Исмати имомон

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи исмати имомон аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми исмат ва исмати анбиё мадхалҳои Исмат ва Исмати пайғамбаронро бубинед.

Исмати имомон (форсӣ: عصمت امامان) покии имомони шиа аз ҳаргуна гуноҳу иштибоҳу фаромӯшӣ, ки аз дидгоҳи имомия ва ҳамчунин исмоилия аз шароити имомат ва сифоти имомон аст. Шиаёни исноашарӣ бар ин шарт ва сифат бар имомон иттифоқи назар доранд. Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, аимма (а) ҳамонтавр, ки дар рафтор маъсуманд, илми онҳо низ ҳақ ва дур аз хато аст.

Уламои шиа, ба оёти мутааддиде ҳамчун ояти Улуламр, ояти Татҳир ва ояти Ибтилои Иброҳим, ояти Содиқин, ояти Маваддат ва ояти Салавот, барои исботи исмати имомон истинод кардаанд.

Дар манобеи ривоӣ, ривоёти фаровоне дар ин замина нақл шудааст. Ҳадиси Сақалайн, ҳадиси Амон ва ҳадиси Сафина аз ҷумлаи ривоёте ҳастанд, ки дар исботи исмати имомон (а) мавриди истинод қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди далоили мутааддид бар исмати имомон, ваҳҳобиҳо ва Ибни Таймияи Ҳарронӣ пешвои салафия, онро инкор ва ишколоте бар он ворид кардаанд. Уламои шиа ба ҳамаи ишколот посух додаанд.

Дар бораи исмати имом ва имомон китобҳое навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз "Пажӯҳише дар шинохт ва исмати Имом", асари Ҷаъфари Субҳонӣ, "Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия то поёни қарни панҷуми ҳиҷрӣ", асари Муҳаммадҳусайни Фориёб ва "Исмати имомон аз дидгоҳи ақл ва ваҳй" аз Иброҳими Сафарзода.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Исмати имом ва далоили он, аз мабоҳиси муҳими қуръонӣ ва каломӣ шуморида шудааст.[1] Аз дидгоҳи шиаёни исноашарӣ, исмат аз шароит ва сифоти имомат ва исмати имомони шиа аз боварҳои асосии онон аст.[2] Ба нақли Аллома Маҷлисӣ, имомия иттифоқи назар доранд, ки имомон (а) аз ҳамаи гуноҳон, кабира ва сағира, чи қасдан ва чи саҳван ва ҳаргуна хатою иштибоҳ маъсум ҳастанд.[3] Гуфта шудааст, исмоилия низ исматро аз шароити имомат медонанд.[4] Дар муқобил, аҳли суннат исматро шарти имомат намедонанд;[5] зеро онҳо иҷмоъ доранд, ки хулафои сегона имом буданд, вале маъсум набуданд.[6] Онон ба ҷои исмат, адолатро шарт донистаанд.[7] Бо ин ҳол, Сибт ибни Ҷавзӣ, аз уламои аҳли суннати қарни ҳафтум, исмати имомро пазируфтааст.[8] Ваҳҳобиҳо низ исмати имом ва имомони шиаро қабул надоранд ва онро махсуси пайғамбарон медонанд.[9] Ба нақли Ибни Абилҳадиди мӯътазилӣ, Абумуҳаммад Ҳасан ибни Аҳмад ибни Маттавайҳ, мутакаллими мӯътазилии қарни панҷуми қамарӣ, бо ин ки исматро шарти имомат намедонист, аммо бар исмати Алӣ (а) тасреҳ карда, онро назари мактаби мӯътазила донистааст.[10]

Ба гуфтам Оятуллоҳ Субҳонӣ, ин ихтилофи назар аз эътиқоди ду гурӯҳи шиа ва аҳли суннат дар бораи имомат ва хилофати Пайғамбар сарчашма мегирад. Аз дидгоҳи шиаён, имомат, монанди набувват, мақому мансаби Илоҳӣ аст ва Худованд бояд мутасаддии онро таъйин кунад,[11] вале аз назари аҳли суннат, имомат як мансаби урфӣ[12] ва имом баргузидаи мардум ва илму адолати ӯ дар сатҳи мардум аст ва аз ҷониби Худо таъйин намешавад.[13]

Исмати имомон (а)-ро яке аз мабонии каломии илми усули фиқҳи шиа донистаанд; зеро бо исботи исмати имомон, суннати имом (гуфтор, кирдор, тақрир) дар усули фиқҳ ба унвони яке аз манобеи истинбот ба расмият шинохта мешавад, аммо дар сурате, ки исмати имомон исбот нашавад, наметавон аз суннати онон дар истинботи аҳкоми шаръӣ истифода кард.[14] Ҳамчунин гуфта шудааст, аз назари уламои шиа меъёри ҳуҷҷияти иҷмоъ, исмати имом аст; зеро аз назари онон, имом ҷонишини Пайғамбар (с) ва ҳамонанди ӯ маъсум аст ва иҷмоъ, аз он ҷиҳат, ки кашфкунандаи қавли маъсум аст, ҳуҷҷат аст. Дар муқобил, усулиёни аҳли суннат, исмати умматро меъёри ҳуҷҷияти иҷмоъ донистаанд.[15]

Исмати имом ва имомон (а) дар Қуръон ба сароҳат наёмадааст, аммо уламои шиа, оёте ҳамчун ояти Улуламр,[16] ояти Татҳир,[17] ояти Ибтилои Иброҳимро[18] ба исмати имом ё имомон тафсир кардаанд, аммо дар манобеи ривоӣ, аҳодиси фаровоне дар бораи исмати имомон нақл шудааст.[19]

«Аз хонадони мо, ҷуз маъсум наметавонад имом бошад ва исмат амре нест, ки дар зоҳири шахс ва қобил шинохт бошад. Аз ин рӯ, маъсум бояд мансус ва мутаъайян [аз сӯи Худо] бошад. Арз шуд: эй фарзанди Расули Худо! Маънои маъсум чист? Ҳазрат фармуд: маъсум касе аст, ки ба ресмони Илоҳӣ чанг занад. Ресмони Илоҳӣ ҳамон Қуръон аст ва ин ду [маъсум ва Қуръон] то рӯзи қиёмат аз ҳам ҷудо намешаванд. Имом ба сӯи Қуръон раҳнамун мешавад ва қуръон ба сӯи эмом.»

Садуқ, Маъони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.132

Мафҳумшиносӣ

Исмати имомон ба маънои маҳфуз будани онон аз ҳаргуна гуноҳу хатост.[20] Исмат дар истилоҳи мутакаллимон ва ҳукамои мусулмон маънои луғавии ҳифз ва боздоштанро дарбар дорад,[21] аммо бар асоси мабонӣ ва усули онҳо, таърифҳои мухталифе аз исмат ироа шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Таърифи мутакаллимон: мутакаллимони адлия (имомия[22] ва мӯътазила[23]) исматро бар асоси лутф таъриф кардаанд.[24] Бар ин асос, исмат иборат аст аз лутфе, ки Худо ба бандаи худ ато мекунад ва ӯ ба воситаи он, кори қабеҳ ё гуноҳ анҷом намедиҳад.[25] Ашоира исматро ба наёфаридни гуноҳ дар шахси маъсум аз сӯи Худо таъриф кардаанд.[26]
  • Таърифи файласуфон: ҳукамои мусулмон, исматро ба малакаи нафсоние[Ёддошт 1] таъриф кардаанд, ки бо вуҷуди он аз соҳиби исмат, гуноҳе сар намезанад.[27] Гуфта шудааст, ин таъриф бар асоси мабонӣ ва усули ҳукамо дар боби тавҳиди афъолӣ аст, ки афъоли инсонро аз тариқи нафси мухтори инсон, ба Худованд нисбат медиҳанд.[28]
Ояти Татҳир тиллокорӣ шуда, асари Абдурасули Ёқутӣ

Исмат ба лиҳози сохтори сарфӣ, исми масдари калимаи «عصم»(«ъасама») аст[29] ки дар луғат ба маънои нигаҳ доштан ва боздоштан аст.[30] Калимаи исмат дар Қуръон ба кор нарафтааст, аммо ҳамхонаводаҳои он, 13 бор дар Қуръон ва ба маънои луғавӣ истеъмол шудааст.[31]

Густара

Уламои имомия бар ин боваранд, ки имомони шиа ҳамчун пайғамбарон, аз ҳаргуна гуноҳи кабираю сағира, чи қасдан ва чи аз рӯи саҳву фаромӯшӣ, ва аз ҳаргуна хатову иштибоҳ маъсум ва масунанд.[32] Аз назари онон, имомон (а) дар тамоми тӯли умр, пеш ва баъд аз имомат, маъсуманд.[33] Файёзи Лоҳиҷӣ, афзун бар исмат аз гуноҳу хато, исмат аз уюби ҷисмонӣ, равонӣ, ақлонӣ ва нисбиро дар имом шарт дониста ва бар он аст, ки имом набояд ба бемориҳои ҷисмонии музмин ё нафратовар, монанди ҷузом, гунгӣ, ё айбҳои нафсоние монанди бухл, хасис будан ва хушунат, ё ақлонӣ монанди девонагӣ, нодонӣ, фаромӯшӣ ва айбҳои нисбӣ мубтало бошад. Далели ӯ ин аст, ки ин камбудиҳо сабаби нафрат ва берағбатии мардум ба имомон (а) мешавад ва бо вуҷуби итоат аз онҳо носозгор аст.[34]

Шайхи Муфид, тарки амри мустаҳаб аз имом аз рӯйи саҳвро ақлан ҷоиз донистааст, аммо мӯътақид аст, имомон дар тӯли зиндагонии худ ҳеҷ мустаҳаберо тарк накарданд.[35]

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ исматро бар ду навъи амалӣ ва илмӣ тақсим карда, имомон (а)-ро ҷомеъи ҳар ду навъ донистааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамон тавр ки рафтори имомон мутобиқ бо ҳақ аст, илми онҳо низ ҳақ ва бархоста аз мабдае аст, ки ҳеҷ гуна иштибоҳ ва саҳву фаромӯшие дар он роҳ надорад.[36] Аз назари вай, ҳар касе ба марҳалаи исмати илмӣ ноил шавад, аз васвасаҳои шайтон маҳфуз аст ва шайтон наметавонад дар андешаи ӯ дахлу тасарруфе кунад.[37]

Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, каломпажӯҳ, исмати амалиро ҳамон исмат аз гуноҳ ва исмати илмиро дорои маротиби зайл донистааст:

  • Исмат дар шинохти аҳкоми Илоҳӣ;
  • Исмат дар шинохти мавзуоти аҳкоми Илоҳӣ;
  • Исмат дар ташхиси масолеҳ ва мафосиди умури марбут ба раҳбарии ҷомеъа;
  • Исмат дар умури марбут ба зиндагии оддӣ, новобаста аз масоили шахсӣ ва иҷтимоӣ.[38]
  • Аз назари вай, имомони шиа ҳамаи ин маротибро доро ҳастанд.[39]

Далоили ақлии исботи исмат

Далоили ақлии мутааддиде барои исботи исмати имом аз сӯи уламои шиа иқома шудааст, ки бархе аз онҳо ба баёни зер аст:

  • Бурҳони имтиноъи тасалсул: Агар имом, маъсум набошад бояд имоми дигаре бошад то ӯро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ ва хатояшро ислоҳ кунад, пас он имоми дигар, имом асту маъсум. Агар ӯ ҳам маъсум набошад, имоми сеюм лозим аст ва агар ба ҳамин тартиб идома ёбад, тасалсул рух медиҳад ки маҳол аст; магари он ки ба имоме хатм шавад, ки маъсум бошаду хато аз ӯ сар назанад.[40]
  • Бурҳони вуҷуби итоат аз имом: Агар хатое аз имом сар бизанад, табаррӣ ҷустан аз вай лозим ва итоати ӯ ҳаром аст ва ин бо ояти улуламр ки ба итоату фармонбардорӣ аз имом дастур дода дар тазод аст, пас имом бояд маъсум бошад.[41]
  • Бурҳони нақзи ғараз: Ҳадаф аз насбу таъйини имом ин аст, ки уммат дар корҳояшон аз вай пайравӣ кунанд ва агар имом маъсум набошаду гуноҳу хатое аз вай сар бизанад, ин ҳадаф нақз мешавад.[42]
  • Бурҳони таназзули дараҷа: Агар аз имом гуноҳ сар бизанад, дараҷаву мақомаш аз дигар гунаҳкорон поинтар меояд; чун маърифаташ дар бораи Худо ва шариат бештар ва ақлаш комилтар ва ба ҳамин ҷиҳат иқобаш шадидтар мешавад ва ин маворид дар ҳаққи имом ботил аст.[43]

Далоили ақлӣ, асли исмати имомро бидуни тавваҷӯҳ ва ишора ба масодиқи имом исбот мекунанд. Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, тамоми далоили ақлие ки барои исмати пайғамбар ироа шудааст, ҳамчун таҳаққуқи аҳдофи беъсат ва ҷалби эътимоди мардум, дар мавриди исмати имом низ матраҳ аст. Аз назари ӯ, маъсум будани имом, лозимаи мактабе (мактаби шиа) аст, ки мақоми имоматро идомадиҳанда вазоифи рисолат ва набуввати Пайғамбар (с) талаққӣ мекунад. Идомаи чунин вазоифе бидуни исмати имомон, мумкин нест.[44]

Истинод ба оятҳои Қуръон

Барои исботи исмати имомон ба оёте аз ҷумла ояти Ибтилои Иброҳим, ояти Улуламр, ояти Татҳир, ояти Содиқин,[45] ояти Маваддат,[46] ва ояти Салавот[47] истинод шудааст.

Ояти Ибтилои Иброҳим

Мақолаи аслӣ: Ояти Ибтилои Иброҳим

«وَ إِذِ ابْتَلی إِبراهیمَ رَبُّه بِکلماتٍ فَأتَمَّهُنَّ قالَ إِنّی جاعِلُک لِلنّاسِ إِماماً قالَ وَمِنْ ذُرّیتی قالَ لاینالُ عَهدی الظّالِمینَ; Ҳангоме ки Худованд, Иброҳим (а)-ро бо васоили гуногуне имтиҳон намуд [ва ӯ ба хубӣ аз ӯҳдаи имтиҳон баромад]; Худованд ба ӯ фармуд: Ман туро имоми мардум қарор додам. Иброҳим (а) гуфт: аз фарзандони ман] низ [имомоне қарор деҳ]. Худованд фармуд: паймони Ман ба ситамкорон намерасад!»[48]

Дар истидлол ба ояти Ибтило гуфта шудаас, умумияти «ло янолу аҳдӣ-з-золимин» далолат дорад касе ки ба ҳар наҳве, замоне золим будааст, имомат шомили ҳоли ӯ намешавад. Бинобар ин оят бар исмати имом ҳини имомат ва пеш аз он далолат дорад.[49] Фозили Миқдод истидлол ба оятро ин гуна баён кардааст: 1- ғайри маъсум золим аст; 2- золим салоҳияти имоматро надорад; 3- ғайри маъсум барои имомат шоистагӣ надорад. 4- Бинобар ин, имом бояд маъсум бошад.[50] Уламои шиа мурод аз «аҳдӣ»(паймони Ман)-ро имомат донистаанд.[51]

Ояти Улуламр

Мақолаи аслӣ: Ояти Улуламр

«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ......; Эй касоне ки имон овардаед, Худоро итоат кунед, Пайғамбар ва улуламри худро [низ] итоат кунед!»[52]

Уламои шиа дар истинод ба ояти Улуламр гуфтаанд: 1- дар оят бидуни ҳеҷ қайду шарте ба итоат аз Улуламр дастур дода шудааст. 2 - Чунин дастуре далолат бар исмати улулаламр дорад; зеро агар улуламр маъсум набуда, дучори гуноҳ ё хато мешуданд, ҳикмат ва адолати Худо иқтизо мекард, ки ба сурати мутлақ ба итоат аз онон амр накунад.[53] Шиаён, бар асоси ривоёт[54] муътақиданд, мурод аз улуламр, имомони шиа (а) ҳастанд.[55]

Ояти Татҳир

Мақолаи аслӣ: Ояти Татҳир

«إِنَّمَا یُرِیدُ اللهُ لِیُذْهِبَ عَنْکُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَیتِ وَ یُطَهِّرَکُمْ تَطْهِیراً; Бегумон, Худо ирода кардааст, то олӯдагиро аз шумо Аҳли Байти [Пайғамбар] бизудояд ва шуморо поку покиза гирдонад!»[56]

Бар ин оят низ бар исмати имомон (а) истинод шудааст.[57] Бархе истидлол ба ин оятро чунин тақрир кардаанд:

1- Мурод аз Аҳли Байт (а) дар ояти Татҳир, панҷтани Оли Або ҳастанд.

2- Ин оят аз иродаи Худованд ба аз байни бурдани риҷс аз Аҳли Байт (а) хабар додааст.

3 - Худованд афзун бар иродаи аз байн бурдани риҷс, таҳаққуқи ин феълро низ дар назар дошт; зеро оят дар мақоми мадҳ ва манқабати Аҳли Байт (а) аст. (Иродаи таквинии Худо)

4 - Аз байн бурдани риҷсу палидӣ аз Аҳли Байт (а), ба маънои исмати онҳост.[58]

Бар асоси ривоёти фаровони нақлшуда аз шиа[59] ва аҳли суннат,[60] ояти Татҳир дар шаъни Асҳоби Кисо нозил шудааст. Аз ин рӯ, мурод аз Аҳли Байт (а) дар оят, панҷтан ҳастанд.[61]

Истинод ба ривоёт

Аҳодиси фаровоне монанди ҳадиси Сақалайн ва ҳадиси Сафина дар исботи исмати имомон (а) аз тариқи саҳоба ва имомон (а) нақл шудааст.[62] Бархе аз аҳодиси набавии мавриди истиноди шиаён аз ин қарор аст:

عَنْ عَبْدِ الله بْنِ عَبَّاسٍ قَالَ سَمِعْتُ رَسُولَ الله ص يَقُولُ: «أَنَا وَ عَلِيٌّ وَ الْحَسَنُ وَ الْحُسَيْنُ وَ تِسْعَةٌ مِنْ وُلْدِ الْحُسَيْنِ مُطَهَّرُونَ مَعْصُومُون؛
Пайғамбар (с) фармуд: ман, Алӣ, Ҳасан, Ҳусайн ва нӯҳ тан аз фарзандони Ҳусайн, пок ва маъсум ҳастем!»
Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.19


Ҳадиси Сақалайн

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Сақалайн

Ин ҳадис бо тасреҳ ба ҷудо набудани Қуръон ва Аҳли Байт (а) дар иборати «لَنْ يَفْتَرِقَا حَتَّي يَرِدَا عَلَيَّ الْحَوْض», бар исмати Аҳли Байт далолат дорад; зеро ҳар гуна гуноҳ ё хато аз онҳо, боиси ҷудоии онон аз Қуръон хоҳад шуд.[63] Ҳамчунин Расули Худо (с) дар ин ҳадис тасреҳ кардааст, ки ҳар кас ба Қуръон ва Аҳли Байт (а) тамассук кунад, ҳаргиз гумроҳ намешавад. Ин иборат низ бар исмати Аҳли Байт далолат дорад; зеро агар онҳо маъсум набуданд, тамассук ва пайравии мутлақ аз онҳо мӯҷиби гумроҳӣ мешуд.[64] Ба иборати дигар, ин ҳадис далолат бар вуҷуби итоат аз Аҳли Байт дорад ва вуҷуби итоат аз онҳо, бар исмати онҳо далолат дорад.[65]

Дар ривоёти шиа, Аҳли Байт дар ҳадиси Сақалайн ба имомони шиа тафсир шудааст.[66] Бархе аз аҳли суннат,[67] мурод аз Аҳли Байтро Асҳоби Кисо ва баъзе[68] мисдоқи боризи онро Имом Алӣ (а) донистаанд.

Бархе аз мутакаллимини шиа, ҳадиси Сақалайнро мутавотир шуморида, мӯътақиданд дар сиҳҳат ва дурустии он шакку тардиде нест.[69] Бархе онро мутавотири маънавӣ шуморидаанд.[70]

Ҳадиси Амон

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Амон

Ҳадиси Амон, ҳадиси маъруфе аз Пайғамбари Ислом (с) ки аз тариқи шиа[71] ва аҳли суннат[72] нақл шудааст ва бо андаке ихтилоф чунин аст: «النُّجُومُ أَمَانٌ لِأَهْلِ السَّمَاءِ وَ أَهْلُ بَيْتِی أَمَانٌ لِأُمَّتِی; Ситорагон, амони аҳли осмон ҳастанд ва Аҳли Байти ман амони умматам!»

Дар истидлол ба ин ҳадис гуфта шудааст, Расули Худо (с), Аҳли Байти худро ба ситорагон ташбеҳ ва онҳоро мӯҷиби амнияти уммат ё аҳли замин муаррифӣ кардааст. Ин сухани Пайғамбар (с) ки Аҳли Байтро бидуни ҳеҷ қайду шарте, ситорагони ҳидоят ва мояи амнияти уммат аз ихтилофу залолат донистааст, далолат бар исмати Аҳли Байт дорад; зеро бидуни исмат, чунин чизе имконпазир нест.[73]

Дар ривояти манқул дар китоби «Кифоят-ул-асар», Аҳли Байт (а) ба имомон (а) тафсир ва ба маъсум будани онҳо тасреҳ шудааст.[74] Ҳокими Нишобурӣ, аз муҳаддисони аҳли суннат дар қарни чаҳоруми қамарӣ, ҳадиси Амонро саҳеҳуссанад донистааст.[75]

Ҳадиси Сафина

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Сафина

Ҳадиси машҳури Сафина дар манобеи мутааддиди шиа[76] ва аҳли суннат[77] бо андак ихтилофе аз Пайғамбари Акрам (с) чунин нақл шудааст: «إِنَّمَا مَثَلُ أَهْلِ بَیتِی فِیکُمْ کَمَثَلِ سَفِینَةِ نُوحٍ مَنْ رَکِبَهَا نَجَی وَ مَنْ تَخَلَّفَ عَنْهَا غَرِقَ; Ба ростӣ масали Аҳли Байти Ман дар миёни шумо масали киштии Нӯҳ аст, ҳар кас ба ин киштӣ савор шавад, наҷот меёбад ва ҳар кас ҷо бимонад, ғарқ мешавад!» Бархе ин ҳадисро мутавотир донистаанд.[78] Ҳокими Нишобурӣ низ онро саҳеҳ шуморидааст.[79]

Мирҳомид Ҳусайни Ҳиндӣ дар истидлол ба ин ҳадис гуфтааст, агар киштии Аҳли Байт (а), мардумро наҷот медиҳад ва тахаллуф аз он, боиси ғарқ шудану гумроҳист, ба тариқи авло худи Аҳли Байт бояд аз гумроҳӣ маҳфуз бошанд. Дар ғайри ин сурат, дастури беқайду шарт ба пайравӣ аз онон ва савор шудан бар киштии онҳо, мӯҷиби гумроҳист. Ва маҳол аст Худо ва Расули Худо (с) дастуре диҳанд, ки мӯҷиби гумроҳии мардум шавад.[80]

Мисдоқи Аҳли Байт (а) дар ҳадиси Сафина, имомони дувоздаҳгона ҳастанд.[81] Абдурауф Миновӣ, аз уламои шофеимазҳаби қарни даҳум ва ёздаҳуми қамарӣ, мисдоқи Аҳли Байт (а)-ро имомон ва ҳазрати Фотима (с) донистааст.[82]

Маншаи бовар ба исмат

Бархе аз мухолифони исмати имомон, мӯътақиданд, дар садри Ислом чунин ақидае вуҷуд надошт ва баъдҳо ба вуҷуд омад. Барои намуна Ибни Таймия бар он аст, ки бовар ба исмати имом аз Абдуллоҳ ибни Сабаъ сарчашма гирифта ва бидъати ӯ будааст.[83] Аз назари Носир ал-Қифорӣ низ нахустин бор Ҳишом ибни Ҳакам чунин ақидаеро ба вуҷуд овард.[84] Сайид Ҳусайн Мударрисии Таботабоӣ, пажӯҳишгари шиъӣ ва эронии улуми исломӣ, дар китоби "Мактаб дар фароянди такомул", низ маншаи андешаи исматро Ҳишом ибни Ҳакам донистааст.[85]

Носир ал-Қифорӣ, аз ваҳҳобиюн, бо вуҷуди мухолифату инод бо шиа, интисоби андешаи исмат ба Абдуллоҳ ибни Сабаъро ба лиҳози торихӣ нодуруст шуморида, гуфтааст, ман бо татаббуъи худам, чунин каломе аз ӯ наёфтам.[86] Исмати имомон ва асли калимаи исмат аз ибдоъоти Ҳишом ибни Ҳакам низ набудааст; зеро дар ривоёти фаровоне аз Пайғамбар (с) ва имомон (а) бар исмати имомон (а) тасреҳ шудааст.[87] Барои намуна, Имом Алӣ (а) дар ривояте, исматро аз аломатҳои имом баён кардааст.[88] Имом Саҷҷод (а) дар ривояте аз падараш Имом Ҳусайн (а) нақл кардааст, ки Пайғамбари Ислом (с), имомон (а)-ро маъсум муаррифӣ кардааст.[89] Дар манобеи аҳли суннат низ Абдуллоҳ ибни Аббос аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки ман, Алӣ, Ҳасан ва Ҳусайн ва нуҳ нафар аз фарзандони Ҳусайн, пок ва маъсум ҳастем.[90]

Исмати имомон ва ғулув

Носир ал-Қифорӣ, аз муҳаққиқони ваҳобии аҳли Арабистон ва бархе дигар[91], маъсум донистани Аҳли Байтро ғулув донистаанд.[92] Шиаён мӯътақиданд, аҳли ғулув касе аст, ки дар тавсифи фазоили Аҳли Байт (а) аз эътидол хориҷ шуда, онҳоро аз мақоми убудийяту бандагӣ фаротар бибарад ва сифоти хосси Худовандро ба онҳо нисбат диҳад. Аммо шиаён чунин эътиқоде нисбат ба Аҳли Байт надоранд.[93] Шиаён мӯътақиданд, исмат монанди сифоти камолии дигар, биззот аз они Худост, аммо Худо гурӯҳе аз бандагони худро, ки ҳидоятгар ҳастандро кӯмак дар исмат кардааст. Бинобар ин, дар айни махсуси Худо будани исмат, монеъе нест, ки гурӯҳе аз бандагон низ дорои ин сифат бошанд; чунонки ҳамаи мусулмонон Пайғамбари Ислом (с)-ро маъсум медонанд.[94]

Исмат ва рафтору гуфтори имомон

Китоби Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия то поёни қарни панҷуми ҳиҷрӣ, асари Муҳаммадҳусайни Фориёб.

Бархе аз суханони имомони шиаро носозгор бо исмати онҳо донистаанд. Аз ҷумла ин сухани Имом Алӣ (а) ки хитоб ба ёронаш фармуд: «فَلَا تَکُفُّوا عَنِّی مَقَالَةً بِحَقٍّ أَوْ مَشُورَةً بِعَدْلٍ فَإِنِّی لَسْتُ فِی نَفْسِـی بِفَوْقِ مَا أَنْ أُخْطِئَ وَ لَا آمَنُ ذَلِکَ مِنْ فِعْلِی إِلَّا أَنْ یَکْفِیَ اللهُ مِنْ نَفْسِی..; Аз гуфтани ҳақ ва машварати одилона худдорӣ накунед. Ба ростӣ ман на бартар аз онам, ки хато кунам ва на дар кори хеш аз хато эминам, магар ин ки Худо маро ҳифз кунад...».[95] Иддае ҳамчун Шаҳобиддини Олусӣ, фақеҳ ва муфассири шофеимазҳаб, Аҳмад Амини Мисрӣ, Абдулазизи Деҳлавӣ, аз уламои салафии аҳли Ҳинд ва Носир ал-Қифорӣ ин ривоятро носозгор бо исмати Имом Алӣ (а) ва имомон ва аз далоили инкори исмати имомон (а) шумурдаанд.[96]

Аллома Маҷлисӣ[97] ва Муллосолеҳи Мозандаронӣ,[98] иборати имомро ба тавозуъи ӯ барои тарғиби ёрони худ ба инъитофпазирӣ дар пазириши ҳақ ва иқрор ба ин ки исмат аз лутфу марҳамати Илоҳӣ аст, тафсир кардаанд. Онҳо сухани Имомро мушобеҳи ин сухани ҳазрати Юсуф (а) донистаанд: «وَ ما أُبَرِّئُ نَفْسی إِنَّ النَّفْسَ لَأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ إِلاَّ ما رَحِمَ رَبِّی; Ва ман нафси худро табраъа намекунам, чароки нафс қатъан ба бадӣ амр мекунад, магар касеро ки Худо раҳм кунад!»[99]

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, ҷумлаи «فَإِنِّی لَسْتُ فِی نَفْسِـی بِفَوْقِ مَا أَنْ أُخْطِئَ» ки дастовези мухолифони исмат қарор гирифтааст, бо иборати «إِلَّا أَنْ یَکْفِیَ اللهُ مِنْ نَفْسِی» тафсир мешавад. Имом дар ҷумлаи нахуст мегӯяд ман ба унвони як инсон, эмин аз хато нестам, аммо бо ҷумлаи дувум мефаҳмонад, ки мавриди ҳифзу ҳимояти Илоҳӣ аст ва як инсони оддӣ нест. Афзун бар ин, Имом дар мақоми таълиму тарбияти асҳоби хеш аст ва ба онҳо меомӯзад, ки дар ҳар лаҳза эҳтимоли хато вуҷуд дорад ва худро аз рӯи тавозуъ дар зумраи онон қарор медиҳад.[100]

Эътироф ба гуноҳ ва истиғфори имомон (а)

Мақолаи аслӣ: Истиғфори маъсумон

Мухолифони исмат, эътирофи имомони шиа ба гуноҳ ва истиғфори ононро носозгор бо исмати онҳо донистаанд.[101] Аз Пайғамбар (с) низ истиғфор ва тавба нақл шудааст, аз ҷумла, тибқи ривоёт, Пайғамбар, рӯзе, ҳафтод бор истиғфор мекард.[102]

Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Маҷлисӣ[103] истиғфори имомон (а) барои омӯзиши ровиён ва мардум буд, на ба ҷиҳати иртикоби гуноҳ; чунонки бархе аз аҳли суннат[104] дар тавҷеҳи истиғфори Пайғамбар (с) чунин гуфтаанд. Иддае эътироф ба гуноҳ ва истиғфори имомон (а)-ро аз боби «حَسَنَاتُ الْأَبْرَارِ سَيِّئَاتُ الْمُقَرَّبِينَ; корҳои неки хубон барои муқаррабони даргоҳи Худо, саййиа (нописанд) маҳсуб мешавад» дониста, гуфтаанд, имомон ба хотири мақомоти болояшон, ҳаргоҳ ба ҷиҳати масолеҳи мардум аз он мақомот таназзул мекарданд ва ба умури дунявӣ машғул мешуданд, худро гуноҳкор шуморида ва истиғфор мекарданд.[105] Ҷумлаи манқул аз Пайғамбар «إِنَّهُ لَيُغَانُ‏ عَلَى قَلْبِی وَ إِنِّی لَأَسْتَغْفِرُ الله کُلَّ یَومٍ سَبْعِينَ مَرَّةً; Гоҳе қалбамро зангор мегирад ва ҳар рӯз ҳафтод маротиба истиғфор мекунам»-ро низ ишора ба ҳамин матлаб донистаанд.[106]

Бархе аз муҳаққиқон, муҳимтарин иллати тавба ва истиғфори Пайғамбар (с) ва имомон (а)-ро ҳамин тавваҷӯҳ ба ғайри Худо ба сабаби зиндагӣ дар ин дунё донистаанд.[107] Аз назари Аллома Маҷлисӣ чун маърифати маъсумон нисбат ба Худо дар болотарин дараҷа аст ва онҳо ғарқ дар зоти Илоҳӣ ҳастанд, ҳангоме, ки ба аъмоли худ менигаранд, онҳоро дар баробари азамати Илоҳӣ бисёр кучак ва маъсият мешуморанд ва ба даргоҳи Худо тавбаю истиғфор мекунанд.[108]

Ҳамчунин дар тавҷеҳи истиғфори имомон (а) гуфта шудааст, истиғфори онон ҷанбаи пешгирӣ аз гуноҳ дорад. Истиғфори инсонҳои оддӣ ҷиҳати бахшида шудани гуноҳон ва лағзишҳое аст, ки муртакиб шудаанд, аммо истиғфори имомон барои тарс аз маъсият ва пешгирӣ аз иртикоби он аст.[109]

Китобшиносӣ

Дар бораи исмати имом ва исмати имомон китобҳо ва мақолоти мутааддиде мунташир шудааст, ки бархе аз китобҳо иборатанд аз:

  • Пажӯҳише дар шинохт ва исмати имом, Ҷаъфари Субҳонӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломии остони Қудси Разавӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия то поёни қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Муҳаммадҳусайни Фориёб, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи аввал 1390ҳ.ш.
  • Исмати имомон аз дидгоҳи ақл ва ваҳй, Иброҳим Сафарзода, Қум, Зоири остонаи муқаддаса, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Далоили исмати имом аз дидгоҳи ақл ва нақл, Ҳуҷҷат Манганачӣ, Теҳрон, нашри Машъар, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Имомат ва исмати имомон дар Қуръон, Ризо Кордон, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Қуръон ва исмати Аҳли Байт (а), Алиризо Азимифар, Қум, Меҳри Амирулмуъминин (а), чопи аввал, 1389ҳ.ш.

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.239.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, ал-Иқтисод фимо ятаъаллақу би-л-эътиқод, 1496ҳ.қ., саҳ.305; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.184; Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон, 1372ҳ.ш., саҳ.114, Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.116.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.209, 350 ва 351.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.184; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351.
  5. Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.15, саҳ.251, 255 ва 256 ва ҷ.20, бахши аввал, саҳ.26, 84, 95, 98, 215 ва 323; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.249.
  6. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.249.
  7. Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.20, бахши аввал, саҳ.201; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.350; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.243 - 246.
  8. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, ҷ.2, саҳ.519.
  9. Нигоҳ кунед ба Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.429 ва ҷ.3, саҳ.381; Ибни Абдулваҳҳоб, Рисолатун фи-р-радди ала-р-рофиза, Риёз, саҳ.28; Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.775.
  10. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.376 ва 377.
  11. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.244 ва 245; низ нигоҳ кунед ба Бозелӣ, “Илоҳӣ будани мансаби имомат”, саҳ.9 - 45.
  12. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.239.
  13. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.239 - 242.
  14. Мубаллиғӣ, “Мабонии каломии усул ва баҳрагирӣ аз он дар нигоҳ ва равиши имом Хумайнӣ”, саҳ.149.
  15. Зиёифар, “Таъсири дидгоҳҳои каломӣ бар усули фиқҳ”, саҳ.323.
  16. Нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.113 ва 114; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.391.
  17. Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.134; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.646; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.125.
  18. Нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.139; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.449; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.332 ва 333; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.220.
  19. Барои намуна нигоҳ кунед ба Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.132 ва 133; Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.16 - 19, 29, 36 - 38, 45, 76, 99 ва 100 - 104; Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), 1424ҳ.қ., саҳ.154 ва 155; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.665 - 675.
  20. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.249.
  21. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.214.
  22. Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.128; Сайиди Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326; Аллома Ҳиллӣ, Боб ал-ҳодиашар, 1365ҳ.ш., саҳ.9.
  23. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.529; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.312 ва 313.
  24. Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.242; Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.215.
  25. Сайиди Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326; Аллома Ҳиллӣ, Боб ал-ҳодиашар, 1365ҳ.ш., саҳ.9; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.243.
  26. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.280; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.312 ва 313.
  27. Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.369; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.281; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.162; Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1385ҳ.ш., саҳ.197; Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.285 ва 286.
  28. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.216.
  29. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, 1402ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.154.
  30. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, мактабатул эъломил-исломӣ, ҷ.4, саҳ.331; Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Дору қалам, саҳ.569; Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.1986; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Дорусодир, ҷ.12, саҳ.403 ва 404.
  31. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.3.
  32. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.129; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.164; Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон, 1372ҳ.ш., саҳ.115; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.209, 350 ва 351.
  33. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.164; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.209, 350 ва 351.
  34. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.468 ва 469; Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон, 1372ҳ.ш., саҳ.115.
  35. Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.129 ва 130.
  36. Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1385ҳ.ш., саҳ.198 ва 199.
  37. Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1385ҳ.ш., саҳ.200.
  38. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.220.
  39. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.220.
  40. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.184; Шаъронӣ, Шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.510
  41. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.185
  42. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.185
  43. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.185; Шаъронӣ, Шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.511
  44. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.251.
  45. Нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.196; Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.274 - 280.
  46. Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.664 ва 665.
  47. Раббонии Гулпойгонӣ, “Афзалият ва исмати Аҳли Байт (а) дар оят ва ривоёти салавот”, саҳ.9 - 26.
  48. Сураи Бақара, ояти 124.
  49. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.220.
  50. Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.332.
  51. Барои намуна нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.139; Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.449; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.332; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.220.
  52. Сураи Нисо, ояти 59.
  53. Нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.113 ва 114; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.221.
  54. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.276, ҳадиси 1; Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.253; Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.53 ва 54; Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.109 - 115.
  55. Барои намуна нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.109.
  56. Сураи Аҳзоб, ояти 33.
  57. Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.134 ва 135; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.646 ва 647; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.125; Ҳамуд, ал-Фавоид-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.92 ва 93.
  58. Фориёб, Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия, 1390ҳ.ш, саҳ.335 ва 336.
  59. Барои намуна нигоҳ кунед ба Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.193 - 211. Дар ин манбаъ 34 ривоят аз манобеи шиа нақл шудааст.
  60. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муслими Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.1883, ҳадиси 61; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.351, ҳадиси 3205 ва саҳ.352, ҳадиси 3206 ва саҳ.663, ҳадиси 3787. Сайидҳошим Баҳронӣ дар китоби Ғоят-ул-маром, 41 ривоят аз аҳли суннат дар ин бора нақл кардааст. Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.173 - 192.
  61. Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.193; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.311 ва 312; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.387 - 392.
  62. Барои намуна нигоҳ кунед ба Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.16 - 19, 29, 36 - 38, 45, 76, 99 ва 100 - 104; Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), 1424ҳ.қ., саҳ.154 ва 155; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.665 - 673.
  63. Нигоҳ кунед ба Муфид, ал-Масоил-ул-ҷорудия, 1413ҳ.қ., саҳ.42; Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.671; Ҳамуд, ал-Фавоид-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95.
  64. Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.671; Ҳамуд, ал-Фавоид-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95.
  65. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.97.
  66. Нигоҳ кунед ба Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.87, 92, 129 ва 137; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57.
  67. Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.14.
  68. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.442 ва 443.
  69. Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.670.
  70. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, дафтари нашри исломӣ, ҷ.9, саҳ.360; Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.124.
  71. Барои намуна нигоҳ кунед ба ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.546; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27; Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.259 ва 379.
  72. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.671; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.486 ва ҷ.3, саҳ.517; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, нашри мактабат Ибни Таймия, ҷ.7, саҳ.22; Ибни Асокир, Таъриху Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.20.
  73. Нигоҳ кунед ба Раббонии Гулпойгонӣ ва Фотиминажод, “Ҳадиси Амон ва имомати Аҳли Байт (а)”, саҳ.31.
  74. Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.29.
  75. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.486.
  76. Барои намуна нигоҳ кунед ба Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, саҳ.297; Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.34; Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.60, 249, 459, 482, 513 ва 733;. Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.13 - 24.
  77. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.785; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.373 ва ҷ.3, саҳ.163; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, нашри мактабат Ибни Таймия, ҷ.3, саҳ.45; Миновӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.519 ва ҷ.5, саҳ.517.
  78. Мӯсавии Шафтӣ, ал-Имомат, 1411ҳ.қ., саҳ.209.
  79. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.163.
  80. Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, ҷ.23, саҳ.655 ва 656.
  81. Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.34, 210 ва 211; Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.97.
  82. Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.519.
  83. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.220.
  84. Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.777 - 779.
  85. Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул, саҳ.39, ба нақл аз: Қурбонӣ Мубин ва Муҳаммадризоӣ, “Пажӯҳише дар исмати Имомон”, саҳ.153.
  86. Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.777.
  87. Қурбонӣ Мубин ва Муҳаммадризоӣ, “Пажӯҳише дар исмати Имомон”, саҳ.158.
  88. Нигоҳ кунед ба Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., саҳ.129; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.164.
  89. Ибни Уқда, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), 1424ҳ.қ., саҳ.154; Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.302 ва 303.
  90. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳамавӣ, Фароид-ус-симтайн, муассисаи ал-Маҳмудӣ, ҷ.2, саҳ.133 ва 313.
  91. Амин, Зуҳо-л-Ислом, муассисаи Ҳиндовӣ, ҷ.3, саҳ.864.
  92. Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.776.
  93. Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътиқод-ил-имомия, саҳ.131; Субҳонӣ, Роҳнамои ҳақиқат, 1385ҳ.ш., саҳ.114.
  94. Субҳонӣ, Роҳнамои ҳақиқат, 1385ҳ.ш., саҳ.365.
  95. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.356; Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 216, саҳ.335.
  96. Нигоҳ кунед ба Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.198; Амин, Зуҳо-л-Ислом, муассисаи Ҳиндовӣ, ҷ.3, саҳ.861; Деҳлавӣ, Туҳфату исноъашария, мактабатулҳақиқа, саҳ.373 ва 463; Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.793.
  97. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.527 ва 528.
  98. Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ, ҷ.12, 1382ҳ.қ., саҳ.485 ва 486.
  99. Сураи Юсуф, ояти 53.
  100. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмӯъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.269.
  101. Нигоҳ кунед ба Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.794 - 796; Деҳлавӣ, Туҳфату исноъашария, мактабатулҳақиқа, саҳ.463.
  102. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.438, 450 ва 505.
  103. Маҷлисӣ, Лавомиъу соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.185.
  104. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.198.
  105. Маҷлисӣ, Лавомиъу соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.185; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253 ва 254; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.204 ва 210.
  106. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.204 ва 210.
  107. “Фасли ҳаштуми маротиби тавба/ мартабаи сеюм: тавбаи ахассулхавос”, пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Мазоҳирӣ.
  108. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.210.
  109. “Баррасии далели истиғфори маъсумин (а) аз нигоҳи имом Хумайнӣ дар партави дуои Арафаи Имом Ҳусайн (а)”, вебгоҳи портали имом Хумайнӣ.

Ёддошт

  1. Малакаи нафсонӣ, ҳолати собити нафсоние аст, ки дар рӯҳи инсон нуфуз карда ва ба роҳатӣ аз байн намеравад. (Ҷурҷонӣ, ат-ТаъриФот, 1412ҳ.қ., саҳ.101.)

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътқод қисм-ул-Илоҳиёт, ба кӯшиши Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорулкитобиллубнонӣ, чопи аввал, 1982м.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, ал-Боб-ул-ҳодиашар, Теҳрон, муассисаи мутолиъоти исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Амин, Аҳмад, Зуҳо-л-Ислом, Қоҳира, муассисаи Ҳиндовӣ, бе то.
  • Ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом фи таъйин-ил-имом, таҳқиқи Сайидалии Ошур, Бейрут, муассисаи таърихи исломӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Шайх Алӣ, Минор-ул-ҳудо фи-н-насси ала имомат-ил-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқи Абдуззаҳро Хатиб, Бейрут, Дорулмунтазар, 1405ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, дафтари нашри исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисуни ҳавзаи илмия, бе то.
  • Бозелӣ, Ризо, “Илоҳӣ будани мансаби имомат”, дар мавсуъаи радди шубаҳоти ( 16 ); имомат ( 1 ), Теҳрон, интишороти Машъар, чопи аввал, 1398ҳ.ш.
  • Деҳлавӣ, Абдулазиз, Туҳфату исноъашария, Истанбул, мактабатулҳақиқа, бе то.
  • Зиёифар, Саид, «تأثیر دیدگاه‌های کلامی بر اصول فقه», фаслномаи Нақду назар, №41 ва 42, фарвардини 1385ҳ.ш.
  • Ибни Абдулваҳҳоб, Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб ибни Сулаймон, Рисолатун фи-р-радди ала-р-рофиза, таҳқиқи Носир ибни Саъд Аррашид, Риёз, ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Сауд алисломия, бе то. (Ин рисола дар ҷилди дувоздаҳум аз муаллифоти Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб, ба чоп расидааст).
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ‏, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху Дамишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғаромат Алъумравӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ. - 1995м.
  • Ибни Атия, Мақотил, Абҳа-л-мидод фи шарҳи муътамари уламои Бағдод, шарҳ ва таҳқиқи Муҳаммадҷамил Ҳамуд, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, бе то.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Риёз, ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Сауд алисломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдурразоқ Муҳаммад Ҳусайн Ҳирзуддин, Қум, Далели мо, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Форис, Аҳмад, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммадҳорун, Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, чопи аввал, бе то.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқи Васиюллоҳ Муҳаммад Аббос, Бейрут, муассисат аррисолат, чопи аввал, 1403ҳ.қ. - 1983м.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа ала аҳл-ир-рафзи ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳ Аттуркӣ ва Комил Муҳаммад Алхирот, Бейрут, муассисатуррисола, чопи аввал, 1417ҳ.қ. - 1997м.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма (табъи қадим), таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Баниҳошим, чопи аввал, 1381ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмӯъминин (а), Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
  • Мановӣ, Абдурауф ибни Тоҷулъорифин, Файз-ул-қадир шарҳ ал-ҷомеъ-ус-сағир, Миср, алмактабатуттиҷориятилкубро, чопи аввал, 1356ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Лавомиъу соҳибқиронӣ машҳур ба шарҳи фақиҳ, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имоми Хумайнӣ (раҳ), 1395ҳ.ш.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, шарҳи ал-Кофӣ (ал-усул ва-р-равза), тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, алмактабатул-исломия, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Мубаллиғӣ, Аҳмад, «مبانی کلامی اصول و بهره‌گیری از آن در نگاه و روش امام خمینی», фаслномаи Фиқҳ, №45, меҳри 1384ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Муслими Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, Теҳрон, марказулкитоб литтарҷимати ва-н-нашр, чопи аввал, 1402ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ул-ҷорудия, Қум, алмуътамрул-оламӣ ли Шайх-ил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Мӯсавии Шафтӣ, Сайид Асадуллоҳ, ал-Имомат, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Исфаҳон, мактабат ҳуҷҷатул-ислом аш-Шафтӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дорулкутубилъилмия - маншуроти Муҳаммадалӣ Бейзун, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ ва Алиризо Фотиминажод, “Ҳадиси Амон ва имомати Аҳли Байт (а)”, фаслномаи Каломи исломӣ, шумораи 100, зимистони 1395ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Имомат дар биниши исломӣ, Қум, Бустони китоб, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, ربانی گلپایگانی، علی، «افضلیت و عصمت اهل بیت(ع) در آیه و روایات صلوات», фаслномаи Каломи исломӣ, №99, поизи 1395ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, ربانی گلپایگانی، علی، «عصمت امام از نگاه خرد», фаслномаи Қабасот, №45, поизи 1386ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Доруқалам, чопи аввал, бе то.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Хисол, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, таҳқиқ ва таълиқи Сайид Абдуззаҳро Ҳусайнӣ, Теҳрон, муассисатул-Содиқ (а), чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳудо-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, алмарказул-оламӣ ли-д-диросотил-исломия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамд ибни Абдулмаҷид Ассуфло, Қоҳира, нашри мактабат Ибни Таймия, чопи дувум, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактабат аннашрул-исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқ ва таълиқаи Абдурраҳмони Умайра, Қум, Шариф Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунани Тирмизӣ, таҳқиқ ва таълиқи Аҳмад Муҳаммад Шокир, Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ ва Иброҳим Атия, Миср, ширкати мактабат ва матбаат Мустафо Албобӣ ал-Ҳалабӣ, чопи дувум, 1395ҳ.қ. - 1975м.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Доруссақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод фимо ятаъаллақу би-л-эътиқод, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Тӯсӣ, Хоҷанасируддин, Талхис-ул-муҳассал алмаъруф би нақд-ил-муҳассал, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Гавҳари мурод, Теҳрон, нашри соя, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, тасҳеҳи Содиқи Лориҷонӣ, Теҳрон, интишороти Аззаҳро, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия фи-л-мабоҳис-ил-каломия, таҳқиқ ва таълиқи шаҳид Қозӣ Таботабоӣ, Қум, дафтари таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Фориёб, Муҳаммад Ҳусайн, Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия то поёни қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1390ҳ.ш.
  • Хаззози Қумӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Қифорӣ, Носир Абдуллоҳ Алӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия: Арз ва нақд, Ҷиза, Дорур-Ризо, чопи чаҳорум, 1431ҳ.қ. - 2010м.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ фи абвоб-ит-тавҳиди ва-л-адл, таҳқиқи Ҷорҷ Қанавотӣ, Қоҳира, аддорулмисрия, 1962 - 1965м.
  • Қурбонии Мубин, Ҳамидризо ва Муҳаммад Муҳаммадризоӣ, قربانی مبین، حمیدرضا و محمد محمدرضایی، «پژوهشی در عصمت امامان», фаслномаи Анҷумани маорифи исломӣ, №23, тобистони 1389ҳ.ш.
  • Ҳалабӣ, Абуссалоҳ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Исфаҳон, мактабат Амирулмӯъминин, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи ал-Маҳмудӣ, бе то.
  • Ҳамуд, Муҳаммадҷамил, ал-Фавоид-ул-баҳия фи шарҳи ақоид-ил-имомия, Бейрут, муассисатул-аъламӣ, чопи дувум, 1421ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ. - 1990м.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон (тафсири мавзӯии Қуръони Карим, ҷ.3), таҳқиқ ва танзими Алӣ Замонии Қумшаӣ, Қум, нашри Исро, чопи сеюм, 1385ҳ.ш.
  • Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ тоҷ-ул-луғат ва сиҳоҳ-ил-арабия, таҳқиқи Аҳмад Абдулғаффор Аттор, Бейрут, Дорулъилм, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Мирасайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, таҳқиқи Бадруддин Нуъсонӣ, Қум, Шарифи Разӣ, чопи аввал, 1325ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Мирасайидшариф, ат-Таърифот, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи чаҳорум, 1412ҳ.қ.
  • بررسی دلیل استغفار معصومین(ع) از نگاه امام خمینی در پرتو دعای عرفه امام حسین(ع)”, вебгоҳи портали Имом Хумайнӣ, санаи дарҷи матлаб: 8 шаҳривари 1396ҳ.ш., санаи боздид: 5 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «فصل هشتم مراتب توبه/ مرتبه سوّم: توبة اخصّ‌ الخواص», пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Мазоҳирӣ, санаи боздид: 31 фарвардини 1402ҳ.ш.