бо Имом Ҳасан (а) дар Нухайла аз мардум байъат гирифт ва дар хутбаи худ, ба Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳасан (а) носазо гуфт.[19]

Марвон ибни Ҳакам

Бино бар ончи Заҳабӣ, таърихнигори аҳли суннат, дар китоби таърихи худ зикр кардааст, Марвон ибни Ҳакам дар соли 41 қамарӣ, ҳокими Мадина шуд, ва дар муддати шаш соли ҳукумати худ, ҳар ҷумъа дар минбараш Алӣ (а)-ро сабб мекард. Пас аз ӯ Саид ибни Ос ду сол волӣ шуд ва Алӣ ибни Абутолибро сабб намекард. Пас аз Саид ибни Ос, дубора Марвон ҳоким шуд ва сабби Алиро аз сар гирифт.[20]

Муғийра ибни Шуъба

Балозурӣ, муаррихи қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ, ишколи Муғира ибни Шуъба, ки нуҳ сол волии Кӯфа аз сӯи Муовия будро ин медонад, ки ӯ ба сурати мудовим аз Алӣ ибни Абутолиб бадгӯӣ карда, ба ӯ дашном медод.[21]

Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф

Бино бар ончи Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷулбалоға зикр карда аст, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, илова бар лаъни Имом Алӣ (а), дигаронро низ ба ин кор амр мекард ва аз он хушнуд мешуд;[22] чунонки марде ба ӯ гуфт, хонаводаам дар ҳаққи ман зулм карда, номамро Алӣ гузоштаанд, пас номамро тағйир деҳ ва чизе ба ман бибахш, ки бо он зиндагӣ кунам, чароки фақирам. Ҳаҷҷоҷ гуфт ба поси зарофат дар ончи дастовези худ қарор додӣ, номатро фалон қарор додам ва фалон корро ба ту супоридам.[23]

Дар ривоёти дигаре, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, сабби Алиро манқабати сутуданӣ дониста[24] ва дар шарҳи ҳоли Атия ибни Саъд ибни Ҷанодаи Кӯфӣ омадааст, ки Ҳаҷҷоҷ аз ӯ хост Алӣ ибни Абутолибро лаън кунад, вагарна 400 зарба шаллоқ хоҳад хӯрд, аммо Атия напазируфт ва 400 зарба шаллоқ хӯрд, ва мӯи сару ришашро низ тарошиданд.[25]

Мухолифати Имом Алӣ (а) бо сабби Муовия

Муовия дар ҳоле дастури сабби Имом Алӣ (а) дар манобирро содир кард, ки пеш аз он дар ҷанги Сиффин, Алӣ ибни Абутолиб бо саббу дашному носазо гуфтан ба Муовия мухолифат карда буд.[26] Вақте Ҳуҷр ибни Адий ва Амр ибни Ҳамқ аз сипоҳиёни Имом Алӣ (а), Муовия ва аҳли Шомро лаънат карданд, Имом онҳоро аз ин кор манъ кард ва дар посух ба ин суол, ки магар мо барҳақ нестем гуфт, ки мо барҳаққем, аммо икроҳ дорам аз инки лаънкунандаю дашномдиҳанда бошед! Имом Алӣ (а) ҳамчунин дар идома ба онҳо гуфт, ки аз Худо бихоҳанд хуни мо ва онҳоро ҳифз кунад, байни мо ва онҳо сулҳ биоварад ва ононро аз гумроҳӣ наҷот диҳад, то ҳар касеки ҳаққро нашинохтааст, онро бишносад ва ҳаркасеки бар ботил исрор мекунад, даст аз он бардорад.[lower-alpha 2][27]

Ҷусторҳои вобаста

Носибӣ

Эзоҳ

  1. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.80.
  2. Ибни Асири Ҷазарӣ, ан-Ниҳоя, 1367ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255.
  3. Бастонӣ, Фарҳанги абҷадӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.756.
  4. Фахлаъӣ, Маҷмӯаи гуфтмонҳои мазоҳиби исломӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.299.
  5. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.303.
  6. Булқонободӣ, Шавоҳиди насб дар осори Бухорӣ, саҳ.79.
  7. Субҳонӣ, Гузидаи симои ақоиди шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.22.
  8. Муғния, Фиқҳ-ул-Имом-ис-Содиқ (а), 1421ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.278.
  9. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.206.
  10. Нигоҳ кунед ба: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин, 1428ҳ.қ., саҳ.475 - 483.
  11. Нигоҳ кунед ба: Ҷамшедиҳо ва дигарон, «Пропогандаи Банӣ Умайя алайҳи хонадони Пайғамбар (с)», саҳ.15-18; Кавсарӣ, «Баррасии решаҳои торихии носибигарӣ», саҳ.96-100.
  12. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.461.
  13. Замахшарӣ, Рабиъ-ул-аброр, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186.
  14. Ибни Халдун, Таърихи ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.94.
  15. Сайид ибни Товус, Бано-ул-мақолат-ил-Фотимия, 1411ҳ.қ., саҳ.212; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1417ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.533.
  16. Нигоҳ кунед ба: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.311 - 330.
  17. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.253.
  18. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.253; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.231;
  19. Ал-Ҳусайнӣ ал-Мӯсавӣ ал-Ҳоирӣ ал-Каракӣ, Тасллият-ул-маҷолис ва зинат-ул-маҷолис, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.51 - 52; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.78.
  20. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.231.
  21. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ./1979м., ҷ.5, саҳ.243.
  22. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.58.
  23. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.58.
  24. Аскарӣ, тарҷумаи Маъолим-ул-мадрасатайн, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415 - 416.
  25. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.305.
  26. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.165.
  27. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.165.


Ёддошт

  1. سمعت رسول الله(ص) يقول : «من سبّ عليا فقد سبّني ، ومن سبّني سبّ الله»
  2. كرهت لكم أن تكونوا شتامين لعانين ، ولكن قولوا :اللهم أحقن دماءنا ودماءهم ، وأصلح ذات بيننا وبينهم ، واهدهم من ضلالتهم ، حتى يعرف الحق من جهله ، ويرعوي عن الغي من لجج به.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1419ҳ.қ./1998м.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, ҷ.39, Бейрут, муассисатул-вафо, 1430ҳ.қ./1983м.
  • Алҳусайнӣ ал-Мӯсавӣ ал-Ҳоирӣ ал-Каракӣ, Муҳаммад ибни Абитолиб, Таслият-ул-маҷолис ва зинат-ул-маҷолис: ал-Мавсум би мақтал-ил-Ҳусайн алайҳиссалом, таҳқиқи Форис Ҳассун Карим, Қум, Посдори Ислом, 1418ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Муртазо, тарҷумаи Маъолим-ул-мадрасатайн, мутарҷим: Муҳаммадҷаводи Карамӣ, Қум, донишкадаи усули дин, 1386ҳ.ш.
  • Балқонободӣ, Ҳасан, Шавоҳиди насб дар осори Бухорӣ, муқаддима: Наҷмиддини Табасӣ, беҷо, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, ҷамъиятул мусташриқинал-олмония, 1400ҳ.қ./1979м.
  • Балхӣ, Мақотил ибни Сулаймон, Тафсири мақотили Ибни Сулаймон, таҳқиқ: Шаҳота, Абдуллоҳ Маҳмуд, Бейрут, Дору эҳёилтурос, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Динаварӣ, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, Қум, маншуроти ар-Разӣ, 1368ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Амр, Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор, Бейрут, муассисаи аъламӣ, 1412ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқ: Тадмурӣ, Умар Абдуссалом, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Муборак ибни Муҳаммад, ан-Ниҳоя фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, муҳаққиқ, мусаҳҳеҳ, Танноҳӣ, Маҳмуд Муҳаммад, Қум, муассисаи матбуотии Исмоилиён, 1367ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, ҷ.42, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубатадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин завӣ-ш-шаън-ил-акбар, (Таърихи Ибни Халдун), таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорулфикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Кавсарӣ, Аҳмад, «Баррасии решаҳои торихии носибигарӣ», пажӯҳишномаи нақди ваҳҳобият; Сироҷи мунир, соли чаҳорум, шумораи 16, зимистони 1393ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ-ул-Имом-ис-Содиқ (а), Қум, муассисаи Ансориён, 1421ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Аҳмад ибни Мӯсо, Бано-ул-мақолат-ил-Фотимия фи нақз-ир-рисолат-ил-усмония, таҳқиқи Сайидалӣ ал-Аднонӣ ал-Ғурайфӣ, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёилтурос, 1411ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Дарсномаи гузидаи симои ақоиди шиа, мутарҷим: Ҷавод Муҳаддисӣ, Теҳрон, Машъар, 1389ҳ.ш.
  • Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук (Таърихи Табарӣ), таҳқиқ: Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Бейрут, Дорултурос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ: Ҳусайнӣ, Сайид Аҳмад, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
  • Ҷамшедиҳо Ғуломризо, Рӯҳонии Муҳаммадризо, Аламулҳудо Сайид Абдуррасул, «Пропогандаи Банӣ Умайя алайҳи хонадони Пайғамбар (с)», дар фаслномаи Шиашиносӣ, соли ҳафтум, шумораи 35, поизи 1390ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, муҳаққиқ, Мӯсавии Хирсон, Ҳасан, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.