Ояти Инфоқ

Аз wikishia

Ояти Инфоқ (арабӣ: آیة الاِنفاق) (Бақара: 274) дар бораи инфоқ ва чигунагии амал ба он дар шароити мухталиф нозил шуд. Муфассирон шаъни нузули оятро дар мавриди инфоқи Имом Алӣ (а) донистаанд, ки чаҳор дирҳамро дар шабу рӯз ва ба сурати ошкору пинҳон инфоқ кард. Бархе муътақиданд, ки ин оят шомили ҳамаи касоне мешавад, ки тибқи он амал мекунанд.

Бахшиши гуноҳон, дурӣ аз азоб, оромиши виҷдон ва рафъи андӯҳ аз самароти инфоқ дар ин оят муаррифӣ шудааст.

Матн ва тарҷумаи оят

Ба ояти дусаду ҳафтоду чаҳоруми сураи Бақара ояти Инфоқ гуфта мешавад.[1] Бархе ин оятро ҷамъбандии чаҳордаҳ ояти пай дар пайи гузашта дар бораи инфоқ донистаанд.[2] Дар ин оят ба чигунагии инфоқ, подош[3] ва таъсири он дар оромиши инсонҳо пардохта[4] ва бар фазилати он дар шароити мухталиф ва дар тамоми замонҳо ишора мекунад.[5]

Ояти Инфоқ аз касоне ки ҳамвора ва дар ҳар шароите, амволи худро инфоқ мекунанд, ёд карда[6] ва ба иҳтимоми инфоқгарон дар шароити гуногун[7] ва тавваҷӯҳ ба осори дунявӣ ва ухравии инфоқ аз сӯи онон ишора мекунад.[8]

Шаъни нузул

Муфассирони шиа бо истинод ба ривоёт, шаъни нузули ояти Инфоқро дар бораи Имом Алӣ (а) донистаанд, ки чаҳор дирҳамро яке дар шаб, яке дар рӯз, яке ошкор ва дигареро дар пинҳонӣ инфоқ кард.[9]

Муфассирони аҳли суннат дар бораи шаъни нузули ояти Инфоқ ду назар додаанд; иддае аз онон шаъни нузули оятро танҳо дар мавриди Имом Алӣ (а) донистаанд.[10] Дастаи дуввум дар канори ишора ба шаъни нузули оят дар мавриди Имом Алӣ (а), аз эҳтимолоти дигаре чун инфоқи Абдурраҳмон ибни Авф[11] ва Абубакр[12] сухан гуфтаанд; чунонки ба Абдурраҳмон ибни Авф дар канори Амири муъминон Алӣ (а) ба унвони шахсе, ки дар рӯз инфоқ мекард ва Алӣ (а) дар шаб, ишора кардаанд[13] ва ё ҳар касе ки дар роҳи Худо[14] бидуни исроф ва табзир инфоқ мекунад[15] ва ҳатто касоне ки ба аспҳои ҷиҳодӣ дар роҳи Худо озуқа медиҳанд.[16]

Бархе низ баъд аз зикри эҳтимолоти мухталиф, дар шаъни нузули оят таваққуф карда, аз надонистани шаъни нузули хос барои он сухан гуфтаанд.[17]

Бархе аз муфассирон муътақиданд, ҳарчанд ин оят дар мавриди шахси хоссе нозил шудааст, аммо ҳукми он ихтисос ба мавриди хоссе надорад ва шомили ҳамаи касоне мешавад, ки дар инфоқ ин гуна амал кунанд;[18] ҳарчанд инфоқи Имом Алӣ (а) ба иллати сабқат дар ин масъала дорои фазилати бештаре аст.[19]

Тафсир

Инфоқ ба маънои бахшидани мол[20] ва бартараф кардани камбудҳои молӣ аст.[21] Дар ояти Инфоқ ба роҳҳои мухталифи инфоқи ишора шудааст; ба ин сурат, ки агар ниёзе ба изҳор набошад ба сурати махфиёна инфоқ шавад,[22] то каромати дарёфткунанда хадшадор нагардад[23] ва дар сурате, ки маслиҳатҳое ҳамчун тарғиби дигарон ва таъзими шаоир дар миён бошад, метавон ба сурати ошкоро инфоқ кард; ҳарчанд муқаддам доштани шаб бар рӯз ва инфоқи пинҳон бар инфоқи ошкор беҳтар аст.[24]

Дар ин оят, ҳамчунин, ба подоши инфоқ аз ҷумла бахшиши гуноҳон ва дурӣ аз азоб ишора шудааст. Бархе аз муфассирон муътақиданд, Худованд бо ин кор заминаро барои оромиши виҷдон ва рафъи андӯҳ фароҳам мекунад;[25] чароки мумкин аст бархе ба сабаби воҳима аз оянда ва ё тарси аз даст додани сарват, аз инфоқ худдорӣ кунанд; ба ҳамин хотир, инфоқкунандагонро касоне медонад, ки ваҳшате аз оянда надошта ва бо аз даст додани бахше аз дороии худ андӯҳгин нахоҳанд шуд;[26] ҳарчанд Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён[27] ва дигар муфассирон[28] манзур аз оятро надоштани тарсу ваҳшат дар қиёмат донистаанд.

Дурӣ аз андӯҳ,[29] доштани рӯҳияи инфоқ, оромиш ва амният аз паёмҳои ин оят дониста шудааст.[30]

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.337.
  2. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.428.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.667.
  4. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.323.
  5. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46.
  6. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545, Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.34.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.400.
  8. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.434.
  9. Барои намуна ниг.: Ибни Сулаймон, Тафсири Мақотили Ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225; Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.2, саҳ.357; Шаҳота, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1421ҳ.қ., саҳ.119; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.360.
  10. Шайбонӣ, Наҳҷ-ул-баён, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.352; Санъонӣ, Тафсири Абдурразоқ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118; Динаварӣ, ал-Возеҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.92; Воҳидӣ, ал-Ваҷиз, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191; Ҷурҷонӣ, Дарҷ-уд-дурар, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.365; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140.
  11. Мотуридӣ, Таъвилоту аҳл-ис-суннат, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.268; Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.701.
  12. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161; Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.701.
  13. Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1008м., ҷ.1, саҳ.492 - 493; Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.246; Бағавӣ, Тафсир-ул-Бағавӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.380.
  14. Мовердӣ, ан-Нукат ва-л-уюн, Бейрут, ҷ.1, саҳ.347.
  15. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.3, 347; Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.701.
  16. Барои намуна ниг.: Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.71; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.363.
  17. Мотуридӣ, Таъвилоту аҳл-ис-сунна, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.268.
  18. Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.360; Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.701; Самарқандӣ, Баҳр-ул-улум, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.667.
  20. Амид, Фарҳанги форсии Амид, 1360ҳ.ш., зайли вожаи инфоқ
  21. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.434.
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.360.
  23. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.430.
  24. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.71; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.361; Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.35.
  25. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.325.
  26. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.361.
  27. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.667.
  28. Мотуридӣ, Таъвилоту аҳл-ис-сунна, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.268, Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545.
  29. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.325.
  30. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.435.

Сарчашма

  • Абуҳаён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Китоб-ут-тафсир, таҳқиқи Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, мактабат-ул-илмият-ил-исломия, 1380ҳ.ш.
  • Амид, Ҳасан, Фарҳанги форсии Амид, Теҳрон, Амири Кабир, 1360ҳ.ш.
  • Бағавӣ, Ҳусайн ибни Масъуд, Тафсир-ул-Бағавӣ (Маъолим-ут-танзил), таҳқиқи Абдурразоқ Маҳдӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Ваҷиз фи тафсир-ил-китоб-ил-азиз, Бейрут, Дор-ул-қалам, 1415ҳ.қ.
  • Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Возеҳ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Карим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Сулаймон, Мақотил, Тафсири Мақотили Ибни Сулаймон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир фи илм-ит-тафсир, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Мовердӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ан-Нукат ва-л-уюну тафсир-ил-Мовардӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе то.
  • Мотуридӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таъвилоту аҳл-ис-сунна, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, Бейрут, маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, 1426ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Самарқандӣ, Наср ибни Муҳаммад, тафсири ас-Самарқандӣ ал-мусаммо баҳр-ул-улум, Бейрут, Дорулфикр, 1416ҳ.қ.
  • Санъонӣ, Абдурразоқ ибни Ҳамом, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азиз ал-мусаммо тафсиру Абдурразоқ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1411ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ (раҳ), 1404ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Арбад Урдун, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми Қуръон, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1394ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, муассисаи интишороти ҳиҷрат, 1376ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмон, Дарҷ-уд-дурар фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, Аммон, Дорулфикр, 1430ҳ.қ.
  • Шайбонӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Наҳҷ-ул-баён ан кашфи маъонӣ-л-Қуръон, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Қум, нашри Алҳодӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳота, Абдуллоҳ Маҳмуд, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Қоҳира, Доруғариб, 1421ҳ.қ.