Ояти 1 сураи Фатҳ
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти Фатҳи мубин |
| Воқеъ дар сураи | Фатҳ |
| Шумораи оят | 1 |
| Ҷузъ | 26 |
| Шаъни нузул | Сулҳи Ҳудайбия ва ҳодисаҳои пас аз он |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | Башорати фатҳи мубин ба Пайғамбар |
| Дар бораи | Сулҳи Ҳудайбия |
| Оёти муртабит | Оятҳои 35 ва 38 сураи Муҳаммад |
Ояти 1 сураи Фатҳ (форсӣ: آیه ۱ سوره فتح) ё ояти фатҳи мубин (форсӣ: آیه فتح مبین) ояте аз Қуръон аст дар сураи Фатҳ, ки дар он Худои мутаол Пайғамбари Ислом (с)-ро ба пирӯзии ошкор башорат медиҳад. Муфассирон дар бораи мисдоқи «фатҳи мубин» дидгоҳҳои гуногун доранд: бештари онон онро ба дастовардҳои Сулҳи Ҳудайбия нисбат медиҳанд, ки ба расмият шинохта шудани мусалмонон аз сӯи Қурайш ва фароҳам шудани заминаи Фатҳи Макка ва фатҳи Хайбарро дар пай дошт.
Гурӯҳи дигар «фатҳи мубин»-ро фатҳи Макка ё фатҳи Хайбар донистаанд ва бархе низ онро ба пирӯзии маънавии Ислом, яъне ғалабаи Ислом бар мухолифон аз роҳи истидлол, бурҳон ва муъҷизаҳо тафсир кардаанд.
Муаррифии оят
Ояти 1 сураи Фатҳ, нахустин ояти ин сура аст, ки Пайғамбарро ба «фатҳи мубин» башорат медиҳад. Ин оят дар Мадина нозил шуда ва ба «Ояти фатҳи мубин» маъруф аст.[1] Бар асоси бархе ривоятҳо, ин фатҳ назди Пайғамбар (с) маҳбубтар аз дунё ва он чи дар он аст, дониста шудааст.[2]
| “ | Ба ростӣ мо барои ту пирӯзии ошкор фароҳам овардем.[3] |
” |
Ин фатҳ, дар гузоришҳои тафсирӣ, дорои осори муҳим дар густариши Ислом ва беҳбуди мавқеияти мусалмонон дониста шудааст.[4]
Мурод аз «фатҳи мубин» дар оят
Дар бораи он ки «фатҳи мубин» дар ин оят ба кадом воқеа ишора дорад, миёни муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[5]
Сулҳи Ҳудайбия ва пирӯзиҳои пас аз он
Аксари муфассирон[6] бар ин боваранд, ки «фатҳи мубин» ба дастовардҳои ҳосил аз сулҳи Ҳудайбия ишора дорад.[7] Ин сулҳ заминасози фатҳи Макка ва фатҳи Хайбар шуд[8] ва боис гашт Қурайш барои нахустин бор Ислом ва мусалмононро ба расмият бишиносад;[9] ҳамчунин иртиботи миёни мусалмонон ва мушрикон боиси гароиши бархе ашхос ба Ислом гардид.[10] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) дар Тафсири Қумӣ, сулҳи Ҳудайбия ва ҳодисаҳои пас аз он сабаби нузули ин оят муаррифӣ шудаанд.[11]
Дар бораи маънои «фатҳ» дар ояти аввали сураи Фатҳ, миёни муфассирон дидгоҳҳои гуногун вуҷуд дорад:
- Пирӯзии маънавӣ: Бархе муфассирон «фатҳ»-ро ба пирӯзии маънавии Ислом тафсир кардаанд; яъне Ислом аз роҳи истидлол, бурҳон ва муъҷизаҳо бар мухолифон ғолиб омадааст.[12] Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Муғния, «фатҳ» дар ин оят ба пирӯзии маҳдуд ба замон ё макони хос ишора надорад, балки баёнгари бартарии Ислом, қудрат ёфтани мусалмонон ва суқути ҷойгоҳи мухолифон аст.[13]
- Фатҳи Макка: Бархе муфассирон «фатҳи мубин»-ро ба фатҳи Макка тафсир кардаанд.[14] Фахри Розӣ бо истинод ба оятҳои поёнии сураи Муҳаммад (оятҳои 35 ва 38) ва таъбири «аълавн», фатҳи Маккаро омили бартарии мусалмонон дониста ва онро намунаи «фатҳи мубин» муаррифӣ кардааст.[15]
- Фатҳи Хайбар: Бар асоси нақли Табарсӣ ва Таботабоӣ, бархе муфассирон низ «фатҳи мубин»-ро ба фатҳи Хайбар татбиқ дода ва оятро нозир ба пирӯзии наздик донистаанд.[16]
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.181
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.181; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.82; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.9
- ↑ سوره فتح، آیه ۱؛ ترجمه حسین انصاریان.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.9
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.65; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.83
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.239; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.9
- ↑ Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.182; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.65; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.252
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.252–253; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.17
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.14–15
- ↑ Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.182; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.48
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.65; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.253
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.83; Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, 1368ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.16
- ↑ Ниг.: Шайх Тӯсӣ, аттибиён, ҷ.9, саҳ.313; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.65
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.65
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.184; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.253
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Рӯҳ-ул-маонӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1393ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Қарашӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
- Ҳувайзӣ, Абдулалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.