Jump to content

Номаи Имом Алӣ ба Саҳл ибни Ҳунайф

Аз wikishia
Нусхаи хаттии Ибни Муҳаззаб аз номаи Имом Алӣ ба Саҳл ибни Ҳунайф (санаи 469ҳ.қ.)

Номаи Имом Алӣ (а) ба Саҳл ибни Ҳунайф (форсӣ: نامۀ امام علی به سَهْل بن حُنَیف) аз номаҳои Имом Алӣ (а) аст, ки пайвастани баъзе ёрони Саҳл ибни Ҳунайф ба Муовия, барои дилдорӣ додан ба ӯ навишта шудааст.[1] Имом Алӣ (а) дар ин нома ба Саҳл, ки фармондори ӯ дар Мадина буд, навиштааст, ки аз пайвастани баъзе мардуми Мадина ба Муовия, нохуш набошад; зеро онҳо барои гурехтан аз ситам ва расидан ба адолат ба Муовия ҳамроҳ нашудаанд; зеро адолати ҳукумат ва бархурди яксони онро бо мардум дидаанд; балки барои расидан ба амволи дунявӣ ба сӯи Муовия рафтаанд ва гумроҳ шудаанд.[2]

Саҳл ибни Ҳунайф аз саҳобаи Пайғамбар (с), коргузори Имом Алӣ (а) дар Мадина[3] ва аз шуртатулхамис[4] будааст.

Номаи Имом Алӣ (а) ба Саҳл ибни Ҳунайф дар манбаъҳои гуногуни шиа ва аҳли суннат зикр шудааст; аммо нақли Сайид Разӣ дар "Наҳҷулбалоға" бо матни Балозурӣ (таърихнигори қарни сеюми ҳиҷрӣ) дар "Ансаб-ул-ашроф"[5] ва Яъқубӣ дар "Таърихи Яъқубӣ" каме фарқ мекунад. Ин нома дар нусхаи Ибни Майсам шумораи 69[6] ва дар нусхаҳои Ибни Абилҳадид,[7] Аллома Маҷлисӣ,[8] Муҳаммад Абдуҳ,[9] Субҳи Солеҳ ва Файзулислом[10] шумораи 70[11] зикр шудааст.

Матн ва тарҷумаи нома

Матн
Матн ва Тарҷума
Тарҷума

من كتاب له ع إلى سهل بن حنيف الأنصاری و هو عامله على المدينة فی معنى قوم من أهلها لحقوا بمعاوية

أَمَّا بَعْدُ فَقَدْ بَلَغَنِي أَنَّ رِجَالًا مِمَّنْ قِبَلَكَ يَتَسَلَّلُونَ إِلَى مُعَاوِيَةَ فَلَا تَأْسَفْ عَلَى مَا يَفُوتُكَ مِنْ عَدَدِهِمْ وَ يَذْهَبُ عَنْكَ مِنْ مَدَدِهِمْ.

فَكَفَى لَهُمْ غَيّاً وَ لَكَ مِنْهُمْ شَافِياً فِرَارُهُمْ مِنَ الْهُدَى وَ الْحَقِّ وَ إِيضَاعُهُمْ إِلَى الْعَمَى وَ الْجَهْلِ فَإِنَّمَا هُمْ أَهْلُ دُنْيَا مُقْبِلُونَ عَلَيْهَا وَ مُهْطِعُونَ إِلَيْهَا.

وَ قَدْ عَرَفُوا الْعَدْلَ وَ رَأَوْهُ وَ سَمِعُوهُ وَ وَعَوْهُ وَ عَلِمُوا أَنَّ النَّاسَ عِنْدَنَا فِي الْحَقِّ أُسْوَةٌ فَهَرَبُوا إِلَى الْأَثَرَةِ فَبُعْداً لَهُمْ وَ سُحْقاً إِنَّهُمْ وَ اللَّهِ لَمْ [يَفِرُّوا] يَنْفِرُوا مِنْ جَوْرٍ وَ لَمْ يَلْحَقُوا بِعَدْلٍ.

وَ إِنَّا لَنَطْمَعُ فِي هَذَا الْأَمْرِ أَنْ يُذَلِّلَ اللَّهُ لَنَا صَعْبَهُ وَ يُسَهِّلَ لَنَا حَزْنَهُ إِنْ شَاءَ اللَّهُ وَ السَّلَام

من كتاب له ع إلى سهل بن حنيف الأنصاری و هو عامله على المدينة فی معنى قوم من أهلها لحقوا بمعاوية
Аз номаҳои Имом Алӣ (а) ба "Саҳл ибни Ҳунайф", фармондори Мадина, дар бораи гурӯҳе, ки ба Муовия ҳамроҳ шуда буданд:
أَمَّا بَعْدُ فَقَدْ بَلَغَنِي أَنَّ رِجَالًا مِمَّنْ قِبَلَكَ يَتَسَلَّلُونَ إِلَى مُعَاوِيَةَ فَلَا تَأْسَفْ عَلَى مَا يَفُوتُكَ مِنْ عَدَدِهِمْ وَ يَذْهَبُ عَنْكَ مِنْ مَدَدِهِمْ
Аммо баъд, ба ман хабар расидааст, ки касоне аз қаламрави ту пинҳонӣ ба "Муовия" пайвастаанд. Бар ин миқдор, ки аз даст додаӣ ва аз ёрии онҳо бебаҳра мондаӣ, афсус махӯр.
فَكَفَى لَهُمْ غَيّاً وَ لَكَ مِنْهُمْ شَافِياً فِرَارُهُمْ مِنَ الْهُدَى وَ الْحَقِّ وَ إِيضَاعُهُمْ إِلَى الْعَمَى وَ الْجَهْلِ فَإِنَّمَا هُمْ أَهْلُ دُنْيَا مُقْبِلُونَ عَلَيْهَا وَ مُهْطِعُونَ إِلَيْهَا.
Барои онҳо ҳамин гумроҳӣ бас, ки аз ҳидояти ҳақ ба сӯи кӯрдилӣ ва ҷаҳл шитофтаанд, ва ин барои ту манбаи оромиши хотир аст. Онҳо дунёпарастоне ҳастанд, ки бо суръат ба он рӯ овардаанд.
وَ قَدْ عَرَفُوا الْعَدْلَ وَ رَأَوْهُ وَ سَمِعُوهُ وَ وَعَوْهُ وَ عَلِمُوا أَنَّ النَّاسَ عِنْدَنَا فِي الْحَقِّ أُسْوَةٌ فَهَرَبُوا إِلَى الْأَثَرَةِ فَبُعْداً لَهُمْ وَ سُحْقاً إِنَّهُمْ وَ اللَّهِ لَمْ [يَفِرُّوا] يَنْفِرُوا مِنْ جَوْرٍ وَ لَمْ يَلْحَقُوا بِعَدْلٍ.
Дар ҳоле ки адолатро ба хубӣ дидаву шинохта ва гузориши онро шунидаанд ва ба хотир супурдаанд, ки ҳамаи мардум дар назди мо ва дар оини ҳукумати мо ҳуқуқи баробар доранд. Онҳо аз ин баробарӣ ба сӯи худхоҳӣ ва табъиз ва манфиаттлабӣ гурехтаанд. Дур бошанд аз раҳмати Худо! Ба Худо савганд, онҳо аз ситам нагурехтаанд ва ба адл рӯ наовардаанд.
وَ إِنَّا لَنَطْمَعُ فِي هَذَا الْأَمْرِ أَنْ يُذَلِّلَ اللَّهُ لَنَا صَعْبَهُ وَ يُسَهِّلَ لَنَا حَزْنَهُ إِنْ شَاءَ اللَّهُ وَ السَّلَام.
و ما اميدواريم كه در اين راه خداوند مشكلات را بر ما آسان سازد. و سختی‌ها را هموار ان شاء اللّه. و السلام

Аз номаҳои Имом Алӣ (а) ба "Саҳл ибни Ҳунайф", фармондори Мадина, дар бораи гурӯҳе, ки ба Муовия ҳамроҳ шуда буданд:

Аммо баъд, ба ман хабар расидааст, ки касоне аз қаламрави ту пинҳонӣ ба "Муовия" пайвастаанд. Бар ин миқдор, ки аз даст додаӣ ва аз ёрии онҳо бебаҳра мондаӣ, афсус махӯр.

Барои онҳо ҳамин гумроҳӣ бас, ки аз ҳидояти ҳақ ба сӯи кӯрдилӣ ва ҷаҳл шитофтаанд, ва ин барои ту манбаи оромиши хотир аст. Онҳо дунёпарастоне ҳастанд, ки бо суръат ба он рӯ овардаанд.

Дар ҳоле ки адолатро ба хубӣ дидаву шинохта ва гузориши онро шунидаанд ва ба хотир супурдаанд, ки ҳамаи мардум дар назди мо ва дар оини ҳукумати мо ҳуқуқи баробар доранд. Онҳо аз ин баробарӣ ба сӯи худхоҳӣ ва табъиз ва манфиаттлабӣ гурехтаанд. Дур бошанд аз раҳмати Худо! Ба Худо савганд, онҳо аз ситам нагурехтаанд ва ба адл рӯ наовардаанд.

Ва мо умевор ҳастем, ки дар ин роҳ Худованд мушкилиҳоро бар мо осон гардонад ва сахтиҳоро ҳамвор кунад, иншоаллоҳ. Вассалом.[12]

🌞
🔄


Эзоҳ

  1. Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373, саҳ.66; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157
  2. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳи Солеҳ, номаи 70, саҳ.461
  3. Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1373, саҳ.66; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157
  4. Барқӣ, Раҷалул-Барқӣ ат-табақот, 1342, саҳ.4
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157
  6. Ибни Майсам, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.225
  7. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.52
  8. Маҷлисӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға ал-муқтатаф мин биҳор-ил-анвор, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.307
  9. Абдуҳ, Наҳҷулбалоға, матбаат-ул-истиқома, ҷ.3, саҳ.144
  10. Файзулислом, Тарҷума ва шарҳи Наҳҷулбалоға, 1368, ҷ.5, саҳ.1071
  11. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳи Солеҳ, номаи 70, саҳ.461
  12. Макорим Шерозӣ, Тарҷумаи равон ва шарҳи фишордае бар Наҳҷулбалоға, ҳадаф, ҷ.3, саҳ.199

Сарчашма

  • Абдуҳ, Муҳаммад, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қоҳира, Матбаат-ул-истиқома, бито.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ лил-матбуот, чапи аввал, 1394 ҳ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Риҷол-ул-Барқӣ, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1342.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чапи аввал, 1404 ҳ.
  • Ибни Майсам, Майсам ибни Алӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Нашри китоб, 1404 ҳ.
  • Макорим Шерозӣ, Носир, Тарҷумаи равон ва шарҳи фишордае бар Наҳҷулбалоға, Қум, Ҳадаф, чапи аввал, бито.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Шарҳи Наҳҷулбалоға ал-муқтатаф мин биҳор-ил-анвор, тасҳеҳи Алӣ Ансориён ва Муртазо Ҳоҷалӣ Фард, Теҳрон, Возирати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1408 ҳ.
  • Сайид Рази, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, мусаҳҳиҳ: Субҳи Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чапи аввал, 1414 ҳ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тӯсӣ, тасҳеҳи Қиёмӣ Исфаҳонӣ, Ҷавод, Қум, Муассисатун-нашри исломӣ табеи ҷомеаи мударрисин дар Қуми муқаддаса, 1373.
  • Файзулислом, Алӣнақӣ, Тарҷума ва шарҳи Наҳҷулбалоға, 1368.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дор содир, бе то.