Имомат

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи имомат аст. Барои имомати дувоздаҳ имом (а) нигаред ба имомати имомони шиа.

Шиа

Имомат (арабӣ: الإمامة) роҳбарии уммати исломӣ ва ҷонишини Паёмбар (с) дар умури дин ва дунёст. Ин таълимот яке аз эътиқодҳои аслии мазҳаби шиа ва яке аз тафовутҳои аслии шиа ва аҳли суннат аст. Аҳамияти масъалаи имомат дар миёни шиаён боис шудааст, ки онҳо имомия номида шаванд.

Дар зарурияти имомат миёни фирқаҳои мусалмон ҳеҷ тафовуте нест. Аммо дар намуди он ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе аз ашъариён муътақиданд, ки имомат фарзи шаръӣ аст ва иддае муътазила гуфтаанд, ки фарзи ақлӣ аст ва таъйини имомро худи мардум бар ӯҳда дорад. Имомиён муътақиданд, ки имомат фарзия ақлист ва таъйин кардани имом бар Худованд воҷиб аст. Ин ба он маъност, ки Худованд аз рӯи ҳикматаш имом таъин кунад аз нигоҳи ақл хуб аст ва тарки он қабеҳ аст.

Ба эътиқоди Имомия, имомат аҳди илоҳӣ аст ва Худованд ин мартабаро барои бандагони баргузидаи худ ато кардааст. Имоматро сабаби комил шудани дин ва идомаи ҳидояти башар пас аз Паёмбар (с) донистаанд.

Имомия ва бархе аз фирқаҳои мусалмонӣ сифатҳое чун маъсум ва бартарият дар тамоми фазилатҳои инсониро барои имом медонанд. Имомия бар ин назар аст, ки имом бояд бар асоси баёни сареҳ ва равшани Худо, Паёмбар ё имоми қаблӣ интихоб шавад. Онҳо бар ин боваранд, ки Имом Алӣ (а) ва дигар имомони шиа (а) баъд аз ӯ маъсум ва беҳтарин афрод аз назари фазилатҳои башарӣ дар замони худ буданд ва аз ин рӯ, имомони уммат маҳсуб мешаванд.

Раҳбарияти сиёсии ҷомеъаи исломӣ, муқаррар ва татбиқи ҳудуди Илоҳӣ, ҳифзу ҳимояи дин ва аз ин қабил масоилро чун ҳадаф ва фалсафаи имомат донистааан. Илова бар ин масоил, марҷаияти диниро яке аз аҳдофи имомат донистаанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Масаълаи имомат аз масоил бисёр муҳим, ихтилофӣ ва баҳсбарангез дар миёни мазоҳиб исломӣ аст.[1] Имомат аз назари имомия дар росто ва давоми набуввати Паёмбари Ислом ва омили бақову истимрори он аст. Имом ҳамон вазоиферо ки бар уҳдаи Паёмбар буда анҷом медиҳад.[2] Эътиқод ба имомат ҳамчунин аз назари имомия, аз усули дин аст ва барои ҳамин, масаълае каломӣ ба шумор меравад;[3] ҳол он ки бархе аз ашоира ва муътазила[4] ва бархе дигар аз мазоҳиби аҳли суннат, онро аз фуруъи дин ва масаълаи фиқҳӣ донистаанд.[5]

Муҳаммадҳусайни Кошифулғито дар китоби Асл-уш-шиа ва усулуҳо, бовар ба имоматро аз усуле донистааст ки шиаро аз дигари фирқаҳои исломӣ ҷудо мекунад.[6] Аз ҳамин рӯ қоилон ба имомати имомони дувоздаҳгона ба имомия машҳуранд[7] ва касе ки онро қабул надошта бошад аз доираи ташайюъ хориҷ мегардад.[8]

Аллома Ҳиллӣ дар муқаддимаи китоби Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, масаълаи имоматро аз бузургтарин масоил ва аз арқони имон шумурдааст, ки ба сабаби дарки он, ҷовдонагӣ дар биҳишту раҳоӣ аз ғазаби Худои раҳмон ба даст меояд.[9]

Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ ривояте аз Имом Ризо (а) дар баёни аҳамияти имомат нақл кардааст.[10] Дар ин ривоят, имомат бо вижагиҳое монанди мақоми паёмбарон, мероси авсиё, хилофати Илоҳӣ, ҷонишинии паёмбар, зимоми дину низоми муслимин, ислоҳи дунёу иззатмандии муъминон, решаи боландаи Ислому шохаи барафроштаи он, муаррифӣ шудааст.[11]

Имомат аҳди Илоҳӣ

Мақолаи аслӣ: Ояти ибтилои Иброҳим

Мутобиқи ояти 124 сураи Бақара, пас аз он ки ҳазрати Иброҳим ба мақоми имомат расид, ин мақомро барои зуррияаш дархост намуд, ки Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Аҳди ман ба золимон намерасад.»[12] Бисёре аз муфассирон гуфтаанд манзур аз «аҳд» дар ин оят имомат аст.[13] Аз ҳамин рӯи имомия бар ин боваранд, ки имомат мансабест, ки аз сӯи Худованд ба бархе бандагони баргузидааш дода мешавад.[14]

Имомат омили такмили дин

Мақолаҳои аслӣ: Ояти икмол ва Ояти таблиғ

Имомия бо тавваҷуҳ ба ояти икмол, ояти таблиғ ва ривоёте аз имомони маъсум (а) ки зайли ин оёт нақл шудааст,[15] имоматро омили такмили дин донистаанд.[16] Аз назари онон ояти икмоли дин, дар рӯзи иди Ғадир, пас аз он ки Паёмбар (с), Имом Алӣ (а)-ро ба имомату ҷонишинии худ баргузид, нозил гардид ва хабар аз икмоли дин, бо ин амал, дода шуд.[17]

Ҳамчунин бо истинод ба ояти таблиғ мегӯянд имомат аз чунон ҷойгоҳе бархӯрдор аст, ки агар Паёмбар (с) онро иблоғ намекард, гӯӣ рисолати Илоҳии хешро иблоғ накарда буду заҳамоташ аз байн мерафт.[18]

Имомат, тадовуми ҳидоят

Мақолаи аслӣ: Ояти ҳодӣ

Имомия бо истинод ба ояти ҳодӣ ва ривоёте ки зайли он нақл шуда,[19] имоматро тадовуми ҳидояти башар пас аз Паёмбар (с) донистаанд.[20] Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (ваф. 310ҳ.қ.), аз муфассирони аҳли суннат, дар китоби тафсираш, ривоятеро бо чанд восита аз Ибни Аббос нақл карда ки вақте ояти ҳодӣ нозил шуд, Паёмбар дасташро бар синаи худ гузошт ва гуфт: «Ман инзордиҳанда ва ҳушдордиҳандаам» ва бо дасташ ба шонаи Имом Алӣ ишора кард ва гуфт: «Эй Алӣ, ту ҳидояткунандаӣ (ҳодӣ) ва пас аз ман, ҳидоятшавандагон ба дасти ту ҳидоят мешаванд.»[21]

Мафҳумшиносӣ

Имомат, бинобар як таъриф ки ба гуфтаи Муҳаққиқи Лоҳиҷӣ, мавриди иттифоқи мутакаллимони мусулмон аст,[22] пешвоии ҳамаи мардум дар умури дину дунё, ба ниёбату ҷонишинӣ аз Паёмбари Ислом (с) аст.[23]

Таърифҳои дигаре низ барои имомат ироа шудааст. Барои намуна, Сайфуддин Омидӣ (575 - 622ҳ.қ.), аз мутакаллимони аҳли суннат, дар таъриф имомат гуфтааст: «Ҷонишинии шахсе аз ашхос, аз расули Худо (с), дар иҷрои қавонини шариъату ҳифзи ҷомеа аст, ба гӯнае ки табаият аз ӯ бар тамоми уммат воҷиб аст.»[24] Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ (740 - 816ҳ.қ.), мутакаллими ашъарӣ, дар китоби Шарҳ-ул-мавоқиф ва Тафтозонӣ (722 - 792ҳ.қ.), мутакаллим ва фақиҳи ашъарӣ, дар Шарҳ-ул-мақосид ҳамин таърифро пазируфта ва ироа кардаанд.[25] Ҳамчунин гуфтаанд имомат, ҷонишинии Паёмбар барои ҳиросат аз дин ва раҳбарии сиёсии ҷомеа аст.[26]

Ба гуфта Носир Макорими Шерозӣ ин таърифҳо, танҳо, бо як масъулияти зоҳирӣ дар ҳадди раёсати ҳукумат, аз синхи динии он созгор аст ва унвони ҷонишинии Паёмбарро ба худ гирифта ва чунин имоме метавонад аз сӯи мардум баргузида шавад; ҳол он ки аз назари имомия, мақоми имомат амре Илоҳист ва таъйини имом аз сӯй Худованд аст ва ба таъину насби мардум нест.[27] Бархе ҳамчун Қозӣ Нуруллои Тустарӣ дар таърифи имомат гуфтаанд: «Мансаби Илоҳӣ ва худододӣ аст, ки тамоми маротиби волоу фазоил, ғайр аз набуввату он чи лозимаи он астро дорад.»[28]

Вуҷуби имомат ва наҳваи таъини имом

Дар хусуси зарурати имомат, байни шиа ва дигар фирқаҳои исломӣ, ихтилофе нест;[29] аммо дар бораи навъи ин вуҷуб ва наҳваи таъини имом, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[30] Албатта гуфтаанд, ки бархе мутакаллимони муътазила ва гурӯҳе аз хавориҷ, бар ин назаранд, ки имомат, асосан воҷиб нест.[31] Дигар фирқаҳое ки мегӯянд воҷиб аст, дар вуҷуби ақлӣ ё шаръӣ будани он ихтилофи назар доранд.[32] Ҷуббоиён (пайравони Абӯалии Ҷуббоӣ аз муътазилиёни Басра), асҳоби ҳадис ва ашоира бар ин боваранд, ки имомат воҷиби шаръист, на ақлӣ.[33] Дар муқобил, гурӯҳе аз муътазила, мотуридия ва абозия, имоматро воҷиби ақлӣ донистаанд; аммо бар ин боваранд ки насбу таъини имом ба ӯҳдаи мардум аст.[34]

Имомия ба вуҷуби ақлии имомат қоиланд ва мегӯянд насбу таъини имом, ақлан бар Худованд воҷиб аст.[35] Манзур аз вуҷуб дар ин баҳс, вуҷуби фиқҳӣ нест; балки вуҷуби каломист, ки зимни баҳси ҳусну қубҳи ақлист; яъне хуб аст, ки Худованд, ба муқтазои ҳикматаш, имом таъин кунад ва тарки он, хилофи муқтазои ҳикмати Вай ва қабеҳ аст.[36]

Лутф будани имомат

Ҳамчунин бубинед: Қоидаи лутф

Имомия барои исботи вуҷуби насбу таъини имом аз сӯи Худованд, ба қоидаи лутф истидлол кардаанд.[37] Қоидаи лутф ба ин маъност, ки ҳар коре ба наздик шудани инсонҳо ба итоат аз Худо ё дур шудани онҳо аз гуноҳ бианҷомад, анҷоми он бар Худованд лозим аст ва Худо ҳатман он корро анҷом медиҳад;[38] монанди ташреъи таколифи динӣ ва ирсоли паёмбарон ки инсонҳо аз ин роҳ, бо таклифи динишон ошно мешаванд.[39] Мутобиқи ин қоида, вуҷуди имом лутф аст; чун сабаб мешавад бандагон ба тоати Илоҳӣ наздик ва аз анҷоми умуре, ки мавриди наҳйи Худованд аст дур шаванд.[40] Бинобар ин насбу таъини имом бар Худованд воҷиб аст.[41]

Вижагиҳои имом

Имом, яъне фарде, ки дорои мақоми имомат аст[42] ва бояд вижагиҳои зерро доро бошад:

Исмат

Мақолаи аслӣ: Исмати имомон

Имомия ва исмоилия бар ин боваранд, ки имом бояд маъсум бошад.[43] Барои исботи он ба далелҳое ҳамчун бурҳони имтиноъи тасалсул, бурҳони ҳифз ва табйини шариат тавассути имом, бурҳони вуҷуби итоат аз имом, бурҳони нақзи ғараз, бурҳони инҳитоту суқути имом дар сурати дучор шудани гуноҳ истидлол кардаанд.[44]

Ҳамчунин гуфтаанд имом бояд аз тамоми айбҳои зоҳирӣ, монанди бемориҳои пӯстӣ, нуқсонҳои аслу насабӣ ва дорои шуғлҳои беарзишу корҳои нафратангезе, ки муҷиби дурии мардум аз вай мешаванд ва ба навъе бо лутф будани вай (наздик кунандагии бандагон ба тоати Худованду дуркунандгии онон аз гуноҳ) мунофот дорад, орӣ бошад.[45]

Афзалият

Мақолаи аслӣ: Афзалияти имом

Аз назари имомия ва гурӯҳе аз мурҷиа, муътазила ва зайдия, имом бояд дар илм, дин, каромат, шуҷоат ва дар ҳамаи фазоили нафсонӣ ва баданӣ, бартар аз ҳамаи мардумони асри худ бошад;[46] чароки, аввалан, агар имом дар фазилат бо дигарон яксон бошад, интихоби ӯ ба унвони имом бедалел ва истилоҳан тарҷеҳи било мураҷҷеҳ аст (баргузидан яке аз ду амри мусовӣ, бидуни вуҷуди далели руҷҳоновар) ки ақл онро қабеҳ медонад ва агар поинтар аз дигарон бошад, тарҷеҳи шахси поинтар бар шахси бартар (тақдими мафзул бар фозил) пеш меояд ки ақлан дуруст нест.[47] Сониян, оёте монанди ояти 35 сураи Юнус ва ояти 9 сураи Зумар, низ бар лузуми табаият аз фозилу тарҷеҳи ӯ бар мафзул далолат доранд.[48]

Таъин бар асоси нас

Имомия бар ин боваранд, ки имом бояд ба восита баёне равшану сариҳ (истилоҳан «насси ҷалӣ») аз сӯи Худо, паёмбар ё имоми қаблӣ, таъин шавад[49] ва барои ин бовар ба далелҳои зер истинод кардаанд:

  • Аз вижагиҳои имом ин аст, ки маъсум бошад. Исмат амре дарунӣ аст, ки барои ғайри Худо ва ғайри касе ки Худо ӯро огоҳ карда, қобили дарк нест. Бинобар ин бояд ба василаи нас ба мардум шиносонда шавад.[50]
  • Паёмбар (с) ки уммати худро дар кучактарин аҳком раҳбарӣ мекарду ҳар гоҳ як ё ду рӯз аз Мадина хориҷ мешуд, касеро ба ҷои худ барои расидагӣ ба умури мусулмонон ҷойгузин менамуд, чӣ гуна мумкин аст, ки муҳимтарин амр монанди хилофату ҷонишинии пас аз худашро муҳмал гузорад ва касеро ба ҷои худ таъин накарда бошад? Бинобар ин аз сира ва равиши вай чунин ба даст меояд, ки имоми пас аз худро таъин карда ва ба василаи нас, ба мардум шиносондааст.[51]
  • Ривоёте аз имомони маъсум вуҷуд дорад, ки бар вуҷуби таъини имом ба василаи нас далолат доранд.[52]

Банӣ Аббос ва тарафдоронашон гуфтаанд имом ба василаи насси муътабар, мерос ё интисоб ба Паёмбар (с) низ собит мешавад.[53] Зайдия бар ин боваранд, ки агар фарде аз насли ҳазрати Фотима (с) даъват ба хеш кунад ва бо шамшер барои амр ба маъруфу иҷрои аҳкоми Ислом қиём кунад, имоматаш саҳеҳ аст. Дигар фирқаҳои мусулмон бар ин назаранд ки имом ба василаи нас ё таъини аҳли ҳаллу ақд (олимон, раисон ва афроди бонуфузи ҷомеа) собит мешавад.[54]

Фалсафаи имомат

Дар бораи фалсафаи имомат ва ҳадаф аз он, дидгоҳҳои мухталифе ироа шудааст.[55] Муътазила, фалсафаи имомат ва ҳадаф аз онро таҳаққуқ бахшидан ба умури шаръӣ монанди иқомаи ҳудуди Илоҳӣ, иҷрои аҳком ва монанди он донистаанд.[56] Мотуридия ва ашоира илова бар ин маворид, умуре ҳамчун фармондиҳӣ ва тадбири сипоҳ, посдорӣ аз марзҳо, таҷҳизи нерӯҳои низомӣ, мубориза бо ошӯбгарон, ҳимояти мазлумону саркӯбии ситамгарон, рафъи хусуматҳо, тақсими ғанимат ва умуре аз ин қабил ки ба ӯҳдаи ҷомеа нестро аз ҷумлаи аҳдофу фалсафаи имомат донистаанд.[57]

Имомияи илова бар ин умур,[58] бар хилофи дигар фирқаҳои мусулмон, табйини шариату марҷаъияти динии пас аз Паёмбар (с)-ро низ аз аҳдофи муҳимму ҳассоси имомат баршумурдаанд.[59] Кошифулғито барои исботи зарурати табйини шариат ба воситаи имом ва марҷаияти динии онон чунин истидлол кардааст: ҳамон гуна ки вуҷуди муассис ва оварандаи аҳком, барои огоҳӣ аз аҳкоми Илоҳӣ, ақлан лозим аст, вуҷуди баёнкунандаи ин аҳком низ лозим аст ва бидуни ҳаряк аз ин ду муҷиби бехабарӣ аз аҳкоми Илоҳӣ мешавад.[60] Ҳамчунин теъдоди зиёде аз оёту ривоёти набавии муҷмалу муташобиҳ вуҷуд дорад ки барои табйин, ниёз ба шахсе дорад, ки ба ҷузъиёти онҳо ва муташобиҳоти Қуръону суннати набавӣ илм дошта бошад.[61]

Аз дигари умуре ки вуҷуди имомро зарурӣ мекунад ва аз фалсафаҳои имомат ба шумор меравад, ҳифз шариат аст.[62] Бар ин асос, вуҷуди имом боис мешавад дин аз тағйиру таҳриф маҳфуз бимонад; чароки гузашти замон, вуҷуди душманон, фаҳми нодурусти матни сарчашмаҳо ва омилҳои дигар метавонад дар инҳирофи мардум аз таълимоти асил асаргузор бошад. Ҳамчунин аз он ҷо ки дасти кам, дар фаҳми дигарон аз Қуръон, эҳтимоли хато ва иштибоҳ дорад, ба касе ниёз аст, ки фаҳмаш аз Қуръон, бехато бошаду вуҷудаш меъёре барои ташхиси хатои фаҳми дигарон қарор гирад ва ин шахс ҳамон имому ҷонишини Паёмбар аст, ки бояд маъсум бошад.[63]

Имомати Имом Алӣ (а)

Мақолаи аслӣ: Имомати Имом Алӣ (а)

Бино ба дидгоҳи шиа, Имом Алӣ (а) ҷонишини бевоситаи Паёмбар (с) ва имоми пас аз вай аст.[64] Барои исботи он ба оёте аз Қуръон монанди ояти таблиғ, ояти вилоят, ояти маваддат, ояти улуламр, ояти икмоли дин, ояти татҳир ва ояти содиқин истидлол кардаанд.[65] Аллома Ҳиллӣ дар китоби Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ ба 84 оят дар исботи имомати Имом Алӣ (а) ва ҷонишинии вай пас аз Паёмбар истинод кардааст.[66] Шиаён муътақиданд аз сӯи Паёмбар насси сариҳу равшан (насси ҷалӣ) бар имомату ҷонишинии билофасли Имом Алӣ вуҷуд дорад ва ба ривоёти мутавотире ки дар манобеи ривоишон ва манобеи равоии аҳли суннат ворид шуда монанди ҳадиси Ғадир, ҳадиси манзалат ва ҳадиси сақалайн тамассук мекунанд.[67]

Имомия ҳамчунин бо истинод ба бархе сарчашмаҳои ривоӣ ва таърихӣ бар ин боваранд ки бартарини мардум пас аз Паёмбар дар илм, шуҷоат, адолат ва дигар фазилатҳои инсонӣ, Имом Алӣ буд. Бинобар ин аз миёни саҳоба танҳо ӯ ҳаққи ҷонишинии Паёмбарро дошт.[68]

Имомати дигар имомон (а)

Мақолаи аслӣ: Имомати имомони шиа

Ба бовари имомия, мансаби имомат пас аз Имом Алӣ (а) ба Имом Ҳасан (а) ва сипас Имоми Ҳусайн (а) ва пас аз вай, ба нӯҳ нафар аз авлод ӯ, яъне Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Имом Козим (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а), Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва ҳазрати Маҳдӣ (а) расидааст.[69]

Мутакаллимони имомия барои исботи имомати дигар имомон (а), ба ҳадиси дувоздаҳ халифа[70] ва ҳамчунин ҳадисҳои мутавотире ки дар онҳо ба имомати ҳар як аз имомон (а) ба таври муайяну ҷудогона тасреҳ шуда, тамассук ҷустаанд.[71] Ҳамчунин аз назари имомия, исмат ва афзалият аз шароиту вижагиҳои имом ба шумор мераванд ва бо тавваҷуҳ ба бархе нусус, имомони пас аз Имом Алӣ, ҳам маъсум будаанд ва ҳам дар илму фазоили инсонии дигар, бартарин мардуми асри худашон будаанд.[72]

Китобшиносӣ

Бархе аз осоре ки дар мавзӯи имомат ба риштаи таҳрир даромада ба шарҳ зер аст:

  • Ал-Ифсоҳу фи-л-имомат, таълифи Шайхи Муфид: нависанда дар ин китоби масоиле ҳамчун таърифи имомат ва зарурати шинохти имом, исботи имомати Имом Алӣ ва афзалияти вай назди Худову Паёмбар (с), нишон додани бутлони иддаои имомати Абубакр ва радди афзалияти вай, иҷмоъ надоштани уммат бар имомати Абубакр ва масоиле аз ҳамин қабилро баҳс кардааст.[73]
  • Аш-Шофӣ фи-л-имомат, навиштаи Сайиди Муртазо: ин китоб нозир ба китоби «ал-Муғнию мин-ал-ҳиҷоҷи фи-л-имомат» - асари Қозӣ Абдулҷаббори Муътазилӣ ва дар посух ба шубаҳоти вай дар бораи имомат навишта шудааст.[74] Ин китоб дар ҳамон замон нигориш ва дар қарнҳои баъд мавриди таваҷҷуҳи олимони шиа ва суннӣ қарор гирифт ва осоре дар талхис ё нақди он навишта шуд, ки аз он миён китоби Талхис-уш-шофӣ, навиштаи Шайх Тӯсӣ аст.[75]
  • Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, асари Аллома Ҳиллӣ: Аллома Ҳиллӣ дар ин китоб ибтидо масоили умумӣ дар бораи имомат, монанди таъриф ва баҳс дар бораи зарурати онро баён карда ва сипас ба исботи имомат ва ҷонишинии билофасли Имом Алӣ (а) ва имомати дигар имомон (а) пардохтааст.[76] Гуфта мешавад Ибни Таймия китоби Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийятро дар радди ин китоб навишт.[77] Сайид Алӣ Ҳусайнии Милонӣ, каломпажӯҳ ва мударриси ҳавзаи илмияи Қум, бар китоби Минҳоҷ-ул-каромат шарҳе навишт ва дар он назароти Ибни Таймияро рад кард. Ин китоб бо унвони «Шарҳи Минҳоҷ-ул-каромат», дар панҷ ҷилд ба чоп расид.[78]
  • Имомат ва раҳбарӣ, аз Муртазо Мутаҳҳарӣ: ин маҷмуа, дарбардорандаи шаш суханронӣ аз Мутаҳҳарӣ дар бораи имомат аст, ки дар 1349ҳ.ш. дар Анҷумани исломии пизишкон эрод шудааст.[79]
  • Ал-Имомат-ил-узмо инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, навиштаи Абдуллоҳи Думайҷӣ аз олимони аҳли суннат: нависанда, дар ин китоб, пас аз таърифи имомат ва баҳс аз зарурати он, ба баёни дидгоҳи аҳли суннат дар бораи имомат пардохтааст.[80]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.24; Милонӣ, «Муқаддима», дар китоби Далоил-ус-сидқ, таълифи Муҳаммадҳасани Музаффар, 1422ҳ.қ., саҳ.26
  2. Субҳонӣ, Худо ва имомат, 1362ҳ.ш., саҳ.9; Тоҳирзода, Мабонии назарии нубувват ва имомат, 1392ҳ.ш., саҳ.75
  3. Милонӣ, ал-Имомату фи аҳамм-ил-кутуб-ил-каломияти ва ақидат-иш-шиат-ил-имомия, 1413ҳ.қ., саҳ.22
  4. Барои намуна ниг.: Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.232; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.344
  5. Субҳонӣ, Буҳусун фи ал-Милалу ва-н-ниҳал, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.1, саҳ.295 - 296
  6. Кошифулғито, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, Муассисат-ул-имоми Алӣ (а), саҳ.221
  7. Кошифулғито, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, Муассисат-ул-имоми Алӣ (а), саҳ.212
  8. Кошифулғито, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, Муассисат-ул-имоми Алӣ (а), саҳ.212
  9. Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, 1379ҳ.ш., саҳ.27
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.491 - 492
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.491 - 492
  12. Сураи Бақара, ояти 124
  13. Барои намуна ниг.: Тафсири Табарӣ, Табарӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.511; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.43; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.377
  14. Мутаҳҳарӣ, Имомат ва раҳбарӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.131
  15. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.289у ҷ.15, саҳ.80
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.274; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.174; Мутаҳҳарӣ, Имомат ва раҳбарӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.121 - 125
  17. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.274; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.174
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.382; Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, 1379ҳ.ш., саҳ.117; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.314 - 316
  19. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.471 - 473
  20. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.15; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.305 ва саҳ.327 - 328
  21. Табарӣ, Тафсири Табарӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.357
  22. Муҳаққиқи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.462
  23. Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, ал-Қавоид-ул-маром, 1406ҳ.қ., саҳ.174; Фозили Миқдод, Шарҳу ал-Боб-ил-ҳоди ашар, 1427ҳ.қ., саҳ.40; Алломаи Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, Интишороти исломия, ҷ.1, саҳ.36
  24. Омидӣ, Абкор-ул-афкори фи усул-ид-дин, 1423ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.121
  25. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.345; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.232
  26. Думайҷӣ, ал-Имомат-ил-узмо инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, дори тайиба, саҳ.28
  27. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.20
  28. Тустарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳаққи ва изҳоқ-ул-ботил, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.300
  29. Думайҷӣ, ал-Имомат-ил-узмо инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, дори тайиба, саҳ.45 - 46; Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар шиашиносӣ, 1385ш, саҳ.217
  30. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.490; Алломаи Маҷлисӣ, Кашф-ул-яқин, Интишороти исломия, ҷ.1, саҳ.36
  31. Думайҷӣ, ал-Имомат-ил-узмо инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, дори тайиба, саҳ.45 - 46; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.490
  32. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.490; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.175
  33. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.490
  34. Тӯсӣ, Қавоид-ул-ақоид, 1413ҳ.қ., саҳ.110; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.235; Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.406; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.345
  35. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, саҳ.490; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.175; Алломаи Маҷлисӣ, Кашф-ул-яқин, Интишороти исломия, ҷ.1, саҳ.36
  36. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.311
  37. Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.426; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.175; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.253
  38. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоид-ул-каломия, 1392ҳ.ш./1435ҳ.қ., саҳ.106; Фахриддини Розӣ, ал-Муҳассал, 1411ҳ.қ., саҳ.481 - 482
  39. Раббонии Гулпойгонӣ, ал-Қавоид-ул-каломия, 1392ҳ.ш./1435ҳ.қ., саҳ.114 - 116
  40. Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.426
  41. Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.426; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.175
  42. Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.174
  43. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, саҳ.39; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.492
  44. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.492 - 494; Шаъронӣ, Шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.510 - 511
  45. Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.180
  46. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, саҳ.39 - 40; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.495; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.336
  47. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.495; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.180
  48. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.495; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.336; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.234
  49. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.495; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.181; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.234
  50. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.496; Шаъронӣ, Шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.513
  51. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.496; Шаъронӣ, Шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.513
  52. Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.68 - 69; Ҳоирӣ, ал-Имомату ва қиёдат-ил-муҷтамаъ, 1416ҳ.қ., саҳ.64 - 65
  53. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.495; Шаъронӣ, Шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.513
  54. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.495 - 496; Шаъронӣ, Шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, 1376ҳ.ш., саҳ.513 - 514
  55. Барои намуна ниг.: Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962м, ҷ.1, саҳ.39; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-ақоид-ун-насафия, 1407ҳ.қ., саҳ.97; Аллома Ҳиллӣ, Алфайн, 1405ҳ.қ., саҳ.26 - 29
  56. Барои намуна ниг.: Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962м, ҷ.1, саҳ.39; Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ул-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.509
  57. Барои намуна ниг.: Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-ақоид-ун-насафия, 1407ҳ.қ., саҳ.97; Боқилонӣ, Тамҳид-ул-авоил ва талхис-уд-далоил, 1407ҳ.қ., саҳ.477 - 478
  58. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Алфайн, 1405ҳ.қ., саҳ.26 - 29
  59. Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.178; Мутаҳҳарӣ, Имомат ва раҳбарӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.29 - 32
  60. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.64
  61. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.64
  62. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.217
  63. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.217
  64. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, саҳ.39 - 40; Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.311
  65. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, 1982м, саҳ.172 - 175; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.341
  66. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, 1982м, саҳ.172 - 211
  67. Барои намуна ниг.: Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152 – 184 ва ҷ.3, саҳ.200 – 201 ва ҷ.7, саҳ.125 ва ҷ.10, саҳ.259
  68. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.183 - 186; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.352 - 374
  69. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414қ, саҳ.93; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.397; Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.198 - 199
  70. Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъмат, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.190
  71. Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъмат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.253; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, саҳ.539; Баҳронӣ, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.190; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.375
  72. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.539 - 540; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.374 - 375
  73. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Ифсоҳу фи-л-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.79 ва саҳ.90 ва саҳ.131 ва саҳ.139 ва саҳ.229 ва саҳ.231
  74. Сайид Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33
  75. Оқобзрги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.8
  76. Ҳусайни Муборак, «Муқаддима», дар китоби Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, таълифи Аллома Ҳиллӣ, саҳ.24 - 25
  77. Ҳусайнии Милонӣ, Шарҳи Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113
  78. Ҳусайнии Милонӣ, Шарҳи Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113
  79. Интишороти садро, «Муқаддима», дар китоби Имомат ва раҳбарӣ, таълифи Муртазои Мутаҳҳарӣ, саҳ.7
  80. Думайҷӣ, ал-Имомат-ил-узмо инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, дори тайиба, саҳ.13 - 14

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, ал-Алфайн, Қум, Муассисаи исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Алфайн, Кувайт, Мактабаи Алфайн, 1405ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи шонздаҳум, 1437ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-муроди фи Шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, қисми илоҳиёт, таълиқаи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ (а), чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, таҳқиқ: Абдураҳими Муборак, Машҳад, 1379ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, чопи аввал, 1982м.
  • Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, Теҳрон, Интишороти исломия, бе то.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, маркази ал-Ғадир, 1416ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Алӣ, Манор-ил-ҳудо фи-н-насси ало имомат-ил-аиммат-ил-исно ашар (а), Бейрут, 1405ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ибни Майсам, Қавоид-ул-мароми фи илм-ил-калом, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Боқилонӣ, Муҳаммад ибни Тайиб, Тамҳид-ул-авоил ва талхис-уд-далоил, Лубнон, муассисаи ал-Кутуб-ис-сақофия, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Думайҷӣ, Абдуллоҳ, ал-Имомат-ил-узмо инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, Риёз, Дори тайиба, бе то.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, Қум, Муассисат-ул-имоми Алӣ (а), бе то.
  • Кошифулғито, Шайх Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, Қум, Интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1420ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, 1387ҳ.ш.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-усул-ул-хамса, Бейрут, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнию фи абвоб-ит-тавҳиди ва-л-адл, Қоҳира, 1962м.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
  • Милонӣ, Сайид Алӣ, «Муқаддима», дар китоби Далоил-ус-сидқи ли наҳҷ-ил-ҳақ, таълифи Муҳаммадҳасани Музаффар, Қум, муассисаи Ол-ул-байт (а), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Милонӣ, Сайид Алӣ, ал-Имомату фи аҳамм-ил-кутуб-ил-каломияти ва ақидат-иш-шиат-ил-имомия, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқи ли наҳҷ-ил-ҳақ, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт (а), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Имомат ва раҳбарӣ, Қум, Интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Қум, Интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслаку фи усул-ид-дини ва-р-рисолат-ил-мотиъия, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Машҳад, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Қавоид-ул-ақоид, Бейрут, 1413ҳ.қ.
  • Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Талхис-ул-муҳассал, Бейрут, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
  • Омидӣ, Сайфуддин, Абкор-ул-афкори фи усул-ид-дин, Қоҳира, дори китоб, 1423ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, ал-Қавоид-ул-каломия, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ, чопи чаҳорум, 1392ҳ.ш./1435ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, Қум, Маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломӣ, 1395ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Аламулҳудо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, Теҳрон, Муассисаи Имоми Содиқ (а), 1410ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Худо ва имомат, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Тафсири Табарӣ, Бейрут, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Қум, Интишороти Бӯстони китоб, 1379ҳ.ш.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-ақоид-ун-насафия, Қоҳира, 1407ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Тоҳирзода, Асғар, Мабонии назарии нубувват ва имомат, Исфаҳон, 1392ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, 1353ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Насируддин, Талхис-ул-муҳассал, Бейрут, 1405ҳ.қ., чопи дувум.
  • Тустарӣ, Қозӣ Нурулло, Иҳқоқ-ул-ҳаққи ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, мактабаи Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, Теҳрон, Нашри соя, 1383ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, 1420ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни умр, ал-Муҳассал, Уммон, 1411ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибини ило наҳҷ-ил-мустаршидин, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Шарҳу ал-Боб-ил-ҳоди ашар, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1427ҳ.қ.
  • Ҳоирӣ, Сайид Козим, ал-Имомату ва қиёдат-ил-муҷтамаъ, Қум, мактаби Оятуллоҳ Сайид Козими Ҳоирӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайид Алӣ, Шарҳи Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имомат, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии мероси мактуб, 1428ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Мири Сайид Шариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, 1325ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот, таҳқиқ: Меҳдии Муҳаққиқ, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ифсоҳу фи-л-имомат, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милалу ва-н-ниҳал, Қум, чопи сеюм, 1364ҳ.ш.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, Теҳрон, Кутобфурӯшии исломӣ, чопи ҳаштум, 1376ҳ.ш.