Jump to content

Ҳо Алиюн башарун кайфа башар

Аз wikishia
Ҳо Алиюн башарун кайфа башар
Хаттотии «ها علی بشر کیف بشر». асари Мустафо Обидинӣ
Хаттотии «ها علی بشر کیف بشر». асари Мустафо Обидинӣ
Номҳои дигарҚасидаи мадҳия ё ғадирия
ШоирМулломеҳралии Табрезӣ
Мавзуъмадҳи Имом Алӣ (а)
Замони эҷодсол 1216 ҳ.қ.сол 1240 ҳ.қ.
Теъдоди байт20 - 40 байт
ТарҷумаМирзо Муҳаммадризо Басирати Шерозӣ


Ҳо Алиюн башарун кайфа башар (арабӣ: ها علیٌّ بَشَرٌ کَیْفَ بَشَر тарҷумаи тоҷикӣ: Алӣ башар аст; аммо чи башаре!) мисрае аз қасидаи маъруфи мадҳия ё ғадирия аст, ки дар фазилати Имом Алӣ (а) ба забони арабӣ суруда шудааст. Шоири ин қасида Меҳралии Табрезӣ, шоир ва ғадириясарои қарни 13 ҳифрии қамарӣ мебошад ва шуҳрати ӯ низ ба сабаби ҳамин қасида аст. Ӯ қасидае дар 18 байт ба форсӣ ва дар манқибати Пайғамбари акрам (с) низ дорад.

Ин қасида, ки бист то чил байт дорад ва дар солҳои 12161240 суруда шудааст, аз ҷониби Мирзо Муҳаммадризо Басирати Шерозӣ ба сурати манзум тарҷума шудааст. Ҳамчунин ин шеър мавриди таваҷҷуҳи суханварон ва шоирони шиа қарор гирифта, ва чандин шеър бо иқтибос аз мисра ё байтҳое аз он бо ҳамон вазн ва қофия суруда шудааст.

Қасидаи мадҳия ё ғадирия

Қасидаи «Ҳо Алиюн башарун кайфа башар», маъруф ба қасидаи мадҳия ё ғадирия,[1] қасидаест ба забони арабӣ, ки аз ҷониби Мулломеҳралии Табрезӣ дар мадҳи Имом Алӣ (а) суруда шудааст.[2]

Гуфта шудааст, ки ин қасида, ки байни бист то чиҳил байт дорад, дар солҳои 1216–1240 ҳиҷрии қамарӣ суруда шудааст.[3] Фарҳод Мирзо, ки ҳамзамони Мулломеҳралӣ буд, дар китоби Занбил, қасидаи мазкурро дар 29 байт нақл кардааст.[4]

Қасидаи «Ҳо Алиюн башарун кайфа башар» мавриди таваҷҷуҳи суханварон ва шоирони шиа қарор гирифта, ва чандин шеър бо иқтибос аз мисра ё байтҳое аз он бо ҳамон вазн ва қофия (тахмис) суруда шудааст.[5] Ҳамчунин ин қасида аз ҷониби Мирзо Муҳаммадризо Басирати Шерозӣ ба сурати манзум ва бо ҳамон вазн ва қофия дар 40 байт ба форсӣ тарҷума шудааст.[6]

Шоир

Мулломеҳралии Табрезии Хӯӣ (1182–1262 ҳ.қ.), бо тахаллуси Фадавӣ, шоир ва ғадириясарои қарни 13, ки ба се забони туркӣ, форсӣ ва арабӣ шеър месуруд.[7] Ӯро ориф, ҳаким, олими огоҳ ба аксари улуми роиҷи замони худ донистаанд.[8] Шӯҳрати асосии Мулломеҳралӣ ба сабаби қасидаи мадҳия ё ғадирияи ӯст.[9] Ӯ қасидае дар 18 байт ба форсӣ ва дар манқибати Пайғамбари акрам (с) низ дорад.[10]

Дидани Пайғамбар (с) дар олами руъё

Дар китоби Вилоятнома (Ғадирия) аз Молоалӣ Воизи Хиёбонӣ, нависандаи китоби Уламоии муосирин, нақл шудааст, ки Мулломеҳралӣ пас аз сурудани қасидаи «Ҳо Алиюн башарун кайфа башар» Пайғамбар (с)-ро дар хоб дида, ки Имом Алӣ (а) низ дар канори ӯ буд.[11] Пайғамбар (с) ба Мулломеҳралӣ фармуда: «Мадҳияе, ки дар мадҳи писарамуям сурудаӣ, бихон.» Мулломеҳралӣ оғоз ба хондан кард ва пас аз анҷоми мисраи аввал, Пайғамбар (с) фармуд: «Кайф башар, кайф башар, кайф башар.»[12]

Матн ва тарҷума

ها علیٌّ بشرٌ کیفَ بشر

ها علیٌّ بشرٌ کیفَ بشر *** ربُّه فیه تَجَلّى وظَهَر
هو وَالمَبْدَأُ شمسٌ و ضیاء *** هو والوَاجِبُ نورٌ وقَمَر
مَا هو اللهُ ولکنْ مَثَلا *** مَعَه اللهُ کَنارٍ وحَجَر
اُذُنُ اللهِ وعَیْنُ الباری *** یا له صاحبُ سَمْعٍ وبَصَر
علةُ الکَونِ ولَولاهُ لما *** کانَ للعالَمِ عَیْنٌ وأَثَر
ولَهُ اُبْدِعَ ما تَعْقِلُهُ‌ *** مِن عُقولٍ ونُفُوسٍ وصُوَر
مَظْهَرُ الواجِبِ یا لَلْمُمْکِن *** صُورةُ الجاعِلِ یا لَلمظهَر
جنسُ الاَجْناسِ علیٌّ وبَنُوه *** نوعُ الانْواعِ إلَی الحادی عَشَر
فلکٌ فى فلکٍ فیه نُجُوم *** صَدفٌ فى صدفٍ فیه دُرَر
کلُّ مَن ماتَ و لَمْ یَعْرِفْه *** مَوتُهُ موتُ حِمارٍ وبَقَر
هو فی الکُلِّ إمامُ الکُلّ *** [من ابوبکر ومن کان عمر]
لَیسَ مَن أذْنَبَ یَوماً بِإمام *** کَیْفَ مَن أشْرَکَ دَهْراً وکَفَر
قَوسُهُ قَوسُ نزولٍ وعُرُوج *** سَهْمُهُ سَهمُ قَضاءٍ وقَدَر
مَا رَمَى رَمْیَةً إلّا وَکَفى *** ما غَزَا غَزْوَةً إلا وَظَفَر
أغْمَدَ السَّیْفَ مَتى قابَلَه *** کُلّ مَن جَرَّدَ سَیْفاً وَشَهَر
حُبُّه مَبْدَأ خُلْدٍ و نِعیم ***‌ بُغْضُه مَنْشأ نارٍ وسَقَر
خَصْمُه بَغَّضَهُ اللهُ ولو *** حَمَدَ اللهَ وأثْنَى وشَکَر
خِلُّه بَشَّرَهُ الله ولو *** [شرب الخمر وغنّى وفَجَر]
وهو النُّورُ وأمّا الشُّرَکاء *** فَظُلامٌ ودُخانٌ وشَرَر
مَن له صاحبةٌ کّالزَّهراء *** أو سَلیلٌ کشُبیر وشَبر
مَن کمَن هَلَّلَ فی مَهْد صَبی *** أو کمَن کَبَّر فی عَهدِ صِغَر
عنه دیوانُ عُلومٍ و حِکَم *** فیه طُومار عِظاةٍ و عِبَر
بو تُرابٍ و کُنُوزُ العالَم *** عنده نَحْوَ ترابٍ ومَدَر
ظَلَّ ما عَاشَ بجُوعٍ و صِیام *** باتَ ما حَیَّ بِدَمْعٍ وسَهَر
کُلَّما أحْزَنَهُ الدَّهرُ سَلا *** أینما اسْتَضْعَفه القومُ صَبَر
ناقةُ الله فیا شِقْوةُ مَن *** ما رَعاها فَتَعاطَی وعَقَر
أیُّهَا الخَصْمُ تَذَکّر سَنَداً *** مَتْنُه صَحَّ بِنَصٍّ وخَبَر
إذ أتى أحْمدُ فى خُمّ غدیر *** بِعَلىٍّ و عَلى الرَّحَل نَبَر
قال مَنْ کُنْتُ أنا مولاهُ *** فعلىٌّ له مَولا ومَفَرّ
قبلَ تعیینِ وصىٍّ ووَزیر *** مَن رأی فاتَ نبىٌّ وهَجَر
آیةُ الله و مَن یَجْحَدُ مَن *** خَصَّه الله بِآىٍ و سُوَر
مَن أتى فیه نُصوصٌ بِخُصوص *** هَلْ بِإجْماعِ عوامٍ یُنْکَر
أسَدُ الله إذا صالَ و صاحَ *** أبو الأیْتام إذا جادَ و بَرّ
وُدُّه أوْجَبُ ما فِى القرآن *** أوجَبَ اللهُ علینا و أَمَر
مُدَّعى حُبِّ علىٍّ و عِداه *** مِثلَ مَن أنْکَرَ حَقّاً و أَقَرّ
یا علی عَبدُکَ یَغدُو یَروح *** مِن مَعاصیه بخوفٍ و خَطَر
أتْلَفَ العُمرَ وَحیداً و حَصُور *** دَقَّهُ الدهرُ بشیبٍ و کِبَر
طالَ ما یأمُلُ منک نظرا *** هَل أتی مُرتَقِبٌ مِنْک نَظَر
لِذَراریکَ صلوةٌ و سَلام *** شارِقُ العالَمِ ما لاحَ و ذَرّ
لِحُماکَ نَفَحاتُ البَرَکات *** کُلَّما جاءَ نسیمٌ بِسَحَر

Алӣ омад башар аммо чӣ башар,    Башаре к-ӯст Худоро мазҳар.
Алию ҳақ чу зиёву хуршед,     Алию ҳақ ба масал нуру қамар.
Масали ҳақ бувад ӯ нест Худо,     Лек бо ӯст чу санги озар.
Худ, Алӣ гӯшу Алӣ чашми Худост,     Эй аҷаб ҳақ бувадаш самъу басар.
Бошад ӯ иллати эҷоди ду кавн,     Гар набудӣ набуд аз халқ асар.
Халқати он чи ба ақлат гунҷад,     Баҳри ӯ шуд зи ақулу зи сувар.
Худ чи мумкин бувад ӯ к-аз азамат,     Омада сурати ҳақро мазҳар.
Ҷинсулаҷнос Алию абнош,     Навъуланвоъ яку даҳ бишумар.
Фалаке дар фалаке пур анҷум,     Садафе дар садафе пур гавҳар.
Ҳар ки ӯ мурду Алиро нашинохт,     Мурданаш мурдани гов омаду хар
Дар ҳама давр, имоми ҳама ӯст,     [Пас ки бошанд Абубакру Умар]
Ҳар ки рӯзе гунаҳ орад на сазост,     Ба имомат, чӣ расад куфри сияр
З-ӯ камон, қавси нузул асту сууд,     Тири ӯ, тири қазо ҳасту қадар.
Тир нагшуд магар хасм афканд,     Ҷанг наовард магар ёфт зафар.
Кард шамшер ба пешаш ба ниём,     Ҳар куҷо буд шуҷоъе ашҳар.
Меҳри ӯ боиси ҷанноти наим,     Кини ӯ муриси нор асту сақар.
Душмани ӯ бари Ҳақ мубғуз аст,     Гарчи ҳамд ораду шукри довар.
Дӯсташрост башорат зи Худо,     Ҳарчанд дучори шурби хамру ғинову фуҷур бошад.[Ёддошт 1]
Ӯ бувад нур, вале муддаиён,     Ҳамчу торикию дӯданду шарар.
Худ киро ҳаст чу Заҳро ҳамсар,     Ё ду фарзанд чу Шубайру Шуббар?!
Кӣ ба гаҳвора бигуфто таҳлил,     Ё ки такбир ба айёми сиғар?!
З-ӯст девони улуму ҳикмат,     В-андар он дарҷ басе панду ибар.
Бутураб асту ҳама ганҷи ҷаҳон,     Назди ӯ пасттар аз хоки гузар.
Буд дар рӯз ба рӯза ҳама умр,     Буд дар гиря ба шаб то ба саҳар.
То ғам афзуд замон, буд бе ғам,     Сабр бинмуд чу шуд бе ёвар.
Ноқаи ҳақ буду он кас пай кард,     Бас шақӣ буд ки нанмуд ҳазар.
Бирав эй мункиру бархон хабаре,     Ки саҳеҳ аст бари аҳли хабар.
Боз чун гашт Муҳаммад ба Ғадир,     Бо Алӣ шуд ба фарози минбар.
Гуфт: ҳар кас ки манам мавлояш,     Ҳаст мавлою имомаш Ҳайдар.
Кӣ чунин дид ки як пайғамбар,     Бе васӣ шуд ба сарои дигар?!
Кӣ бувад мункири он ояти ҳақ,     Ки бувад наъти вай оёту сувар?!
Он ки махсус ба нассҳост, чӣ сон     Гардад аз ҷамъи авоме мункар?!
Шери ҳақ буд гаҳи ҳамла ба разм,     В-аз карам бар ҳама айтом, падар.
З-он чи воҷиб шуда андар Қуръон,     Карда Ҳақ меҳри варо воҷибтар.
Дӯстдори Алию душмани ӯ,     Он бувад муъмину ин як кофар.
Ё Алӣ, бандаат андар шабу рӯз,     Бошад аз хавфи маосӣ ба хатар.
Умр бигзошта бе ҳамсару ҷуфт,     Даҳри дун кӯфта ӯро ба кибар.
Дергоҳест умедаш нигаҳест,     Аз ту оё расад инаш охар?
Бод бар оли киромат салавот,     То ки хур мезанад аз машриқ сар.
Бар тарафдори ту бодо баракот,     Мевазад то ки насиме ба саҳар.[13]

Эзоҳ

  1. Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.426
  2. Муҷоҳидӣ, Сайре дар қаламрави шеъри набавӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.698; Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.425 ва 426
  3. Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.28 ва 29; Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.426
  4. Фарҳод Мирзо, Занбил, 1367ҳ.ш., саҳ.70–72
  5. Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.426; Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.28. Барои огоҳӣ аз ашъор ниг.: Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.37–61
  6. Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.27; Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.426
  7. Фарҳод Мирзо, Занбил, 1367ҳ.ш., саҳ.70; Муҷоҳидӣ, Сайре дар қаламрави шеъри набавӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.698; Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.425 ва 426
  8. Муҷоҳидӣ, Сайре дар қаламрави шеъри набавӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.698
  9. Муҷоҳидӣ, Сайре дар қаламрави шеъри набавӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.698; Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.426
  10. Муллозода, «Табрезии Хуӣ, Мулломеҳралӣ», саҳ.425 ва 426; Муҷоҳидӣ, Сайре дар қаламрави шеъри набавӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.698–700
  11. Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.27 ва 28
  12. Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.27 ва 28
  13. Фадавии Хуӣ, Вилоятнома (Ғадирия), 1376ҳ.ш., саҳ.31–36

Ёддошт

  1. Мисраи дуюм ба ин маъност, ки дӯстдори воқеии Имом Алӣ ҳарчанд аҳли гуноҳ бошад, бо инояти Илоҳӣ метавонад оқибатбахайр гардад, зеро муъмин аст.

Сарчашма

  • Муҷоҳидӣ, Муҳаммадалӣ, Сайре дар қаламрави шеъри набавӣ, Қум, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Фадавии Хуӣ, Мулломеҳралӣ, Вилоятнома (Ғадирия), таҳқиқ ва танзим: Алӣ Садроии Хуӣ, Қум, Ансориён, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Фарҳод Мирзо, Муътамадуддавла, Занбил, Теҳрон, Падида, чопи дуюм, 1367ҳ.ш.
  • ملازاده، محمدهانی، «تبریری خویی، ملامهرعلی, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.6, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи дуюм, 1388ҳ.ш.